Главная / Гуногун / Бодиринги бо намак хобонидашуда (Солений)

Бодиринги бо намак хобонидашуда (Солений)

Таҷҳизот: ду кастрюли сирдор табақчаи ҷавлӣ, тахтача барои реза кардани сабзавоти хом, корд, қошуқ.

Миқдори масолеҳ: барои як литр об 50 г намак, шибит, кабудӣ 2-3 бандча, 50 г – сирпиёз, 1 дона қаланфури тунд, барги ғор ё олуча – 8-10 дона, бодиринг – 1 кг.

Бодиринги бо намак хобонидашуда

 Рафти иҷрои кор:

Барои намакунӣ бодиринги наву тоза бодирингҳои миёнахелро гирифта ба навъҳо ҷудо карда бо оби хунук мешўянд. Зарфҳо барои намакунӣ, чўбин, Шишагин ва сирдор мешаванд.

Ба зарф баргҳои ғор ё олуча, шибит, кабудӣ, қаланфури тунд, бодиринги шусташударо ва дорувориҳоро мегузоранд. Намакобро алоҳида тайёр мекунанд ва аз дока гузаронида ба болои бодаринг мерезанд. Рўи бодирингро об 3-5 см пўшад, болои онро бо сарпўш маҳкам мекунанд.

Эзоҳ: Агар бодирингро дар зарфҳои шишагин маҳкам кардан хоҳед бодиринро дар мудати 12-14 соат тар мекунанд.

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …