Намудҳои боришот. Оберо, ки аз ҳаво дар ҳолати моеъ ва ё сахт ба сатҳи Замин мерезад, боришоти атмосферӣ меноманд.
Боришот асосан аз абр дар шакли қатраҳои борон, рофибарф, кола мерезад. Шабнам, қирав, яхча барин боришоти, атмосферӣ дар сатҳи хунукшудаи Замин, биноҳо, наботот мушоҳида мешаванд.
Барои ба вуҷуд омадани боришот лозим аст, ки ҳаво аз бухори об сер гардад ва зарраҳо ба ҳам пайваста калон шаванд. Ин пайвастшавӣ то даме давом мекунад, кн ҳаракати амудин ҳаво дигар онҳоро нигоҳ дошта наметавонад. Агар пораҳои абр ба ҳам бархӯрда, якчоя, калон ва вазнин шаванд, борон меборад. Донаи қатраҳои борон аз 0.1 то 5-7 мм аст .
Агар ҳарорати абр аз 0°С паст бошад, дар он кристаллчаҳои ях пайдо шуда, барф меборад. Шакл ва андозаи қарраҳои барф гуногун аст. To ба сатҳи Замин расидани қатраи борон ва зарраҳои ях барф борҳо дар абр поёну боло мешавад. Дар кӯҳҳои баланди Тоҷикистон тобистон ҳам ҳарорат паст аст. аз хамин сабаб барф меборад.
Ба вуҷуд омадани жола ба қувваи ҳаракати амудии ҳаво вобастагӣ дорад. Қувваи ҳаракати амудии ҳаво ҳар қадар зӯр бошад, донаҳои жола ҳамон қадар калон мешаванд. Яхмайдае, ки аз қабатхон болоӣ ба табақаи поёнии абр ҳаракат мекунад, дар роҳ қатраҳои бухори обро ба худ ҳамроҳ гирифта меояд ва ба ҳаракаги амудии ҳаво дучор шуда, тахти таъсири он боз ба боло бардошта мешавад. Аз сабаби он ки ҳарорат дар қабати болоии абр паст аст, қатраҳои бардошташудаи об ях мекунанд. Чунин болоравию поёнфароии зарраҳо чандин маротиба такрор ёфта, ҳаҷми жола калон мешавад ва бар асари давр задан Шакли лӯндаро мегирад, ҳаракати амудии ҳаво дигар онҳоро нигоҳ дошта наметавонад ва дар натиҷа жола меборад Баъзан кутри донаи жола ба якчанд сантиметр мерасад. Жола ба хоҷагӣ зарари калон мерасонад: киштзор, боғотро хароб карда, чорвои майдаро ба ҳалокат расонданаш мумкин аст.
Агар абр аз қатраҳои хурдтариии об с кристаллчахои яхи «андозааш аз 0,05 мм хурд иборат бошад, он гоҳ бориш намешавад. Шояд мушҳида карда бошед, ки баъзе намуд» боришоти атмосферӣ бе абр ҳам ҳосил мешавад. Ҳавои аз сатҳи Замин наздик ба ҷинсҳои хунукшуда (наботот, сангу хок) расида хунук мешавад ва аз худ намӣ ҷудо мекунад. Онрро шабнам меноманд.
Чен кардани боришот. Дар стансияҳои метеорологӣ миқидори боришотро бо боришсанҷ чен мекунанд. Он силиндр металлиест, ки дар дохилаш силиндри дигари қуфмонанди майдасӯрохро кафшер кардаанд. Боришсанҷро дар сутун тавре мегузоранд, ки канори он аз сатҳи Замин 2 метр баланд бошад! Барои он, ки бод қатраҳои боронро ҳар тараф набарад, гирди силиндрро махсус аз бод ҳимоя мекунанд. Оби боришсанҷро одатан. дар як шабонарӯз ду маротиба мегиранд: соати 7 ва 19. Оби дар боришсанҷ ғуншударо ба стакаҶуғрофия, ни ченакдор мерезанд Дар девори он тақсимот ҳаст ва аз рӯи он баландии қабати боришозро дар 1 см м.Ҷуғрофия, ба ҳисоби миллиметр муайян мекунанд. Агар барф борад, он гоҳ боришсанҷро бо барфаш ба хона» гарм медароранд. Барф, ки об шуд, обро ба стакаии ченакдор мерезанд.
Миқдори бориши шабонарӯзиро бо ҳосили чамъи маълумоти ду ченкунӣ ҳисоб мекунанд. Масалан, дар соати 7 2 мм, дар соати 19 5 мм, ҷамъ – 7 мм. Ин адад чӣ қадар буданӣ қабати оби ба сатҳи Замин рехтаро нишон медиҳад, ба шарте, ки об нарезад, бухор нашавад, ба замин наравад.
Миқдори боришоти моҳонаро бо ҷамъ кардани миқдори боришоти тамоми рӯзҳои моҳ муайян мекунаид. Ҷамъӣ натиҷаҳои ченкунӣ дар ҳамаи моҳҳои сол миқдори солона боришро медиҳад. Инчунин миқдори миёнаи боришотро дар якчанд сол ҳисоб менамоянд. Масалан, миқдори миёнаи боришоти бисёрсола дар биёбонҳои Осиёи Миёна 100 мм. дар шаҳри Душанбе 650 мм, Хоҷаобигарм – 1428 мм ва Мурғоб – 71 мм аст. Миқдори знёдтарини миёнаи бориши бисёрсола дар
рӯи Замин дар ҷазираи Гавай мушоҳида шудааст – 14400 мм, дар Черрапунҷа (Ҳиндустон) беиштар аз 12000 мм мебошад.
Чен кардани миқдори бориш барои фаъолияти хоҷагии инсон ниҳоят муҳим аст. Масалан, як борони суст 1-2 мм бориш медиҳад. Вале барои киштзор ҳамин миқдори намӣ низ аҳамияти калон дорад: дар чунин борон 1 га замин то 900 сатил об мсгирад. Ҳангоми селборони сахт 20-30 мм ва аз ин ҳам зиёд боришот бориданаш мумкин аст.
Дар кӯхҳои баланди Тоҷикистои қабати ғафси барф ғун мешавад. Донистани захираҳои оби oн, махсусан барои саноату соҳаи кишоварзӣ ниҳоят муҳим аст. Дарёҳои Осиёи Миёна, аз ҷумла Тоҷикистон оби худро асосан аз барф мегиранд. Бинобар нп донистан ва пешгӯй кардани обхезии дарёҳо дар баҳору тобисгон, муанян намудани Солҳои камобӣ зарур аст.
Аз ин рӯ метеорологҳо дар охири хар дахрӯзахои моҳҳои зимистон дар чойҳои кушод, дар домани кӯҳҳо ва дар кӯҳҳои баланд дар мавсимҳои сол майдонхои барфро чен мекунанд. Баробари он ҳолати қабати барфро (зич ё ковок) муайян менамоянд. Барои муайян кардани баландии қабати барф ҷадвали доимӣ ва ё сафарии барфченкуниро истифода мебаранд. Oн аз чӯби ба сантиметрхо тақсимшуда иборат аст. Ҷадвалро амудӣ мегузоранд. Аз сатҳи Замин (аз 0) то сатҳи барф ҳисоб мекунанд. Бо асбоби махсус захираи оби қабати барф ҳисоб карда мешавад.
Миқдори боришот ба чӣ вобаста аст? Миқдори боришоти атмосферӣ ва тақсимоти он дар мавсимҳои сол дар маҳалҳои мухталифи кураи Замин як хел нест. Ин, пеш аз ҳама, ба иқли мавқеи географии маҳал нисбат ба баҳру уқёнус, ба бодҳо асосии он ва релеф вобаста мебошад.
Масалан, марзи Тоҷикистон аз баҳру уқёнус дур воқеъ гардидааст. бииобар ин бориш кам мешавад. Бо таъсири бодҳои нам миқдори солонаи боришот дар нишебиҳои ҷанубн ғарбии қаторкӯҳи Ҳисор аз 1000 мм зиёд аст (Оё шумр мушоҳида кардаед, ки дар кадом нишебиҳон кӯҳҳои атроф – шимолй ё чанубӣ бештар бориш мешавад ва алафҳо зичтаранд?).
Боришот аз ҳама зиёд дар минтақаи тропикй (зиёда аз 6000 мм дар як сол) ва аз ҳама кам дар биёбонҳо (150-100 мм) меборад. Дар соҳили Баҳри Сиёҳи Қафқоз, дар ноҳияи шаҳри Батуми соле 2600 мм борон меборад.
Таъсири релефро дар он пай бурдан мумкин аст, ки дар кӯҳҳои Помири Ғарбӣ миқдори боришот бештар аз 250 мм. дар паси ин кӯҳҳои баланд, дар Помири Шарқӣ, ки “Боми Ҷаҳон ҳам меноманд, 70-75 мм аст.
Савол ва супориш
- Боришоти атмосферй гуфта чиро мефаҳмед?
- Барои ҳосил шудани боришот кадом шароит муҳиманд? Оё онҳоро дар асоси мушоҳидаи муҳити атроф нақл карда метавонед?
- Барои чӣ на ҳамеша боришот аз обу ҳавои абрнок ҳосил мешавад?
- Миқдори боришотро дар шабонарӯз, дар як моҳ, дар як сол чӣ тавр муайян, мекунанд? Миқдори миёнаи боришоти бисёрсоларо чӣ тавр ҳисоб мекунанд?
- Аз рӯи дафтари ҳавосанҷӣ ҳисоб кунед, ки дар давоми моҳ чанд рӯзи боронӣ буд. Дар ин рӯзҳо бод аз кадом самт мевазид?
- Дар маҳали шумо ба фаслҳои зимистон, баҳор, тобистон ва тирамох кадом навъҳои абр хосанд?
- Абр ва боришоти атмосферӣ дар гардиши бузурги об дар табиат чӣ мавқеъ доранд?