Главная / Гуногун / ЧАНД ЭЪТИРОФИ ҶОЛИБ АЗ ИХЛОСМАНДОН ВА МӮЪТАҚИДОНИ ИСЛОМ

ЧАНД ЭЪТИРОФИ ҶОЛИБ АЗ ИХЛОСМАНДОН ВА МӮЪТАҚИДОНИ ИСЛОМ

Бале, як ҳазору чаҳорсад сол аст, ки аз нисф зиёди инсонияти рӯи Замин, ба дини фитрати Ислом гаравидаанду ба якка ва ягонагии Парвардигори Субҳон ва рисолати Паёмбарии Ҳазрати Муҳаммади Мустафо /с/ бо сидқи дил, одоби тасдиқ, ба ҷой овардаанду бо забони ҳол иқрор шудаанд ва бо имони комил шаҳодати ростин додаву медиҳанд, ки: «-Ло илоҳа иллаллоҳу Муҳаммадуррасулуллоҳ» (Яъне: «Нест ҳеҷ маъбуде дигар, ба ҷуз Аллоҳ ва Муҳаммад /с/ фиристодаи Ӯ»).

Ва: «Ашҳаду ан-ло илоҳа иллаллоҳу ва ашҳаду анна Муҳаммадан ъабдуҳу ва расулуҳу» (Яъне: «Ва шаҳодат медиҳам, ки нест ҳеҷ маъбуде ба ҷуз Аллоҳ ва шаҳодат медиҳам, ки Муҳаммад банда ва Расул, яъне, фиристодаи барҳақи Худо аст).

Ва бо инояти Парвардигори Субҳон, инсоният тавассути Ислом роҳеро дар зиндагии хеш мепаймояд, ки боиси хушбахтии ӯ дар ин дунё аст (яъне, эмин аз шаррият ва шӯрият ва фисқу фасод ва ҷоҳилият ва роҳи шайтони лаъин, ки ҳама гуноҳҳои сағираю кабира, маҳз аз ӯст)-у абадзиндагии охират.

Бале, инсоният кайҳо худ дарк карда, ки Ислом ягона дини фитрат, мубин ва оини барҳақи наҷотбахши инсоният аст, ки тавассути он дидаи худшиносии инсон ва ақли Худошиносии ӯ боз мегардад ва пайваста боло мегирад. Ва маҳз Исломи мубин аст, ки инсониятро новобаста аз нажоду қавмият ва миллаташ, ба ҳам муттаҳид, сохтаву месозад ва беҳтарин роҳи зисту зиндагонии осоишта ва одобу эҳтироми байни ҳамдигарии одамонро мунаввар месозад ва таълим медиҳад (тавассути Расулуллоҳ Ҳазрати Муҳаммади Мустафо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам), ки: «-Мӯъмин, бародари мӯъмин аст».

Фардони бедордил ва инсонҳои рӯшанфикр кайҳо эътироф кардаву мекунанд, ки Исломи мубин дини басо барҳақ ва ягона мактаби одаму одамгарист ва дастури роҳнамо, ки одамият тавассути он бақои абадии хешро дармеёбад

Масалан, Роберт Ҳугот Ҷексон-Додситони намоёни девони Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар бораи аҳамияти ҳуқуқии Исломи мубин чунин менависад: «Матлаби умда ин аст, ки мо тоза шурӯъ кардем ба ташхиси ин нукта, ки ин мазҳаб (Ислом), ки ҷавонтарин ва ҷовидона мазҳаби дунёст, фиқҳе, яъне асос ё худ қонуни асосии ҷомеасозе, ки дар асоси «Қуръон»-и маҷид ва аҳодиси Расули гиромӣ /с/ ва афкори фуқаҳои Исломӣ танзим дода шудааст-С.Б.Б)-ро эҷод намуда, ки ҳисси адолатхоҳии миллионҳо мардуме, ки дар осмонҳои сӯзони Осиё ва Африқо ва чандин ҳазор нафари дигарро, ки дар кишварҳои Амрико зист мекунанд (яъне, тибқи охирин оморе, ки дар даст аст, ҳам акнун ҳудуди ду миллион мусалмон, дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико мавҷуд аст (Зайналобиддини Қурбонӣ) бедор ва таҷассум кардаву мекунад. 44-165).

Ҳарчанд мумкин аст мо нисбат ба илҳоми мазҳабии ҳуқуқии онҳо машкук бошем, маъа золик ҳуқуқи мазбур дарсҳои бисёр муҳиме дар иҷрои қавонин ба мо меомӯзад. Ҳоло вақти он расида, ки дигар худамонро (яъне, миллати Амрико, дар назар аст-С.Б.Б) дар дунё танҳо қавме надонем, ки адолатро дӯст медорад ва ё маънии адолатро мефаҳмад, зеро кишварҳои исломӣ, дар системаи қонуни худ, расидан ба ин мақсадро кайҳо аз ҳадафҳо ва ниятҳои асосии худ қарор додаанд ва метавон гуфт, ба мақсади хеш, хеле наздик омадаанд ва таҷрибаҳои онон дарсҳои басо ибратомӯз барои мо, дар бар дорад» (-истифода аз муқаддимаи китоби «Ҳуқуқ дар Ислом»-таълифи доктор Маҷиди Ҳузурӣ) 44, 165.

Ҳамчунин Бернорд Шоу-нависандаи маъруфи инглисӣ, дар бораи ҷовидонагии Ислом ва қобилияти интибоқа доштани муқаррароти он, бо ҳамаи аъсору қурун чунин мегӯяд: «-Ман ҳамеша нисбат ба дини Муҳаммад /с/ ба воситаи зинда будани аҷибаш ниҳоят ва ниҳоят эҳтироми самимиро доштаам. Ба назари ман Ислом танҳо мазҳабе (яъне, дин) аст, ки истеъдоди тавофуқ ва тасаллут бар ҳолоти гуногун ва сувари мутазаййири зиндагӣ ва мавоҷеҳ, ба қуруни мухталифро дорад (аз китоби «Худопарастӣ ва афкори рӯз») навиштаи Муҳандиси Бозаргон 44 – 165.

Ислом, дини фитрат ва ойини ҷовидонаи башарият аст. Мо дар боло, бо андешаҳои ду нафар шахсияти маъруф, яъне, яке ҳуқуқшиноси варзидаи амрикоӣ, дигаре нависандаи бузурги инглис, перомуни фиқҳи исломӣ ва ойини фитрат, яъне, мубини Ислом ошно гардидем ва дида дӯхтем.

Ҳоло ба нукоте чанд, ки дар фарозмониҳои зер маҳфузанд, диққати мутолиъини гиромӣ ва муҳаққиқони болиғназарро мехоҳем ҷалб созем, ки шахсиятҳои басо шинохтаву маъруфи дунё (яъне, миллату қавмиятҳои гуногун ва пайравони динҳои мухталиф) перомуни дини мубини Ислом чи назаре доштаанду доранд. Ва ҳикмати илоҳии Қуръонро чи гуна дарк кардаанд.

 Яъне, яке аз беҳтарин тарҷумони Қуръон, ба забони русӣ дворянинзани боиффат Валерия Михайловна Порохова, ки ҳанӯз дар овони ҷавонӣ бо инояти Худо дини Исломро пазируфта, мусалмон шудааст, мегӯяд: «-Ислом дини барҳақ аст. Ман ба дин ба Худои ягона эътиқоди қавӣ дорам. Оё шумо медонед, ки вожаи «ман ба Худо бовар дорам» чӣ гуна садо медиҳад. «-Ман мусалмонзан мебошам. Маънои тарҷумаи калимаи муслима «шахси ба Худо вафодор» аст. Аз ин лиҳоз, ман сад фиссад муслима ҳастам. Дар Русия 26 миллион мусалмон иқомат доранд. Ба замми ин бояд бигӯям, ки ҳанӯз Фёдор Достоевский  яке аз нависандагони бузурги Рус навишта буд: «-Русро хороши тотор мешавад» (Яъне, ӯ оини тоторҳо, яъне, дини Исломро ва мазҳаби Имоми Аъзам-Ҳанафияро дар назар дошт, ки ин дин тоторҳои мусулмонро барои расидан ба кулли мақсадҳову ормонҳои оливу неки инсонӣ ҳидоят ва комёб мегардонад-С.Б.Б/ 56-6.

Вақте, ки хабарнигор С.Кузина, аз тарҷумони мӯъминаву муслима ва басо олимаи варзида В.М.Порохова суол мекунад, ки:-Тафовути асосии Инҷил (ва дигар китобҳои осмонӣ) аз Қуръон чист, бадоҳатан ва бо шуҷоати том ҷавоб мегӯяд, ки Қиматҳои умумибашарӣ, ба ҳамдигар тафовут доранд. Аммо фақат Қуръон даъват менамояд, ки мо бояд мудом омӯзем: «Якрӯза омӯзиш беҳтар аз 70-сола ибодат аст». 56-6.

***

Нависандаи машҳури рус граф Л.Н.Толстой Исломро хуш пазируфта ва онро ҳамчун дини ҳақиқӣ (ки воқеан ҳам дар зоти худ барҳақ аст-С.Б.Б) эътироф намудааст, менависад: «-Дар зери мафҳуми дини ҳақиқӣ, ман динеро дар назар дорам, ки ба ҳама халоиқ дастрас, бо хиради умумибашарӣ асосёфта ва барои ҳамагон ҳатмӣ бошад.

…Ва аз ин рӯ, чунин мешуморам, ки ҳар ки мехоҳад ба инсоният ва пешрафти он хизмат кунад, бояд он динеро, ки дар он тавлид шудааст, яклухт инкор накарда, балки баръакс, асосҳои ҳақиқати куллро, ки дар ҳар гуна дин, аз ҷумла дар дини Ислом аст, дарк намояд ва кӯшиш намояд, ки онро аз карахтие, ки онро пӯшида медорад пок намояд…

Гуфтани ин, аз ҷониби ман, ки таълимоту идеали Христианиро дар маънои ҳақиқат, бар ҳама боло гузоштаам, хеле аҷиб аст ва барои ман ҳеҷ шубҳае нест, ки Ислом аз рӯи ашколи зоҳирӣ, ба қиёс аз дини православӣ тамоман боло меистад».

Ба ҳар ҳол ташнагии маънавиёти Толстой, ба сирати дунёи исломӣ ҳис карда мешавад. Барои тақвияти ин гуфтаҳо на танҳо мактубҳои Толстой, балки шиносоии вай бо тамаддуни шарқию чунин шахсиятҳо монанди Аллома Аҳмади Сӯҳравардӣ, шуда метавонанд. М.Хатиб дар «Охирсухани китоби «Наҳҷ-ул-ҳидоят» (китоби таълимоти Сӯҳравардӣ дар заминаи Қуръон ва аҳодиси набавӣ (с) чунин қайд менамояд, ки «Толстой бо мутолиаи суханони пайғамбари Ислом, шахсияти он Ҳазрати мутабаррик /с/-ро беш аз пеш сутуда ва ҳатто ҳангоме, ки охирин сафари бебозгашти худро намуд, як ҷилд аз ин китоб даруни ҷайби палтуи вай пайдо шуд» 19-5 (Раҳмату мағфирати Худованд бар ӯ бод, ки имон, ба Ислом дошту ҳам шаҳодат ба рисолати паямбарии Ҳазрати Расули акрам (с)-С.Б.Б).

***

Ҷаноби Лорд Ҳадлеи инглис, яке аз шахсиятҳои барҷастаест, ки Ислом овардани ӯ мавриди таваҷҷӯҳи тамоми маҳофили илмӣ ва равшанфикрон қарор гирифт. Мухбири рӯзномаи «Дейли Майл»-и Лондон бо ӯ тамос гирифт ва иллати мусалмон шуданашро аз вай пурсид. Ҷаноби Лорд Ҳадлеи дилогоҳу болиғназар, дар посух гуфт: «-Бештар душмании исавият бо соири (боқимонда) мазоҳиб, сабаби тағйири оини ман шудааст. Шумо ҳаргиз намешунавед, ки як мусалмон нисбат ба соири адён (динҳо) чизе бигӯяд. Назири он чӣ исавиён дар бораи адёни дигар мегӯянд. Онҳо мумкин аст аз ин ки дигарон мусалмон нестанд, хеле маҳзун ва ғамгин бошанд, вале ҳаргиз як нафар мусалмон касеро, ки дорои кеши дигар аст, ба хулус, дар оташ нисбат намедиҳанд. Покӣ ва содагии дини фитрати Ислом ва олуда набудани он, ба матолиби сиррӣ ва сеҳромез ва ҳақиқати равшани он сабаб шуд, ки ба тарафи он ва роҳи мустақиму пурнуру зиёву пурнишоти он биравем. Меҳрубонӣ ва садоқати мусалмонон низ хеле бештар аз чизҳои аслӣ, ки дар ин бора миёни исавиён дидаем.

Як нафар масеҳии маъмулӣ мумкин аст, ки рӯзи якшанбе аъмоли мазҳабиро ба унвони як одати қобили эҳтиром ба ҷо оварда, аммо ҳамин, ки якшанбе тамом шуд, мазҳабро то ҳафтаи дигар ба канор мегузорад (ва ба шикам пуркуниву корҳои риёву рибоъ ва майхорагиву запой мешитобад ва Худоро фаромӯш мекунад, аммо шахси мусалмон як нафас бе ёди Худованд нест ва доим зикр мегӯяд ва ба таъбири аҳли тариқати нақшбандия шахси мӯъмину мусалмон мудом «даст ба кор асту дил ба ёр» ва ҳар рӯз то ба хуфтан ва то поси шаб панҷ вақт намоз мегузорад, яъне, фарзи қоим ба ҷой меорад ва Қуръон тиловат мекунад ва низ ҳар нафаси умри хешро ғанимат шуморида, ба ҷойи корҳои зиноъу рибову риёъ ва ғайра, фарзи доим ба ҷой меорад, яъне, номи Худоро зиёда ба забон меорад-С.Б.Б) аммо мусалмон ҳеҷ тафовуте байни якшанбе ва соири айём намегузорад ва доим дар фикр ҳаст, ки барои хидмат дар роҳи Худо чӣ коре анҷом бидиҳад…». 107-25.

***

Шарораи нури имон дар қалби Муҳаммад Томаси олмонӣ медурахшид, ки медурахшид ва ин шарора ба рӯзе аланга гирифт ва оташи эътиқоди ӯ, нисбати Офаридгор боло гирифт ва андешаи парастиши Худои воҳид, дар тору пуди ӯ ҷой гирифт ва бо амри дил Ислом овард ва мусалмон шуд ва худро Муҳаммад номид. Ва ӯ сабаби мусалмон шудани худро чунин ба қалам додааст: -Манзараи намози ҷамоъати мусалмонон чунон дар ман таъсир кард, ки ба мусалмон шуданам сабаб шуд.

Тоза офтоб, аз имрӯз гузашта буд, дар ҳоле, ки аз канори ҷодае гарм ва гардолуд мегузаштам ҳис кардам, ки овозе якнавохт ва бисёр зебо ҳавои атрофро пур кардааст, дар ҳоле, ки аз миёни долоне аз дарахтон убур мекардам ва ногоҳ манзарае шигифтангез дар муқобили чашмони дербовари мо намоён гардид, дар ин ҷо, бар рӯйи як бурҷ чӯбе, ки тоза онро барафрошта, буданд, як нафар араб, ки сардории якранг ба тан ва аммомае /дастор, салла/ бар сар дошт, навойи ҷазбкунанда мехонд, ки оҳангҳои онро, ба тарафи осмон мефиристод, мо тақрибан ба ирода, дар ҳоле, ки аз навойи рӯҳосойи ӯ тақрибан маҷзуб шуда будем, нишастем ва калимоте, ки маънии онҳоро намефаҳмидем, гӯшҳои моро аҷиб навозиш медод: «Аллоҳу акбар… Ло илоҳа иллаллоҳ».

Қаблан иттилоъе надоштем, ки қазияе чунин иттифоқ хоҳад афтод, вале акнун медидем, ки кам-кам ҷамъияте дар атрофи мо гирд меоянд. Мардуме ба синфҳои мухталиф ва дорои касбу кор ва пешаҳои мухталиф, бо ҳолате ором ва эҳтироми тамом гирд меомаданд. Ҳар кадом ҳасирае /ҷойнамоз/ доштанд, ки рӯйи алафҳои сабз паҳн мекарданд ва ранги ҳасирҳои онҳо ба алафҳо ихтилофи равшан дошт.

Рафта- рафта бар теъдоде ҷамъият афзуда шуд, ба тавре, ки намедонистем ҳадди ниҳойии он чи қадар хоҳад буд. Ин мардум кафшҳои худро аз пой берун оварданд ва сафҳои тавил /дароз/-е, ки пушти сари ҳам қарор мегирифт ташкил доданд. Дар айни ҳол, бо сукути тамом нозири ин манзара будем, бисёр тааҷҷуб мекардем, ки ҳеҷ гуна имтиёзе байни афроди ин ҷамъият дида намешавад. Дар байни онҳо мардумони сафедпӯст, зардпӯст, сиёҳпӯст, гандумгун, малламӯю сафедмӯй, пиру барно, фақир, давлатманд, тоҷир ва ғайри тоҷир вуҷуд дошт, ҳамаи онҳо бо эҳтиром паҳлӯ ба паҳлӯи якдигар нишаста буданд, ба ҷои дуртар аз ҳасире, ё ки рӯи он нишаста буданд, таваҷҷӯҳ надоштанд. Рӯҳи бародарӣ, муттиҳидӣ ва дӯстӣ, ки аз ин ҷамъияти мухталифулвазъ эҳсос мегардид, асаре аст, ки ба осонӣ ва ба зудӣ аз даст нахоҳад рафт. Аз он рӯз то ба ҳол се сол мегузарад. Хушбахтам, ки ду сол аз онро дар Ислом, ба сар бурдаам ва мудом ба ёди Аллоҳ ҳастам…» 107-26 (Бале, Ислом ягона ойини ваҳдат ва ягонагӣ ва баробарӣ ва бародарӣ, байни тамоми башарияти мухталифулвазъ ва мухталифулнажод аст. Ва ин ҷо ҳоҷате ба баҳоия ва толибону ваҳҳобия, таҳририя ва фирқавия барин дуруғинмазҳабе таъсис додан ҳам нест, ки пешвояшон фалсафаи ғарбиасосу ғарбгарои худро «дини нави адолатхоҳ» номидааст-С.Б.Б).

Ҷаноби Юсуф Шерво, ки муқими шаҳри Маршал Искуер /дар Ёҳансбурги ҷанубии Африқои Марказӣ буд, бо сабабҳои сиёсӣ, зиндонӣ шуда буд ва дар зиндон нури Ислом дили ӯро, мунаввар сохт. Як мусалмони покистонӣ, маҷаллае ба инглисӣ, оиди дини мубини Исломро ба ӯ ҳадя намуд. Ҳанӯз қисмати муҳими онро нахонда буд, ки пулиси кофирпеша он маҷалларо аз ӯ даррабуд.

Оташи имон қалби ҳассоси Юсуфро ором намегузошт. Ӯ ҳоло муқими кишвари Зелонди Нав шуда буд, вале он ҷо /ҳарчанд мусалмонон бошанд ҳам/ ӯ дониши исломии худро такмил дода натавонист ва барои амиқтар ошно шудан бо Ислом ва таълимоти Қуръон, ба шаҳри Ландан сафар намуд ва дар Ҳайд Парк суханрониҳои ду олими варзида, яке Сакуй Мийсиён ва дигаре Муҳаммадҷон Вабастарро оиди таълимоти дини мубини Ислом шунид… ва аз эшон адабиёти фаровоне оиди дини Ислом ҳадя гирифт ва онҷо Ислом овард. Китоби рӯйимизии ӯ тарҷумаи Қуръон, ба инглиси аз Мармодок Пектол /яке аз беҳтарин тарҷумони Қуръон-ба забони инглисӣ/ буд ва ҳаст.

«-Хушбахтам, мегӯяд Юсуф Шерво,-ки мебинам Худованди доно ва тавонои бузургу одилу меҳрубон Худои оламиён ва бе шарик ва бефарзанд ва ғайри қобили тақсим, ки нури Осмонҳо ва Замин аст, чӣ қадар Раҳмон ва Раҳим аст, ки бо инояти худ ман-бандаи гумроҳашро шодмонии ҷовидона бахшид ва бо роҳи пурнишот ҳидоят намуд, Ӯ Худое аст қадим ва аввалу охир, ҳамеша ва дар ҳама ҷо ҳаст, яъне, ҳозиру нозир ва самиъу басир. Худое, ки муқаддар фармуд, ки ман дар ин ҷо, дар мусофират, яъне, дар Ландан-қалби Урупо биёям ва мусалмон шавам ва ин амалан, дар хонаи худам ва дар Зелонди Нав набошад. Шукри Худойро ба ҷо меоварам, аз ин ки маро ба таълимоти беҳкитоби осмонӣ-Қуръони Маҷид ошно фармуд, ки махсусан ваҳдати башару нажоди башару бародарии навъи инсон, аз осори барҷастаи он аст. Акнун рӯҳам ба тамом озод, хонаам пурфайзу обод ва виҷдонам осуда аст, ва медонам, ки инсонам, на ҳайвони дар ғами шикам ба ҳарос афтода, Худоро шукр. Бори дигар мегӯям: «Ло илоҳа иллаллоҳу Муҳаммадур-расулуллоҳ» 107- 28.

Ҷаноби В.Б.Фармери инглис се далели қотеъи иллати мусалмон шудани худро пеш меорад. Ӯ мегӯяд: «-Яке аз дӯстонам ахиран аз ман пурсид, ки:-Чаро дини худро раҳо карда мусалмон шудӣ? Дар ҷавоби ӯ се далел, ки Худованд ба забонам овард, зикр кардам:

  1. Ислом як дини амалӣ аст, динест холӣ, аз асрору хурофот, динест, ки ба суҳулат /осонӣ/ метавон онро фаҳмид, динест, ки чизе хилофи ақл надорад ва аз печидагиҳои фалсафаи улуҳият ангошта нашудааст.
  2. Динест, ки ба умури асосӣ ва аслӣ мепардозад, сарукори он ба қавонини аслии табиат ва фитрат аст. Байни дину илм фосилае намешиносад ва зимнан ақида дорад, ки илми дин болотарин илмҳост, зеро илми некӣ ва зиндигии муваффақиятомез аст.
  3. Дар бораи тамоми риштаҳои зиндагии башар, дар заминаи дастӯроти комил ва роҳнамо маълумоти тамом медиҳад. Дар ҳар умур, хоҳ иҷтимоӣ, низомӣ ё тиҷоратӣ, тиббӣ ва ғайра -Ислом шомили раҳнамоӣ аст ва роҳ нишон додаасту медиҳад. Ислом он чиро ки фарди башар бояд ба ҷо оварад муназзам месозад. 107-47…

Китоби басо муқаддас ва дастуроти амрҳои Илоҳии роҳнамо-Қуръони Маҷид аз оғози интишори дини мубини Ислом, то ба имрӯз роҳи миллионҳо нафар аҳли башарро мунаввар кардаву мекунад…

Далели покии Қуръони муқаддасро яке аз бандагони Худо, марди басо солеҳу покизасиришт Аҳмад Перси Робинсони америкоӣ чунин шарҳ дода, ки хеле воқеъбинона ва ҷолиби диққат аст. Ӯ аз ҷумла арз карда: «Ҳис мекунам, ки қабули Ислом, аз тарафи ман натиҷаи мантиқии таҳқиқест ва баррасиҳои доманадорест, ки дар муддати даҳ сол, дар бораи дин ба амал овардаам.

Дар ин муддат он чи дар бораи дин гуфта шуда ва дониста шуда ва нависандагон, аз замони Суқрот то Ҷон Вазле ва аз замони Силсус то Волтер гуфтаанду нигоштаанд, мутолиа кардам. Дар Қуръони Маҷид нахустин ва қавитарин шаҳодате, ки нисбат ба покизагӣ ва иқтидори ин Китоби муқаддас вуҷуд дорад, ҳамоно равиши зебост, ки соҳиби тавонои он ба кор бурда ва онро ғайри қобили тақлид сохта аст.

Сипас мебинам, ки ин Қуръони муқаддас ба марде «Умийӣ» нозил шуд, ки худ далел бар Илоҳӣ буданаш ва ҳифзи он мебошад ва дорои чунон равиши содда ва олӣ аст, ки метавонад дар афкори башарият насл ба насл ба осонӣ ҳифз ва супурда шавад. Яқинан ҳамин далел барои ҳар марду зан кофист, ки шаҳодат диҳад, ки Қуръони муқаддас китоби покизаи Илоҳӣ аст. Қуръоне, ки ба мардумон бо садои расо фарёд мезанад «Худоё ҷуз Худои бузург, ҳеҷ маъбуде нест ва Муҳаммад /салъам/ фиристодаи ӯст».

Дар интиҳои 50-соли мутолиа ва таҳқиқи ин бандаи ночиз чеҳраи худро дар қаболи ин дини азиз, ба хок месоям ва ба садое ки аз шиддати масаррат (сурӯду шодӣ) ларзон аст, фарёд мезанам: Аллоҳу-Акбар… 107-48.

***

Аллома Муҳаммад Иқбол, дар бузургасари динӣ- фалсафии хеш «Эҳёи фикри динӣ дар Ислом» /ки эҳё ва навсозии фалсафаи динии Ислом ва низ натиҷаи ҷомеъ ва томи омӯзишу баррасии хастагинопазир ва мудовими улуми умда ва системаи ақидотии Ислом, аз ҷониби ин абармарди оламшумул ва Алломаи Шарқ аст/ басо хуб қайд намуда, ки: …Ислом вобастагӣ бар сарзамин, ва кишвари хос надорад ва ҳадафи он ин аст, ки намунае барои созмони ниҳоии башарият фароҳам оварад ва ин аз он тариқ сурат мегирад, ки мӯъминонро, ки аз нажодҳои мутаориз бо якдигаранд, гирди ҳам ҷамъ кунад ва аз ин маҷмӯаи атомӣ, миллате бисозад, ки афроди он-Худогоҳии махсус, ба хеш дошта бошанд. Ва ин коре набудааст ки ба осонӣ суратпазир шавад. Вале Ислом ба василаи созмонҳои шоистаи худ то ҳадди зиёде тавфиқ ҳосил карда аст, ки чизе шабеҳи як ирода ва як виҷдони иҷтимоӣ, дар ин тӯдаи номутаҷонис тавлид кунад. 107-146.

Бале, Ислом дини фитрат ва сарчашмаи осоиштагии башарият аст. Ислом олитарин ва ҷовидонатарин мактаби илми илоҳиёт аст, ки инсонро аз шаррият ва шӯрият, яъне, миҷози ҳайвонӣ ва нафсонӣ ва аз бардагӣ ба «ҳазрати шикам», боз медорад. То омадани Ислом кулли инсоният ҳама ҷоҳил буданд ва дунё торикистон буд ва бо дурахши хуршеди дини Ислом, яъне Қуръон ва файзи Расулуллоҳ (с) олам мунаввар гардид.

Яъне, Ислом адаб аст ва ҷомеаи пур аз шӯру шари инсонияти имрӯзаро, ки ағлаб ба дарёи торики сармоядориву шикампуркунӣ ғӯтидаанд, адаб мебояд, то ки ба худ оянду роҳи наҷот пеш гиранд. Мурод аз офариниши одам танҳо ҷамъоварии сармояву ғуломи нафс ва бандаи шайтон будан нест, балки ислоҳи нафс ва паноҳ ҷустан ба Парвардигор,  аз шарри  шайтон,  яъне, аз  куштору ғорат,  фитна, рибоъ, зиноъ, дурӯғу фиреб ва ҷаҳолат аст. Ва тӯфони азими «Сунамӣ» ҳам як огоҳии башарият аст.

Қуръони Маҷид дастӯри роҳнамои Илоҳист, ки баҳри наҷоту шодмониҳои башарият нозил шуда аст /на ин ки фақат дар таъзия ва худоиҳо хонанд/. Эй кош агар ҳама ҳафтоду ду миллати дунё як заррае моҳияти каломи-Қуръони маҷидро дарк мекарданд, дар вартаи ҳалокат, ки алҳол инсоният дар он гумроҳона қарор дорад, мубтало намешудем. Ва ба қавли лисонулғайб-Хоҷа Ҳофиз имрӯз, аз гумроҳиву ҷоҳилиҳои худ афсӯс намехӯрдему намегуфтем бо сад пушаймонй ки:

Ин чӣ шӯрест,ки дар даври Қамар мебинам,

Ҳама офоқ пур аз фитнаву шарр мебинам…

Валлоҳу аъламу бис-савоби ва таммат ли-калимату Раббика сидқан ва ъадлан, ло мубаддила ликалимотиҳи ва ҳува-с-самиъул ъалим. Субҳона раббика-раббил ъиззати ъаммо ясифун ва саломун ъалал мурсалина валҳамду лиллоҳи Раббил ъоламин ва саллаллоҳу ъало хайриҳи халқиҳи Муҳаммадин ва ъолиҳи ва асҳобиҳи ва аҳли байтиҳӣ ва зурриётиҳи ва аҳли тоъатика аҷмаъин. Ва охируддаъвоно анил-ҳамду лиллоҳи Раббил ъоламин. Бираҳматика ё арҳамарро-ҳимин. Омин кушоиши корҳои нек, аз Худову шафоъат, аз Ҳазрати Расули Худову мадад аз ҷониби қутбул-Ислом ва Сироҷи умам-Ҳазрати Имоми Аъзам /р/ ба ҳар як хонандаи ин китоб. Ва ниҳояти тамом хонандаи азиз, ба Шумо комёбиҳое дар роҳи тазкияи ботину тақвияти имонро тамано дорем. Худо раҳнамост ба ҳаққи алҳамду лиллоҳи аввалан ва охиран ва саллаллоҳу ъало Саййидино ва Мавлоно Муҳаммадин ва олиҳи ва асҳобиҳи ва салам:

Онҳо ки хондаам, ҳама аз ёди ман бирафт,

Ғайр аз ҳадиси дӯст, ки такрор мекунам.

Бо эҳтироми тамом: Сайид Бурҳониддин Муҳаммад Бузургмеҳр ибни Сайид Бузургхоҷа ибни Ҳаётхоҷа /Эшони Тӯра/ ибни Мавлавӣ-Шайх Сайид Маллахоҷаи Валӣ ибни Сайид Эшонхоҷа (р), ибни Сайид Бобохоҷаи Бухории Оббурдонӣ (р) ибни Ҳазрати Мавлавӣ-Сайид Мирзо Баҳодурхоҷаи Танӯрии Бухорӣ, ибни Сайид Мирзохоҷа, ибни Мир Сайид Нуриддин ибни Мир Сайид Шоҳ Убайдуллоҳи Валӣ, ибни Мир Сайид Ошиқи Бухорӣ, ибни Мир Сайид Муҳаммадамин ибни Сайидуссодот солори Аҷам-Ҳазрати Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ (р)…

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …