Главная / Биология (страница 9)

Биология

Муҳити зиндагӣ ва рафтори моҳиҳо

mohi-oila

Окун қариб дар ҳамаи дарёю кӯлҳо дучор мешавад. Вай бештар дар кӯлҳои обаш на он қадар шӯри Қирғизистон ва обҳои камнамаки Балтика, Каспий, Арал зиндагӣ мекунад. Окунҳои калон дар чуқурии об ва хурдашон дар байни растаниҳои обии на он қадар чуқур зиндагӣ мекунанд. Онҳо гуруҳ шуда, зимистонро дар қаъри об …

Муфассал »

Тарзи зиндагӣ, афзоиш ва инкишофи моҳӣ

mohid

Моҳиён дар ҷойҳои гуногуни об зиндагӣ мекунанд. Ҳар кадоми онҳо хӯроки гуногун мехӯраяд, ба тарзи махсус ҳаракат мекунанд, ранг ва шакли баданашон ҳархела аст. Дар байни моҳиҳои устухондор, махсусан камбала аҷоиб аст. Бадани он аз ду паҳлӯ фишурда буда, дар қаъри об ба якпаҳлӯ мехобад. Чашмонаш дар як пахлӯи тарафи …

Муфассал »

Тартиби гардиши хун, ихроҷ ва асаби моҳиҳо

mahi

Хун моддаи ғизоии аз девори рӯдаю меъда гузашта ва оксигени аз девораҳои ғалсама гирифтаашро ба тамоми узвҳои бадан равон карда, хуҷайраҳоро аз ғизою оrсиген таъмин мекунад. Маркази ҳаракатдиҳандаи хун дар рагҳо мушакҳои дил мебошад. Дили моҳӣ аз халтачаҳои мушакии духонагӣ (меъдача ва даҳлез) иборат аст. Рагҳое, ки хун ба воситаи …

Муфассал »

Шакли берунии моҳиён (дар мисоли окун)

okun

Окун дар оби ширин зиндагӣ карда, босуръат шино мекунад. Қисмҳои сару тан ва думашон якҷоя пайвастаанд. Тарқишҳои ғалсамаашро сарпӯши ғалсама пӯшидааст. Танаи окун аз ду тарафи паҳлӯяш пачақ аст ва барои бемонеа буридани об мувофиқ мебоптал. Болҳои шиноварии окун сихҳои сахти устухонӣ доранд ва дар вақти ба онҳо ҳуҷум кардани …

Муфассал »

СИНФИ МОҲИҲО

Wonderful and beautiful underwater world with corals and tropical fish.

Моҳиҳо нисбат ба дигар ҳайвонҳои пештар ба вуҷудомада ҳайвоноти инкишофёфта буда, пурра дар об зиндагӣ мекунанд ва ғалсамаашон аз аввали ҳаёт то охири умр боқӣ мемонад. Моҳиҳо боли ҷуфт доранд, дар об тез ҳаракат мекунанд ва аз ин сабаб қисми пеши баданашон дарозрӯя шудааст. Майнаи cap дар моҳиҳо аз 5 …

Муфассал »

ЗЕРНАВЪИ МӮҲРАДОРОН

jiraf

Тавсифи умумии зернавъи мӯҳрадорон: Ба намояндагони муҳрадорони дараҷаи олӣ моҳиҳо, обхокиҳо, хазандахо, паррандаҳо ва ширхӯрхо дохил мешаванд. Дар ҳамаи онҳо нӯги пеши асаб ғафс шуда, мағзи сарро ташкил кардааст ва қисми боқимондаи найчаи асаб ҳароммағз аст. Дар гирди хорда устухонбанди тағоякӣ ё пурра устухонӣ инкишоф меёбад, ки мӯҳраҳо дорад. Миқдори мӯҳраҳо …

Муфассал »

НАВЪИ ХОРДАДОРОН: ТАВСИФИ УМУМИИ 

xordadoron

Хордадорон дар байни дигар навъҳо хусусиятхои олии худро доранд. Хордадорон нисбат ба дигар ҳайвонҳо нихоят инкишоф ёфтаанд ва зиёда аз 40 хазор намудро дар бар мегиранд. Намудҳои хордадорон дар шароитҳои гуногун: серобӣ, камобӣ, ботлоқ, намнокӣ, дар рӯйи замин, рӯйи дарахту бутта, дар қабати хоку сангпораҳо зиндагӣ мекунанд. Хордадорон нисбат ба …

Муфассал »

ТАЪРИХ ВА ИНКИШОФИ ИЛМИ ЗООЛОГИЯ ДАР Тоҷикистон

zologiya-taj

To ғалабаи инқилоби Октябр дар тамоми Осиёи Миёна, аз ҷумла Тоҷикистони имрӯза барои инкишофи ҳаматарафаи илмҳои табиатшиносӣ, махсусан физика, кимиё, геология, ҷуғрофия, астрономия, биология (ботаника набототшиносӣ, зоология — маҳлукшиносӣ, инсон ё фаъолияти узвҳои он) ва дахло шохаҳои ҷудогонаи ин илмҳо имконият маҳдуд буд, аз ин рӯ, фанҳои номбурда бо тамоми …

Муфассал »

Саволҳо аз фани ботаника

saraxs

МУАЙЯН КАРДАНИ РАСТАНИҲО Барои муайян намудани ном ва мавқеи таснифотии онҳо китоби махсусе ҳаст, ки онро “Муайянкунандаи растаниҳо” меноманд. Барои муайян кардани растанӣ аломатҳои хоси сохти берунии растанӣ ва истилоҳҳои ба онҳо далхдорро нағз донистан лозим аст. Аз рӯи факту (далелу) рақамхои муайянкунандаи дар китоб дарҷгардида аввал оила, баъд авлод …

Муфассал »

СОХТИ ОБСАБЗҲОИ РИШТАМОНАНДИ БИСЁРҲУҶАЙРА

flora-tj6

ТАҶРИБАИ ЛАБОРАТОРӢ Ба шишачаи ашёгузор бо ёрии сӯзани нӯгборик як бандчаи риштаи обсабзи бисёрҳуҷайра — улотрикси аз ҷӯй гирифтаатонро гузоред. Бо чакрарез як қатра об чакконед ва онро бо шишапардача пӯшонед. Микропрепарати тайёркардаатонро аввал бо пурбини хурд, сонӣ бо пурбини калони микроскоп бубинед. Ба сохти ҷилд, ситоплазма, ядро ва хромотофори …

Муфассал »