Главная / Гуногун / Бозори Корвон  дар шаҳри Душанбе

Бозори Корвон  дар шаҳри Душанбе

Ин маркази калони савдо, ки номи «Бозор Корвон»-ро дорад соли 2012 кушода шудааст ва макони ҷойгиршавии он ин дар қисмати ҷанубии ноҳияи Фирдавсӣ дар кучаи Қосимов мебошад.

Бозори Корвон дар натиҷаи кӯчонидани Бозори Ҷумъабозор ки назди Донишгоҳи иқтисодӣ буд ва бозори Саховат ба вуҷуд омадааст.

Бозори корвон

Дар ин бозор асосан либосу пояфзол ва қолинҳоро мефурушанд. Ҳар рӯз ба ин бозор садҳо ҳазор мизоҷон барои харид кардани молу маводҳо мераванд. Тақрибан 10 ҳазор нуқтаҳои савдову савдогарон дар он фаъолияти меҳнатӣ менамоянд. Масоҳати бозор 14 гектарро ташкил менамояд ва он 2-тарафи роҳ аст. Мардум ба ин бозор бинобар дар он арзонтар будани мол мераванд. Қисмати ғарбии бозор асосан савдои яклухт дорад. Аз ҳамин сабаб бозор серодам мебошад.

Барои рафтан ба ин бозор лозим аст, ки тавассути нақлиёти ҷамъиятӣ – маршруткаҳои №33, 46, 28 ва дигарон истифода бурд.

Аз санаи ифтитоҳ ёфтани корхона инҷониб  зиёда аз 7-маротиба ба сӯхтор дучор шуда миллон доллар мол нобут шудааст. Мутаасифон савдогарони ин бозор аз ҳолатҳои нохуш молу ҷони худро суғурта наменамоянд ки дар натиҷа ба барқарор кардани талафон замина намегузоранд.

Суратbozori-korvon-1

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …