Меъроҷиддини Камол менависад: Оббоӣ кардани кас Дар хоб некӣ бошад. Аммо ба хоби пешин, Кунҷи дилат харошад.
Муфассал »Оташ: Дидани таъбири хоб – китоби хобнома бо маънояш
Меъроҷиддини Камол менависад: Оташ, ки нишони нуру гармӣ бошад, Ҳар шӯълаи он умеди некӣ бошад. Чун дар шаби хоб оташее афрӯзӣ, Таъбир, ҳама нерӯи ту афрошад.
Муфассал »Озор додан: Дидани таъбири хоб – китоби хобнома бо маънояш
Меъроҷиддини Камол менависад: Ба хобат гар касерро доди озор. Ба мушту бо лағат, дашноми бисёр. Бувад таъбир дороии байтат, Аз он ки ҷоми бахтат гашта саршор. Гар оби даҳони одамеро, Мебинӣ бахоби ноз резон, Таъвил каломи бад ба таҳқир, Резад ба сарат чу оби борон.
Муфассал »Офтоб: Дидани таъбири хоб – китоби хобнома бо маънояш
Меъроҷиддини Камол менависад: Офтоб ояд ба хобат гар саҳар, Ҳам садои дилхуши кабки дарӣ. Шарҳи он гӯям, худо бахшад ба ту, Дар қиёмат нашъаи пайғамбарӣ.
Муфассал »Оби кавсар: Дидани таъбири хоб – китоби хобнома бо маънояш
Меъроҷиддини Камол менависад: Чӣ хуш бошад ҳавою оби кавсар. Кӣ бар хуштинатон гардад муяссар. Ту кавсар бинӣ гар, бинӣ адолат, Ва ҳам ваҳдат миёни халқи кишвар.
Муфассал »Оҳу: Дидани таъбири хоб – китоби хобнома бо маънояш
Меъроҷиддини Камол менависад: Дар хоби хушат оҳу. Ҳайвони басо хушрӯ. Таъбир, зану фарзанд Дар байти ту, эй некӯ.
Муфассал »Оҳан: Дидани таъбири хоб – китоби хобнома бо маънояш
Меъроҷиддини Камол менависад: Дар хоби касон оҳан. Дарёфтанӣ бошад, К-он бар сари алли байт, Нури азалӣ пошад.
Муфассал »Осиёбон: Дидани таъбири хоб – китоби хобнома бо маънояш
Меъроҷиддини Камол менависад: Осиёбон марди некуӯ бувад. Хайрандешу худоҷӯе бувад. Чун ба хобат ояд он, ин бахти нав, Шӯхрате андар фазои тахти нав.
Муфассал »Осмон: Дидани таъбири хоб – китоби хобнома бо маънояш
Меъроҷиддини Камол менависад: Осмон дар хоб дидан чӣ накӯст, Чодари асрор к-андар рӯи ӯст. Чун само сабзу кабуд андар нигоҳ, Рамзи он будӣ фақат хайру салоҳ. Гар сафед ояд само пеши назар, Ранҷу беморӣ сар ояд бехабар. Осмонро сурх бинӣ чун алав, Мешавад пайкору хунрезии нав. Пеши чашм ар осмон …
Муфассал »Худ дар маҳбас: Дидани таъбири хоб – китоби хобнома бо маънояш
Меъроҷиддини Камол менависад: Гар ба хобат бинӣ худ дар маҳбасе, Ҳам дами озодиатро з-ин бало. Дон ту рамзи хоби худ нуру сафо, Ҳам давое, ки ба дарди ту шифо.
Муфассал »