Главная / Варзиш (страница 3)

Варзиш

Бозии «Партофтани санг ба нишон»

Расми 42

Ин бозӣ дар деҳот бисёр паҳн шудааст. Дар он хонандагони сини хурди мактабӣ аз 2 то 12 нафар иштирок мекунанд. Барои партофтан сангҳои ҳамвори 8-10 см дарозӣ, 4-5 см бар ва 0,5 – 1 см ғафсидошта интихоб карда мешавад. Нишон сангҳои калоне мебошанд, ки дар масофаи 10-15 м дуртар аз …

Муфассал »

«Бозии аспакон»

01

Бачаҳои синни хурди мактабӣ дар майдонча ё сабзазор ҷамъ меоянд. Шумораи бозингарон – аз 6 то 20 нафар. Барои бозӣ чӯбҳои 1,5-2 метра барои ҳар бозингар ва ҳамон қадар ресмонҳои кӯтоҳ лозим аст. Тасвир: бозингарон ба ду гурӯҳ тақсим шуда дар як тарафи май- донча дар назди хати оғоз саф …

Муфассал »

Бозии «Хурӯсҷанг»

Машқҳои умуми.

Варианти муқаррарии ин бозӣ чунин аст: ду нафар дар дохили майдон ба як пой меистанд, дастҳоро дар паси миён медоранд ва ҷаҳида омада кӯшиш мекунанд, ки якдигарро бо китфҳо зада аз давра берун ронанд. Ду нафар бозипгар бо чӯбчахо (тахминан якметра) дар рӯ ба рӯи якдигар дар давра менишинанд. Чӯбҳо …

Муфассал »

Бозии «Паридан аз болои гулхан»

chorshanbesur

Ин бозӣ дар майдончаи кушод дар рӯзҳои иди Наврӯз гузаронида мешавад. Дар байни майдонча оташ афрӯхта мешавад, ё агар бозӣ дар дохили толор гузарад он бо гурзҳо иваз карда мешавад. Шумораи бозингарон 10-20нафар. Тасвир: Бо ишораи роҳбархар як бозингар аз болои оташ (гурзҳо) бо навбат меҷаҳад ва кӯшиш мекунад, ки …

Муфассал »

Бозии «Ба давра нишастан»

Бози бо чанбарак

Ин бозӣ барои бачахои синни хурди мактабӣ бозӣ мебошад. Шумораи иштироккунандагон аз 6 то 40 нафар. Барои бозӣ халтачаи бо аррамайда пуркардашуда (ё тӯб) ва рӯймолча лозим аст. Тасвир: Дар маркази давраи калони кашидашуда халтача ё тӯб гузошта мешавад. Бозингарони гирди давра нишаста ба ашёи дар марказбуда нигоҳ мекунанд. Баранда …

Муфассал »

Бозихои серхаракати миллии тоҷикӣ

Дар машқгоҳ

Бозихо зуҳуроти ҷамъиятиву таърихӣ, намуди мустақими фаъо- лияти ба инсон хос мебошанд. Бозихои серҳаракати миллии тоҷикӣ, ҳамчун бозиҳои халқхои дигар бо вобаста ба машғулияти сокинони ин ё он ноҳия ташаккул ёфтаанд. Маводи таърихӣ ва этнографӣ аз он гувохӣ медиҳанд, ки бозиҳои серҳаракат дар ҳаёти одамон нақши муҳимро мебозанд. Тоҷикон аз …

Муфассал »

«Ҷузи – топи» (бозии арманӣ)

Гуруҳи ғолиби мактаби №5-и касабаи Ғулакандоз дар бозии «Офарин».

Дар майдонча давраи диаметраш 10-15 метр кашида мешавад. (вобаста ба шумораи хонандагон). Бозингарон ба ду гурӯҳ 10-15 нафарӣ тақсим мешаванд. Як гурӯҳ дар дохили давра ҷойгир мешавад, гурӯҳи дуюм дар атрофи он. Бозингарони дар атрофи давра истода тӯбро гирифта, аз болои сари бозингарони дар дохили даврабуда ба якдигар мепартоянд. Лаҳзаи …

Муфассал »

«Саке бурти» (бозии гурҷӣ)

moskovskij-deputat-predlozhila-vyvesti-urok-fizkultury-iz-uchebnogo-plana-shkoly

Бозӣ бо тӯб ва чӯб дар Гурҷистон гӯшй ном гирифтааст. Агар бозй дар дохили бино гузаронида шавад, дар як тарафи ҳуҷра ду курсӣ ба якдигар наздиктар гузошта мешавад. Ба болои пӯштакҳои он порчаи тахта ё фанер гузошта мешавад. Бозингарон дар масофаи якчанд қадам дуртар аз курсиҳо меистанд ва бо навбат …

Муфассал »

«Гург ва мурғобиҳо» (бозии литвонӣ)

01

Иштирокчиёни бозӣ (мурғобиҳо) дар як қатор аз паси якдигар саф кашида, аз миёни якдигар медоранд. Дар пеш, дар масофаи начан- дон дур аз қатор бизингаре чорполо нишастааст. Ин «гург» аст. Вай чунин вонамуд месозад, ки гӯё чуқурӣ мекобад. Роҳбалади «мурғоби- ҳо» – «мурғоби»-и якум мепурсад: Гург, ҳой гург, ту чӣ …

Муфассал »

«Лаклакҳо» (бозии украинӣ)

152753251719182968

Дар бозӣ 6 ё 8 бача иштирок мекунад. Онҳо ба давра меистанд ва «лаклак»-ҳоро ифода менамоянд. Ҳар як «лаклак» барои худаш бояд лона бисозад – дар атрофи худ давраи диаметраш 1 -метра кашад. Баран- дае, ки лона надорад дар маркази даврачаҳо меистад. Бо ишораи баранда бозӣ cap мешавад. Ҳамаи лаклакҳо …

Муфассал »