БОЗИЧА

bozichaБОЗИЧА, ашёе, ки кӯдакон барои бозӣ ва фаъолияти мустақилона истифода мебаранд. Б. барои олами атрофро омӯхтани кӯдак ёрӣ медиҳад, ӯро ба фаъолияти мақсаднок ва бошуурона одат мекунонад, хаёлотро инкишоф, шавқро ба меҳнат, рағбатро ба техника, дониш ва мушоҳидакорӣ ташаккул медиҳад, завқи бадеиро баланд мебардорад. Б.-ҳо бояд ба талаботи муайяни тиббӣ, эстетикӣ, гигиенӣ ва техникӣ, инчунин ба синну соли кӯдакон мувофиқат намоянд.
Б.-ҳои дидактикӣ ба инкишофи тафаккуру нутқи кӯдак, ташаккули дониш, кордонию малакаи ӯ мусоидат мекунанд. Кӯдак ҳангоми бозӣ шинохтани ашё, фарқ кардани шаклу бузургӣ ва рангро ёд мегирад, бо таносуби миқдору шумора, мафҳумҳои макону фазо шинос мегардад. Ба Б.-ҳои дидактикӣ, мас., бурҷҳои конусӣ бо ҳалқаҳои якранга (барои бачаҳои аз 1,5 то 3-сола) ва гуногунранг (аз 3 то 7-сола), Б.-ҳои дарун ба дарун – табақчаҳо, чалакчаҳо, кураҳо (аз 1,5 то 3-сола), зочаҳои чӯбин, матрёшкаҳо (аз 1,5 то 6-сола), Б.-ҳои гуногуни бо мурватҳо васлшаванда ва ғ. мансубанд. Б.-ҳои дидактикии мураккаб барои бозии кӯдакони синни гуногун таъин шудаанд. Мас., манорачаи иборат аз ҳалқаҳо (барои аз ҳам ҷудо ва ба ҳам ҷамъ кардан)-ро ҳам ба кӯдаки 6-моҳа ва ҳам ба кӯдаки 2 – 2,5-сола додан мумкин аст, вале аз дуюмӣ талаб бояд кард, ки ранг ва ҳаҷми ҳалқаҳоро муайян кунад; кӯдаки 3 – 3,5-сола бо ҳамон манорача бозӣ карда, паиҳам ҳалқаҳоро интихоб мекунад, онҳоро ба тартиби муайян меандозад; бачаи 5-сола метавонад нишон диҳад, ки кадоме аз ҳалқаҳо калон ё хурд аст, кадом ранг нест, он дар куҷо бояд бошад ва ғ. Бо Б.-ҳои дарун ба дарун бозӣ карда, кӯдакон аввал бешуурона ашёи хурдро ба даруни Б.-и калон мегузоранд ва ҳамин тавр, дар амал ба таносуби бузургиҳо сарфаҳм мераванд, баъд мафҳумҳои бузургӣ (калон ё хурд) ва баъдтар дараҷаҳои муқоисавиро дарк мекунанд. Б.-ҳои ҷудошаванда барои кӯдакон аввалин конструкторҳо мебошанд. Дар меҳвар устувор кардани манорача, тоб дода ҷо ба ҷо кардани чалакча, ба ҳам пайвастани пирамидачаҳо масъалаҳое мебошанд, ки ба кӯдакони синну солашон гуногун (аз 1,5 то 5-сола) муносибанд. Б.-ҳои чӯбини иборат аз ҷузъҳои мурватӣ барои бачаҳои синни 4,5 – 5-сола таъин шудаанд.
Б.-ҳои образнок аҳамияти калони тарбиявӣ доранд, мас., лӯхтакҳо (бо либос, мебел, ҷиҳози рӯзгор, хонача), муҷассамаи одамон, ҳайвонот ва ашёи табиат. Вақте ки кӯдак бо онҳо бозӣ мекунад, тасаввуроти ӯ оид ба одамони атроф зиёд мешавад, тафаккур, нутқ ва ҳофиза инкишоф меёбад.
Яке аз машҳуртарин Б.-ҳо лӯхтак аст. Барои бозии духтарчаҳои 1 – 2-сола лӯхтакҳои чашмпӯш ва «сухангӯ» мувофиқ аст, зеро онҳо шавқу завқи кӯдаконро меафзоянд. Барои кӯдакони 1 – 4-сола лӯхтакҳои белибосро харидан беҳтар мебошад, чунки кӯдакон онро оббозӣ доронда, парпеч мекунанд. Барои кӯдакони 3 – 5-сола лӯхтакҳои хурд (35 – 50 см), ки либоси онҳоро иваз кардан мумкин аст, истеҳсол карда мешаванд. Барои бо чунин лӯхтакҳо бозӣ кардан, мебел, қошуқу табақча, аробачаҳо ва ғ. низ мавҷуданд. Лӯхтакҳо бояд гуногун бошанд, чунки кӯдакон «хислатҳои» лӯхтаки шодрӯю ғамгинро фарқ мекунанд, ба онҳо дар вақти бозӣ вазифаҳои гуногун медиҳанд. Барои бозиҳои умумӣ ба кӯдакони 5 – 7-сола лӯхтакҳои ҳаҷман гуногун – калон ва хурд (6 – 7 см) зарур аст; лӯхтакҳои 20 – 35 см барои бозии кӯдакони синни калонтари томактабӣ мувофиқ мебошанд. «Гап зада тавонистан»-и лӯхтакҳо акнун шарт нест, зеро худи бачаҳо ба ҷои лӯхтак гап мезананд. Духтарчаҳои синни хурди томактабӣ ба лӯхтакҳои калон (45 – 65 см) ҳавас доранд, чунки онҳоро «ба таври ҳақиқӣ» нигоҳубин кардан мумкин аст.
Б.-ҳои ҳайвоноти аз масолеҳи мулоим сохташуда (хирсакҳо, гурбачаҳо, сагбачаҳо)-ро ба кӯдакони синни 1-сола медиҳанд. Барои бачаҳои 1 – 3-сола ҳайвоноти резинӣ ва пластмассӣ, ки кӯдак онҳоро аз афсонаҳо, суратҳо ва мушоҳидаҳои худ медонад, мувофиқ мебошанд. Бачаҳо бо онҳо ҳангоми сайру гашт (хокбозӣ, оббозӣ) низ бозӣ мекунанд.
Кӯдакон ҳар чӣ қадар калонтар бошанд, ба монандии Б. ба аслаш бештар аҳамият медиҳанд. Онҳо аз 3-солагӣ дар вақти бозӣ лӯхтакҳо, аробачаҳо, мебел, зарфҳои ошпазию хӯрокхӯрӣ ва ғ.-ро истифода мебаранд. Бачаҳои синни калони томактабӣ ва хурди мактабӣ Б.-ҳои ҳаракаткунанда (мас., мошинчаҳо, чархболҳо ва киштичаҳои муҳаррикашон хурди электрӣ, яхдони чароғдор, лампаи даргиранда ва ғ.)-ро дӯст медоранд. Барои бозӣ кардан ба кӯдакони синни калони томактабӣ ва хурди мактабӣ баъзан Б. – декоратсияҳое лозим мешаванд, ки истиқоматгоҳ (ҳуҷра, дарахт, хоначаҳои рӯи ҳавлӣ), мактаб (парта, тахтаи мактабӣ) ва ғ.-ро инъикос кунанд.
Б.-ҳои техникӣ – мошинчаҳо, тракторчаҳо ва ғ. имконият медиҳанд, ки кӯдакон дар вақти бозӣ меҳнатро инъикос намоянд. Барои кӯдакони синну солашон гуногун Б.-ҳои техникии тайёр истеҳсол карда мешаванд. Чунончи, барои кӯдаки 2 – 4-сола паровози иборат аз чанд ҷузъҳои калони барҷаста (дег, дудбаро, чархҳо ва хоначаи мошинист) мисол шуда метавонад; барои кӯдаки 5 – 7-сола ҷузъҳоро зиёдтар (вагони махсуси паровоз, фишанги чархҳо ва ғ.) кардан лозим аст; барои мактабиёни хурдсол Б.-ҳои мураккабтар – тепловоз, электровоз заруранд. Б.-ҳои техникӣ дастовардҳои техникаи ҳозиразамон, гузашта ва ояндаро инъикос мекунанд. Б.-ҳои техникии томактабиёнро бо механизми тобхӯранда ё инертсиявӣ ба ҳаракат даровардан мумкин аст; барои мактаббачагон онҳо метавонанд моторҳои электрӣ, пулти идора, пулти идораи фосилавӣ ва ғ. дошта бошанд. Бачаҳои синни миёнаи мактабӣ ба Б.-ҳои радиоидора, электронӣ ва ғ. ҳавас доранд. Барои бачаҳои синну соли томактабӣ ва хурди мактабӣ баъзе Б.-ҳоро калонтар месозанд, то кӯдак бо фишангҳо, педалҳо ва рул кор карда тавонад.
Масолеҳи бинокории чӯбин ва пластмассӣ бисёр ва гуногунанд. Аз онҳо кӯдакон метавонанд роҳ, кӯпрук ва хона созанд, мас., кубчаҳо барои бачаҳои 2-сола; кубча ва хиштчаҳо барои бачаҳои 3-сола; призмаҳо, силиндрҳо, тахтачаҳо, байрақчаҳо ва ғ. барои томактабиёни синнашон калон ва мактабиёни хурдсол. Албомҳои махсус, ки чун замима ба онҳо дохил мешаванд, имконият медиҳанд аз рӯи намунаҳои додашуда Б. сохта шавад. Кӯдакон бо масолеҳи сохтмон бозӣ карда, бо ҷисмҳои геометрӣ шинос мешаванд, тасаввуроти онҳо дар бораи шакл, бузургӣ, ҷойгиршавӣ, фазо, самт ва ғ. инкишоф меёбад. Бисёр Б.-ҳо протсесси истеҳсолот ва меҳнатро ифода мекунанд, мас., маҷмӯи «Барои кадбонуи хурдакак» ашёеро дарбар мегирад, ки барои хамир кардан заруранд.
Барои кӯдаки 3-сола тағорачаи пластмассӣ кифоя аст, ки ӯ худро шӯяндаи либосҳои лӯхтак тасаввур кунад; кӯдакони 5 – 7-сола бошанд, куртаи лӯхтакро дар тағораи тунукагии «калон» бо собуну об мешӯянд. Белчаю хаскашак ва сатилчаҳо барои рӯбучини рӯи ҳавлӣ, парвариши растанӣ ва ҳайвонот хизмат мекунанд. Бачаҳо дар мавриди бозӣ бештар ба намудҳои аз ҳама ҷолиби меҳнати калонсолон тақлид менамоянд. Барои бозии «дармонгоҳ», «сартарошхона», «мағоза» ва ғ. маҷмӯи махсуси Б.-ҳо истеҳсол карда мешавад.
Гурӯҳи махсуси Б.-ҳоро конструкторҳо ташкил медиҳанд. Онҳо барои бачаҳои синну соли томактабӣ пешбинӣ гардида, аз қисмҳои гуногун иборатанд. Ба бачаҳои 2 – 5-сола Б.-ҳои нақлиётӣ (автомобилҳо, систернаҳо, паровозҳо, самолётҳо), ки аз 5 – 6 қисм иборат буда, ба воситаи мехи печдор ва мурватчаҳо васл мешаванд, мувофиқанд. Бачаҳои 5 – 6-сола бо конструкторҳои мавзӯӣ – нақлиётӣ (дар як шасси ба навбат васл кардани мошини боркаш, автомобили сабукрав ва ғ.) ва меъморӣ (сохтани хона, кӯпрук, қалъа ва ғ.) бо шавқ бозӣ мекунанд. Барои мактаббачагон ҳамчунин Б.-ҳои васлшаванда, ки бо ширеш, мех ё винтҳо пайваст мегарданд, пешбинӣ шудаанд. Пайваст кардани ин Б. осон буда, сохти онҳо низ барои бачаҳо фаҳмост. Бачаҳо бо конструкторҳои универсалӣ бо шавқи калон машғул мешаванд. Модели ҷамъ кардаро бо даст ё муҳаррикчаи электрӣ ба ҳаракат медароранд.
Кӯдак, ки 2 – 3-сола шуд, ба сохтани Б.-ҳои дастӣ ҳавас пайдо мекунад. Баъзеи ин Б.-ҳо (мас., гармошкаҳои коғазӣ) хеле оддианд. Б.-ҳои дастисохти бачаҳои 4 – 6-сола (заврақчаҳои коғазӣ, фирфиракҳо, кабӯтарҳо, ороишоти арча) нисбатан гуногун ва мураккаб мебошанд. Томактабиёни калон ва мактабиёни хурдсол барои бозӣ кардан аз коғаз кулоҳ, соат, сару либоси лӯхтак, мебел ва ғ. месозанд. Бачаҳо аз гил ва пластилин муҷассамаҳои одамону ҳайвонотро меороянд, онҳоро ранг медиҳанд; аз алаф, мушхор, пӯчоқи чормағз, шохча ва пӯстлох камон, ҳуштак, шамшер, сабадча тайёр мекунанд, аз барги дарахтон курта «медӯзанд» ва ғ.
Аз партовҳои рӯзгор низ Б.-ҳои зиёд сохтан мумкин аст. Қуттичаҳои картониро ба хонаи лӯхтакҳо, ғалтакҳоро ба қубурчаҳо, сарпӯши консервҳоро ба чархҳо табдил медиҳанд. Латтаю пахтаро барои сохтани лӯхтакҳои мулоим ва либоси онҳо истифода мебаранд.
Дар марҳилаҳои аввал ҳангоми сохтани Б.-ҳои дастӣ бачаҳо ба ёрии калонсолон мӯҳтоҷанд. Ҳангоми бо масолеҳ ва афзори нав кор кардан ба бачаҳо роҳу усули кор, шартҳои таъмини бехатарӣ ва риояи қоидаҳои беҳдоштро фаҳмондан лозим аст.
Бисёр Б.-ҳо бо мақсади тарбияи эстетикии бачаҳо таҳия карда мешаванд, мас., зочаҳои гуногуни бибабоӣ (зочаҳое, ки ба даст пӯшонда мешаванд), лӯхтакҳо, муҷассамаҳо барои театри рӯимизӣ, театрҳои тасвири соягӣ ва ғ. Бо ёрии онҳо калонсолон ба бачаҳо мазмуни афсонаю ҳикояҳоро хеле шавқовару ҷолиб мефаҳмонанд. Б.-ҳои театрӣ ба инкишофи хаёлоти эҷодӣ ва нутқи кӯдакон мусоидат мекунанд. Томактабиёни калон бо ёрии зочаҳои бибабо саҳначаҳои хурд намоиш медиҳанд. Бачаҳои 4 – 5-сола бо истифода аз театрҳои рӯимизӣ метавонанд афсонаҳои кӯтоҳро саҳнагузорӣ бикунанд. Хусусан мавзӯъҳои «Мурғи чипор», «Кулча», «Се хирсак» (барои томактабиёни хурд), «Шалғам», «Гурба, хурӯс ва рӯбоҳ», «Бузаки ҷингилапо», «Калидчаи тиллоӣ», «Саргузашти Чиполлино» (барои томактабиёни миёнаю калон) ва ғ. хеле машҳуранд.
Бо мақсади тарбияи эстетикӣ Б.-ҳои мусиқидор, шақшақаҳо, чархакҳои зангӯладор, ки садои хуш мебароранд (барои бачаҳои аз 6-моҳа то 3 – 4-сола) ва барои бачаҳои 7 – 12-сола Б.-ҳои танинандоз ба монанди сурнайчаю карнайчаҳо, пианиноча ва ғ. истеҳсол карда мешаванд. Б.-ҳои ороишӣ, мас., лавозимоти карнавалӣ ва ороишоти арча завқи эстетикии бачаҳои синну солашон гуногунро такмил медиҳанд. Хотамкориҳо аз чӯб, пластмасса ва картон ба дарки композитсияи нақш, таносуби зебоии рангҳо, аз рӯи намуна ва ё бо табъи худ сохтани нақшу нигор ёрӣ мерасонад.
Бозиҳои варзишию серҳаракат барои тарбияи ҷисмонии кӯдакон пешбинӣ шудаанд. Онҳо ҳаркат, неруи мушак, чалокӣ ва нишонрасонии бачаҳоро тараққӣ медиҳанд. Бозиҳои «Моҳичаро дор» (барои бачаҳои 3 – 4-сола), фирфиракҳо (барои 4 – 5-сола), «Чаққон бош» (барои 5 – 7-сола) ва ғ. машҳуранд. Тӯббозӣ, машқҳо бо чамбарак (ҳалқа), бадминтон, тенниси рӯимизӣ ва ғ. ба такомули ҷисмонии томактабиён кӯмак мерасонанд. Томактабиёни калон ва мактаббачаҳо бо Б.-и «Лабиринт» бо шавқ бозӣ мекунанд. Дилхушакҳо гурӯҳи махсуси Б.-ҳо мебошанд, мас., лӯхтаки бозингар, тӯбчаҳои ресмондор, гунҷишкакони нӯлзан, қурбоққаҳо, аъҷуба, ки аз қуттича ҷаҳида мебарояд, кулоҳаку ниқобҳо барои бозӣ ва ғ. Дар ин радиф метавон Б.-ҳои рӯимизиро низ номбар кард, аз ҷумла Б.-ҳое, ки шавқи бачаҳоро ба соҳаҳои гуногуни илм, техника ва санъат бедор мекунанд. Бештар бозиҳои рӯимизии лото, домино, викторинаҳо, шоҳмоту шашка, футбол, хоккей маъмуланд. Бисёрии онҳо маводи ғанӣ дошта, аз рӯи мавзӯъ таърихӣ, географӣ, астрономӣ, зоологӣ, ботаникӣ, математикӣ ва ғ. мешаванд.
Бозиҳои адабӣ-бадеӣ низ хеле машҳуранд. Онҳо бачаҳоро бо асарҳои санъат, рассомон, бастакорон, ходимони кино ва театр шинос мекунанд. Барои бачаҳои синну соли гуногун бозӣ-дастурҳо бароварда мешаванд. Мас., суратчаҳои ҷуфт: кӯдаки 2 – 3-сола ҷуфт-ҷуфт суратчаҳои Б.-ҳо, меваҷот, тӯбчаҳои гуногунрангро интихоб мекунад; томактабиёни калон аз рӯи қоидаи «Чӣ намерасад» (дар рӯи лифофа – марка) ё «ба кӣ чӣ даркор» (ба баҳрнавард – суккон, ба рассом – мӯқалам ва ғ.) амал менамоянд; наврасон портрети нависанда ва сурати қаҳрамони асари ӯро, портрети рассом ва яке аз асарҳои ӯро ёфта мегиранд. Лото низ барои синну соли гуногун пешбинӣ шудааст. Лотои ботаникӣ ва зоологӣ ба бачаҳои 5 – 7-сола мевофиқ аст. Бо лотои арифметикӣ мактабиёни хурд бозӣ мекунанд.
Барои томактабиён ва мактабиён суратчаҳое мавҷуданд, ки онҳоро буридан мумкин аст. Тасвирҳое, ки дар куб ё тахтачаҳои қаткарда ҷойгир шудаанд, одатан, як ашёи шиносро тасвир мекунанд. Онҳо ба 2 – 4 қисм бо хати рост бурида шудаанд; он қисмҳоро ба ҳам васл карда тасвири том сохтан барои кӯдакон душвор нест. Барои васл кардан бисёр вақт ранги ақиби суратчаҳо ёрӣ медиҳад. Дар тасвирҳое, ки барои бачаҳои 5 – 6-сола таъин шудаанд, чанд ашё аз мавзӯи афсонаҳо инъикос ёфтаанд. Тасвирҳо бо хати рост 6, 9, 12 қисм бурида мешаванд; ранги суратчаҳо ба сюжети тасвирҳо вобаста аст. Томактабиёни 6-сола ва мактабиёни хурд тасвирҳои мураккабро васл карда метавонанд (ҳарчанд қисмҳои онҳо бисёр бошад ҳам). Вале, бо вуҷуди ин, кор бояд вақти зиёд нагирад ва кӯдакро хаста насозад. Муаммоҳои квадратие ҳастанд, ки бо хатҳои мухталиф ба 3 – 4 қисм ҷудо карда шудаанд. Бачаҳо бояд аз ин қисмҳо мувофиқи намунаҳои нишондода нақшҳо ё муҷассамаҳои мавзӯӣ ҳосил намоянд.
Барои Б.-ҳо ҷои махсус ҷудо кардан даркор аст (сандуқча ё ҷевонча бошад беҳтар). Б.-ҳои бачаҳои то 5-соларо бояд калонсолон бо бачаҳо якҷоя нигоҳубин ва таъмир карда, ба ин васила бачагонро ба эҳтиёт кардани Б. ва дар вақти бозӣ риоя намудани қоидаҳои беҳдошт дастур диҳанд. Аз синни калони томактабӣ сар карда, бачаҳо бояд худашон ба Б.-ҳо назорат кунанд, онҳоро ҷой ба ҷой гузоранд ва бо ёрии калонсолон таъмир кунанд. Агар кӯдакон бо тартиби нигоҳ доштани Б.-ҳо одат кунанд, дар оянда муносибати онҳо бо китоб ва асбобу анҷоми мактабӣ осон мегардад.
Барои кӯдакон дар ҳар синну сол нафақат Б.-и тайёр, балки барои сохтани Б.-ҳои дастӣ асбобу масолеҳ низ лозим аст: барои духтаракон – мошини либосдӯзӣ, барои писарбачаҳо дастгоҳчаҳои харротӣ, челонгарӣ ва ғ. Ба сохтани Б.-ҳои дастӣ бачаҳоро аз кӯдакӣ ҷалб мекунанд. Бо мурури замон фаъолияти эҷодии кӯдак инкишоф меёбад. Бачагон Б.-еро, ки худ сохтаанд, бештар дӯст медоранд.
Ба Б. нигоҳубин бояд кард. Б.-и резинӣ ва пластмассиро бо собуну оби гарм (бо иловаи маҳлули 2%-и сода), сипас бо оби равон мешӯянд; Б.-и филизиро бо оби гарм шуста мехушконанд. Либоси зочаҳоро шуста, дарзмол кардан лозим.

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …