Главная / Ҷамъият / БОБОИ СУЛТОНАЛӢ

БОБОИ СУЛТОНАЛӢ

Дар доманакӯҳҳои Панҷрӯд ҳамвориҳое ҳастанд, ки он- ҳоро Хирманҷой меноманд. Яке аз хирманҷоҳои кӯҳи Соя Парпод ва хирманҷои кӯҳи Офтобрӯя Сари Даштӣ ном дошт. Ҳар сол дар яке аз ин доманакӯҳҳо колхоз ҷаву гандуми лалмӣ мекорид. Даравгарон ҳосилро даравида оварда, дар ҳамин ҳамвориҳо хирман мекарданд ва хирманкӯбон онро бо аспон ё барзаговон кӯфта, бод дода, ҷаву гандумро аз хасу коҳ ҷудо мекарданд ва дар ҷуволҳо гирифта, кашонда бурда ба анбори колхоз мерехтанд.

Падари модарам бобои Султоналӣ, солҳои бачагии ман масъули хирмани колхоз буданд. Номи падари бобоям Муҳам- мадраҷаб будааст. Ман сари хирман рафтанро дӯст медоштам. Сурудҳои хирманкӯбон хеле форам буд ва ба аспони хирманкӯб савор шудан бароям маъқул.

Хирманкӯбон бо як садои ҳазин «Ҳӯп-ҳӯп, майда-майда кӯб-кӯб»-ро нақарот карда, ягон дубайтии халқиро месарои- данд. Масалан:

Сари сарчашма рафтам ман ба вақте, Ба оби дида бишнондам дарахте. Ҳӯп-ҳӯп, майда-майда кӯб-кӯб, Ҳӯп-ҳӯп, майда-майда кӯб-кӯб. Шамол омад, дарахтам решакан шуд, Мани мискин надорам ҳеч бахте. Ҳӯп-ҳӯп, майда-майда кӯб-кӯб, Ҳӯп-ҳӯп, майда-майда кӯб-кӯб…

Бобоям шеър зиёд медонистанд ва онҳоро бо ҳамин нақарот, бо як оҳанги ҳазин, ба савти хос месароиданд. Ман садои бо- боямро бисёр дӯст медоштам. Ғайр аз ин, худашон шоиртабъ буданд ва мо набераҳоро бо шеъргунаҳои худашон дӯстӣ ме- карданд;

ба бародарам Абдулмаҷид, ки як каме сергӯшт ва ранги пӯсташ сафед буд:

Холахамири бобош, Кулчафатири бобош…

Ба бародари дигарам Абдуҳалим, ки газгӯшт буд:

Қоқи бобош,

Чоқи бобош…

Ба ман, ки ба назарашон гӯё пургӯшт менамудаам: Ғурраи бобош, Тӯраи бобош…

– гуфта шеър мебофтанд, ки ба ман калимаи ғурра таҳқиргуна менамуд ва қаҳр мекардам.

Аз қавли он кас дар китоби «Фолклори диёри Рӯдакӣ» шеъ- ри Сайидои Насафӣ:

Дар дили мо гар намеоӣ, ба чашми мо биё, Аз муҳит андеша дорӣ, бар лаби дарё биё! Хок дар чашмам занад наззора ҳамчун гирдбод, Эй насими пираҳан, аз домани саҳро биё. Синаро чун лола аз доғат чароғон кардаам, Дар чаман баҳри тамошо, эй гули раъно биё…

сабт шудааст.

Аксаран, ҳамроҳи бобоям пирамарде бо номи Бобои Элдӣ хирманкӯбӣ мекард. Ман баъзан ба онҳо хӯрок мебурдам. Боре, вақте ман ба сари хирман ба хирманҷои Сари Даштӣ рафтам, бобоям ба ман фармуданд, ки ба Бобои Элдӣ дастёрӣ кунам ва худашон ба деҳа фуромаданд. Ман бо Бобои Элдӣ то бегоҳ хир- ман кӯфта, пеш аз торикшавӣ нону чой хӯрда, барои хобидан дароз кашидем. Бобои Элдӣ ба ман қисса нақл кард. Афсонаи ӯ пур аз деву аҷина ва саҳнаҳои тарснок буд. Ин деву аҷинаҳо ба қавли ӯ дарёро ҳӯрт мекашиданд. Ҳатто метавонистанд ҳамин хирмани гандуми моро ба як бор хӯрда тамом кунанд. Дар ҳамин асно як садои тақ-тақ баромад, ки ба мо наздик мешуд. Бобои Элдӣ сахт тарсида ба ман:

– Ана аҷина омад, чакманро ба рӯят каш, мон хӯрад, як халта-ду халта мехӯрдагист, мон хӯрад, гум шавад, – гуфта са- рашро бо ҷома пӯшонда, руст шуд. Маро ҳам ки чакманро ба сар кашида будам, ваҳм зер кард. Садо торафт наздик ва баланд мешуд. Ниҳоят ба сари хирман расида қатъ шуд. Мо нафасҳоро дарун кашида қатъ кардем. Як садои хиш-хиш баромад, ки дар зеҳни ман саҳнаи хартумашро монда гандумро кашидани девро эҷод кард.

  • Элдибой! – садои бобом баланд шуд.

Бобои Элдӣ:

  • Э, ин сабил номи маро ҳам медонад, – гуфта пичиррос зад.
  • Бобои Элдӣ, бобом омаданд, бобои Султоналиям, – гуфтам ман чакманро аз рӯям партофта.

Бобом ҳунари дуредгарӣ доштанд. Устохонаи муҷаҳҳаз дош- танд ва аз чӯб табақ ва дигар ашёи зарурии рӯзгорро метаро- шиданд. Дар китоби мактабии мо як шеъри бачагона аз шоири бачагон Убайд Раҷаб оварда шуда буд, ки ин тавр сар мешуд:

Бобои ман Усто Амон, Устои хуби деҳамон. Месозад ӯ ҳар гуна чиз, Сандуқчаву ҷевону миз…

ва аз ҳунари Усто Амон таъриф мекард, ки гӯё дар васфи бобои Султоналиям суруда шуда бошад.

Бобом ду писару се духтар доштанд. Номи тағоҳоям Шод- монбой ва Муртазо, номи модарам Руҳия ва номи холаҳоям Саломат ва Раҷаббибӣ аст, ки аз ин байн холаи азизу меҳрубони ман Саломат ба раҳмати ҳақ пайвастаанд. Худо рӯҳашонро шод ва умри дигаронашонро дароз гардонад! Худи бобои модари- ям соли 1914 таваллуд шуда, 78 сол умр дида, соли 1992 вафот кардаанд. Рӯҳашон шод бод!

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …