Главная / Варзиш / Бозиҳои муосири олимпӣ

Бозиҳои муосири олимпӣ

Мусобиқоти гуногун вуҷуд доранд. Пешқадамони синф, мактаб, шаҳр, ноҳия, вилоят, ҷумҳурӣ, бокувваттарин варзишгарон дар чемпи- онатҳои ҷаҳонӣ ширкат меварзанд. Вале ғолиб гаштан дар Бозиҳои олимпӣ махсусан ифтихори бузург аст.

Пйер де Кубертен
Пйер де Кубертен

Бозиҳои олимпии Юнони Қадим оҳиста-оҳиста аҳамияти худро гум карданд. Онҳо соли 395 то милод аз тарафи император Феодосий I пурра қатъ карда шуданд.

Асрҳо гузаштанд ва пас аз танаффуси калон ташкилоти роҳбари- кунандаи Ҳаракати олимпӣ дар хусуси соли 1896 гузаронидани Бози- ҳои I-уми муосири олимпӣ қарор қабул кард. Макони бозиҳо Юнон – давлате, ки дар он ин идҳои аҷоиб тавлид ёфтанд, интихоб гардид. Барои барқароркунӣ корманди ҷамъиятии фаронсавӣ барон Пйер де Кубертен меҳнат ва қувваи зиёде сарф кард.

Бозиҳои олимпӣ аз соли 1924 гузаронида мешаванд. Ҳар як бозии олимпӣ варзишгарони пурқувваттаринро муайян менамояд.

Рамзи муосири олимпӣ панҷ ҳалқаи ба хам пайваста мебошад. Онҳо рамзи панҷ қитъаи рӯи Замин ва ба ҳам омадан, дӯстии варзишга- рони тамоми дунё дар Бозиҳои олимпӣ мебошанд.

Шиори олимпӣ: «Зудтар, баландтар, қавитар!».

Нишони олимпӣ ба ҳам омадани панҷ ҳалқа бо ягон элементи дигар аст. Масалан, дар нишони олимпии Бозиҳои XXII, ки дар шаҳри Москва баргузор гашта буданд, қасри Кремл ва роҳҳои Дави олимпӣ акс гашта буд.

olimpi

Парчами олимпй: матоъи сафеди шоҳӣ бо ҳалқаҳои олимпӣ.

Афрӯхтани Гулхани олимпӣ яке аз оинҳои асосӣ дар маросими кушодашавии Бозиҳои олимпӣ ба шумор меравад. Он аз Олимпия бо эстафета то ба ҷойи гузаронидани Бозиҳои олимпӣ, аз тарафи варзиш- гарони беҳтарин оварда мешавад.

Қасами варзишгарон ва доварон чунин аст: «Аз номи варзишга- рон ман ваъда медиҳам, ки мо дар ин Бозихои олимпӣ бо риояи қоида- хое, ки мувофиқи онҳо гузаронида мешаванд, иштирок мекунем. Шарафи варзиш ва командаи худро аз даст намедиҳем».

Дар тилисми Бозихои олимпӣ одатан, расми ҳайвоне акс мегар- дад, ки дар макони гузаронидани Бозихои олимпӣ зиёдтар дӯсташ медоранд. Тилисми Олимпиада-80 дар шаҳри Москва – хирсак Миша, Олимпиада-88 дар Сеул – палангча Ходори, Олимпиада-92 дар Барсе- лона – car Коби, Олимпиада-96 дар Атланта ҳайвончаи афсонавӣ Изи буд.

Ҷоизаҳои олимпӣ медалҳо ва дипломҳо мебошанд. Ғолибон бо ҷоизаҳои тилло, нуқра ва биринҷӣ сарфароз гардонида мешаванд. Дар замони мо медалҳои тиллоӣ, нуқрагин, биринҷӣ низ тӯҳфа карда мешаванд.

Загрузка...

Дар борамон Anonymous

Инчунин кобед

03

Комплекси гимнастикаи пагоҳирӯзӣ

Комплекси 1. (бе ашё) Комплекси 2. (бо чӯб) Комплекси 3. (бо тӯб) Маҷмӯи машқҳо дар …