Главная / Ҷуғрофия / Бод / Шамол

Бод / Шамол

Сабабҳои пайдоши бод (Шамол). Ҳаво шаффоф ва беабр аст, мавҷуд будани онро аз ҳаракати ҳаво – бод ҳис мекунем, Ҳаво ҳеҳ гоҳ ором нест. Ҳаракати уфуқии ҳаворо бод меноманд.

Сабаби ҳаракати уфуқии ҳаво нобаробарии фишори атмосферӣ дар мавзеъҳои гуногуни сатҳи Замин мебошад. Нобаробарии фишор дар навбати худ ба гуногунии дараҷаи гарм ё хунук шуданн сатҳи Замин ва ҳавои болои он вобаста аст. Агар хаҷми баробари хавои ба дараҷаи гуногун гармшударо муқоиса кунем, маълум мегардад, ки ҳавои хунук нисбат ба ҳавои гарм вазнинтар буда, зичиаш ҳам зиёд мешавад. Ҳавои гарм бошад, монанди дигар ҷисмҳои гарм васеъ шуда, зичиаш нисбатан кам ва вазнаш сабуктар мегардад.

Тавре ки кайд шуд, ҳавои ҳар хел гармшуда зичии гуногун дорад. Ин сабаби гуногун будани фишори атмосферӣ мешавад. Ҳаво аз маҳали фишори баланд ба маҳали фишори паст, яъне аз ҳавои зичтар ба тарафи тунуктар ҳаракат мекунад. Аз ин мебарояд, ки сабаби ҳаракати ҳаво дар нобаробар гарм шудаии ҳаво аст, ки дар натиҷаи он дар байни ду маҳал фарқи фишор ба вуҷуд омада, бод мевазад.

shamol

Мушоҳидахо нишон медиҳанд, ки хушкӣ тез гарм ва хунук мешавад. Об бошад, азбаски гармигунҷоишаш зиёд аст ва мунтазам омехта мешавад, суст гарм мешавад ва гармии худро нисбат ба хушкӣ муддати дароз нигоҳ медорад.

Рӯзона хушкӣ нисбат ба об бештар метафсад, ҳавои аз он гармшуда васеъ метавад, зичиаш кам шуда, боло мебарояд. Аз ҳамин сабаб фишор дар хушкӣ паст мешавад. Ҳавои нисбатан хунуку зичи сатҳи даре, кӯл, баҳр ба ҷои фишораш паст, яьне ба хушкӣ равона аст. Насими рӯз (бахр, дарё ва кӯл) ана ҳамин тавр оа вуҷуд меояд.

Шабона, баръакс, хушкӣ нисбат ба об зудтар хунук мешавад. Ҳавои аз он хунукшуда фишурдаю зичтар мегардад. Дар як вақт дар он маҳале, ки ҳаво аз он ҷо ҳаракат мекунад, фишор паст мешавад. Ҳаво аз маҳали фишори баланд (хушкӣ) ба ҷой камфишор ҳаракат мекунад. Ҳамин тавр, насими щабона ҳосил мешавад, ки аз хушкӣ ба сӯи дарё, кӯл ва баҳр мевазад. Фарқи фишор ҳар қадар зиёд бошад, суръати бод ҳамон кадар зиёд мегардад (Оё пагоҳии барвақт, вақте ки Офтоб акнун ба гарм кардани сатҳи хушкӣ cap мекунаду оби сатҳи баҳр, кӯл, дарё хунук аст, бод пайдо мешавад? Ҷавобатонро шарҳ дихед).

Бояд ҳис карда бошед, ки бод мунтазам навазида, гоҳ суст мешавад ва гоҳ шиддат меёбад. Одатан. сатҳи Замин ноҳамвор буда, аз пастию баландихо иборат аст, хавои ҳаракат кардаистода (бод) дар ноҳамвориҳо соиш мехӯрад, дар он шиддатёбй ва сустшавии суръати бод ва оромӣ ба вуҷуд меояд.

Бодҳои мақаллӣ. Дар маҳалҳои ҳамвору кушоди Тоҷикистон дар фасли зимистон бодҳои шимоли шарқӣ ва тобистон бодҳои ҷануби ғарбй ва ғарбӣ бештар мевазанд.

Бод дар марзи Тоҷикистон бо номҳои гуногун маълум аст. Дар маҳалҳои кӯҳсори ҷумҳурӣ боди кӯҳию водии шабонарӯзӣ  хос аст, ки дар натиҷаи нобаробар гарм ва хунукшавии кӯҳ ва водӣ ба вуҷуд меояд. Ин бод рӯзона аз водӣ ба тарафи кӯҳ ва шабона аз кӯҳ ба сӯи водӣ мевазад. Боди рӯзона нисбатан гарм буда, боди шабона мӯътадил, баъзан салқин мешавад.

Дар қисми ҷанубии Тоҷикистон боди гарм ва хушкӣ ’’афғон” маълум аст. Ин бод аз биёбонҳои Туркманистон вазида, чанги бисёр меорад.

Яке аз маҳалҳои сершамоли Тоҷикистон дар марзи вилояти Суғд (қисми ғарбии водии Фарғона) бо номн “Дарвозаи Хӯҷанд” маълум аст. Дар ин ҷо қаторкӯҳҳои Туркистон ҷануб) ва кӯҳҳои Қурамаю Мевагул (аз шимол) ба ҳам хещ наздик шуда, водии бараш 8-9 км пайдо шудаасг. Дар сурате ки дар шарқи Қӯканд (Ҷумҳурии Ӯзбекистон), дар қисмата шарқии дашти Мирзочӯл ҳаво дим ва осоре аз бод нест ё бе суръати суст мевазад. ҳангоми аз “Дарвоза” гузаштани об суръаташ меафзояд. Ғайр аз ин аксар вақт дар дашти Мирзочӯл дар тобистон нисбат ба водии Фаргона фишори ҳаво паст аст.

Бодҳои мавсимӣ (муссонҳо). Дар натиҷаи фарқи фишор| байни хушкӣ ва баҳр, ки аз нобаробар гарм ва хунукшавия онҳо ба вуҷуд меояд, бодҳои мавсимӣ мевазанд. Бодҳои мавсимӣ тобистон аз баҳру уқёнус ба тарафи хушкӣ ва зимистон аз хушкӣ ба сӯи баҳру уқёнус мевазанд.

Бодҳои мавсимӣ дар тропосфера дар фазои ниҳоят фаррохи садҳо ва ҳазорҳо километр, масалан, дар ҳудуди Уқёнуси Ород ва Евросиё пайдо мешаванд. Зимистон ҳавои болои қисмати шарқии материк хеле хунук мешавад, фишор баланд мегардад ҳаво ба сӯи уқснус, яъне ба ҷои бсиггар гарми ором ва камфишо| ҳаракат мекунад. Тобистон бодҳои мавсимӣ аз баҳру уқёнус ба хушкӣ мевазанд. Бинобар ин обу ҳавои абрнок, серборон да| зимистон, обу ҳавои хушк, беабр дар тобистон бештар аст (Аз харитаи Осиё мамлакати иқлими бодҳои мавсимӣ доштаро ё ( Онро шарҳ диҳед).

Бодҳои мавсимӣ ба иқлим таъсири зиёд доранд. Дар ма Русия бодҳои мавсимй дар Шарқи Дур мушоҳида мешавад. Тобистон дар он ҷо ҳавои боронӣ хос аст. Зимистони хунук, беабр ва хушк мебошад.

Муайян карданн самт ва суръати бод. Самт ва суръати бод тағйирёбанда аст. Аз кадом тарафе, ки бод вазад, хамон тараф самти бод ҳисоб меёбад. Чунончи, агар бод аз шарқ вазад, боди шарқӣ мегӯянд.

Суръати бодро бо асбоби анемометр чен карда, бо метр дар сония ё ки бо километр дар соат ифода мекунанд. Aгар суръати бод 6 метр/сония бошад, ин чунин маънӣ дорад, суръати он дар як сония 6 метр будааст. Қувваи бодро бо балл (аз фаронсавӣ, маънояш кура аст) ифода мекунанд. Чунончӣ arap суръати бод 1-1.5 метр дар як сония бошад (дуди аз дудбаро баромада ба тарафе майл кунад) – 1 балл. суръати бод 2- 3 метр дар сония бошад (шибир-шибири баргҳо шунида шавад) – 2 балл, суръати бод 4-5 метр дар сония бошад (шохчаҳои дарахт ҷунбад) 3 балл, боди мӯътадили суръаташ 6-8 метр дар сония (шохчаҳои дарахт ҷунбад ва шамол чангро барад) – 4 балл, суръати бод 9-10 метр дар сония (танаҳои на он қадар ғафси дарахт ҷунбад) бошад – 6 балл, суръати бод 13-15 метр дар сония (шохҳои ғафси дарахт ҷунбад) бошад – 7 балл мегӯянд ва ғайра.

Умуман, кувваи бод бо системаи 12-балла чен карда мешавад. Дар стансияхои метеорологй самт ва суръати бодро ба воситаи боднамо (флюгер). кура-ҳавопаймо мушоҳида менамоянд. Бо анемометр суръати бодро аниқ чен мекунанд.

Дар давраҳои пеш, вақте ки асбоб набуд, самт ва қувваи бодро бо аломатҳои маҳаллӣ: аз рӯи хамшавии дарахтон, дуди дудбаро, чангҳои ҳаво ифода менамуданд.

Дар ҳар маҳал боди ҳукмрон (боди худи) ҳаст. Дар бораи ин бодҳо аз рӯи ҷадвале, ки даҷараи бодҳо (хати ҳаракати бод) меноманд, хулоса баровардан мумкин аст. Онро ин тавр тартиб медиҳанд. Хатҳои Ш-Ҷ. Ғ-Ш (шарқ)-ро бояд кашид. Шартан қабул карда мешавад, ки ягон пораи он, масалан. 0,5 см. ба як рӯз баробар аст. Ҳисоб мекунанд, ки дар ин моҳ чанд рӯз бод аз шарқ, аз шимоли шарқ, аз ғарб ва ҳамаи дигар самтҳо вазид. Дар хати самтҳои дахлдор миқдори рӯзҳои боди ин самтҳоро аз марказ чудо карда, нуқта мегузоранд. Масалан, боди шимолӣ дар давоми чор рӯз вазида бошад, он гоҳ дар хати “аз шимол” 2 см (0,5 cm х 4), arap боди ғарбй се рӯз вазида бошад, дар хати “аз ғарб” 1,5 см ҷудо карда мешавад. Дар марказ доирача кашида, миқдори рӯзҳои оромии ҳаворо дар он менависанд.

Аҳамияти бод. Ҳаво доимо дар ҳаракат аст. Бодҳо рутубати баҳру уқснусҳоро ба дохили материк меоранд. Бодҳои доимй сабабгори асосии пайдоиши ҷараёнҳои баҳрӣ буда, ба ҷойивазкунии оби баҳру уқёнус мусоидат мекунанд.

Қувваи бодро инсон аз замонхои қадим инҷониб истифода мебарад.; Одамон садҳо сол пеш осиёбӣ бодӣ месохтанд, аз киштиҳои бодбондор истифода мекарданд. Дар вақти хозира ба воситаи мутахаррикхои бодӣ барои махалхои хурди аҳолинишин қувваи барқ ҳосил мекунанд.

Бод сабабгори бадбахтиҳо низ шуда метавонад: туфонҳо  дар хушкӣ харобиҳои зиёд меоранд; ҳангоми тӯфон дар баҳру уқёнусҳо киштиҳо ғарқ мешаванд, обхезиҳои калонтарии, ки онҳоро омадани оби баҳр боис шудааст, ноҳияҳои назди соҳилро хароб мекунанд.

Дар шароити Тоҷикистон ҷиҳатҳои манфии бод чунинанд: камшавии нами заминҳои кишт, бодлесии хок, регкӯчӣ ва дар» ҳаво зиёд шудани чанг.

Савол ва супорши

  1. Бод чист? Сабаби асосии пайдоиши он чист?
  2. Кадом бодҳои маҳалиро медонед ва маҳалҳои онҳоро аз хар Тоҷикистон нишон диҳед. Бигӯед, ки кадоме аз бодҳо дар ҳама маҳалҳои кӯҳсор мевазад ва сабаби пайдоиши он чист?
  3. Нақшаи пайдоиши насими шабонаро дар соҳили дарё кашед.
  4. Дар кадом маврид бод сахт мевазад: а) фишор дар хушкӣ 758 мм, дар баҳр 670 мм, б) фишор дар хушкӣ 750 мм, дар кӯл 755 мм. Дар мавриди якум ва дуюм бод чӣ хел мевазад?
  5. Мувофиқи мушоҳидаҳоятон хати ҳаракати бод (шачара)-ро барои яке аз моҳҳо тартиб диҳед. Дар ин моҳ кадом бод бештар мевазад?
  6. Дар мисоли маҳалатон дар бораи аҳамият ва ҷиҳатҳои манфии бод нақл кунед.

Инчунин кобед

sol-mertvogo-morya

ХОНДАНИ НАҚШАИ МАҲАЛ ВА ХАРИТАИ ГЕОГРАФӢ

Шумо медонед, ки нақшаи маҳал ва харита намунаи хурдкардаи сатҳи Замин мебошанд. Онҳо аз якдигар …