Главная / Варзиш / Бозии «Ба давра нишастан»

Бозии «Ба давра нишастан»

Ин бозӣ барои бачахои синни хурди мактабӣ бозӣ мебошад. Шумораи иштироккунандагон аз 6 то 40 нафар. Барои бозӣ халтачаи бо аррамайда пуркардашуда (ё тӯб) ва рӯймолча лозим аст.

Бози бо чанбарак
Бози бо чанбарак

Тасвир: Дар маркази давраи калони кашидашуда халтача ё тӯб гузошта мешавад. Бозингарони гирди давра нишаста ба ашёи дар марказбуда нигоҳ мекунанд. Баранда дар даст рӯймолча дар паси давра меистад. Ба ишора баранда аз паси бозингарон давр зада, рӯймолчаро ноаён ба пушти ягон бозингар мепартояд ва дар гирди давра, барои ишғол намудани ҷойи ҳамон бозингар давидан мегирад. Бозингари бо нишонафтода хеста барандаро доштанӣ мешавад. Бозингаре, ки баран- даро дошта наметавонад, худ баранда мешавад. Дар сурати ба даст афтодан, баранда бозиро идома медихад.

Қоидаҳо:

  1. Нигоҳ кардан ва гуфтан манъ карда мешавад.
  2. Руймолчаро ба паси бозингарони гуногун партофтан лозим аст.
  3. Бозингаре, ки ба паси ӯ рӯймолча гузоштанд, бояд аввал онро бигирад ва сипас барандаро таъқиб кунад.

Инчунин кобед

Фото Чилучорчашма. Май 2020г.

Чилучорчашма – дар ноҳияи Носири Хусрав 10 сурати беҳтарин

Чилучорчашма (44 Чашма) – манбаи оби муқаддас. Он дар соҳили рости дарёи Кофниҳон, 12 км …