Главная / Варзиш / Бозихои серхаракати миллии тоҷикӣ

Бозихои серхаракати миллии тоҷикӣ

Бозихо зуҳуроти ҷамъиятиву таърихӣ, намуди мустақими фаъо- лияти ба инсон хос мебошанд.

Бозихои серҳаракати миллии тоҷикӣ, ҳамчун бозиҳои халқхои дигар бо вобаста ба машғулияти сокинони ин ё он ноҳия ташаккул ёфтаанд.

Маводи таърихӣ ва этнографӣ аз он гувохӣ медиҳанд, ки бозиҳои серҳаракат дар ҳаёти одамон нақши муҳимро мебозанд.

Тоҷикон аз давраҳои қадим бозиҳои гуногунро истифода мебур- данд. Ин ба як системаи таърихии тарбияи ҷисмонӣ мубаддал гашта буд.Бо мурури замон бозиҳо шаклу намудҳои навро мегирифтанд.

Дар давраи муосир барои инкишофи кӯдакон бозихои ачдодии рангу тобиши миллӣ дошта ахамияти бузургдоранд.

Дар машқгоҳ
Дар машқгоҳ

Бозиҳои серҳаракат имрӯз хам дар барномаи тарбияи ҷисмонии мактаббачагон ҷойи махсусро ишғол менамояд.

Дар байни мактаббачагони синни хурди мактабӣ бозиҳо бо унсурҳои давидан, партофтан, гузаронидани бор, кашидани банд, гӯштин пахн шудааст. Якчанд намуди онҳоро мисол пешниход меку- нем.

«Кӣ зудтар?»

Бозӣ бо кӯдакони синни 7-12 – сола дар майдонча ё бинои калон гузаронида мешавад. Дар он аз 10 то 40 нафар иштирок мекунад.

Тасвир: Дар маркази майдон давраи калон кашида мешавад. Бозингарон дар гирди давра дар масофаи дастҳои кушода дур аз якди- гар меистанд, барандаи бозй бошад дар марказ. Бо ишора (бо ҳисоби «як, ду») бозингарон ба дохили давра давида медароянд. Баранда кӯшиш мекунад, ки касеро аз онҳо дорад. Агар ин кор ба ӯ муяссар шавад, бозингари дошташуда ёвараш мешавад ва ба давра дохилшуда- гонро медорад.

Ҳар як бозингари дошташуда ёвари баранда мешавад. Бозй то даме идома меёбад, ки шумораи зиёди бозингарон ба давра дохил шаванд. Аз байни бозингарон барандаи нав интихоб мешавад ва бозӣ аз нав оғоз меёбад.

Қоидаи 1. Баранда ҳуқуқи аз давра баромадан надорад.

Қоидаи 2. Танҳо бозингаре дошташуда ҳисоб мешавад, ки баран- да ба ӯ дар дохили давра даст расонад.

Қоидаи 3. Аз давра баромадан мумкин нест.

Вариант. Агар шумораи бозингарон зиёд бошад, онҳоро ба ду гурӯҳ ҷудо кардан мумкин аст. Гурӯҳи якум дар дохили давра, гурӯҳи дуюм дар атрофи давра ҷой мегиранд.

Бозингарони дошташуда аз бозй мебароянд. Бозӣ вақте ба охир мерасад, ки ҳамаи бозингарони дар атрофи даврабуда дошта мешаванд. Сипас, гурӯҳҳо ҷойҳояшонро иваз мекунанд. Гурӯҳе ғолиб меояд, ки зудтар ҳамаи рақибонро дорад.

«Кӣ дуртар?»

Бозӣ дар байни бачаҳои хурдсол бисёр маъмул аст. Одатан, онро дар баландиҳо бозӣ мекунанд.

Тасвир: Бозингарон ҷуфт-ҷуфт дар қатор саф мекашанд. Бо ишо- раи роҳбар ҷуфти бозингарон ҳарду пойро ҷафс намуда, ҷаҳида – ҷаҳида поён ба баландӣ ҳаракат мекунад.

Аз ҷуфти бозингарон ҳамоне ғолиб меояд, ки масофаи зиёдтарро тай кардааст.

Қоидаи 1. Ҷаҳандаҳобояддармасофаимуайяназякдигаристанд.

Қоидаи 2. Дар лаҳзахои ҷаҳидан пойҳо бояд ҷафс карда шаванд. Касе, ки пойҳояшро мекушояд бозиро бой медиҳад.

Қоидаи 3. Ғолибон байни худмусобиқа карда метавонанд.

«Киро тела диҳем?»

Дар ин бозӣ бачаҳои синни мактабӣ аз 6 то 40 нафар иштирок мекунанд. Бозиро дар майдонча, рохрав ё толори варзишӣ гузарони- дан мумкин аст.

Тасвир: Дар ду тарафи майдонча (толор) ду хати мувозӣ (парал- лел) дар рӯ ба рӯи ҳамдигар дар масофаи 10-15 м кашида мешавад.

Бозингарон ба ду гурӯҳ ҷудо мешаванд ва сардорҳоро интихоб менамоянд. Г урӯххо дар назди хатҳо дар муқобил и хамдигар меистанд. Дар ҳар гурӯҳ бозингарон даст ба даст мекунанд. Бозингаре аз гурӯхи оғозкунандаи бозӣ мепурсад. «Киро тела кунем?» Гурӯҳи муқобил ҷавоб медихад: «Бузи хокистарангро» Бозингари гурӯҳи якум: «Аз дӯстони ман киро тела диҳем?» Гурӯҳи дуюм ҷавоб медиҳад: «Раҳим- ро» (ё каси дигарро). Пас аз ин бозингари гурӯҳи якум давида омада «занҷири» дасти Раҳимро канданӣ мешавад. Агар ин кор муяссар гардад, ҳарду бозингаре, ки занҷири дасти онҳо канда шуд, ба тарафи гурӯҳи рақиб мегузаранд ва аз тарафи муқобил бозӣ мекунанд. Бозин- гари дуюми гурӯҳи якум ба бозӣ шурӯъ менамояд. Агар вай занҷирро канда натавонад дар гурӯҳи рақиб мемонад. Акнун бозингарони гурӯҳи дуюм ба бозӣ шурӯъ менамоянд.

Қоидаҳо:

  1. Г урӯҳҳо бояд аз хати кашидашуда нагузаранд.
  2. Бозингароне, ки бозиро бохтанд, бояд зуд аз гурӯҳ бароянд, ё ин ки аз тарафи гурӯҳ муқобил бозӣ кунад.
  3. Дастхоро мустаҳкам доштан лозим аст.

Инчунин кобед

Фото Чилучорчашма. Май 2020г.

Чилучорчашма – дар ноҳияи Носири Хусрав 10 сурати беҳтарин

Чилучорчашма (44 Чашма) – манбаи оби муқаддас. Он дар соҳили рости дарёи Кофниҳон, 12 км …