Главная / Биология (страница 21)

Биология

ГЕНОТИП ҲАМЧУН СИСТЕМАИ ТОМ

АСОСҲОИ ГЕНЕТИКА ВА СЕЛЕКСИЯ

Генҳо асоси структурӣ ва функсионалии ҳиссаи ирсиятро ташкил мекунанд. Аз мисолҳои дар боло зикршуда маълум гардид, ки генҳо ҳиссачаи алоҳида буда, ҳар як аз онҳо ягон аломатро муайян мекунад ва ба ҳамдигар вобастагӣ надоранд. Аз ин лиҳоз, чунин фикр ба миён омаданаш мумкин аст, ки гўё генотип маҷмўи механикӣ (беалоқамандӣ)-и …

Муфассал »

ГЕНЕТИКАИ ҶИНС. МЕРОСГУЗОРИИ АЛОМАТҲОИ БО ҶИНС ЧАСПИДА

АФЗОИШИ ҶИНСӢ

Масъалаи инкишоф ва пайдоиши фарқияти ҷинсӣ, механизми муайян кардани ҷинс, нигоҳ доштани таносуби муайяни ҷинсӣ дар гурўҳҳои организми ҳайвон нафақат аҳамияти назариявии биологӣ, балки аҳамияти амалӣ низ дорад. Алалхусус, бо роҳи сунъӣ танзим кардани ҷинс барои кишоварзӣ манфиат меорад. Ҷинс дар бисёр ҳайвонот дар айёми бордоршавӣ муайян мешавад. Дар ин …

Муфассал »

НАЗАРИЯИ ИРСИЯТИ ХРОМОСОМӢ

khromosoma

МЕРОСГУЗОРИИ ҲАМПАЙВАСТАГИИ ГЕНҲО:  Мендел дар таҷриба меросгузории танҳо ҳафт ҷуфт аломати нахўдро дида баромад. Баъдан бисёр тадқиқотчиён меросгузории ҷуфти аломатҳои гуногуни организмҳои дигарро омўхта, қонунҳои Менделро татбиқ намуданд. Ин қонунҳо барои ҳамаи организмҳои бо роҳи ҷинсӣ афзоишкунанда хосанд. Баъдтар маълум гардид, ки дар нахўди хушбўй ду аломат, яъне шакли гард ва …

Муфассал »

ДУРАГАКУНИИ ДИГИБРИДӢ ВА ПОЛИГИБРИДӢ

genetika

Қонуни сеюми Мендел – қонуни комбинатсияи бевоситаи генҳо (новобаста ба мерос гузаштани ҷуфти генҳо) Мендел дар асоси омўхтани меросгузории як ҷуфти генҳои аллелӣ бисёр қонуниятҳои генетикӣ, аз ҷумла, доминантӣ, тағйир наёфтани аллелҳои ресессивӣ дар дурагаҳо, таҷзияи аломатҳо дар наслҳои дурагаро бо таносуби 3:1 исбот намуд. Ҳодисаи таҷзия нишон дод, ки …

Муфассал »

Қонуни тозагии гаметаҳо

gameta

Дар натиҷаи таҷрибаҳо Г.Мендел ба хулоса омад, ки омилҳои ирсӣ, яъне генҳо дар гаметаҳо (ҳуҷайраҳои ҷинсӣ) омехта нашуда, дар ҳолати тоза (бетағйир) мемонанд. Дар наслҳои якуми гибридӣ (Ғ1) ки аз дурагакунии волидон ало- матҳои фарқкунанда пайдо шудаанд, ҳарду омил, яъне доминантӣ ва ресессивӣ ҷой дорад. Дар шакли аломат омили доминантӣ …

Муфассал »

ҚОНУНИ ДУЮМИ МЕНДЕЛ (ҚОНУНИ ТАҶЗИЯ)

Ҳангоми дурагакунии наслҳои гибридии якум, ки аломати якхела доранд, дар насли дуввум ҳам аломати модарӣ ва ҳам аломати падарӣ бо як таносуби муайян 3:1 зоҳир мешаванд. Яъне 3/4 ҳиссаи аломатҳо доминантӣ ва 1/4 ҳиссаи онҳо ресессивианд. Ин натиҷаи он аст, ки наслҳои якум гетерозиготӣ (Аа) буда, дар насли дуввум ҳам …

Муфассал »

ҚОНУНИ ЯКУМИ МЕНДЕЛ – ҚОНУНИ ҲАМШАКЛИИ НАСЛҲОИ ЯКУМИ ГИБРИДӢ

chisnok

ҚОНУНҲОИ МЕНДЕЛ: Қонунҳои меросгузории аломатҳои ирсиро Г.Мендел кашф намуда, онҳоро дар мақолаи «Таҷриба дар растаниҳои гибридӣ» чоп менамояд ва онҳо бо номи қонунҳои Мендел маълуманд. Баъди аз ҷониби генетики голландӣ Г.Де-Фриз, ботаники олмонӣ К.Корренс ва генетики австриягӣ Э.Чермак такроран кашф шудани ин қонунҳо, генетика ҳамчун фан дар бораи ирсият ва …

Муфассал »

УСУЛҲОИ ГИБРИДИОЛОГИИ ОМЎЗИШИ МЕРОСГУЗОРИИ АЛОМАТҲО

asp

Чуноне ки маълум аст, бисёр ботаникҳо дар натиҷаи дурага кардани волидони гуногун, ки бо аломатҳои худ фарқ доштанд, кўшиш ба харҷ додаанд, ки механизми ба мерос гузоштани онҳоро кушоянд. Ба ин мақсади олӣ аввалин шуда олими Чех Г.Мендел ноил гардид. Мендел барои таҷриба навъҳои гуногуни растании нахўдро интихоб мекард. Чунки …

Муфассал »

ҚОНУНИЯТҲОИ МЕРОСГУЗОРИИ АЛОМАТҲО

babr

Инсон аз давраҳои қадим ба монандӣ ва фарқияти волидону наслҳо мароқ зоҳир намуда, кўшиш мекард, ки асоси ин муамморо дарк намояд. Аз чи сабаб баъзе аломатҳо дар ҳамаи наслҳо зоҳир мешаванд, аммо дигар гурўҳи аломатҳо ва хосиятҳо бошанд, гоҳ дар наслҳо пайдо шуда, гоҳо зоҳир намешаванд. Акнун маълум гардид, ки …

Муфассал »

МАФҲУМҲОИ АСОСИИ ГЕНЕТИКӢ

genetika-min

Генетика ду хусусияти асосии организмҳои зинда – ирсият ва тағйирпазириро меомўзад. Ирсият ҳамчун хусусияти аз насл ба насл гузаронидани аломатҳо, хосиятҳои ирсӣ ва асоси инкишофро дар бар мегирад. Бо шарофати ирсият дар табиат ҳар як намуди растанӣ ва ҳайвон хусусиятҳои хоси худро дар муддати муайяни таърихӣ нигоҳ медорад. Ҷиҳати дигари …

Муфассал »