Главная / Илм / Бобунаи говчашм чи хел дору аст?

Бобунаи говчашм чи хел дору аст?

Бобунаи говчашм (русс. Гербера) —   Ин гиёҳ аз ҷинси бобуна аст, вале гулаш нисбат ба гули бобуна хеле калон асг. Дар гирди маркази гулаш гулбаргҳои сафед монанди парра ҷойгир шудаанд ва миёнаҷойи гул зарди бахмалӣ мебошад. Баргаш ба барги кашниз монанд асг, таъмаш андаке ба талхӣ моил. Мизоҷаш дар дараҷаи севум гарм ва дар дувум хушк аст.

bobunai-govchashm-300x289Хислатҳои шифобахши он: агар инро биёшоманд, баданро гарм мекунад, моддаҳои ғализ ва варамҳои дохилиро таҳлил медиҳад, гиреҳи ҷигар ва даҳани рагҳоро мекушояд, хуни дар хичак шахшударо ба тахдил мебарад, варами мақъадро мегардонад; пешоб, арақ ва хуни ҳайзро равон месозад, бачаи занҳои ҳомиларо аз шикам меафтонад, санги гурда ва хичакро майда карда мерезонад, бар зидци заҳрҳо ва заҳрнокшавӣ тарёқ мешавад; барои дарди хичак, варами сипурз, истисқо, қароқури меъда, қулинҷ (варам ва дарди рӯдаи ғафс) ва фуромадани об ба кисаҳои хояҳо нафъ дорад. Агар инро бо сиканҷабин (сиркоасал) ва ё бо намак бихӯранд, моддаҳои савдо ва балғамро аз бадан хориҷ мегардонад. Чун бо зарпечак низ бардавом бихӯранд, савдо ва балғамро меронад.

Гули тарашро бибӯянд, хоб меоварад, вале агар бисёр ва бардавом бибӯянд, хоболуд мекунад. Агар инро дар об ҷӯшонида, он обро бинӯшанд ё чун чой дам карда биёшоманд, пирони бехобро хоб меоварад.

Модоме ки бо сиканҷабин ё бо намак бихӯранд, савдо ва балғамро дафъ мекунад, барои молихулиё, ваҳшат (тарсончакӣ) ва саръ нафъ дорад. Агар ҳар рӯз  4,5 грамм решаи хушки онро кӯфта, бо обе, ки дар он фовониё (заячья капуста) ҷӯшонида шуда бошад, то сӣ рӯз биёшоманд, иллати саръро ҳатман шифо мебахшад. Инчунин ҳар рӯз 7 грамм аз гули он бо шароби райҳонӣ то 25 рӯз бихӯранд, низ иллати саръро дафъ мекунад.

Гулашро сӯхта, хокистари онро дар чашм бипошанд, обравии онро ислоҳ менамояд. Худи гулашро чун гард маҳин ос карда, монанди сурма ба чашм кашанд, ҳамаи табақаҳои чашмро пурқувват мегардонад, зулмат, яъне торикии чашмро дафъ мекунад ва нури чашмро тез мегардонад; фуромадани зардобро ба даруни гавҳараки чашм, ки чашмро нобино месозад, манъ мекунад ва агар фурамада бошад, дафъ менамояд.

  Гулашро кӯфта, бо асал хамир сохта лесида бихӯранд, дамкӯтаҳӣ, сурфа ва хун қай карданро ба ибро меоварад. Агар 10,5 грамм барги хушкашро кӯфта, бо сиканҷабин ва намак бихӯранд, дамкӯтаҳӣ ва савдои омехта бо сафроро дафъ месозад, рутубати зарарноки ба меъда рехташавандаро пароканда ва хушк мекунад, инчунин хунеро, ки дар меъда шах шуда бошад, мегудозад. 4,5 грамм гули хушки онро кӯфта, бо сиканҷабин биёшоманд, дамкӯтаҳиро нест мекунад; иштиҳоро ба таом бармеангезад, меъдаро хушбӯй мегардонад. Агар 17,5 грамм гули онро кӯфта, бо чой фурӯ баранд, арақ меоварад ва иллати қулинҷро дафъ мекунад.

   Гулашро дар об ҷӯшонида, он обро бо шаҳдоб (асалоб) биёшоманд, пешобро башиддат меронад, хуни дар меъда ва хичак шахшударо мегудозад. Агар онро дар об ҷӯшонида, он обро якҷо бо гулаш биёшоманд, санги гурда ва хичакро майда карда мерезонад, қулинҷро мекушояд. Агар гулашро бо шароб бихӯранд, пешоб ва ҳайзро равон мекунад, бачаи занони ҳомиларо аз шикам меафтонад, оби дар кисаҳои хояҳо ҷамъшударо барҳам медиҳад.

  Занҳое, ки аз омадани ҳайзи худ маҳрум гашта бошанд, гулашро хуб кӯфта, аз таг бардоранд, ҳайзи ононро башиддат ҷорӣ мекунад, бачадони сахтро мулоим ва солим мегардонад ва гиреҳҳои онро мекушояд, инчунин даҳани раги бавосирро низ мекушояд, бачадонро аз чизҳои ғайрй пок менамояд.

  Агар ин гиёҳрю бо гулаш якҷо дар об ҷӯшонида, дар он об занҳо то ноф даромада нишинанд, сахтии бачадонро ба ҳоли солим ислоҳ мекунад. Оби гиёҳи тари инро ба хояҳо, закар ва каши рон бимоланд, пушти камарро (боҳро) қавӣ мегардонад дар ин бобат пуртаъсир аст.

  Дар обе, ки гулҳои ин гиёҳ ҷӯшонида шуда бошад, латтаро тар карда бигузоранд, печиши асабро ислоҳ мекунад, ҷонварони заҳрнок газида бошанд, заҳри онҳоро аз бадан дафъ мекунад. Агар инро бо муми занбӯри асал ва равған даромехта гузошта банданд, варами соқҳои по ва дигар ҷоҳоро мегардонад.

  Ҳар як қисми ин гиёҳро кӯфта, ба сурхбод гузошта банданд, шифо мебахшад, варамҳои гарм ва хунукро таҳдил медиҳад, решҳои хушкро сиҳат месозад, захмҳои хабиса ва ҷароҳати закарро ба ибро меоварад, бавосирро нафъ дорад.

  Гулашро кӯфта гузошта банданд, варамҳои ғализро тахлил медиҳад ва гиреҳҳоро мекушояд.

  Вале агар инро аз ҳад зиёд биёшоманд, дарди сар меоварад, сарро вазнин мекунад. Дар ин ҳолатҳо ё сиканҷабин бихӯранд, ё гули нилуфарро истеъмол намоянд, зиёни ,онро ислоҳ мекунад. Инчунин сари меъдаро суст мегардонад дар ин маврид низ ё бунафша ё сиканҷабин бояд истеъмол фармуд.

  Миқдори як бор хӯрдан аз бобунаи говчашм дар як рӯз то 9 грамм аст. Ба ҷойи бобунаи говчашм юнучқаи зардакро ба кор баранд, раво мебошад.

  Аз ин гиёҳ равған ҳам тайёр мекунанд ба ин тариқ. Дар таносуби 100 грамм гули бобунаи говчашм, 400 грамм равғани зайтун ё равғани кунҷиди нав, гулро дар равған андохта, он шишаро дар офтоб мегузоранд чил рӯз. Баъд полида, равғанро соф карда мегиранд-ҳамин равғани бобунаи говчашм ҳисоб меёбад. Агар инро нимгарм дар гӯш чаконанд, дардҳои даруни онро шифо мебахшад. Агар инро бимоланд, каҷ шудани рӯйро ба ибро меоварад, асабҳои печидаро рост мекунад, масомҳои пӯсти баданро мекушояд, арақ меоварад, варамҳои қисми поёни баданро мегардонад, инчунин он варамҳоро мепазонад, ҷароҳати узвҳои асабониро шифо мебахшад ҳам бихӯранд ва ҳам бимоланд.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …