Буҷет (буҷа – буджа) аз забони куҳнаи норманди гирифта шуда маънояш «Кисса, ҷебак, халта ё сандуқи пул» мебошад, ки дар таркиби даромаду хароҷот нақш бастааст. Буҷет аз 2-қисмат иборат аст, кия е «ДАРОМАД» ва дигаре «Хароҷот» мебошад. Одатан ин ду тараф ҳамасола баробар нестанд ва каме фарқият доранд. Агар хароҷот зиёдтар шавад пас «Дефисит» шуд мегӯянд вале агар даромад зиёд шавад пас «Профисит» шуд мегӯянд.
Буджет метавонад дар сатҳи давлат ва дар сатҳи корхона, оила ё як фард (одам) ташаккул дода шавад. Буҷет одатан пешакӣ нақшакашӣ карда мешавад, тоинк аз рӯи он даромаду хароҷот ба танзим дароварда шавад ва пеши роҳи фаъолияти суст ва ё серхароҷотӣ гирифта шавад. Буҷет имконият медиҳад, ки дилхоҳ кас донад ки кадом вақт ва чиқадар пулро аз куҷо ба даст меорад ва ба куҷо равона менамояд.
Бе буҷет кори одамон таваккалӣ мешавад ва метавонад натиҷаи фаъолиятро ба кассодӣ оварда расонад. Барои ҳамин ҳам барои пешгирӣ кардан аз муфлисшавӣ бояд буҷетро дуруст ва саривақт таҳия намуда мутобиқи он даромаду хароҷотро риоя кард.
Буҷетро одатан барои 1-сол таҳия карда дар охири ҳар сол натиҷаи иҷроиши бандҳои он мавриди омузиш, таҳлил ва хулосабарорӣ қарор дода мешавад.
Дар Тоҷикистон ҳаҷми буҷет дар соли 2018-ум ба маблағи 20 мдрд. сомонӣ пешбинӣ шудааст, ҳол он ки ҳаҷми ММД ба 66.8 млрд сомонӣ пешбинӣ шудааст. Дар байни таркиби хароҷотии буҷаи кишвар аз ҳама калонтарин банд ин соҳаи иҷтимоиёт мебошад, ки асосан барои пардохти маоши кормандони давлатӣ ва пардохти нафақа пешбинӣ карда шудааст.
Дар ҷойи дувум ҳаҷми хароҷот ба соҳаи энергетика ва сӯзишворӣ равона карда шудааст ва инро бо он асос кард, ки сохтмони НБО «Роғун» дар назар аст.
Соҳаҳои асосии хароҷотии бӯчети Тоҷикистон дар соли 2018:
- Маориф – 3,9 млрд. сомонӣ;
- Энергетика ва сузишваорӣ- 3,4 миллиард сомонӣ;
- Тандурустӣ- 1,5 миллиард сомонӣ;
- Нақлиёт ва коммуникасия – 1,4 миллиард сомонӣ.
Дар поён таркиби хароҷоти буҷаи Тоҷикистон дар шакли тасвир оварда шудааст: