Ин бозӣ дар деҳот бисёр паҳн шудааст. Дар он хонандагони сини хурди мактабӣ аз 2 то 12 нафар иштирок мекунанд. Барои партофтан сангҳои ҳамвори 8-10 см дарозӣ, 4-5 см бар ва 0,5 – 1 см ғафсидошта интихоб карда мешавад. Нишон сангҳои калоне мебошанд, ки дар масофаи 10-15 м дуртар аз хати партоиш ҷой дода мешаванд. Сангҳоро бонавбат, аввал як гурӯҳ, сипас гурӯҳи дуюм мепартоянд. Супориш на танҳо ба санг расондан, балки афтонидани он низ мебошад.
Қоидаҳо:
- Ҳангоми партофтан касе ҳуқуқи ба пеш баромадан надорад.
- Вақте ки бозингарони як гурӯҳ сангҳоро мепартоянд, шумораи холҳои бадастовардаро аз рӯи шумораи сангҳои афтондашуда ҳисоб мекунанд. Сангҳо боз ҷо ба ҷо гузошта мешаванд ва гурӯҳи дуюм бозиро идома медиҳад. Гурӯҳи холҳои зиёдтар бадастоварда ғолиб мебарояд.