Главная / Маданият ва санъат (страница 11)

Маданият ва санъат

Мазмуну мундариҷаи шеърҳои ба хунармандон бахшидаи Сайидо

kitob-2

Сайидо махсусан ба табақаҳои ҳунарманди ҷамъият таваҷҷӯҳи махсус дорад. Зеро онҳоро дар ашъори лирикиаш (ғазалиёту қитьаҳо…), дар «Шаҳрошӯб» ва инчунин ашъори махсуси ба ин тоира бахшидааш васфу тавсиф кардааст. Албатта, дар таьрихи адабиёт фасли тоза низ ҳаст, ки дар шакли маснавӣ рӯи кор омадаанд. Дилбастагии шоир ба ин тоифаи мардум, …

Муфассал »

Муссамматҳои Сайидои Насафӣ

kitob

Муссаммат дар эҷодиёти Сайидо пас аз ғазал, дар ҷои дуюм меистад, ки аз 1050 байт иборат аст. Сайидо бештар ба ғазалиёти Хусрави Деҳлавӣ, Камолу Ҳофиз, Ҷомиву Ҳилолӣ, Калиму Толиб, Мӯҳташами Кошиву Соиби Табрезӣ, Мушфиқиву Урфӣ муссаммат бастааст. Худи ҳамин ҷуръати Сайидо гувоҳи он аст, ки ӯ дар эҷоди муссаммат устод мебошад, …

Муфассал »

Андешаҳои панду ахлоқии Сайидои насафӣ

nasihat-kardan-va-amri-maruf-va-nahyi-munkar

Аслан панду ахлоқ ва тарбияву таълим мақсади адабиёти бадеӣ аст. Эҷодкоре, ки ба эҷоди бадеӣ рӯ меорад, ҳатман муносибати худро ба ин масъала баён мекунад. Ғазалиёти Сайидо дар баробари фаро гирифтани мавзӯъҳои дигар, ақидаҳои тарбиявӣ-ахлоқии шоирро низ дарбар гирифтаанд. Аз тарафи дигар, ба ин восита таълимоти фалсафаи амалии СайидоСайидо Масалан, …

Муфассал »

САЙИДОИ НАСАФӢ

saydoi-nasafi

Дар фикри дона мӯрчае буд даргузар, Омад ба шеру гуфт, ки: Ай Рустами замон! Аз иттифоқи мӯрчагон ғофилӣ магар В-арна чаро ҳақир шуморию нотавон? (Сайидои Насафӣ) Тарчумаи ҳол Насаф мулки ободе буд. Дар он диёр аз касбҳои ҳунармандӣ пешаи бофандагӣ ривоҷ дошт. Бофандагон, ки барои мардум либосвориҳои арзонбаҳое тайёр мекарданд, …

Муфассал »

ҚОФИЯ ВА РАДИФ – Чист?

kitob

Қофия калимаи арабӣ буда, маънои луғавиаш пушти сар, охири ҳар чиз, аз пай раванда мебошад. Дар забони тоҷикӣ баъзеҳо калимаи пасованд (шакли мухаффафи он пасванД)-ро ба маънои қофия ба кор бурдаанд. Шоири асри ёздаҳ- Лабибӣ мегӯяд: Ҳама ёва, ҳама хому ҳама суст, Маъонӣ аз чакова то пасованд. Дар илми забоншиносӣ …

Муфассал »

ШАВКАТИ БУХОРОӢ

shoir

Ба худ кардам гуворо талхии айёмро, Шавкат, Ба ширинӣ Даҳони морро тунги шакар карДам. Яке аз суханварони боистеъдод, навпардозу борикандеш Муҳаммадисҳоқ Шавкати Бухороӣ аст, ки дар таърихи адабиёти тоҷик мақоми шоиста дорад. Ӯ тақрибан солҳои 20-уми асри XVII дар хонадони сарроф (заршинос), ки басо илмдӯсту ихлосманди шеъру адаб будааст, ба …

Муфассал »

Гулзори Ирам – Маснавии Абдурраҳмони Мушфиқӣ

gul

Абдурраҳмони Мушфиқӣ на танҳо дар эҷоди ғазалу қасида, рубоиву шеъри тасмит, муқаттаоту марсия ва ғ. машҳур аст, балки ӯ дар маснависароӣ низ табъи баланд доштааст. Шоир маснавиҳои «Соқинома», «Гулзори Ирам» ва «Ҷаҳоннамо»-ро эҷод карда дар таҳаввули суннати маснависароӣ низ саҳми сазовор гузоштааст. Маснавии «Гулзори Ирам» нахустин маснавии Абдурраҳмони Мушфиқӣ буда, …

Муфассал »

Мероси адабии Мушфикӣ

shoh-darbor

Шуд Мушфиқӣ аз килкат ойини сухан тоза, Мушкиннафасон бинанд анфоси ту мушкинтар. Аз Абдурраҳмони Мушфиқӣ то рӯзгори кунунӣ осори зерини адабӣ боқӣ мондааст: Девони мутоибот. Ду девони ғазалиёт. Девони қасоид. Се маснавӣ: а)   «Соқинома» б)   «Гулзори Ирам» в)   «Ҷаҳоннамо» Дар эҷодиёти Абдурраҳмони Мушфиқӣ ғазал мақоми аввалиндараҷа дорад. Ду девони ғазалиёти …

Муфассал »

АБДУРРАҲМОНИ МУШФИҚӢ

shoh-darbor

Ба арзи ҳол ҳоҷат, Мушфиқӣ нест, Агар авроқи девони ман он ҷост. Шоир ва воқеанигори номии тоҷик Абдурраҳмони Мушфиқӣ дар шаҳри Бухоро, тақрибан соли 1525 таваллуд шудааст. Падару бобои шоир аслан аз Марв будаанд. Ин аст, ки Мушфиқӣ баъзан ба Марвӣ будани худ ишораҳо мекунад. Шоир дар шаҳри Самарқанд ба …

Муфассал »

АДАБИЁТИ ТОҶИК ДАР НИМАИ ДУЮМИ АСРИ XVI ВА АСРИ XVII

miniat2-2

Дар таърихи халқҳои Мовароуннаҳру Хуросон асри XVI аввалин асрест, ки таназзули феодализм дар қаламрави мазкур шиддат мегирад. Заминаҳои ин таназзул нисбатан барвақттар оғоз гардида буд. Зуро пас аз вафоти Темур (1336-1404) меросхорони ӯ барои соҳиб шудан ба тахт сар бардошта, оромии мамлакатро халалдор мекарданд. Баъдтар империяи Темуриёнро туркҳои бадиянишин бо …

Муфассал »