Бозаргонеро ҳазор динор ҳасорат афтод. Писарро гуфт:
– Набояд, ки сухан бо касе дар миён ниҳӣ!
Гуфт:
– Эй падар, фармон турост, нагўям, валекин хохам маро бар фоидаи ин мутталеъ гардонӣ, ки маслиҳат дар ниҳон доштан чист?
Гуфт:
– То мусибат ду нашавад: яке нуқсони мояву дигар шамотати ҳамсоя.
Магўй андуҳи хеш бо душманон,
Ки «лоҳавл» гўянд шодикунон.