Главная / Илм (страница 28)

Илм

МАСТИТ

mastit

МАСТИТ (Mastitis; аз юн. mastos – пистон), синадард, газаки ғадуди шир. Беморӣ, одатан, баъди чанд вақти кафидани нӯги пистон ба вуҷуд меояд. Ғадуди шир ногаҳон дард мекунад, варамида сахт ва пӯсти он сурх мешавад. Ҳарорати бадан баланд гашта, табларза ба вуҷуд меояд. М. – ро, одатан, микробҳои фасодзо ба вуҷуд …

Муфассал »

МАСТӣ

masti

МАСТӣ, мастшавӣ, тағйири ҷараёни физиологӣ ва рӯҳӣ, ки дар натиҷаи истеъмоли шароб ба амал меояд. Миқдори муайяни алкуҳул хастагии рӯҳиро як дараҷа кам карда, ҳисси хурсандиро ба вуҷуд меорад, кайфиятро хуш мегардонад. Чунин ҳиссиёт барои одам муваққатӣ аст. Шахс баробари афзоиши миқдори спирт ба ҳаяҷон меояд, қобилияти худназоратро гум мекунад, …

Муфассал »

МАСТОДИНИЯ

mastodiniya

МАСТОДИНИЯ (Mastodynia), синадард, дард кардани пистон бар асари бемориҳои гуногуни ғадуди шир. Дар бисёр ҳолатҳо М. бемориест, ки дар рӯзҳои муайян – дар давраи қабл аз ҳайз падид меояд. Сабаби М. ихтилоли тағйироти гормонӣ дар организм мебошад. Барои муолиҷаи М. қабл аз ҳама сабаби онро ошкор кардан лозим аст. Истифодаи …

Муфассал »

МАСТОИДИТ

mastoidit

МАСТОИДИТ (Mastoiditis; юн. mastoeides – монанд ба пистон), илтиҳоби шадиди римдори ҳуҷрачаҳои шохаи пистонакшакл. Бисёр вақт чун оризаи отити шадиди римдор ба вуҷуд меояд. Дар пайдоиши М. баста шудани тарашшӯҳот аз ҷавфи гӯши миёна мақоми хоса дорад. Нишонаи асосии М. шиддат ёфтани дард дар мавзеи шохаи пистонашакл баъд аз 3 …

Муфассал »

МАСТОПАТИЯ

mastopatiya

МАСТОПАТИЯ (Mastopathia; mastos – сина ва pathos – беморӣ), иллати дарднокест, ки ҳангоми он дар қисми болои ғадудҳои ҳар ду сина (аз берун) омосҳои андозаю зичиашон гуногун пайдо мешаванд. Ҳангоми бо даст палмосидан омосҳо мисли рег ё уқдаҳои ҷудогона менамоянд. Дар баъзе мавридҳо дард бевосита пеш ё дар давраи ҳайз …

Муфассал »

МАСТОПТОЗ

mastoptoz

МАСТОПТОЗ (Mastoptosis), овезон шудани сина. М. се дараҷа дорад. Аломатҳои дараҷаи якуми М.: сатҳи пистон бо чини поёни ғадуди шир (хати табиие, ки нимдоираи поёни ғадуди сина ба вуҷуд меорад) баробар аст ё поёнтар (тақр. 1 см) мебошад. Дар мавриди М.-и дараҷаи дуюм пистон аз чини поёни ғадуди шир 1 …

Муфассал »

МАСТОСИТОЗ

mastositoz

МАСТОСИТОЗ (Mastocytosis; юн. mast[ig] – фарбеҳ ва юн. cytus – ҳуҷайра), бемории музминест, ки бо осеби пӯст, узвҳои дохилӣ ва устухонҳо падид меояд. Сабаби М. дар бофтаҳо рушд ёфтани ҳуҷайраҳои захим (фарбеҳ) аст. М. шаклҳои гуногун дорад. М.-и популёзӣ ё саглеси ранга дар ҳама синну сол дучор меояд. Аломати он …

Муфассал »

МАСТЭКТОМИЯ

mastektomiya

МАСТЭКТОМИЯ (Mastektomia; юн. mastos – сина ва ektome – буридан, дур андохтан), бо усули ҷарроҳӣ бурида дур сохтани ғадуди шир. Асосан дар мавриди омоси бадфарҷоми он андешида мешавад. Ҳангоми якбора бурида гирифтани ғадуди шир ва уқдаҳои лимфавии мавзеи он баъдтар мумкин аст дар натиҷаи лимфостаз дастҳо варам кунанд. Барои пешгирӣ …

Муфассал »

МАСҲ

mash

МАСҲ, массаж, маҷмӯи усулҳои механикӣ (силакунӣ, соиш, молиш, фишурдан, ларзониш), ки барои рафъи дард бо ёрии даст ё олоти махсус ба ҷо меоранд. Таъсири М. ба организм ба ҷараёнҳои мураккаби физиологие, ки дар онҳо бисёр аъзою аҷзо ширкат доранд, вобаста аст, вале мақоми асосиро системаи асабҳо мебозад. Вобаста ба маҳал, …

Муфассал »

МАСҲИ ДИЛ

mashi-dil

МАСҲИ ДИЛ, таъсири механикие, ки ба дил баъди аз кор мондани он (бо мақсади барқарор кардани фаъолият ва таъмини гардиши бефосилаи хун) мерасонанд. Дилро дар ҳама ҳолатҳои аз кор монданаш масҳ мекунанд. Дил бо сабабҳои гуногун аз кор мемонад, мас., ташаннуҷи рагҳои иклилӣ, беқувватӣ, сакта, сахт лат хӯрдан, аз осеби …

Муфассал »