Главная / Илм / Бодинҷон чи хубӣ дорад?

Бодинҷон чи хубӣ дорад?

Бодинҷон —   Инро тоҷикон боқилаҷон низ меноманд, ки аз «баклажан»-и русӣ гирифтаанд. Мурод аз ин дар тиб самари расидаи кабуди бунафштоб ва барроқ (ялаққосӣ)-гаштаи он аст.

Инро барои хӯрдан пухтанӣ бошанд, ба дарозиаш чор тақсим намуда, сӯзан зананд. Ба даруну берунаш намак бимоланд ё монанди пиёз варақ карда, баъд намаксуд намоянд. Онро дар оби хунук ду-се соат тар кунанд, об сиёҳ гардад, обро нав намоянд. Ҳамин тавр обро батакрор нав намоянд, то он ки об дигар сиёҳ нагардад ва тезии он кам шавад. Баъд покиза шуста, бо гӯшти мурғ ё чорпои ҷавон бипазанд ё дар равған бирён кунанду муддате дам карда монанд, то хуб бипазад. Сонӣ бо сирко ё оби анор ва ғайра бихӯранд. Агар бо ин хӯришҳо исгеъмол фармоянд, дар узвҳои

boimjonсурати Бодинҷон

бадан гиреҳҳо пайдо намекунад. Инчунин мумкин аст дар танӯр ё дар қӯри оташ бипазанд. Баъд онро аз пӯст ҷудо карда, намак ва пиёзи реза дохил намуда, каме занҷабил пошида ва камтар ҷурғот андохта бихӯранд. Ё дар об ҷӯш дода, оби онро партофта, баъд пухта, бо хӯришҳои мазкур бихӯранд.

Мизоҷи бодинҷон дар дараҷаи дувум гарм ва хушк аст.

  Хислатҳои шифобахши он: агар инро бихӯранд, меъдаро қувват мебахшад; гиреҳҳоеро, ки ба ғайр аз худаш пайдо карда ба амал омада бошанд, мекушояд, зеро ки худаш ҳам пайдокукандаи гиреҳ дар ҷигар ва сипурз аст, сахтиҳои узвҳои дохилиро мулоим мекунад. Агар инро бо равған бихӯранд, дарунро мулоим месозад ва агар бо сирко бихӯранд, дарунро мебандад, пешобро меронад, инчунин дардҳоеро, ки сабабашон зиёд гаштани гармӣ бошад, таскин медиҳад, арақи баданро хушбӯй мегардонад, дар арақ хун омаданро қатъ мекунад, бадбӯйии каши рон ва зери бағалро дафъ менамояд ва рутубатҳои бегонаро аз бадан хориҷ месозад.

  Вале агар инро бисёр бихӯранд, дардҳои пахлу ва зери ноф, инчунин иллати бавосиро ба амал меоварад, хилти савдоро ҳосил мегардонад. Агар бардавом бихӯравд, ранги рухсорро безеб менамоад, ҷӯшиши пӯст ва шукуфаи пӯстро ба зуҳур меоварад; ба иллатҳои бавосир, қулинч ва дарди чашми савдовӣ гирифтор мекунад. Дар ин маврид онро бо гӯштҳо ва равған пухта хӯранд, безарар мегардад.

  Агар инро ба таври гуфтаҳои боло пухта, дар хӯрданаш мудовамат намоянд, меъдаро қувват медиҳад ва иллати таом хӯрда қай карданро ислоҳ мекунад.

  Чун аз тухми пухтагии он 25 грамм обашро гирифта, дар шароб хуб бимоланду бинӯшанд, пешобро равон мекунад.

  Чун ҳангоми бодинҷонро дар об тар кардан об тез ва сиёҳ мегардад, бо ин об чанд мартаба дасту поҳои арақинро бишӯянд, қатъи арақ кардани онҳо менамояд.

  Чун бодинҷонро сӯхта, хокистарашро бо сирко хамир карда, ба озахҳо бимоланд, онҳоро хушк карда мерезонад.

  Чун дунболаи онро дар соя хушк намуда, маҳин ос карда, баъди мавзеъро бо равғани бодоми талх чарб кардан ба бавосир ва дигар варамҳо бипошанд, фоида дорад.

  Чун боимҷонҳои кучакро дар андак обе ва каме намак андохта бипазанду фишурда оби онро бигиранд ва бо ҳамвазни он равғани зайтун бо оташи мулоим биҷӯшонанд, то об бухор шаваду равған бимонад. Ин равғанро рӯзона бар озахҳо бимоланд ва шаб суфли онро, ки баъд аз фишурда обашро гирифтан мондааст, ба озах гузошта банданд, онро хушк карда меафтонад. Агар ба ҷойи равғани зайтун равғани зағирро дар ин амал ба кор баранд, барои тарқидан ва варамҳои асаб, инчунин ба сармозадагӣ муфид мебошад.

  Чун бодинҷони зардшударо бо тухмаш то муҳарро шудан бипазанд ва баъд тухми онро маҳин ос карда, бо мумравған даромехта, ба тарқишҳои миёни ангупггон ва пошнаи по бимоланд, дарҳол сиҳат мегардонад.

  Чун даруни бодинҷони зардшударо холӣ карда, ковокии онро аз равғани каду пур намуда, дар зери оташи танӯри нимгарм муддати як рӯз бигузоранд, баъд равғанро бароварда, нимгарм дар гӯш чаконанд, дарди ин узвро дафъ мекунад. Агар ба ин равған косабарги гулашро кӯфта изофа намоянд, барои бавосир давои бемисл хоҳад гашт.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …