Бухлу ҳасад

Бухлу ҳасад

Бидон, ки бухлу ҳасад низ аз ҷумлаи гуноҳони бузурганд. Аз ин афъол дурӣ ҷустан зарур аст. Маънои бухл надодани закот, садақа ва ёрӣ накардани бародарону хешу табор ва гадоро чизе надодан ва ғайра.

Бахил нонеро дар роҳи Худо надиҳад, чӣ гуна ҷони худро дар роҳи Худо диҳад?

Дар ҳадис омада аст, ки бахил дар биҳишт дар наёяд, агарчӣ обид бошад ва сахӣ ба дӯзах дохил нашавад, агарчӣ фосиқ бошад.

Ҳикоят. Бахиле буд дар шаҳри Бағдод. Мегуфт: – ҳеҷ касро аз Аҳмади Ҳаддод душмантар намедонам, ки ӯ нони бисёр ба мардум медиҳад.

Шабе ӯро бахоб намуданд, ки моли ту ҳамааш насиби Аҳмади Ҳаддод мешавад.

Саҳар бархеста гуфт: – Инро ҳилае кардан лозим аст, ки моли ман рӯзии вай нашавад.

Асои1 калоне ёфта даруни вайро кофта холӣ кард ва нисфи тиллоҳоро дар он асо ҷойгир намуд ва ду сари асоро маҳкам карду дар дарёи Даҷлаи Бағдод андохт. Рӯзе Аҳмади Ҳаддод дар киштӣ нишаста буд ва аз дарё мегузашт. Асои ӯ дар дарё ғалтид, тангае ба ронандаи киштӣ дод, то асои ӯро аз дарё гирифта ба ӯ диҳад. Ронандаи киштӣ ба об ғӯта зад, асои бахил ба дасти вай афтод. Онро бароварда ба Аҳмад дод. Аҳмад дид, ки асо вазнин аст. Ба хона омада асоро кушола тиллоҳоро бигирифт. Бахил хабар ёфта гуфт: – оҳ, чӣ кор кунам, ки тиллоҳои боқимонда насиби Аҳмад нашаванд?

Боқимондаи тиллоҳоро дар миёни хамир карда нон пхт ва ба хонаҳои дарвешон оварда, нафақа кард. Нон ба камбағалон расид, ҳамаро ба хурдани он дарди дандон гирифт. Аз ҳамин ҷиҳат аст, ки мегӯянд “аз нони бахил дарди дандон хезад”. Дарвешон фатирҳоро ба Аҳмад медоданд, то дандонҳои онҳоро меканд ба ин тариқа бокимондаи тиллоҳои бахил насиби Аҳмади Ҳаддод гардиданд. Хабар ба бахил расид, бемор шуда ҳалок гардид. Ин аст сазои бахил.

Ҳасад некиҳоро мехӯрад ҳамчунон ки оташ ҳезумро мехӯрад.

Аввалин гуноҳе, ки дар замин воқеъ шуд, ҳасад буд, ки Қобил бо Ҳобил ҳасад кард ва ӯро бикушт, то бадтарин гуноҳро муртакиб гардид1 ва аввалин гуноҳе, ки дар осмон пайдо шуд, ҳасад буд, ки Иблис ба одам ҳасад кард ва бад-он сабаб ронда шуд. Ҳасад он аст, ки агар касе чизе дошта бошад: моли бисёр, ё обрӯи бисёр ва монанди инҳо, шахси дигар намехохад, ки вай ҳамин чизҳоро дошта бошад.

Илоҳо, моро аз ҳасад нигоҳ, дошта, тавфиқи некхоҳии  мусулмононро арзонӣ дорӣ, омин.

Загрузка...

Дар борамон Meg S

meg-93@inbox.ru

Инчунин кобед

Фируза точка Шон мс

Фируза ва Шон МС: Суруди Точка 2019

Суруди – мусиқии аз тарафи сароянда/ҳофизаи номӣ Фируза Ҳафизова ва Шон МС хондашуда соли 2019-ум …