Главная / Гуногун / БОЗГАШТ АЗ ҲИНД

БОЗГАШТ АЗ ҲИНД

Баъди итмоми барномаи омӯзишӣ, миёнаҳои моҳи июл ман аз Донишгоҳи Ҷавоҳирлал Неҳруи Деҳлӣ мураххас шудам ва ба намояндагии «Аэрофлот» ягона ширкати ҳавопай- моии Шӯравӣ рафта, билетамро, ки таърихаш боз буд, барои рӯзи дигар сабт карданӣ шудам. Ин идора хеле беназм буд ва ҳиндуе, ки мудири он буд, беэътиноёна «ҷой нест» гуфт. Ман, ки пеш аз ин ҳам бо чанд нафари дигар барои ҷой даъво карда будам, ба ӯ тохтам:

– Ин ширкати ҳавопаймоии кишвари ман аст ва ту масъулӣ, ки ба ман – шаҳрванди ин кишвар хизмат кунӣ!

aeroport

Ин вақт корманди сафорат, ки масъули мо донишҷӯён буд, омад. Асли моҷароро фаҳмида ба ҳинду амр кард, ки билети маро сабт кунад. Ҳинду сарашро хорида-хорида билети маро сабт намуда, сӯи ман дароз кард. Ман бо кароҳат билетро ги- рифта, бо ваҷоҳати ғолиб сӯи баромадгоҳ равон шудам. Ӯ чизе гуфтанӣ буд, вале ман гӯш накардам, қарор нест, ғолиб ҳарфи мағлубро гӯш кунад! Дафъаи дигар бидонад, ки бо ман чӣ гуна муомила кунад!

Вале ӯ корашро карда буд. Ӯ билети маро беҷой сабт кар- да буд, ки фақат дар ҳоли холӣ мондани ҷое дар ҳавопаймо, маро савор мекарданд. Бечора, ӯ мехост ба ман фаҳмонад, ки ҷой нест, вале ба ҷаҳолати ман бархӯрда буд, ки дар ниҳоят боиси сарсонии худам шуд. Дар натиҷа, намояндаи сафорат маро чанд рӯз фурудгоҳ бурду овард, то ниҳоят, ба ман низ дар ҳавопаймо ҷой расид.

Мақсади ниҳоии парвоз Маскав бошад ҳам, он дар Тошканд менишаст ва хоҳишмандонро мефароварду мусофир мегирифт. Ман, билетам то Маскав бошад ҳам, дар Тошканд пиёда шудам.

Бо Музаффар қарор карда будем, ки ман роҳи баргашт дар Тошканд пиёда шуда, ба ӯ занг мезанам ва ӯ мошин мефири- стад. Ҳамин тавр ҳам шуд ва ман бо мошини фиристодаи ӯ мустақим аз Тошканд ба Исфара рафта, он қарордодҳоро ба Музаффар супурдам. Музаффар қарордодҳоро ба муҳосиботаш дод ва онҳо ҳисобу китоб карда, ба хулосае омаданд, ки ин муомила барояшон маъқул ба сарфа нест. Он ҳама нақшаҳои ман ва «Мерседес»-ам нақше бар об шуд.

Вале чун ман барои расондани ин қарордодҳо ба Исфара, ба хонаи Музаффар-ако рафта будам, бо корҳои ӯ ошно шудам. Ӯ, ки қаблан раиси корхонаи «Таджикавтосервис» будааст, он корхонаро шахсӣ кардааст ва чанд корхонаи дигар низ сохта- аст, ки яке корхонаи бозсозии чархи мошин, дигар корхонаи собунпазӣ буд. Ӯ корхонаҳояшро ба ман нишон дод ва ду-се рӯзе, ки ман дар меҳмонии ӯ будам, бо корҳояш шинос шудам ва тиҷорат торафт бароям ҷолибтар мешуд.

Ӯ маро роҳнамоӣ ва ташвиқ мекард, то ман низ ба тиҷорат машғул шавам. Ба ман китобчае дод, ки дар он намунаи асно- ди бунёди ширкат навишта шуда буд. Ин сафар ба Исфара ва роҳнамоии ӯ сабаб шуд, ки ман ба ин фикр биуфтам, ки дар Душанбе ширкати худро таъсис диҳаму пайи тиҷорат равам ва риштаи дипломатияро, ки то он замон ҳамаи орзуву омоли ман бо он пайваст буд, дар сандуқчае муҳкам карда, канор гузорам.

Рӯзи 19 августи соли 1991 барои гирифтани ҳуҷҷатҳои худ ба Маскав рафтам. Маскав борониву сард буд. Одамон ҳам туршрӯву ношод метофтанд. Мисли дафъаи гузашта, хеле зуд тариқи қатори барқиву метро ба бинои Вазорат расидам. Вақте иҷозат пурсида, ворид шудам, ҳамон марди хушвохӯрди пор- сола, маро бо ҷиготи овезон:

  • Чӣ даркор? – гуфта пешвоз гирифт.

Ман худамро муаррифӣ кардам, сар ҷунбонду хеста аз сан- дуқ ҳуҷҷатҳои маро гирифта, як-як варақ зада диду ба дастам дод ва:

  • Ана гиред, метавонед равед, – гуфт.
  • Ман дар куҷо меистам? – ҳайрон шуда пурсидам ман.
  • Мо дигар барои шумо ҷой намедиҳем, ба вазорати мао- рифи ҷумҳурии худатон муроҷиат кунед, – гуфт ӯ ва чеҳрааш тиратар шуд.
  • Бибахшед, ман интизор будам, ки пули билетамро ҳам медиҳед, – гуфтам ман. Қоида ҳамин буд, бояд пули билетро медоданд ва бо ҷои хоб таъмин мекарданд.
  • Ба вазорати маорифи ҷумҳуриятон муроҷиат кунед! – хи- тоб кард ӯ.

Ноилоҷ сӯи дар гаштаму як бори дигар сӯяш нигоҳ кардам, ки:

  • Ман ба Шумо ҳамаашро гуфтам, – бонг зад ӯ, шояд фикр кард, ки боз чизе гуфтанӣ ҳастам, дар ҳоле ки ман фақат мехос- там мутмаин шавам, ки ин ҳамон касест, ки соли гузашта хеле меҳрубон буд. Ёди он ҳиндуи корманди «Аэрофлот» уфтодам, ки худро шаҳрванди шӯравӣ ва соҳибимтиёз дониста, ба сараш дӯғ зада будам.

Хушбахтона, он дафтарчаи пасандоз, ки пеш аз сафар ба Ҳинд пулҳоямро гузошта будам, ҳамроҳам буд, ки зиёда аз 300 сӯм пул дошт. Худоро шукр мекардам, ки ин дафтарча пешам ҳаст, агар набуд, чӣ кор мекардам. Ин ҷо ҳеч касро на- мешиносам. Ҳоло хуб, ки пули билетро метавонам аз дафтар- чаи пасандоз бигирам. Сӯи бонк шитофтам ва дафтарчаро ба зани хазинадор дароз кардам, гирифта, диду бо суол ба сӯям нигарист. Гуфтам:

  • Мехоҳам пул гирам.
  • Фоидаи яксоларо ман ба дафтарчаатон навишта медиҳам, вале пулро рафта аз ҷумҳурии худатон мегиред, – гуфт хази- надор.
  • Не, ба ман ҳозир пул даркор, – гуфтам асабӣ шуда.
  • Тибқи қоидаи нав аз ин пас шаҳрвандони ҷумҳуриҳо дар ҷои истиқоматашон хизмат мегиранд, – гуфт ӯ. Ва ба қайд кар- дани фоидаи ҷамъшуда ба дафтарча сар кард.
  • Ман пуламро ҳамин ҷо супорида будам, дафтарчаро би- нед, муҳрашро бинед, чаро маро ҷои дигар мефиристед, пу- ламро диҳед, пули худамро, фоидаатон даркор нест! – торафт оташин мешудам ман.

Садоям баландтар буд магар, ки як мард аз даруни хазина баромада омад ва бо садои нарм пурсид:

  • Чӣ шуд?

Ман воқеаро гуфта додам. Гуфтам, ки ман ҳатто барои би- лети баргаштан пул надорам. Ӯ пурсид, ки шаҳрам куҷост, куҷо бармегардам?

  • Душанбе, Тоҷикистон, – гуфтам ман.
  • Билет чанд сӯм меистад?
  • 92 сӯм, – ҷавоб додам ман.

Ӯ дафтарчаро гирифта, даромада рафт ва пас аз лаҳзае баргашта:

– Мувофиқи қоида Шумо бояд аз ҷои истиқомататон пул гиред, мо ҳолати Шуморо фаҳмида, ба таври истисно 92 сӯм пули билетро медиҳем, бақияашро ҳам дар дафтарчаатон на- вишта медиҳем, рафта аз шаҳри худатон мегиред, – гуфт. «Ба ҳамин ҳам шукр кардан лозим, агар ҳаминро ҳам надиҳанд, чӣ хел бармегаштам», – гуфта розӣ шудам.

Аз бонк баромада, бо димоғи сӯхта ба трамвай нишастам, то чизе бихӯраму роҳи фурудгоҳро пеш гирам, зеро ғайр аз 92 сӯм пули билет дар киса пули казоие надоштам, охир ман ба умеди он омада будам, ки чанд рӯзе бароям ҷой медиҳанд, пули билетамро медиҳанд. Мехостам бори дигар он шаҳри ор- мониро тамошо кунам. Вале дигар ин он шаҳри пешина набуд, шаҳри ошуфта ва сард буд.

Дар кӯча ва нақлиёт одамон ҳама бо чеҳраҳои гирифта, ошуфта метофтанд. Борон сим-сим меборид. Фазо он фазои як сол пеш набуд. Вақте трамвай аз назди бинои вазорат мегу- зашт, дидам, ки дар канори бино зери дарахтон тонке истода буд ва ду сарбози мусаллаҳ дар наздаш меистоданд. Каме пас, назди бинои дигаре низ зиреҳпӯше меистод ва якчанд сарбоз дар атрофаш бо Калашников меистоданд. Ман фикр кардам, ки шояд машқи ҳарбӣ мегузаронанд. Чун димоғам сӯхта буд, ба атроф хеле аҳаммият надода, зуд чизе хӯрдаму ба фурудгоҳ шитофтам.

Кассаҳои фурудгоҳ дар ошёнаи дувум буданд. Фурудгоҳ он қадр серодам буд, ки одамон дар рӯи зинаҳо, дар фаршҳо куҷо, ки рост ояд, нишаставу хобида буданд. Ба ҳар касса сафҳои беохири одамон навбат истода буданд. Одамон ҳама хаставу ғамгин менамуданд. Фазои фурудгоҳ сарду бенур буд. Ман ба як касса навбат истодам. Одамон ҳар замон аз навбат барома- да рафта, дар аппаратҳои фурудгоҳ будану набудани билетро медиданд. Ман ҳам ба каси аз пасам навбат гирифта ишора кардам, ки ҳозир меоям ва рафта, ба дастгоҳ номи Душанберо ворид кардам. Билет «сифр» нишон медод. Хуҷанд, Самарқанд, Тошкандро низ ворид кардам. Ҳама ҷо сифр нишон медод. Бо- вар накардам, «наход имрӯз ҳама ноомад насиби ман шавад», аз дил мегузарондам ман. Навбатам, ки расид сарро халонда:

  • Душанбе, як билет, – гуфтам, паспорту пулро дароз карда.

Як дам ба дастгоҳаш нигоҳ карду:

  • Нест, – гуфт ва илова кард:
  • Наздиктарин парвозе, ки билет ҳаст, баъд аз як ҳафта.

Хуҷанду Самарқанду Тошкандро ҳам пурсидам, ҳол ҳамин буд. Аслан, сари калобаро гум кардам. Имрӯз куҷо ки наравам, корам омад намекард. Аз бебарории кор хаста шуда будам. Рӯҳафтода шудам, бетафовут будам, ҳеч чиз ҳис намекардам. Аз як дастгоҳ ба дастгоҳи дигар мегузаштам, дар яке номи Ху- ҷандро ворид мекардам сифр нишон медод, дар дигарӣ номи Душанберо, ҳамин тавр намедонам чанд бор такрор ба такрор номи шаҳрҳоро ворид мекардам. Боре Самарқандро ворид кардам ки «1» нишон дод. Ба чашмонам бовар накардам. Бори дигар зер кардам боз ҳам «1» нишон дод.

Башаст давида ба касса расидам ва ба навбат нигоҳ накарда, сарамро халонида:

  • Самарқанд, якто, – гуфта дод задам.
  • Нест, – гуфт билетфурӯш.
  • Ҳаст, ҳаст, бинед, ман ҳозир дидам, аппарат як нишон дод, – ман ин имкониятро ба ҳеч ваҷҳ аз даст додан намехостам.
  • Ҳозир дидам, пеш аз шумо пурсида буданд, – норозиёна ба дастгоҳаш нигоҳ кард ва:
  • Бале, пайдо шудааст, – гуфту паспорту пулро гирифта ба навиштан сар кард. Сарамро берун кашида, аз навбат узр хостам ва гуфтам:

– Як билет пайдо шуд, агар намерасидам, аз ҳамин ҳам мемондам, бибахшед, – намедонам қиёфаам чӣ гуна буд, вале наздик истодагон хандиданд. Худо имрӯз ба ханда ҳам мера- сондааст!

Парвоз баъди нӯҳ соат буд. Кунҷеро пайдо кардаму мисли дигарон чанд варақ рӯзномаро паҳн карда, дар рӯи фарши бетонӣ хобидам.

Рӯзи дигар, вақте ки ба бинои фурудгоҳи Самарқанд да- ромадам, дидам, ки одами бисёре дар назди телевизор ҷамъ шуда бо шавқ тамошо мекунанд. Хиёбонҳои Маскав ва ҳамон тонку зиреҳпӯшҳоро нишон медоданд. Наздик шуда, пурсидам гуфтанд, дар Маскав Кумитаи давлатии ҳолати фавқулода ку- датои низомӣ кардааст.

Солҳои 80-уми асри бист дар Иттиҳоди шӯравӣ буҳрони иҷтимоӣ-иқтисодӣ ба авҷи худ расид. Соли 1985 Михаил Гор- бачёв Дабири Кулли Ҳизби коммунистии Иттиҳоди шӯравӣ интихоб шуд ва сиёсати бозсозиро пеш гирифт. Дар он марҳала фақат ислоҳоти иқтисодӣ барои рушди иҷтимоӣ-иқтисодӣ дар назар дошта шуда буд. Дар солҳои баъдӣ ду омил – уфти нархи нафт ва фоҷиаи Чернобил сабабгори боз ҳам шадидтар шудани буҳрон дар кишвар гардид.

Аввали соли 1987 Кумитаи марказии Ҳизби коммунист ба қарор омад, ки ислоҳоти фарогире пеш гирифта шавад. Дар натиҷа, дар ҳаёти иҷтимоӣ озодии баён ва дар соҳаи иқтисодӣ соҳибкории инфиродӣ иҷозат дода шуд. Солҳои 1988-1989 вазъ- ияти сиёсӣ-иҷтимоӣ якбора вахим шуда, дар ҷумҳуриҳо афкори истиқлолхоҳӣ боло гирифт. Вазъият ба тадриҷ аз назорати Ҳу- кумати марказӣ хориҷ мешуд. Аз ин сабаб Горбачев барои ба эътидол овардани вазъ, матни қарордоди таъсиси Конфедера- сиони байни ҷумҳуриҳои Шӯравиро пешниҳод кард.

Як гурӯҳ мақомдорони баландпояи Иттиҳоди шӯравӣ бар зидди сиёсати бозсозӣ ва барои пешгирӣ аз имзои қарордоди Конфедерасионӣ, Кумитаи давлатии ҳолати фавқулодаро таъ- сис доданд, ки аз 18 то 21 августи соли 1991 амал карда, ноком шуд. Мақсади онҳо барканор кардани Горбачёв аз қудрат ва ба эътидол овардани вазъ дар кишвар буд. Онҳо ба Маскав қувваи низомӣ ворид карданд, ки ба муқобилияти мардум рӯбарӯ шуд ва ба тарафи мардум гузашт. Муовини Раиси ҷумҳури Шӯравӣ, вазири амният, вазири корҳои дохила, вазири мудофиа ва чандин мақомдорони олии кишвар аъзои ин кумита буданд, ки ба ҳабс гирифта шуданд, вале пас аз як сол озод карда шу- данд. Ин охирин кӯшиши ҳифз кардани Иттиҳоди ҷумҳуриҳои шӯравӣ буд, ки ба нокомӣ анҷомид ва дере нагузашта, раисо- ни ҷумҳуриҳои Русия, Белорус ва Укроин қарори барҳам до- дани кишварро имзо карданд. Ман рӯзи 19 августи соли 1991 иттифоқан шоҳиди ҳамин воқеаи таърихӣ дар шаҳри Маскав будам. Мутаассифона, акси садои ин кудато то Тоҷикистон ҳам расид ва оқибатҳои фоҷиадоре ба бор овард, ки ҳикояашро дар поён меорам.

Загрузка...

Дар борамон admin

Инчунин кобед

maxresdefault

Истиқлолияти Муғулистон

Тобистони соли 1911 ҳаракати зиддиманҷурӣ боз ҳам пурзӯртар мешавад. Дастгирии Русия барои эълон карда шудани …