Главная / Ҷамъият / Бонус – Мукофоти кормандони қарзӣ

Бонус – Мукофоти кормандони қарзӣ

Тартиби мазкур қисми ҷудонашавандаи Низомнома оид ба тартиби пардохтҳо ба кормандони ҶСП “Бонки Тоҷикистон” (минбаъд Бонк) буда, бо мақсади ҳавасмандгардонии кормандони бонк, ки дар самти қарзгузорӣ дар Бонк машғул ҳастанд, таҳия шуда, ҷиҳати муқаррароти стандартҳои пардохти мукофотҳои пулӣ ба коршиноси қарзӣ равона шудааст.

popularnie-mirovie-premii-2Низоми ҳавасмандӣ ба стратегияи рушди Бонк равона карда шудааст, ки афзоиши қарздиҳии хурду миёнаро дар бар мегирад. Бинобар ин, принсипи ҳавасмандӣ чунин ба роҳ монда шудааст, ки тибқи он коршиноси қарзӣ барои ҳарчи бештар пешниҳод намудани қарзҳо, назорати сифати қарзҳои пешниҳодгардида, чалби бештари мизоҷон ва баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ кӯшиш ба харҷ диҳад.

Пардохти мукофотӣ-бонусӣ тибқи тартиби мазкур аз натиҷаҳои фаъолияти молиявии сохторҳои амалиётӣ вобастагӣ надошта, танҳо барои инфиродан ҳавасмандии бонусӣ бо назардошти натиҷаҳои ноилшуда дар самти кори вобастаи коршиноси қарзии дахлдор ва дар сатҳи муқарраргардида нигоҳ доштани сифати сандуқи қарзӣ амалӣ карда мешавад.

Ба кормандони Бонк, ки нисбати онҳо муҷозоти интизомӣ (сарзаниш ва танбеҳ) татбиқ гаридааст, дар давоми муҳлати муҷозоти мазкур, аммо на бештар аз 6 (шаш) моҳ, ба манфиати онҳо ҳисоб намудани пардохти мукофотӣ-бонусӣ анҷом дода намешавад.

Ҳангоми ба рухсатии меҳнати баромадани коршиноси қарзӣ маблағи ҳавасмандӣ пардохт карда намешавад.

Бо дастури Раиси Бонк, бо назардошти иҷроиши супоришҳои роҳбарият ва ё ноил гардидан ба дастовардҳои назаррас нисбати коршиносони қарзии алоҳида мукофотпулии иловагии якдафъаина пардохт карда мешавад.

Ба коршиноси қарзие, ки дар давоми 3 моҳ пайи ҳам мукофотпулӣ пардохт карда намешавад, бо назардошти таҳлили сифати сандуқи қарзӣ ва иҷроиши нақшаи қарзгузорӣ, нисбати ӯ чораҳои дахлдор андешида мешавад.

Бо назардошти маълумотҳои дар боло зикргардида, дар сатҳи сохторҳои амалиётии Бонк, аз тарафи корманди масъули сохтори амалиётӣ ҳисоботи пардохти мукофотӣ омода карда шуда, имзои коршиноси қарзӣ ва роҳбари сохтор гузошта мешавад. Тартиби гузаронидани ТАРТИБИ ПАРДОХТИ МУКОФОТӢ – БОНУСӢ ДАР ҶСП “БОНКИ ТОҶИКИСТОН” 4 маблағи муайяншуда барои пардохти маблағи мукофотӣ, аз тарафи худи сохторҳои амалиётии Бонк амалӣ карда мешавад. 2. ТАРТИБИ ҲИСОБ КАРДАНИ ПАРДОХТИ МУКОФОТӢ-БОНУСӢ

Тартиби мазкур ҳавасмандгардонии моҳонаи коршиносони қарзиро ба танзим медарорад.

Тартиби ҳисоб ва пардохти мукофотӣ – бонусӣ моҳона амалӣ карда мешавад. Яъне, коршиноси қарзӣ аз натиҷаи фаъолияти моҳонаи худ ҳавасманд карда мешавад.

Дар Бонк, тибқи ҷадвали бастии амалкунанда вазифаи коршиносони қарзӣ аз руи дараҷабандии вазифа ба 4 (чор) гуруҳ тақсим мешаванд аз ҷумла:

1) коршиноси қарзии хурд;

2) коршиноси қарзӣ;

3) коршиноси қарзии калон;

4) коршиноси қарзии пешбар.

Коршиноси қарзӣ инчунин, дар самти қарзгузорӣ ба шахсони воқеӣ барои эҳтиёҷоти зарурӣ ва ба соҳибкорони инфиродӣ ва шахсони ҳуқуқӣ ҷиҳати рушди фаъолияти соҳибкорӣ дар алоҳидагӣ вазифадор шудаанд. Бинобар ин, фаъолияти коршиносони қарзӣ ба ду самти асосии пешниҳоди қарзҳо тақсим шудаанд: v Коршиноси қарзии истеъмолӣ – коршиноси қарзие, ки қарзҳои истеъмолӣ пешниҳод менамояд; v Коршиноси қарзии универсалӣ – коршиноси қарзие, ки ҳам қарзҳои истеъмолӣ ва ҳам қарзҳои тиҷоратӣ пешниҳод менамояд.

Вобаста аз самти фаъолияти коршиноси қарзӣ ҳисобкунии мукофотӣ- бонусӣ ҳисоб ва пардохт карда мешавад.

Дар асоси дастурамали вазифавӣ коршиноси қарзӣ ҷиҳати хизматрасонии саривақтӣ ва сифатнок ба қарзгир, иҷрои нақшаи пешниҳоди қарз, ташкил намудани сандуқи қарзии босифат ва дар сатҳи зарурӣ риоя намудани талаботҳои раванди қарздиҳӣ вазифадор шудаааст.

Пардохти мукофотӣ – бонусӣ, танҳо барои ба таври инфиродӣ, бо усули ҳавасмандкунии моҳонаи коршиноси қарзии дахлдор, бо назардошти ТАРТИБИ ПАРДОХТИ МУКОФОТӢ – БОНУСӢ ДАР ҶСП “БОНКИ ТОҶИКИСТОН” 5 натиҷаҳои бадаст овардаи ӯ (на ин ки кушишҳояш!) дар самти вазифаҳои вобасташуда, муқаррар карда мешавад.

Тартиби ҳисоби маблағи мукофотӣ – бонусӣ аз се қисм, аз ҷумла маълумот оид ба иҷроиши нақшаи пешниҳоди қарз, ҳавасмандӣ ва ҷаримавӣ иборат буда, аз руи ҷадвали зерин ҳисоб карда мешавад:

БАРОИ КОРШИНОСИ ҚАРЗИИ ИСТЕЪМОЛӢ ВА УНИВЕРСАЛӢ: Иҷроиши нақша Ҳавасмандӣ Ҷарима № Нишондиҳандаҳои давраи ҳисоботӣ Маълумот Нишондиҳа нда Натиҷаи ҷарима 1 Миқдори қарзҳои батаъхирафтода – аз 8 то 30 рӯз (барои як қарз бо сомонӣ) 2 30 60 2 Миқдори қарзҳои батаъхирафтода – зиёда аз 30 рӯз (барои як қарз бо сомонӣ) 1 50 50 3 Бақияи маблағи қарзҳои батаъхирафтода зиёда аз 30 рӯз дар сандуқи қарзӣ дар охири моҳи ҳисоботӣ 14 401 1% 144 4 Миқдори камбудиҳои ошкоргардида 30 5 Миқдори риоя накардани интизоми меҳнат 100 Маблағи ҷарима 254 № Маълумот оид ба иҷроиши нақша дар моҳи ҳисоботӣ Миқдор Маблағ (бо сомонӣ) Меъёри миёнаи фоизи иҷроиш 1 Нақша 5 60 000 2 Иҷроиш 8 85 000 3 %-и иҷроиш 160% 142% 151% № Нишондиҳандаҳои давраи ҳисоботӣ Маълумот Нишондиҳа нда Натиҷаи ҳавасмандӣ 1 Миқдори қарзҳои пешниҳодшуда (барои як қарз бо сомонӣ) истеъмолӣ 8 20 160 тиҷоратӣ 0 60 0 2 Миқдори кафолатҳои пешниҳодшуда (барои як кафолат бо сомонӣ) 0 30 0 3 Бақияи сандуқи қарзӣ дар охири моҳи ҳисоботӣ истеъмолӣ 950 870 0.05% 475 тиҷоратӣ 0 0.03% 0 4 Даромади фоизии гирифташуда дар моҳи ҳисоботи (аз ҳаҷми даромади фоизии воқеӣ гирифташуда) 21 862 2.0% 437 Маблағи ҳавасмандӣ 1 072

ТАРТИБИ ПАРДОХТИ МУКОФОТӢ – БОНУСӢ ДАР ҶСП “БОНКИ  ТОҶИКИСТОН” 6 Маблағи мукофотпулӣ 808 Коеффитсиенти фаъолнокии меҳнат 1.52 Барои коршиноси қарзие, ки иҷроиши нақшаи пешниҳоди қарзро дар моҳи ҳисоботӣ, таносубан (иҷроиши миёнаи фоизии нақша) ҳам аз руи миқдор ва ҳам аз руи маблағ камтар аз 70% таъмин намудааст, маблағи мукофотӣ-бонусӣ ҳисоб карда намешавад. Барои коршиноси қарзие, ки иҷроиши нақшаи қарзиро дар моҳи ҳисоботӣ аз руи миқдор ва маблағ барзиёд таъмин намудааст, маблағи мукофотӣ-бонусӣ на зиёда аз 1,5 баробар ба музди меҳнати моҳона ҳисоб ва пардохт карда мешавад. Имзои роҳбари сохтори амалиётӣ ___________________ Имзои коршиноси қарзӣ __________________

  1. Маблағи мукофотпулӣ дар натиҷаи аз маблағи ҳавасмандӣ тарҳ намудани маблағи ҷарима ҳисоб карда шуда, дар ҳудуди на зиёда аз 1,5 барбари музди меҳнат пардохт карда мешавад. 18. Тавре дар боло қайд гардид, коршиносони қарзии универсалӣ ҳуқуқи пешниҳоди ҳам қарзҳои истеъмолӣ ва ҳам қарзҳои тиҷоратиро доранд. Барои коршиносони қарзии универсалӣ, аз руи қарзгузорӣ ба фаъолияти тиҷоратӣ нақшагузорӣ карда шуда, ҳангоми пешниҳоди қарзҳои истеъмолӣ аз тарафи чунин коршиносони қарзӣ 4 (чор) қарзи истеъмолӣ баробар ба 1 (як) қарзи тиҷоратӣ ба назар гирифта шуда, иҷроши нақша аз руи он ҳисоб карда мешавад. Яъне, коршиноси қарзии универсалие, ки аз руи нақша 3 қарз бояд пешниҳод намояд, дар ҳолати пешниҳоди 12 қарзи истеъмолӣ нақша иҷрошуда ба ҳисоб меравад. Аз руи маблағ бошад, ҳамаи маблағҳои пешниҳодшуда, ҳам қарзҳои истеъмолӣ ва ҳам қарзҳои тиҷоратӣ, дар маҷмуъ ҳамчун иҷроиши нақша ба ҳисоб гирифта мешавад. 19. Ҳангоми ҳисоб намудани маблағи ҷарима бақияи қарзҳои дар истеҳсолоти судӣ қарордошта ба назар гирифта намешаванд. 20. Инчунин, меъёри ҳудуди ниҳоии маблағи мукофотпулӣ ба андозаи 1,5 баробари музди меҳнат муқаррар карда шудааст, ки ин нишондиҳанда маблағи пардохтмешудаи мукофотпулиро то андозаи мазкур ба танзим медарорад. 21. Миқдори камбудиҳои ошкоргардида – ҳангоми барасмиятдарории парвандаи қарзӣ ва ё номукаммал ва нопурра пешниҳод намудани маълумот ба аъзои Кумитаи қарзӣ, бо назардошти огоҳонидани коршиноси қарзӣ ҷиҳати ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта, ба андозаи 30 сомонӣ ба ҳар як камбудии ошкоргардида ҷарима карда мешавад. ТАРТИБИ ПАРДОХТИ МУКОФОТӢ – БОНУСӢ ДАР ҶСП “БОНКИ ТОҶИКИСТОН” 7 22. Миқдори риоя накардани интизоми меҳнат – ҳангоми риоя нашудани тартиботҳои дохилибонкӣ ва вайрон кардани интизоми меҳнат аз тарафи коршиноси қарзӣ, нисбати ӯ ҷарима барои ҳар як вайронкунии интизоми меҳнат дар ҳаҷми 100 сомонӣ татбиқ карда мешавад. 23. Коеффитсиенти фаъолнокии меҳнат – нишондиҳандаи мазкур натиҷаи самаранокии фаъолияти моҳонаи коршиноси қарзиро нишон медиҳад, ки ин нишондиҳанда дар ҷамъбасти соли молиявию хоҷагидорӣ яке аз маълумотҳоии асосӣ ҷиҳати муайян намудани коршиноси қарзии беҳтарини сол истифода хоҳад шуд. Яъне, бо назардошти ҷамъи натиҷаҳои солонаи самаранокии фаъолияти коршиноси қарзӣ ва бо назардошти дигар омилҳои ба ин натиҷа таъсиррасон, ғолиби коршиноси қарзии сол муайян карда мешавад. 3. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ 24. Тасдиқи Тартиби мазкур, инчунин ворид намудани тағйиру иловаҳо ба он дар асоси қарори Раёсати Бонк амалӣ мегардад. Дар натиҷаи тағйир ёфтани қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, бандҳои алоҳидаи Тартиби мазкур ба он мухолифат намоянд, ин бандҳо эътибори худро гум карда, бандҳои Тартиби мазкур дар қисме, ки ба қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат намекунад, амал менамояд.
Загрузка...

Дар борамон anvarj63

Инчунин кобед

chorpo-rondan

Рони чорпо: Дидани таъбири хоб – китоби хобнома бо маънояш

Меъроҷиддини Камол менависад: Дар хоб рони чорпо. Таъбир нерӯи калон. Гар рон биафтиду шикаст, Марге …