Главная / Варзиш / Бозии «Хурӯсҷанг»

Бозии «Хурӯсҷанг»

Варианти муқаррарии ин бозӣ чунин аст: ду нафар дар дохили майдон ба як пой меистанд, дастҳоро дар паси миён медоранд ва ҷаҳида омада кӯшиш мекунанд, ки якдигарро бо китфҳо зада аз давра берун ронанд.

Ду нафар бозипгар бо чӯбчахо (тахминан якметра) дар рӯ ба рӯи якдигар дар давра менишинанд.

Чӯбҳо аз зери зону гузаронида шуда занҷирро ифода менамоянд.

Машқҳои умуми.
Машқҳои умуми.

Бо ишораи роҳбар бозингарон ҷахида меоянд ва якдигарро ба китф зада аз пой афтондани мешаванд. Ғолибони ҷуфтҳо байни ҳам қувва меозмоянд.

Вариант: Ҳар як аз ду бозингар дар давра пойи чапро мебардорад ва онро ба дасти чап медорад. Бо дасти рост бошад аз паси cap китфи чапро медорад. Дар ин ҳолат онҳо кӯшиш мекунанд, ки якдигарро бо китфҳо зада, аз мувозинат ё аз давра бароранд. Касе, ки дасту пояшро ба замин гузорад, мағлуб дониста мешавад.

Қоидаҳо:

  1. Тела додан ё аз мувозинат баровардани рақиб танҳо бо ишораи роҳбар оғоз меёбад.
  2. Касе, ки аз давра барояд, мағлуб дониста мешавад.

Инчунин кобед

Фото Чилучорчашма. Май 2020г.

Чилучорчашма – дар ноҳияи Носири Хусрав 10 сурати беҳтарин

Чилучорчашма (44 Чашма) – манбаи оби муқаддас. Он дар соҳили рости дарёи Кофниҳон, 12 км …