Главная / Маданият ва санъат / Болиштчаи диван бо гулдўзӣ, тасма ва канаб.

Болиштчаи диван бо гулдўзӣ, тасма ва канаб.

Болиштчаҳо аз матоъҳои ғафси якранг ё матои гуногун (ҳархела) ранг, ки онҳо дар якҷоягӣ тобиши (гаммаи) рангҳоро медиҳанд сохта мешаванд. Барои дўхтан аз расмҳои дар қолаб ё бо чангак бофта мешавад истифода мебаранд, бо тасма канаб тайёр карда, ороиш медиҳад ё бо роҳи гулдўзи.

Болиштчаҳо аз матоъҳои гуногун ва шакли гуногун Бо роҳи драпировка (намӣ, буғӣ) гузаронида дўхта мешавад. Аз матоъ ба шакли муддавар росткунҷа, чоркунҷа қолаб месозанд ва ба онҳо нақшҳоро медўзанд. Ришта ба табъи (оддӣ, зардўзӣ ва ғайра) шахс вобаста аст.

bolisht-2

Аз матоъе, қолаб месозанд, ки қисми болоӣ ва дохилӣ ё қисми поёнии болиштчаро аз он матоъ ё рангаш фарқ мекунад. Қолаб ба қисми ҷузъҳои он мувофиқат намояд. Ҳалли рангини онро бо ҳархел роҳ ҳал кардан мумкин.

Дар як ранг бо омўхтани нақши дигар рангҳо. Болиштчаҳои атласи зебо дорад, ки ба фони диван зебанда мебошанд.

Намунаи №3. Болиштчаҳо дар намуди бозичаҳо Болиштчаҳои кати бачагона, ё дивани дар меҳмонхона буда дар шакли лўхтак, писарча ё духтарча, ҳайвоншакл, мева ё сабзавот ороиш дода мешаванд. Болиштчаҳоро бо он фарқ мекунанд, ки ҳар кас по, дастак, шилшила шоха, барг ва дигар, ҷузъҳои онро ба табъи худ мувофиқ намуда ин қисмҳои гуногунро ҳамроҳ мекунанд.

 Болиштчаҳо аз лахтакпора

Барои тайёр кардани ин хел болиштчаҳо матоъҳои боқимондаи дар хона бударо истифода баред. Шаклҳои гуногуни буриши матоъҳои ҳархела, ки ҷузъҳои маснуотро ташкил мекунанд медўзанд. Ин тарзи дўхтан бо номи қуроқдқзӣ машҳур шудааст. Ин шакли қуроқдўзӣ аз авлод ба авлод мегузаш.

Техникаи куроқдўзӣ ин аст, ки маснуоти тайёркарда аз бисёр пораҳои майдаи матоъ, ки шарти асосии он бомуваффақият дўхтан ва ороиши зебо мебошад, ки дар ин ҳолат шакли геометрӣ аҳамият додан лозим. Раванди тайёр кардани болиштча аз мо дониш, маҳорат ва малакаи зиёдеро талаб мекунад.

Бо ҳамин тариқ роҳ иҷрои дўзишро ба шакл ва интихоби матоъ бо табъи худ интихоб менамоям.

  1. Таьлили идея ва интихоби варианти беҳтарин лоиҳа. Аз якчанд намунаҳои болиштчаи диван якеашро интихоб намуда, ба модаркалонам нишон додам, ки расми намунаи №3 шакли меваҳо-себ маъқул шуд.
  2. Интихоби матоъ ва асбобу воситаҳои ёрирасон, таҷьизот А Интихоби матоъ. Ҷадвали

Матоъҳои гуногун барои дўхтани болиштча мавҷуданд.

Ман бо модаркалонам матои вилюрро интихоб намуда, лахтакҳои дар хона бударо интихоб намудем. Барои он ки вилюр, ҳам арзон ва ҳам маблағи на он қадар қиматро дорад.

Б Интихоби асбобу таҷҳизот ва воситаҳои ёрирасон 1. Мошинаи дарздўзӣ

  1. Тахтаи дарзмолкунанда, дарзмол, обпошак
  2. Сўзани дасти №3, сўзанақ, қайчӣ, ангушпона, қуттии корӣ

Пахтагин

Зағирин Абрешим Матоъи

сунъӣ

Матоъ барои

болиштчаи

диван

  1. Ресмонҳои пахтагин № 50 барои корҳои мошинагӣ, ресмони № 60 барои корҳои дастӣ.
  2. Тасмаи ченакгирӣ, ҷадвал, бўри дўзандагӣ, метр чўбини 1 метра.
  3. Китоб, дафтари корӣ, варақаи албом, қоғаз барои сохтани қолаб,

маводҳои иловагӣ, журналҳо, интерери хонаҳо ва ғайра.

  1. Иҷроиши пайдарҳамии маснуот

Барои тайёр кардани болиштчаи диван бо матои сунъӣ ва ё синтетикиро, ки гулҳояш бо шакли геометрӣ дошта бошад ё якранг пеш аз буридани матоъи астариро пахтагин ё абрешимин сунъии якранг ватин ё мачалка, ки онро шуста дарзмол кардан лозим аст, ки он кашиш нахўрад, барои баъд аз буридан аз рўи қолаб тағирот пайдо нашавад, бо табъи худ мувофиқ мегирем.

Барои тайёр кардани болиштча андозаи онро муайян мекунем ки тахминан аз 45 х 45 каме зиёд ё камтар бошад. Қолаб ба ҷусса болиштчаи дўхта истода мувофиқ бошад. Аз рўи модели интихобкарда асоси нақшаро мекашем қолиби маснуотро тайёр мекунем ва онро бурида қолаб тайёр мекунем.

Матоъҳои лозимӣ – матоъи сунъӣ 50 см барои абра 50 см. барои астар.

Матоъи астари арзонтар бояд ва якранг бошаду бо ё ба ранги асоси абра мувофиқ бударо интихоб мекунем. Матоъи лозими интихоб кардаи ман вилюр мебошад дарози 50 см. буда барии он 1м. 40см. ташкил медиҳад. Мо метавонем ду қисми маторо аз рангҳои гуногун интихоб намоем.

Нақшаи технологии №13

Тайёр кардани болиштчаи диванӣ

№ Паиҳамии иҷрои кор

1 Интихоби расм

2 Ҷобаҷогузории гузоштани қолаб ба матоъ бо иловагӣ ба ҳақи

чок маҳкам кардани он бо сўзанак.

3 Буридани маснуот аз рўи қолаби тайёр

4 Технологияи ба ҳам пайвасти ҷузъҳо бо кўкҳои дастӣ қисми

пеш, ақиб ва коркарди барги он

5 Коркарди ҷузъи қисмҳои барг ба пайвастани он ба асос бо

дарзҳои мошинагӣ бо гузоштани пахта ва маводи иловагӣ дар

дохили он.

6 Коркарди намию гармӣ, дарзмол кардани маснуот

7 Пайвасти чузъҳо бо дарзи мошинагӣ бо гузоштани ҳаққи ҷои

ангала аз тарафи ақиби маснуот ё ба қисми паҳлўгӣ ё ба қисми

поён

8 Пайвасти ангала (замок) ба қисми ақиби маснуот, қисми

интихоби дасти ва баъд бо дарзи мошинагӣ.

9 Коркарди намию гармии маснуот

10 Гузоштан ба маснуот маводи дохили пахта ё ватин ба дохили

болиштча

11 Худсанҷиши

1) дурустии интихоби матоъ

2) ба сифати чок назар кардан

3) дуруст омадани шакли болиштча баъд аз гузоштани

маводи дохилӣ

4) Санҷидани коркарди намию гармӣ

Расми 62. Технологияи коркарди болишчаи диванӣ

  1. ҷобаҷогузории қолаб ва матоъ

а). гузоштани қолаби шакли себ

б). гузоштани қолаби барқ

в). маснуоти буридашуда

  1. Коркарди ҷузҳои буридашуда
  2. Пайвасти ҷузъҳо ва пайвасти ангала (замок ба қисми)
  3. Асосноккунии маснуот

Ҳисоби иқтисодӣ. Нархи болиштчаи диванро ки аз духоба, шоҳӣ, чит ё

вилюр дўхта шудааст. Бо чунин тарз ҳисоб мекунем: Матоъ нархи 1 метр

137

вилюр -4 сомонӣ барои маснуот 50 см кифоя аст он гоҳ нархи матоъ 2

сомонӣ мешавад.

Нархи пахта 1 сомониву 80 дирам ба мо 1 кг лозим S2 =1 х 1,80=

1- cомониву 80 дирам

Як дона ғалтак 0,50 дирам – 100м ресмони сарфшуда 50 метр нархаш 0,25

дирам. S3 =-0,25 дирам 1 дона ангала нархаш 1 сомон S4 = 1 сомон

S=S1+S2+S3+S4=2 cомони + 1,80+0,25 д + 1с = 5 сомониву 0,5 дирам.

Аз сабаби он ки мошинҳои дарздўзии дастиро истифода мебарем сарфи

ҷараёни барқро ҳисоб намекунем.

б/т

Номгўи маводҳои

истифодабаранда

Нарх бо

(сомони)

Сарфи матоъ

барои маснуот

Харҷи маснуот

бо (сом)

1 Матоъ вилюр 1м – 4 сомони

бараш

1м.40см

50 см 2 сомонӣ

2 Пахта 1с 80 дирам 1 кг 1,80 дирам

3 Ғалтак 50 дирам 50 м 0,25 дирам

4 Ангала 1 сомон 1 д 1 сомон

Ҳамагӣ 5 сомони 0,5 д

  1. Назорат ба сифат

Муҳокима дар дарс доир ба сифати маснуот маълумот дода буд, ки

тарзи асоснок намудан, намуди санҷиш ва ба маснуот баҳо додан ба сифати

болиштчаи дўхта норасоӣ ва камбудиро нишон додан.

  1. Тайёр намудани маснуот

Технологияи коркарди болиштчаро иҷро мекунем, бо рафти паиҳамии

кор аз рўи харитаи технологӣ бо назардошти қоидаҳои техникаи бехатарӣ

кор бо асбобҳои дўзандагӣ.

Расми 63. болишчаи дивании тайёршуда

  1. Ислоҳ намудан (Коррексия)

Лоиҳаи тайёркардаро бо намунаи интихобкарда муқоиса намуда

норасоиҳоро ислоҳ менамоем.

138

  1. Санҷиш-озмоиш

Коркарди охирини болиштчаро ичро менамоем. Маснуоти дўхтаро ба

модаркалонам тўҳфа намудам. Барои дўхтани маснуот модаркалонам

миннатдорӣ баён намуданд.

  1. Коркарди таблиғоти тароҳии маснуот

Агар дар оянда дўзанда шавам он гоҳ ба газета бо чунин мазмун эълон

медиҳам. Дўхтани болиштча барои диван, бо сифат, зуд, ва арзон покизаву бо

намунаи ҳозиразамон.

  1. Ороиши тарҳҳои эҷодӣ

Ба талаботи ороишии тароҳҳи эҷодц ошно гардида, онро иҷро

мекунем. Гирди болиштчаро бо тасма, лента ё дигар намуд метавонем

ороиш диҳем интихоби.

  1. Худбаҳодиҳӣ

Ба кори худ чунин баҳогузорӣ мекунем.

Шартҳои иҷрошударо таҳлил намуда, ба худ баҳогузорӣ менамоем.

Месаҷем, ки оё тарҳи эҷодиро бо пуррагӣ иҷро намудаам ва аз кори худ

қонеъ ҳастам ё дигаргунӣ даровардан лозим аст. Ба ҳамаи ин саволҳо ҷавоб

гирифта, қаноатманд мешавам.

Эзоҳ: Шумо метавонед дигар намунаи болиштчаро интихоб намуда

дўзед. Матоъҳои духоба ё сунъӣ истифода баред ба ҷои пахта, ватин ё дигар

масолеҳро гузоред дар хонаатон бударо истифода баред ба назардошт, он ки

шакли дўхтаи модели интихоб кардаи шумо гум нашавад. Ба ҷои ангола

метавонед тугма шинонед.

Загрузка...

Дар борамон anvarj63

Инчунин кобед

duo-003

Хосияти дуои «Укоша»

Хосияти дуои «Укоша» Ба воситаи ин дуо бандаи гунаҳгор аз тақсироти номаълуми хеш тоиб[1] мегардад. …