Главная / Ҷамъият / Боҷи давлатӣ

Боҷи давлатӣ

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 Дар бораи боҷи давлатӢ

(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2004, №2, мод. 51; с. 2005, №12, мод. 630; с. 2006, №12, мод. 541; с. 2008, №6, мод. 460; №12, қ. 2, мод. 1000; с. 2009, №3, мод. 88; с. 2010, №1, мод. 8; мод. 10; №12,

қ. 1, мод. 823; с. 2012, №12, қ. 1, мод. 999; с. 2013, №3, мод. 190; с. 2014, № 7, қ. 2, мод. 408;

с. 2015, №11, мод. 968, мод. 969, мод. 970;

Қонуни ҶТ аз 14.05.2016 с., № 1317)

boj

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи боҷи давлатӣ» тартиби аз  шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ситонидани боҷи давлатиро муқаррар ва танзим менамояд.

Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ

Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои зерин истифода мешаванд:

боҷи давлатӣ –  пардохти ҳатмӣ барои анҷом додани амалиёти дорои аҳамияти ҳуқуқӣ ё додани ҳуҷҷатҳо аз ҷониби мақомоти ваколатдоршуда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;

супорандагони боҷи  давлатӣ – шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие  мебошанд, ки барои анҷом додани амалиёти аҳамияти ҳуқуқӣ дошта ва додани ҳуҷҷатҳо ба мақомоти ваколатдор, ки боҷи давлатиро меситонад, муроҷиат мекунанд;

мақомоти ваколатдори давлатӣмақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатие, ки барои назорати воридоти андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ тибқи тартиби муқарарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ваколатдор карда шудааст. (ҚҶТ аз 19.03.13с., №947)

Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи боҷи давлатӣ

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи боҷи давлатӣ ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз ҳамин Қонун, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф намудааст, иборат мебошад.

Моддаи 3. Объектҳои ситонидани боҷи давлатӣ

Боҷи давлатӣ ситонида мешавад:

– аз аризаҳои даъво, аризаҳо (шикоятҳо, шикоятҳои, касатсионӣ ва назоратӣ), ки ба судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод мешаванд;

– барои анҷом додани амалиётҳои дорои аҳамияти ҳукуқӣ дар мақомоти адлия, мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба дин ва андоз; (ҚҶТ аз 29.12.10с., № 664).

– барои анҷом додани амалиёти нотариалӣ мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;

– барои бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;

– барои баррасӣ ва додани ҳуҷҷатҳое, ки бо гирифтани шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон   ва ё баромадан аз шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон алоқаманданд;

– барои анҷом додани дигар амалиётҳои дорои аҳамияти ҳуқуқӣ , ки ҳамин Қонун муайян мекунад.

 

Моддаи 4. Андозаи боҷи давлатӣ

 

  1. Оид ба парвандаҳое, ки Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ менамояд, боҷи давлатӣ ба андозаи зерин ситонида мешавад:

1) аз дархости шахсони воқеӣ-ба андозаи яккаратаи нишондиҳанда барои ҳисобҳо

2) аз пешниҳоди мақомоти давлатӣ, шахсони мансабдор ва шахсони ҳуқуқӣ –  ба андозаи даҳкаратаи нишондиҳанда барои ҳисобҳо

  1. Оид ба парвандаҳое, ки дар судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ мешаванд, боҷи давлатӣ ба андозаҳои зерин ситонида мешавад:

1) аз аризаҳои даъвогои дорои хусусияти молумулкӣ аз рӯи нархи даъво:

– то 50 нишондиҳанда барои ҳисобҳо –  3% аз нархи даъво;

– аз 50 то 100 нишондиҳанда барои ҳисобҳо –   2% аз нархи даъво;

– аз 100 то 500 нишондиҳанда барои ҳисобҳо –   0,7% аз нархи даъво;

– зиёда аз 500  нишондиҳанда барои ҳисобҳо –  0,5 % аз  нархи даъво;

2) аз аризаҳои даъвои дорои хусусияти ғайримолумулкӣ, ки предмети онҳо нархгузорӣ карда намешаванд:

– барои шахсони воқеӣ –  5% аз нишондиҳанда барои ҳисобҳо;

– барои шахсони ҳуқуқӣ – ба андозаи дукаратаи нишондиҳанда барои ҳисобҳо;

3) аз аризаҳои даъвогӣ дар бораи озод намудани амвол аз ҳабс –  боҷ аз рӯи нархи даъво мутобиқи банди 1 ҳамин қисм муайян карда мешавад;

4) аз аризаҳои даъвогӣ оид ба баҳсҳои пеш аз шартномавӣ –  ба андозаи яккаратаи нишондиҳанда барои ҳисобҳо;

  1. Аз аризаҳои даъвогӣ, ки ба судҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешаванд, боҷи давлатӣ ба андозаҳои зерин ситонида мешавад

1) аз аризаҳои даъвогои дорои хусусияти молумулкӣ   –  2 % аз нархи даъво;

2) аз аризаҳои даъво оид ба баҳсҳое, ки ҳангоми бастан, тағйир додан ё бекор кардани шартномаҳо ба амал меоянд ва оид ба баҳсҳо дар бораи беэътибор донистани аҳдҳо –  андозаи дукаратаи нишондиҳанда барои ҳисобҳо;

3) аз аризаҳои даъво дар бораи (пурра ё қисман) беэътибор  донистани санадҳои ғайримеъёрии мақомоти давлатӣ:

барои шахсони воқеӣ – ба андозаи дукаратаи нишондиҳанда барои ҳисобҳо;

барои шахсони ҳуқуқӣ – ба андозаи даҳкаратаи нишондиҳанда барои ҳисобҳо;

4) аз аризаҳои даъвогии дигар, ки хусусияти молумулкӣ надоранд, аз ҷумла аз аризаҳо дар бораи эътирофи ҳуқуқ, маҷбур намудан ҷиҳати иҷрои ӯҳдадориҳо дар шакли асл – ба андозаи яккаратаи нишондиҳанда барои ҳисобҳо;

5) аз аризаҳо дар бораи муфлис эътироф гардидани шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ:

барои шахсони ҳуқуқӣ – ба андозаи даҳкаратаи нишондиҳанда барои ҳисобҳо;

барои соҳибкорони инфиродӣ – ба андозаи яккаратаи нишондиҳанда барои ҳисобҳо

6) аз аризаҳо дар бораи муқаррар намудани далелҳое, ки  аҳамияти ҳуқуқӣ  доранд – ба андозаи секаратаи нишондиҳанда барои ҳисобҳо;

7) аз аризаҳо дар бораи ба парванда ворид гардидани шахсони сеюм, ки нисбат ба предмети баҳс талаботи мустақили худро пешниҳод менамояд , ки мутобиқи  андозаи боҷи давлатӣ, ки барои аризаи даъвогии дорои  хусусияти ғайримолумулкӣ пешбини шудааст, нисбати баҳсҳои дорои хусусияти молумулкӣ – тибқи тартиби муқаррарнамудаи банди якуми ҳамин қисм, ки андозаи маблағи баҳсшаванда барои шахсони сеюм ҳисоб карда мешавад;

8) аз шикоятҳои,  кассатсионӣ ва назоратӣ  нисбати ҳалнома ва қарорҳои суди иқтисодӣ ва ҳамчунин нисбати таъинот дар бораи қатъ намудани истеҳсоли парванда, бе баррасӣ мондани даъво, дар бораи таъини ҷаримаҳои судӣ,  рад кардани додани варақаи иҷро –  50 % аз андозаи боҷи давлатӣ, ки ҳангоми додани аризаи даъвогӣ ситонида мешавад.

  1. Барои аризаи даъвогие, ки ҳамзамон дорои хусусияти молумулкӣ ва ғайримолумулкӣ мебошад, дар як вақт  боҷи давлатӣ барои аризаи даъвогии дорои хусусияти молумулкӣ ва ғайримолумулкӣ муқарраргардида ситонида мешавад.
  2. Барои анҷом додани амалҳои дорои аҳамияти ҳуқуқӣ дар мақомоти андоз боҷи давлатӣ ба андозаи зерин ситонида мешавад:

1) барои бақайдгирии давлатии таъсисёбии ташкилотҳои тиҷоратӣ, сарфи назар аз шакли моликият ва самти фаъолият, ҳамчунин филиалҳо ва намояндагиҳои  шахсони ҳуқуқии хориҷӣ – ба андозаи   25 нишондиҳанда барои ҳисобҳо;

2) барои бақайдгирии давлатии таъсисёбии ташкилотҳои ғайритиҷоратӣ, сарфи назар аз шакли моликият ва самти фаъолият – ба андозаи  7  нишондиҳанда барои ҳисобҳо;

3) барои бақайдгирии давлатии шахсони воқеӣ ба сифати соҳибкорони инфиродӣ, ки дар асоси  шаҳодатнома  фаъолият менамоянд – ба андозаи  2  нишондиҳанда  барои ҳисобҳо;

4) барои бақайдгирии давлатии шахсони воқеӣ ба сифати соҳибкорони инфиродӣ, ки дар асоси  патент  фаъолият менамоянд – ба андозаи  1  нишондиҳанда  барои ҳисобҳо;

5) барои бақайдгирии давлатии барҳамдиҳӣ ва ё қатъ намудани фаъолияти шахсони ҳуқуқӣ, қатъ намудани фаъолияти  филиалҳо ва ё намояндагиҳои шахсони ҳуқуқии хориҷӣ ва соҳибкорони инфиродӣ – ба андозаи 50  фоизи боҷи давлатӣ, ки барои бақайдгирии таъсисёбии  субъект пешбинӣ карда шудааст;

6) барои додани нусхаи (дубликати) ҳуҷҷати тасдиқкунандаи бақайдгирии давлатӣ – ба андозаи 50  фоизи боҷи давлатӣ, ки барои бақайдгирии таъсисёбии  субъект пешбинӣ карда шудааст. (ҚҶТ аз 28.12.12с. №905)

  1. Барои анҷом додани амалҳои дорои аҳамиятп ҳукуқӣдар мақомоти ваколатдори давлати оид ба дин боҷи давлати ба андозаи зерин ситонида мешавад:

1) барои бақайдгирии давлатии ташкилотҳои динии ҷумҳурияви – ба андозаи 30 нишондиҳанда барои ҳисобҳо;

2) барои бақайдгирии давлатии ташкнлотхои динии ноҳиявӣ ё шаҳрӣ- ба андозаи 25 нишондиҳанда барои ҳисобҳо;

3) барои  азнавбақайдгирии  ташкилотҳои  динн   ба   андозаи   5 нишондиҳанда барои ҳпсобҳо. (ҚҶТ аз 29.12.10с., №664)

 

  1. Барои анҷом додани амалҳои дорои аҳамияти ҳуқуқӣ дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти он боҷи давлатӣ ба андозаи зерин ситонида мешавад:

1) барои бақайдгирии давлатии иттиҳодияҳои ҷамъиятии байналмилалӣ ва қайди баҳисобгирии филиалу намояндагиҳои онҳо – ба андозаи  100  нишондиҳанда барои ҳисобҳо; (ҚҶТ аз 26.07.14 с., № 1111)

2) барои бақайдгирии давлатии иттиҳодияҳои ҷамъиятии ҷумҳуриявӣ  – ба андозаи  10  нишондиҳанда барои ҳисобҳо;

3) барои бақайдгирии давлатии иттиҳодияҳои ҷамъиятии маҳаллӣ – ба андозаи  5  нишондиҳанда барои ҳисобҳо;

4) барои қайди баҳисобгирии филиалу намояндагиҳои иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ – ба андозаи 5 нишондиҳанда барои ҳисобҳо; (ҚҶТ аз 26.07.14 с., № 1111)

5) барои додани шаҳодатнома дар бораи ворид намудани тагйиру иловаҳо ба ҳуҷҷатҳои таъсисии иттиҳодияҳои ҷамъияти (азнавбақайдгирӣ) новобаста ба мақоми онҳо ва филиалу намояндагиҳои иттиҳодияҳои ҷамъиятӣба андозаи 50 фоизи боҷи давлатӣ, ки барои бақайдгирй ситонида мешавад; (ҚҶТ аз 29.12.10с., № 664)

6) барои бақайдгирии давлатии ҳизбҳои сиёсӣ – ба андозаи 50  нишондиҳанда барои ҳисобҳо;

7) барои додани нусхаи тасдиқкардашудаи (дубликати) шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии давлатии иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ҳизбҳои сиёсӣ – ба андозаи 50  фоизи боҷи давлатӣ, ки барои бақайдгирии таъсисёбии  субъект  пешбинӣ карда шудааст;

8) барои додани иқтибос аз Феҳрист дар бораи барҳамдиҳии иттиҳодияи ҷамъиятӣ, ҳизбҳои сиёсӣ ва қатъи фаъолияти филиалу намояндагиҳои онҳо – ба андозаи 50 фоизи нишондиҳанда барои ҳисобҳо;

9) барои додани шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии шартномаи гарав  – ба андозаи 1 нишондиҳанда барои ҳисобҳо;

10) барои додани иқтибос аз Феҳристи амволи ба гарав гузошташуда – ба андозаи 50 фоизи нишондиҳанда барои ҳисобҳо;

11) барои бақайдгирии давлати хабарномаҳои гарави амволи манқул-ба андозаи 5 фоиз аз нишондиҳанда барои ҳисобҳо;(ҚҶТ аз 29.12.10с., № 664).

12) барои додани шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии созишномаҳои консессионӣ – ба андозаи 5 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (ҚҶТ аз 12.01.10с., №586);

13) барои бақайдгирии давлатии Иттифоқи адвокатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон – ба андозаи 15 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (ҚҶТ аз 14.05.2016 с., № 1317);

14) барои бақайдгирии давлатии мақомоти минтақавии Иттифоқи адвокатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон – ба андозаи 10 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (ҚҶТ аз 14.05.2016 с., № 1317);

15) барои бақайдгирии бюрои адвокатӣ – ба андозаи 8 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (ҚҶТ аз 14.05.2016 с., № 1317);

16) барои азнавбақайдгирии бюрои адвокатӣ – ба андозаи 4 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (ҚҶТ аз 14.05.2016 с., № 1317);

17) барои барҳамдиҳии бюрои адвокатӣ – ба андозаи 4 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (ҚҶТ аз 14.05.2016 с., № 1317);

18) барои бақайдгирии коллегияи адвокатҳо – ба андозаи 6нишондиҳанда барои ҳисобҳо (ҚҶТ аз 14.05.2016 с., № 1317);

19) барои азнавбақайдгирии коллегияи адвокатҳо – ба андозаи 3 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (ҚҶТ аз 14.05.2016 с., № 1317);

20) барои барҳамдиҳии коллегияи адвокатҳо – ба андозаи 3 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (ҚҶТ аз 14.05.2016 с., № 1317);

21) барои бақайдгирии маслиҳатхонаи ҳуқуқӣ – ба андозаи 3 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (ҚҶТ аз 14.05.2016 с., № 1317);

22) барои азнавбақайдгирии маслиҳатхонаи ҳуқуқӣ – ба андозаи 1,5 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (ҚҶТ аз 14.05.2016 с., № 1317);

23) барои барҳамдиҳии маслиҳатхонаи ҳуқуқӣ – ба андозаи 1,5 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (ҚҶТ аз 14.05.2016 с., № 1317);

24) барои бақайдгирии кабинети адвокатӣ – ба андозаи 2 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (ҚҶТ аз 14.05.2016 с., № 1317);

25) барои азнавбақайдгирии кабинети адвокатӣ – ба андозаи 1 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (ҚҶТ аз 14.05.2016 с., № 1317);

26) барои барҳамдиҳии кабинети адвокатӣ – ба андозаи 1 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (ҚҶТ аз 14.05.2016 с., № 1317);

27) барои ворид намудан ба Феҳристи махсуси адвокатҳои давлатҳои хориҷӣ – ба андозаи 10 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (ҚҶТ аз 14.05.2016 с., № 1317);

28) барои гирифтани иқтибос аз Феҳристи ягонаи адвокатӣ – ба андозаи 1 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (ҚҶТ аз 14.05.2016 с., № 1317);

29) барои гирифтани иқтибос аз Феҳристи ягонаи ташкилотҳои адвокатӣ – ба андозаи 1 нишондиҳанда барои ҳисобҳо  (ҚҶТ аз 14.05.2016 с., № 1317);

30) барои гирифтани иқтибос аз Феҳристи махсуси адвокатҳои давлатҳои ҷopиҷӣ – ба андозаи 1 нишондиҳанда барои ҳисобҳо  (ҚҶТ аз 14.05.2016 с., № 1317).

  1. Барои анҷом додани амалиётҳои нотариалӣ боҷи давлатӣ ба андозаи зерин ситонида мешавад:

1)  барои тасдиқ намудани шартномаҳои аз соҳибӣ соқит кардани (хариду фурӯш, ҳадя, иваз ва ғайра) ва додани шаҳодатнома дар бораи ҳуқуқи мерос ба молу мулки ғайриманқул (ҳавлиҳои истиқоматӣ, хонаҳо, бӯстонсаройҳо, иншоот ва молу мулки дигари ғайриманқул ё қисми онҳо), ба истиснои ниҳолҳои бисёрсола ва молу мулки ғайриманқули дигаре, ки  тасдиқи он тибқи банди 6) қисми мазкур ба амал бароварда мешавад,  барои як метри мураббаи масоҳати умумӣ ба андозаи: (ҚҶТ аз 26.03.09с., №495).

а) барои фарзандон, аз ҷумла фарзандхонд, ҳамсар, падару модар  дар: (ҚҶТ аз 23.11.15с., №1248)

– шаҳри Душанбе – 10 %  нишондиҳанда барои ҳисобҳо;

– шаҳри Хуҷанд – 7 %  нишондиҳанда барои ҳисобҳо;

– шаҳрҳои Қӯрғонтеппа, Кӯлоб ва Хоруғ – 5 %  нишондиҳанда барои ҳисобҳо;

– дигар шаҳрҳо ва шаҳракҳо – 2 %  нишондиҳанда барои ҳисобҳо;

– деҳот – 1 %  нишондиҳанда барои ҳисобҳо;

б) барои бародарон, хоҳарон, набераҳо, бобо, бибӣ дар:

– шаҳри Душанбе – 20 %  нишондиҳанда барои ҳисобҳо;

– шаҳри Хуҷанд –  15 %  нишондиҳанда барои ҳисобҳо;

– шаҳрҳои Қӯрғонтеппа, Кӯлоб ва Хоруғ – 10 %  нишондиҳанда барои ҳисобҳо;

– дигар шаҳрҳо ва шаҳракҳо – 5 %  нишондиҳанда барои ҳисобҳо;

– деҳот – 2 %  нишондиҳанда барои ҳисобҳо;

в) барои дигар шахсони воқеӣ ва  ҳуқуқӣ дар:

– шаҳри Душанбе – 40 %  нишондиҳанда барои ҳисобҳо;

– шаҳри Хуҷанд –  30 %  нишондиҳанда барои ҳисобҳо;

– шаҳрҳои Қӯрғонтеппа, Кӯлоб ва Хоруғ – 20 %  нишондиҳанда барои ҳисобҳо;

– дигар шаҳрҳо ва шаҳракҳо – 10 %  нишондиҳанда барои ҳисобҳо;

– деҳот – 5 %  нишондиҳанда барои ҳисобҳо;

2) барои тасдиқи шартномаҳои  аз соҳибӣ соқит кардани (хариду фурӯш, ҳадя, иваз ва ғайра) воситаҳои нақлиёт ба андозаи ду  нишондиҳанда барои ҳисобҳо;

3) барои тасдиқи шартномаҳои гарав – ба андозаи яккаратаи нишондиҳанда барои ҳисобҳо;

4) барои тасдиқи шартномаҳои иҷораи молиявӣ (лизинг) ба андозаи 50 %  нишондиҳанда барои ҳисобҳо;

– барои тасдиқи шартномаҳои иҷора ва қарз ба андозаи як нишондиҳанда барои ҳисобҳо;

5) барои тасдиқи шартномаҳои замонат –  ба андозаи яккаратаи нишондиҳанда барои ҳисобҳо;

6) барои тасдиқи шартномаҳои дигаре, ки предмети онҳо нархгузорӣ карда намешаванд – ба андозаи 1 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ва  барои тасдиқи шартномаҳои дигаре, ки предмети онхо нархгузорӣ карда мешаванд, ба истиснои банди 4) ҳамин қисм – ба андозаи  1 фоиз аз маблағи шартнома, вале на кам аз 1 нишондиҳанда барои ҳисобҳо;  (Қ ҶТ аз 12.01.2010с, №586).

7) барои тасдиқи васиятномаҳо – 20% аз нишондиҳанда барои ҳисобҳо;

8) дар бораи додани шаҳодатнома барои ҳуқуқи моликият – ба андозаи дукаратаи нишондиҳанда барои ҳисобҳо;

9) барои додани шаҳодатномаи ҳуқуқ ба мерос, ба истиснои молу мулки ғайриманқуле, ки дар банди 1) қисми шашуми моддаи мазкур  пешбинӣ шудааст: (ҚҶТ аз 26.03.09с, №495)

– ба меросхӯрони навбати аввал  –   0,5 % аз маблағи мерос;

– барои меросхӯрони навбати дуюм –  1% аз маблағи мерос;

– барои меросхурони навбати сеюм – 1,5% аз маблағи мерос;  

– барои меросхӯрони дигар –  2 %  аз маблағи мерос;

10) барои додани шаҳодатномаи ҳуқуқ ба мерос нисбати амволи дар хориҷа буда,  ҳангоми муайян намудани арзиши ниҳоии амволи мерос, ки пардохти он бояд дар каламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирад:

  барои меросхӯрони навбати аввал    –   1 % аз маблағи мерос;

  барои меросхӯрони навбати дуюм –  1,5% аз маблағи мерос;  

  барои меросхӯрони навбати сеюм –  2 %  аз маблағи мерос;

  барои меросхурони дигар – 3% аз маблағи мерос;

11)  барои чорабиниҳо оид ба ҳифзи амволи меросӣ –  ба андозаи яккаратаи нишондиҳанда барои ҳисобҳо;

12) барои тасдиқи ваколатномаҳои ҳуқуқи истифода ва (ё) ихтиёрдории амвол (ба истиснои банди 13 ҳамин  қисми):

– барои фарзандон, аз чумла барои фарзандхонд, ҳамсар, падару модар – 25  % аз нишондиҳанда барои ҳисобҳо; (ҚҶТ аз 23.11.15с., №1248)

– барои  бародарон, хоҳарон, набераҳо, бобо, бибӣ –  50% нишондиҳанда барои ҳисобҳо;

– барои дигар шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ  –  ба андозаи яккаратаи нишондиҳанда барои ҳисобҳо;

13) барои тасдиқи ваколатномаҳои ҳуқуқи истифода ва (ё) ихтиёрдории воситаҳои наклиёти автомобилӣ:

барои фарзандон, аз ҷумла барои фарзандхонд, ҳамсар, падару модар – 25% аз нишондиҳанда барои ҳисобҳо; (ҚҶТ аз 23.11.15с., №1248)

барои  бародарон, хоҳарон, набераҳо, бобо, бибӣ –  50% нишондиҳанда барои ҳисобҳо;

– барои дигар шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ҷиҳати тасдиқи ваколатномаҳои ҳуқуқи истифодаи воситаҳои нақлиёти автомобилӣ – ба андозаи дукаратаи нишондиҳанда барои ҳисобҳо ва барои ҳуқуқи ихтиёрдории онҳо – ба андозаи понздаҳкаратаи нишондиҳанда барои ҳисобҳо; (ҚҶТ аз 23.11.15с., №1249)

14)  барои тасдиқи ваколатномаҳои дигар –  20%  аз нишондиҳанда барои ҳисобҳо;

15) барои тасдиқи саҳеҳии тарҷумаи ҳуҷҷат аз як забон ба забони дигар –  5% аз нишондиҳанда барои ҳисобҳо барои ҳар як саҳифаи ҳуҷати тарҷумашуда; (ҚҶТ аз 19.03.13с.,№947)

16) барои эътироз оид ба пардохт нашудани вексел, ғайриаксепт будани он, набудани санаи акссепт ва барои тасдиқи напардохтани чек –  1 % аз маблағи пардохт нагардида;

17) барои нигоҳдории ҳуҷҷатҳо –  5% аз нишондиҳанда барои ҳисобҳо;

18) барои дурустии тасдиқи нусхаи ҳуҷҷатҳо, ки дар парвандаҳои идораҳои нотариалии давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ, муассисаҳои консулӣ нигоҳ дошта мешаванд ва ҳамчунин иқтибоси ҳуҷҷатҳо – 2%  аз нишондиҳанда барои ҳисобҳо барои нусхабардории ҳар саҳифаи ҳуҷҷат ё нусхабардошташуда;

19) барои тасдиқи дурустии нусхаҳои ҳуҷҷатҳои дигар ва барои тасдиқи иктибоси ҳуҷҷатҳо (ба ғайр аз ҳуҷҷатҳои дар банди 18 кисми  мазкур нишондодашуда) – 2% аз нишондиҳанда барои ҳисобҳо барои як саҳифа;

20) барои тасдиқи асли имзо:

дар ариза ва дигар ҳуҷҷатҳо (ба истиснои варақаҳои бонкӣ) – 3% аз нишондиҳанда барои ҳисобҳо;

дар варақаҳои бонкӣ (барои имзои ҳар як варақа) –  3% аз нишондиҳанда барои ҳисобҳо;

21) барои додани шаҳодатнома дар бораи ҳуқуқи моликият ба қисми амвол, ки моликияти умумии зану шавҳар мебошад ва дар давраи заношӯи ҷамъ кардаанд, аз ҷумла дар бораи додани шаҳодатномаи ҳуқуқи моликият дар ҳолати вафот кардани яке аз ҳамсарон –  10%  аз нишондиҳанда барои ҳисобҳо;

22) барои додани нусхаи такрории ҳуҷҷатҳое, ки дар идораи нотариалии давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва худидоракунии  маҳаллӣ, муассисаҳои консулӣ нигоҳ дошта мешавад –  ба андозаи яккаратаи нишондиҳанда барои ҳисобҳо;

23) барои тасдиқ  кардани шартномаи аз соҳибӣ соқиткунии амволи ғайриманқул ва дигар амволи бақайдгирифташаванда, ки ба воситаи музояда (тендер) фурӯхта мешавад –  ба андозаидукаратаи нишондиҳанда барои ҳисобҳо;

24) барои ба ҷо овардани  номаҳои иҷро – 3% аз нишондиҳанда барои ҳисобҳо;

25) барои ба ҷо овардани эътирози баҳрӣ  – ба андозаи  секаратаи  нишондиҳанда барои ҳисобҳо.

26) барои додани шаҳодатнома дар бораи дар ҳаёт будани шахс (шаҳрванд) – 20% аз нишондиҳанда барои ҳисобҳо;

27) барои додани шаҳодатнома дар бораи дар ҷойи муайян будани шахс (шаҳрванд) – 20% аз нишондиҳанда барои ҳисобҳо;

28) барои додани шаҳодатнома дар бораи айнияти шахс (шаҳрванди) дар сурати фотографӣ аксёфта – 20 % аз нишондиҳанда барои ҳисобҳо;

29) барои тасдиқи вақти додани ҳуҷҷатҳо – 10% аз нишондиҳанда барои ҳисобҳо;

30) барои расонидани муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ба дигар шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ – 10% аз нишондиҳанда барои ҳисобҳо;

31)  барои қабули маблағ ва қоғази қиматнок ба амонат (депозит) – 10% аз нишондиҳанда барои ҳисобҳо;

32) барои таъмини далелҳо – 50% аз нишондиҳанда барои ҳисобҳо.

 

  1. Барои амалиёти нотариалие,  ки берун аз бинои идораи нотариалӣ ба ҷо оварда мешавад, боҷи давлатӣ ду баробар зиёд ситонида шуда, инчунин хароҷоти воқеӣ, ки ба сафар ба маҳалли ба ҷо овардани амалиёти нотариалӣ вобаста аст, пардохта мешавад.
  2. Аз  рӯи  шартномаҳои мубодилаи амволи ғайриманқуле, ки  дар банди 1)  қисми шашуми моддаи мазкур пешбинӣ шудаанд, андозаи боҷи давлатӣ аз масоҳати ҳамон амволи ғайриманқуле муайян карда мешавад, ки  масоҳати умумии он зиёд мебошад. Ҳамзамон, барои ситонидани боҷи давлатӣ  меъёрҳое татбиқ карда мешаванд, ки барои маҳалли тасдиқгардидаи шартномаи мубодила муқаррар шудаанд. (ҚҶТ аз 26.03.09с, №495).
  3. Барои ҳисоб намудани андозаи боҷи давлатӣ ҷиҳати додани шаҳодатномаи ҳуқуқи мерос ба молу мулк, ба истиснои молу мулки дар банди 1) қисми шашуми ҳамин  модда  пешбинишуда, арзиши ҳамин молу мулкро нархгузор муайян мекунад. (ҚҶТ аз 26.03.09с, №495).
  4. Барои додани шаҳодатнома дар бораи ҳуқуқи мерос ба молу мулк, ки предмети онҳо нархгузорӣ карда намешавад – ба андозаи як нишондиҳанда барои ҳисобҳо. (ҚҶТ аз 26.03.09с, №495).
  5. Ҳангоми тасдиқи аҳдҳо, ки бо асъори хориҷӣ ҳисобу китоб карда мешаванд, ҳамчунин дар ҳолатҳое, ки асъори хориҷӣ предмети мерос мебошад, андозаи боҷи давлатӣ аз асъори миллӣ бо қурби муайянкардаи  Бонки миллии Точикистон, ки дар рӯзи пардохти боҷи давлатӣ амал мекунад, ҳисоб карда мешавад.
  6. Барои анҷом додани амалиётҳои вобастаи  барасмиятдарории асноди ҳолати шаҳрвандӣ боҷи давлатӣ ба андозаҳои зерин ситонида мешавад:

1) барои сабти ақди  никоҳе, ки агар яке аз тарафҳо шаҳрванди хориҷӣ ё шахси бешаҳрванд бошад –   ба андозаи панҷкаратаи нишондиҳанда барои ҳисобҳо; (ҚҶТ аз 19.03.13с.,№947)

2) барои сабт ва додани шаҳодатнома дар бораи бекор кардани никоҳ:

бо розигии зану шавҳар, ки фарзандони ноболиғ надоранд –  ба андозаиякунимкаратаи нишондиҳанда барои ҳисобҳо;

бо қарори суд дар бораи бекор кардани никоҳ – ба андозаи яккаратаи нишондиҳанда барои ҳисобҳо;

бо шахсоне, ки бо тартиби муқарраргардида бедарак ё дар натиҷаи  касалии рӯҳӣ ва ё камақлӣ ғайриқобили амал эътирофшуда, ё бо шахсоне, ки  барои содир намудани ҷиноят ба муддати  на камтар аз се сол маҳкум шудаанд – ба андозаи яккаратаи нишондиҳанда барои ҳисобҳо;

3) барои таҳияи хулоса ва барои додани шаҳодатномаҳо вобаста ба тағйир додан, илова намудан ва барқарор кардани сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар бораи таваллуд, бастани ақди никоҳ, бекор кардани никоҳ, дар бораи вафот – ба андозаи яккаратаи нишондиҳанда барои ҳисобҳо;

4) барои додани шаҳодатномаи такрорӣ дар бораи бақайдгирии асноди ҳолати шаҳрвандӣ –  ба андозаи яккаратаи  нишондиҳанда барои ҳисобҳо.

  1. Барои баррасӣ ва додани ҳуҷҷатҳои соҳиб шудан вобаста ба шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ё баромадан аз шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамчунин рафтан аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ворид шудан ба Ҷумҳурии Тоҷикистон  боҷи давлатӣ ба андозаҳои зерин ситонида мешаванд:

1) барои додани шиносномаи хориҷӣ (умумишаҳрвандӣ) ё дароз намудани мӯҳлати эътибори он –  ба андозаи якунимкаратаи нишондиҳанда барои ҳисобҳо;

2) барои додани раводид ба шаҳрванди хориҷӣ ва шахси бешаҳрванд, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон доимӣ зиндагӣ мекунад, ҷиҳати рафтан аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ё барои дароз намудани мӯҳлати эътибори раводид – ба андозаи яккаратаи нишондиҳанда барои ҳисобҳо;

3) барои ба қайд гирифтани шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон –  25%  аз нишондиҳанда барои ҳисобҳо;

4) барои додан ва дароз намудани мухлатиэътиборираводид бо шиносномаи хориҷӣ ё ҳуҷҷати онро ивазкунанда ба шаҳрванди хориҷӣ ё шахси бешаҳрванд, ки муваққатан ба Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст, барои:

рафтан аз Ҷумҳурии Тоҷикистон – ба андозаичоркаратаи  нишондиҳанда барои ҳисобҳо;

рафтан аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ва минбаъд омадан ба Ҷумҳурии   Тоҷикистон – ба андозаи чоркаратаи нишондиҳанда барои ҳисобҳо;

5) барои додани раводидҳои чандинкаратаи Ҷумҳурии Тоҷикистон   – ба андозаи дукаратаи нишондиҳанда барои ҳисобҳо;

6) барои додани ҳуҷҷат оид ба даъвати шахсон аз дигар давлатҳо ба Ҷумҳурии Тоҷикистон – ба андозаи яккаратаи нишондиҳанда барои ҳисобҳобарои ҳар як даъватшаванда;

7) барои ворид намудани баъзе тағйиротҳо (ба истиснои дароз намудани мӯҳлати эътибори раводид)  ба ҳуҷҷати каблан додашуда барои рафтан аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ва омадан ба Ҷумҳурии Тоҷикистон –  ба андозаи яккаратаи нишондиҳанда барои ҳисобҳо;

8) барои додан ё дароз намудани иҷозатномаи зисти шаҳрванди хориҷӣ ё шахси бешаҳрванд – ба андозаи дукаратаи нишондиҳанда барои ҳисобҳо;

9) барои бақайдгирӣ ё дароз намудани мӯҳлати амали бақайдгирии шиносномаи хориҷӣ ё ҳуҷҷати онро ивазкунанда – ба андозаи яккаратаи нишондиҳанда барои ҳисобҳо;

10) барои ба ивази  шиносномаи хориҷӣ гумшуда ё вайронгардида, раводид, ҳуҷҷати даъват ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, иҷозати зист ё шаҳодатнома барои сафар ба хориҷа додани ҳамин гуна ҳуҷҷат – ба андозаи яккаратаи нишондиҳанда барои ҳисобҳо;

11)  аз ариза ва дархости  ба шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шудан, аз нав кабул кардан ба шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва баромадан аз шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин бо аризаҳо оид ба муайян намудани мансубияти шаҳрвандӣ – ба андозаи дукаратаи  нишондиҳанда барои ҳисобҳо.

  1. Барои барасмиятдарории дигар амалиётҳои дорои аҳамияти ҳуқуқӣ боҷи давлатӣ бо андозаҳои зерин ситонида мешавад:

1)  барои додани шаҳодатномаи ҳуқуқи шикор ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон  –  ба андозаи даҳкаратаи нишондиҳанда барои ҳисобҳо;

2) барои амалиёте, ки  дар биржаҳои тиҷоратӣ, ашёи хом, асъор ва биржаҳои дигар анҷом меёбанд:

аз ҳаҷми аҳди то 500 ҳазор сомонӣ – 0,5 % аз маблағи аҳд;

аз ҳаҷми аҳди аз 500 ҳазор сомонӣ то  1000000 сомонӣ –  0,2 % аз маблағи аҳд;

аз ҳаҷми аҳди зиёда аз 1 млн. сомонӣ –  0,1 % аз маблағи аҳд;

3) барои фурӯхтани ҷои брокер –  0,5 % аз маблағи воқеии аҳди басташуда;

4) барои муомилоти коғазҳои қимматнок:

барои бақайдгирии давлатии барориши қоғазҳои қиматноки ғайридавлатӣ – 0,15% аз ҳаҷми барориши мазкур (ҚҶТ аз 14.05.2016 с., № 1317);

– барои бастани аҳд – 1 сомонӣ аз ҳар 1 ҳазор сомонии аҳди басташуда;

5) барои гузаронидани музояда –  0,2% аз нархи ибтидоии умумии ҳаҷми моле, ки  ба фурӯш гузошта шудааст;

6) барои аҳдҳое, ки дар музояда анҷом меёбанд –  0,1%  аз нархи аҳди басташуда;

7) барои харидани амволи корхонаҳои давлатӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон –  0,5%  аз маблағи амволи харидашаванда;

8) барои гузоридани санчиши бадеии сарватҳои фарҳангӣ – андозаи панҷкаратаи  нишондиҳанда барои ҳисобҳо;

9) барои гузоштани апостил дар ҳуҷҷатҳои расмии мақо-моти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 62,5% аз нишондиҳанда барои ҳисобҳо барои ҳар ҳуҷҷат аз шахсони воқеӣ ва 125% аз нишондиҳанда барои ҳисобҳо барои ҳар ҳуҷҷат аз шахсони ҳуқуқӣ. (ҚҶТ аз 23.11.15 с., № 1247)

 

Моддаи 5. Имтиёзҳои пардохтани боҷҳои давлатӣ

 

  1. Ҳангоми баррасии парвандаҳо дар  судҳои  Ҷумҳурии Тоҷикистон аз пардохти боҷи давлатӣ озод карда мешаванд:

1) шаҳрвандон – аз рӯи даъвоҳои ситонидани маош (таъминоти пулӣ) ва дигар талаботе, ки аз муносибатҳои ҳуқуқи меҳнатӣ бармеоянд;

2) даъвогарон – аз рӯи баҳсҳои муаллифӣ, муаллифон – тибқи даъвое, ки аз ҳуқуқи ҳаммуаллифӣ,  ҳуқуқи ихтироъ, намунаи муфид, намунаҳои саноатӣ, инчунин аз дигар ҳуқуқҳо, ки аз моликияти зеҳнӣ бармеоянд;

3) даъвогарон – аз рӯи даъво дар бораи  ситонидани алимент;

4) даъвогарон – аз рӯи даъвоҳои ҷуброни зараре, ки дар натиҷаи маъюб шудан ё дигар зиён ба саломатӣ, инчунин фавти саробон расонида шудааст;

5) мақомоти суғуртаи иҷтимоӣ ва мақомоти таъмини иҷтимоӣ – аз рӯи даъвоҳои мутақобил (регрессӣ) аз зараррасон  ситонидани маблағи кӯмакпулиҳо  ва нафақа, ки ба ҷабрдида  пардохта шудааст ва мақомоти таъминоти иҷтимоӣ – инчунин аз рӯи даъво дар бораи ситонидани кӯмакпулӣ ва нафақаи нодуруст пардохташуда;

6) даъвогарон – аз рӯи даъвоҳои талофӣ намудани зиёни моддии дар натиҷаи ҷиноят расонидашуда;

7) шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ – барои ба онҳо додани ҳуҷҷатҳои вобаста ба парвандаҳои ҷиноятӣ ва парвандаҳо оид ба ситонидани алимент;

8) тарафҳо – аз  шикояти кассатсионӣ оид ба парвандаи бекор кардани никоҳ;

9) прокурор, мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва дигар мақомот, ки дар ҳолати пешбининамудаи қонун барои ҳифзи манфиати давлат ва ҷамъият муроҷиат мекунад;

10) мақомоти корҳои дохилӣ ҳамчун даъвогар – аз рӯи парвандаҳои ситонидани хароҷот доир ба ҷустуҷӯи шахсоне,  ки аз пардохти алимент ва дигар пардохтҳо саркашӣ мекунанд, инчунин оид ба парвандаҳои ҷуброни хароҷоти иловагӣ ба пешгирии фирори гумонбаршудагон ва айбдоршавандагон, ки дар  маҳбас нигоҳ дошта мешаванд, инчунин кофтукови онҳо  ҳангоми табобати  қасдан расонидани зиён ба саломатии худ;

11) муассисаҳо ва мақомоти  иҷрои ҷазои ҷиноятӣ – тибқи даъвоҳои талофии хароҷоти иловагии вобаста ба пешгирии фирори маҳкумшудагони гумонбаргардида, айбдоршаванда, маҳкумшудагон ба маҳдудият аз озодӣ, ҳабс ё маҳкум аз озодӣ ва кофтукови онҳо, инчунин табобати онҳо ҳангоми ба саломатии худ қасдан расонидани зарар;

12) мақомоти андоз, гумрук ва молия, Агентии давлатии суғуртаи  иҷтимоӣ ва нафақава мақомоти назорати асъор ва содирот  ҳамчун даъвогарону ҷавобгарон  – аз рӯи даъвоҳои ситонидани андозҳо, рӯёнидани кредитҳои давлатӣ ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба  буҷет ва баргардонидани онҳо аз буҷет; (ҚҶТ аз 12.01.10с., №584).

13) мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва дигар мақомоте, ки дар ҳолати пешбиннамудаи қонун барои ҳифзи манфиатҳои давлатию ҷамъиятӣ муроҷиат мекунанд, инчунин шахсони ҳуқуқӣ ва шаҳрвандон, ки дар ҳолати пешбининамудаи қонун барои ҳимояи ҳуқуқи ҳифзкунандаи қонун ва манфиатҳои  шахсони дигар муроҷиат мекунанд – дар сурати қонеъ гардонидани даъвои онҳо;

14)  шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ– ҳангоми ба суд додани ариза дар мавриди батаъхирандозӣ ё дароз намудани мӯҳлати иҷрои қарорҳо  оид ба тағйирёбии тарз ва тартиби иҷрои қарорҳо, барқарорсозии мӯҳлатҳои гузашта, аз нав баррасӣ намудани қарорҳо, таъинот ва қарори суд оид ба ҳолатҳои нав ошкоршуда, дар хусуси аз нав баррасӣ намудани қарори ғоибонаи суде, ки онро баровардааст;

15)  шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ – ҳангоми шикоятҳо ба амалҳои иҷрокунандаи судӣ, инчунин шикоятҳо нисбати карорҳо ба парвандаҳо доир ба ҳуқуқвайронкунии маъмурии аз ҷониби мақомотӣ ваколатдор баровардашуда;

16) шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ –ҳангоми додани шикоятҳои хусусӣ нисбат ба таъиноти суд, аз ҷумла оид ба таъмини даъво ё иваз намудани як навъи таъминот ба таъминоти дигар, оид ба қатъ ё боздоштани парвандаҳо, оид ба рад кардани зиёд ё кам намудани ҳаҷми ҷаримае, ки суд таъин намудааст;

17) шаҳрвандон – аз рӯи  шикоятҳои кассатсионӣ оид ба  парвандаҳои ҷиноятие, ки дурустии ситонидани зарари моддӣ дар натиҷаи ҷиноят расонидашуда  мавриди баҳс қарор гирифтааст;

18) шаҳрвандон – ҳангоми тасдиқи дурустии нусхаҳои ҳуҷҷатҳое, ки барои гирифтани ёрдампулиҳо ва нафақаҳои давлатӣ заруранд; (ҚҶТ аз 23.11.15с., №1248)

19) маъюбон, иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва шахсони ба онҳо баробаркардашуда – аз рӯи даъвоҳои барқароркунии ҳуқуқҳояшон;

20) шаҳрвандон – ҳангоми ба суд пешниҳод намудани ариза оид ба фарзандхондӣ. (ҚҶТ аз 23.11.15с., №1248)

 

  1. Ҳангоми баррасии парвандаҳо дар судҳои иқтисодӣ аз пардохти боҷи давлатӣ озод карда мешаванд:

1) прокурор, мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва дигар мақомоте, ки дар ҳолати пешбининамудаи қонун барои ҳифзи манфиати давлатӣ ва ҷамъиятӣ муроҷиат мекунанд;

2) мақомоти молия, мақомоти андоз, гумрук, Агентии давлатии суғуртаи иҷтимоӣ нафақа ва мақомоти назоратӣ асъор ва содирот,ки ба сифати даъвогару ҷавобгар баромад мекунанд  – аз рӯи даъвоҳои ситондани андозҳо, рӯёнидани кредитҳои давлатӣ ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба  буҷети дахл дор ва баргардонидани онҳо аз буҷети дахлдор, ба истиснои ҳолатҳое, ки мақомоти мазкур тарафе мебошанд, ки пештар ба фоидаи онҳо қарор бароварда нашудааст. (ҚҶТ аз 12.01.10с., №584).

  1. Аз пардохти боҷи давлатӣ дар мақомоте, ки амалиётҳои нотариалиро иҷро мекунанд, озод карда мешаванд:

1) мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва дигар мақомоте, ки дар ҳолатҳои пешбининамудаи қонун – барои анҷом додани амали нотариалӣ барои ҳифзи манфиатҳои давлатӣ ва чамъиятӣ муроҷиат намуданд;

2) шаҳрвандон – ҳангоми тасдиқи дурустии нусхаи ҳуҷҷатҳо, аслӣ будани имзоҳо дар ҳуҷҷатҳо, барои тасдиқи ваколатномаҳо, ки барои  гирифтани нафақа ва кӯмакпулӣ, пешниҳоди имтиёзҳо заруранд, ҳамчунин оид ба парвандаҳои васоят ва фарзандхондӣ; (ҚҶТ аз 23.11.15с., №1248)

3) шаҳрвандон – барои тасдиқи васиятнома ва шартномаҳои тӯҳфаи амвол  ба фоидаи давлат;

4) ворисони то рӯзи меросгирӣ ба  балоғат нарасида,  инчунин шахсони гирифтори бемориҳои рӯҳӣ, ки бо тартиби пешбининамудаи қонунгузорӣ ба онҳо васоят муқаррар гардидааст, ҳангоми гирифтани шаҳодатномаи ҳуқуқи меросгирӣ  дар тамоми ҳолатҳо сарфи назар аз навъи амволи меросӣ;

5) мақомоти молия, андоз ва гумрук барои додани шаҳодатнома дар бораи ҳуқуқи давлат ба мерос; (ҚҶТ аз 12.01.10с., №584).

6) меросхӯроне, ки то рӯзи кушода шудани мерос дар ҳавлии истиқоматӣ ё квартираи меросӣ бо меросгузор якҷоя истиқомат мекарданд ва то рӯзи вафоти меросгузор дар ҳавлии истиқоматӣ ё квартираи меросӣ қайди истиқомат доранд.(ҚҶТ аз 12.01.10с., №586). 

  1. Дар мақомоти бақайдгирии асноди ҳолати шаҳрвандӣ аз пардохти боҷи давлатӣ озод карда мешаванд:

1) мақомоти маориф, васоят ва парасторӣ, комиссия оид ба корҳои ноболиғон – барои додани шаҳодатномаҳои такрории таваллуд оид ба фиристодани кӯдакони ятим ва кӯдакони аз парастории падару модар маҳрумгардида ба хонаҳои кӯдакон ва мактаб – интернатҳо, инчунин шаҳодатнома дар бораи вафоти падару модари ин кӯдакон;

2) шаҳрвандон – барои бақайдгирии давлатӣ ва додани шаҳодатномаҳои дахлдори таваллуд (бо назардошти гузаштани мӯҳлати бақайдгирии таваллуди кӯдак (азнавбарқароркунӣ), вафот, ақди никоҳ (ба истиснои шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд), фарзандхондӣ, муқаррар намудани падарӣ; (ҚҶТ аз 23.11.15с., №1248)

3) шаҳрвандон – барои ба онҳо додани маълумот дар бораи бақайдгирии асноди ҳолати шаҳрвандӣ, ки ҷиҳати пешниҳод ба мақомоти таъминоти иҷтимоӣ заруранд, оид ба масъалаҳои таъин намудан ё аз нав ҳисоб кардани нафақа ва кӯмакпулиҳо;

4) шаҳрвандон – барои ба онҳо додани шаҳодатномаҳои такрорӣ ё иваз намудани шаҳодатномаҳои ба онҳо додашуда оид ба фавти хешовандони сафедкардашуда.

  1. Аз парвандаҳои вобаста ба рафтан аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ва омадан ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, барои додани шиносномаҳои дипломатӣ,  хизматӣ ва дигар ҳуҷҷатҳои ба хориҷа сафар намудан,  шахсони зерин аз пардохти боҷи давлатӣ озод карда мешаванд:

1) шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон – барои додани шиносномаҳои дипломатӣ ва хизматӣ;

2) шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон – барои ба онҳо додани ҳуҷҷатҳои ба хориҷа сафар намудан, агар сафари онҳо ба марг ё зиёрати қабри хешовандони наздик вобаста бошад, инчунин барои додани ҳуҷҷатхои ба  Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват намудани шахсони дар дигар мамлакатҳо истиқоматкунанда, вобаста ба марг ё бемории вазнини хешовандони наздик;

3) хориҷиёне, ки Ҷумҳурии  Тоҷикистон ба онҳо паноҳгоҳи сиёсӣ додааст ва шахсони ба онҳо баробар кардашуда, аъзои оилаи онҳо ва фарзандони онҳо – барои ба онҳо додани ҳуҷҷатҳои сафар ба хориҷа;

4) шаҳрвандони хориҷии муваққатан ба Ҷумҳурии Тоҷикистон омада – барои додан ва дароз намудани иҷозатномаи зист, бақайдгирӣ ва дароз намудани мӯҳлати бақайдгирии шиносномаҳои хориҷӣ ё ҳуҷҷатҳои ивазкунандаи онҳо инчунин барои додани ҳуҷҷатҳо оид ба даъвати дигар шахсон аз дигар мамлакатҳо бо шартҳои мутақобил;

5) шахсони ба синни шонздаҳсолагӣ нарасида – барои ба онҳо додани ҳуҷҷатхои сафар ба хориҷа;

6)  сайёҳони хориҷӣ – барои бақайдгирии шиносномаҳои хориҷӣ;

  1. Аз пардохти боҷи давлатӣ барои бақайдгирии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҳали истиқоматии онҳо,  инчунин барои бақайдгирии шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд, ки бо иҷозатномаи зист дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқомат мекунанд, инҳо озод карда мешаванд:

1) шахсоне, ки дар хона–интернатҳо барои кӯҳансолон ва маъюбон зиндагӣ мекунанд;

2) хонандагони муассисаҳои таълимии барои кӯдакони ятим ва кӯдакони аз парастории падару модар маҳрумгашта ва муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбии дар таъминоти пурраи давлатӣ буда ва  дар хобгоҳҳо  зиндагикунанда.

  1. Барои барасмиятдарории дигар амалиётҳои дорои аҳамияти  ҳуқуқӣ, аз пардохти боҷи давлатӣ озод карда мешаванд:

1) мақомоти ваколатдор – аз рӯи даъвоҳо оид ба ситонидани зарари ба давлат расонидашуда аз ифлос намудани муҳити зист ва ғайриоқилона истифода намудани захираҳои табиӣ;

2) даъвогарон – мақомоти андоз, гумрук, Агентии  давлатии суғуртаи  иҷтимоӣ – аз рӯи даъвоҳо дар хусуси ба буҷет ситонидани маблағҳое, ки аз ҷониби корхонаю ташкилотҳо бо аҳдҳои ғайриқонунӣ гирифта шудаанд, оид ба ситонидан  андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ, ки сари вақт аз тарафи шаҳрвандон супорида нашудаанд, оид ба  барҳам  додани корхона, ё манъ кардани машғулияти фаъолияти соҳибкорӣ; (ҚҶТ аз 12.01.10с., №584).

3) мақомоти ваколатдор –аз рӯи даъвоҳои беэътибор донистан ва бекор намудани аҳдҳо ва ситонидани маблағҳои вобаста ба хусусигардонӣ.

4) мақомоти ваколатдор – аз рӯи даъво оид ба вайронкунии қонунгузории замин;

5) осорхонаҳо, бойгониҳо, китобхонаҳо, хазинаҳо ва дигар маҳфузгоҳҳои давлатии сарватҳои фарҳангие, ки дар ҳолати муваққатан ба намоишгоҳҳо баровардани сарватҳои фарҳангие, ки дар ҳифзи доимии онҳо мебошанд;

6) ансамблҳои давлатии мусиқӣ, мутрибону навозандагон барои соз ва воситаҳои техникие, ки муваққтан барои гастрол бароварда мешавад;

  1. Дар ҳолатҳои бо ташаббуси давлат ҷорӣ гардидани азнавбақайдгирии умумии шахсони ҳуқуқӣ ё ба Оинномаи  (Низомномаи) онҳо ворид  намудани тағйироту иловаҳои барои тамоми шахсони ҳуқуқӣ ҳатмӣ,  шахсони ҳуқуқӣ аз пардохти боҷи давлатӣ озод мебошанд.

 

Моддаи 6. Тартиби пардохт ва баргардонидани боҷи  давлатӣ

 

  1. Боҷи давлатӣ бо асъори миллӣ дар бонкҳо (филиалҳои онҳо), ҳамчунин тавассути интиқоли маблағҳои боҷи давлатӣ аз ҳисоби боҷсупоранда   ба воситаи бонкҳо (филиалҳои онҳо), пардохта мешавад. Қабули боҷи давлатӣ аз ҷониби бонкҳо (филиалҳои онҳо) дар ҳамаи ҳолатҳо бо додани шакли муқарраргардидаи квитансия амалӣ мегардад.
  2. Боҷи давлатӣ пардохта мешавад:

1) аз рӯи парвандаҳое, ки аз тарафи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ мегарданд – то пешниҳод намудани аризаи дахлдор (шикоятҳои, кассатсионӣ ё назоратӣ), ҳамчунин ҳангоми аз тарафи судяҳо  додани нусхаҳои ҳуҷҷатҳо;

2) барои анҷом додани амалиётҳои дорои аҳамияти ҳуқуқӣ дар Вазорати адлияи Ҷумурии Тоҷикистон ва мақомоти он, инчунин мақомоти андоз – ҳангоми бақайдгирии давлатӣ; (ҚҶТ аз 12.01.10с., №586). 

3) барои иҷрои амалиётҳои нотариалӣ – ҳангоми иҷрои амалиётҳои нотариалӣ, барои додани нусхаҳои ҳуҷҷатҳо бошад – ҳангоми супоридани онҳо;

4) барои сабти давлатии санадҳои ҳолати шаҳрвандӣ оид ба ворид намудани ислоҳу тағйирот дар сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ- ҳангоми додани аризаҳои дахлдор;

5) барои додани шаҳодатномаи такрорӣ ва гувоҳнома – ҳангоми додани онҳо;

6) барои сабти давлатии бекоркунии ақди никоҳ аз рӯи ризоияти дутарафаи ҳамсарон, ки фарзандони ноболиғи умумӣ надоранд – ҳангоми сабти санад;

7) барои қайди шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд, ки дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи иҷозатномаи зист истиқомат доранд – то супоридани ҳуҷҷатҳои дахлдор;

8) барои додани шаҳодатномаи ҳуқуқ ба шикор ва шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии соҳибкори инфиродӣ –  то супоридани ҳуҷҷатҳои дахлдор;

9) аз рӯи парвандахое, ки бо соҳиб шудан ба шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё баромадан аз шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин хориҷ шудан аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ва воридшавӣ ба Ҷумхурии Тоҷикистон вобаста аст – то гирифтани ҳуҷҷатҳои дахлдор;

10) аз рӯи амалиётҳое, ки дар биржаҳо, бо коғазҳои қимматнок, ҳангоми харидани амволи корхонаҳои давлатӣ доир мегарданд – ҳангоми иҷро;

11) барои гузаронидани музояда ва гузаронидани экспертизаи сарватҳои фарҳангӣ то гузаронидани он.

  1. Боҷи давлатӣ пурра ба Буҷети давлатӣ ворид карда мешавад. Дастурамал оид ба ҳисоб ва пардохти боҷи давлатӣ, инчунин шаклҳои ҳисоботи мақомоте, ки боҷи давлатиро меситонанд, аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар мувофиқа бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад. (ҚҶТ аз 19.03.13с.,№947)
  2. Боҷи  давлатии пардохташуда дар ҳолатҳои зерин қисман ё пурра баргардонида мешавад:

1) ба андозаи зиёд ворид намудани боҷи  давлатӣ назар ба андозае, ки Қонуни мазкур  муқаррар намудааст;

2) баргардонидан ё рад намудани қабули аризаҳо, шикоятҳо ва ё муроҷиати дигар аз ҷониби судҳо, ҳамчунин рад намудани иҷрои амалиётҳои нотариалӣ аз ҷониби мақомоти ваколатдор;

3) дар ҳолати рад кардани иҷрои амалиёти дорои аҳамияти ҳуқуқӣ ё гирифтани ҳуҷҷат аз ҷониби шахси боҷи давлатиро пардохта то муроҷиат ба мақомоте, ки амалиёти дорои аҳамияти ҳуқуқии мазкурро иҷро менамояд.

4) рад кардани  додани шиносномаи хориҷӣ (умумишаҳрвандӣ).

  1. Агар барои анҷом додани амалиёти дорои аҳамияти ҳуқуқӣ ё додани ҳуҷҷат якбора якчанд шахс муроҷиат намоянд, ки ҳуқуқи имтиёз надоранд, боҷи давлатӣ дар ҳаҷми пурра ва саҳмҳои баробари онҳо бо мувофиқаи тарафҳо супорида мешавад. Дар ҳолате, ки агар дар байни шахсони барои анҷом додани амалиётҳои дорои аҳамияти ҳуқуқӣ ё барои додани ҳуҷҷатҳо муроҷиаткунанда як шахс (якчанд шахс) мутобиқи қонуни мазкур аз пардохти боҷи давлатӣ озод бошад (озод бошанд), пас ҳаҷми боҷи давлатии ба буҷети дахлдор пардохтшаванда мутаносибан  барои шахсони ба имтиёз  ҳуқуқдошта кам карда мешавад ва дар ин ҳолат боҷи давлатиро як шахс (якчанд шахс), ки ҳуқуқ ба имтиёз надорад (надоранд) мепардозад (мепардозанд).
  2. Боҷи давлатии  ба буҷети давлатӣ пардохташуда дар асоси қарори мақомоти  молия, мувофиқи аризаи хаттии боҷсупоранда ва хулосаи мақомоти барои ситонидани боҷ ваколатдор баргардонида мешавад.
  3. Боҷи давлатие, ки  баргардонида мешавад, бояд ба  шахси ҳуқуқӣ ё воқеӣ дар муддати даҳ аз рӯзи қабули қарор дар бораи баргардонидани он аз ҷониби мақомоти дахлдори молиявӣ дода шавад.

 

Моддаи 7. Чораҳои ҷавобгарӣ барои супорандагони боҷи давлатӣ ва назорат оиди дуруст

ҳисоб кардани он

 

Супорандагони боҷи давлатӣ ва  мақомоти ваколатдоре, ки боҷи давлатиро меситонад барои нодуруст ҳисоб кардан ва ба буҷет гузаронидани маблағҳои боҷи давлатӣ мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

 

Моддаи 8. Дар бораи аз эътибор соқит донистани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон

                      «Дар бораи боҷи давлатӣ»

 

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз 6 январи соли 1992 «Дар бораи боҷи давлатӣ» (Ахбори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  с.1992, №2, м.26, с.1993, №9-10, м.138, с.1993, №23-24, м.532, Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  с.1997, №9, м.117, с.1997, №23-24, м.333; с. 2002, №4, қ.1, м. 182, с.2003, №4, м.147)  аз эътибор соқит  дониста шавад.

 

Моддаи 9.  Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур

 

Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

 

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон                 Э.РАҲМОНОВ

 

ш. Душанбе, аз 28 феврали соли 2004,

№19

 

 

 

 

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …