Главная / Гуногун / Cанади муқоисавӣ ,j Кумитаи андоз

Cанади муқоисавӣ ,j Кумитаи андоз

Дар Раёсати андоз дар шаҳри Душанбе давоми семоҳаи якуми соли 2020 бо мақсади таъмини иҷрои қарори Мушовараи Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 январи соли 2020 оид ба рафти тартиб додани санадҳои муқоисавӣ ва рӯёнидани бақияи қарзи андозҳо як қатор корҳо ба анҷом расонида шудаанд. Дар ин хусус аз Раёсати андоз дар шаҳри Душанбе иттилоъ доданд.

Дар натиҷаи тартиб додани санадҳои муқоисавӣ аз шу мораи умумии 39665 андоз супоранда бо 10465 адад ё
26,4 фоизи андозсупорандагон ҳисоббаробаркуниҳо анҷом ёфтааст, ки аз ин ҳисоб қарзи андозсупорандагон ба маблағи 5,5 млн сомонӣ ва изофапулиҳо ба маблағи 2,1 млн сомонӣ кам карда шудаанд.

Тавре зикр шуд, ба са наи 1 апрели соли 2020 аз 9335 адад шахси ҳуқуқии бақайдгирифташуда бо 4497 андозсупоранда ё 48,2 фоизи онҳо санадҳои муқоисавӣ тартиб дода шуданд. Дар натиҷаи тартиб додани санади муқоисавӣ аз ҳисоби бақияи қарзи андозҳо 4,7 млн сомонӣ ва аз ҳисоби изофапулиҳо 1,7 млн. сомонӣ кам гардида аст. Аз ҷумла, дар ноҳияҳои Шоҳмансур аз 2158 шахси ҳуқуқӣ бо 971 адад ё 45 фоиз, Исмоили Сомонӣ аз 2511 шах си ҳуқуқӣ бо 1340 адад ё 53,4 фоиз, Фирдавсӣ аз 1903 шахси ҳуқуқӣ бо 727 адад ё 38,2 фоиз ва Сино аз 2763 шахси ҳуқуқӣ бо 1459 адад ё 52,8 фоизи андозсупорандагон санадҳои муқоисавӣ тартиб дода шу даанд.
Инчунин, дар ин давра аз 1419 супорандаи андози низо ми умумӣ бо 925 андозсупо ранда ё 65,2 фоиз, аз ҷумла дар ноҳияҳои Шоҳмансур 58,3 фоиз, Исмоили Сомонӣ 73,1 фоиз, Фирдавсӣ 54,4 фоиз ва Сино 71,4 фоизи андозсупорандагони дар низоми умумӣ фаъолияткунан да санадҳои муқоисавӣ тартиб дода шуданд.
Ҳамчунин, дар ин давра аз 9328 соҳибкори инфиродии тибқи шаҳодатнома фаъолият кунанда бо 3266 андозсупоран да ё 35 фоизи онҳо санадҳои муқоисавӣ тартиб ёфта, дар натиҷа, аз ҳисоби бақияи қарзи андозҳо 407,9 ҳазор сомонӣ ва аз ҳисоби изофапулиҳо 172,1 ҳазор сомонӣ кам гардиданд. Аз ҷумла, дар ноҳияҳои Шоҳмансур бо 39,4 фоиз, Исмоили Сомонӣ 47,5 фоиз, Фирдавсӣ 32,4 фоиз ва Сино бо 28,9 фоизи соҳибкорони инфиродии тибқи шаҳодатнома фаъолияткунанда санадҳои муқоисавӣ тартиб дода шудаанд.
Гуфтан бамаврид аст, ки дар ин давра, аз 21002 соҳибкори инфиродии тибқи патент фа ъолияткунанда бо 2853 андоз супоранда ё 13,6 фоизи онҳо санадҳои муқоисавӣ тартиб дода шуда, аз ин ҳисоб, бақияи қарзи андозҳо 418,9 ҳазор сомонӣ ва аз ҳисоби изофапулӣ 120,1 ҳазор сомонӣ кам гарди дааст. Санадҳои муқоисавии тартибёфта бо соҳибкорони инфиродии дар асоси патент фаъолияткунанда дар ноҳияҳои Шоҳмансур 10,5 фоиз, Исмоили Сомонӣ 23,3 фоиз, Фирдавсӣ 11,6 фоиз ва Сино 16,9 фоизро ташкил медиҳад.
Тавре зикр шуд, таҳлили ҳисобот нишон додааст, ки кор дар ин самт дар нозиротҳои ан
дози ноҳияҳои шаҳри Душанбе нокифоя ба роҳ монда шуда аст. Ҳол он ки тибқи қарори Мушовараи Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҷамъбасти натиҷаи фаъолияти мақомоти андоз дар соли 2019 ва ҷаласаҳои кории Раёсати андоз дар шаҳри Душанбе, нозиротҳои андози ноҳияҳои шаҳр ва зифадор шуда бу данд, ки дар давоми семоҳаи аввали соли ҷорӣ бо тамоми андозсупоран дагон оид ба натиҷаи фаъолияти соли 2019 санадҳои муқоисавӣ тартиб диҳанд.
Аз ин хотир, Раёсати андоз дар шаҳри Душанбе нозиротҳои андози ноҳияҳои шаҳри Душан беро вазифадор кардааст, ки рафти тартиб додани санадҳои муқоисавиро бо андозсупоран дагон зери назорат ва таҳлил қарор дода, камбудиҳои дар ин самт баамаломадаро бартараф кунанд.
Тоҳир ЧИЛАЕВ

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …