Главная / Ҷуғрофия / БО ҲАМ АЛОҚАМАНДИИ ОРГАНИЗМҲО ВА ТАБАҚАҲОИ ЗАМИН

БО ҲАМ АЛОҚАМАНДИИ ОРГАНИЗМҲО ВА ТАБАҚАҲОИ ЗАМИН

Алоқаи мутақобилаи биосфера бо атмосфера. Биосфера ва атмосфера бо ҳамдигар алоқаманд ва вобаста мебошанд. Дар натиҷаи ин алоқамандӣ дар байни биосфера (бо иштироки гармӣ ва нури Офтоб) ва атмосфсра мубодилаи мунтазами унсурҳои гуногун ба амал меояд. Дар ннкишоф ва равиши ин ҳодиса саҳми организмҳои зинда – бактерияҳо, наботот ва ҳайвонот ниҳоят калон аст. Хусусан мубодилаи гази карбонат ва оксиген ба фаъолияти онҳо вобаста мебошад. Наботот ҳангоми фотосинтез (дар растаниҳо бо таъсири рӯшиоӣ аз гази карбонат ва об пайдо шудани моддаҳои органикӣ) гази карбонати атмосфераро фурӯ бурда, аз худ ба атмосфера оксиген хориҷ мекунанд. Оксигени озоде, ки дар атмосфера мавҷуд аст, пурра набототи сабз ҳосил кардаанд.

Ҳайвонот баръакси наботот аз ҳавои атмосфера оксигенро гирифта, аз худ гази карбонатро ба атмосфера медиҳанд. Баъзе намуди бактерияҳо бошанд нитрогени ҳаворо фуру бурда, хокро аз нитроген бой мегардонанд. Дар навбати худ атмосфера аз хунукию гармии аз ҳад зиёд ва нурҳои кӯтоҳмавҷе, ки аз коинот меоянд ва барои организмҳои зинда марговаранд, ҳифз менамояд.

Алоқаи мутақобилаи биосфсра ва литосфера. Қабати аз ҳама болои литосфераро қишри Замин мегӯянд. Он барои организмҳои сатҳи хушкӣ макони ҳаёт ба ҳисоб меравад. Дар як вақт организмҳои биосфера: бактерияҳо, наботот ва ҳайвонот дар ҷараёни бодхӯрдашавӣ иштирок карда, сатҳи Заминро тағйир медиҳанд. Онро бодхӯрдашавии органикӣ меноманд.

Ин ҳодиса чунин ҷараён мегирад: решаи ушна. гулсанг ва дигар намуди наботот аз худ кислота хориҷ менамояяд, ба ҷинси кӯҳй мунтазам таъсир расонда, онро оҳиста-оҳиста вайрон мекунанд. Дар таркиши харсангҳо ва кӯҳҳо, ки чангу хок ҷамъ шудааст, тухми ин ва ё он буттаю дарахтҳо афтида (онҳоро оби борон, бод. паранда, хояндагон оварданашон мумкин аст)у вз он бутта ё дарахт месабзад. Решаи онҳо ҳамчун фона ҷинсҳои кӯҳиро ба пораҳо табдил медиҳанд. Бо иштироки об, бод, пирях ва ғайра онҳо боз ҳам майда шуда, ҷинсҳои ковок (шағал) ва таҳшинро ҳосил мекунанд, Ин заминаи пешакии хокҳосилшавӣ мебошад. Аз боқимондахои наботот ва ҳайвонот низ қабатҳои ҷинсҳои кӯҳӣ ҳосил шудаанд: оҳаксанг ва бӯр. Қабати сланеси сӯзанда, торф ва ангииггсанг бошад аз боқимондаи набототи давраи ниҳоят қадим ҳосил гардидаанд.

Алоқаи мутақобилаи биосфера ва гидросфера. Биосфера тамомн гидросфераро фаро гирифтааст. Гидросфера барои организмҳои обии биосфера (қисме аз наботот ва ҳайвонот) муҳити ҳаёт мебошад. Организмҳо хамаи моддахои ғизоиро аз об мегиранд, Ба таркиби минералии об таъсир мерасонанд. Масалан, марҷон ва нармбаданхо аз оби уқёнус барои сохтани скелет ва садафаки худ бештар калсий мегиранд. Баъди инқироз боқимондаи онҳо дар зери уқёнус таҳшин мешаванд ва ба ҷинси кӯҳӣ табдил меёбанд. Ҷазираҳои марҷонй аз ҳамин гуна тахшинҳо ҳосил шудаанд. Хайвонҳо инчунин дар тозакунии биодогии об фаъолона иштирок мекунанд.

Якто мидий, ки дар масоҳати як метри мураббаъ ҳаёт ба cap мебарад, дар як шабомарӯз 150- 280 метри мукааб зарраҳои минералиро аз худ мегузаронад. Зарраҳои минералии обро таҳшин менамояд. Хусусан тунукобаи уқёнус аз чунин ҷонварони обтозакунанда бой мебошад.

Организмҳо дар доимӣ будани шӯрии оби уқёнус ва гардиши об дар табиат низ роли калон, мебозанд. Аксарияти организмҳо ба шӯрии оби уқёнус мутобиқ шудаанд ва дар ҷойҳое, ки оби он ширин аст (резишгохи дарёҳо), низ ҳаёт мегузаронанд.

Организмҳо барои аз об ғизо гирифтан ҳар сол миқдори зиёди обро ба худ гирифта ва аз худ хориҷ мекунанд. Олимон ҳисоб кардаанд, ки оби дар табиат вуҷуддошта оби аз нав коркардаи организмҳои биосфера мебошад. Оксигене, ки дар оби уқёнус мавҷуд аст, низ маҳсули организмҳо мебошад. Онро обсабзҳо ҳангоми фотосинтез аз худ хориҷ мекунанд.

Хок. Зарраҳои хурди минералҳо ва ҷинсҳои кӯҳиро хок (уфтан нодуруст аст. Онҳо дар ҳамон сурат ба хок табдил меёбанд, ки агар бо боқимондаи наботот ва ҳайвоноте, ки бо ёрии микроорганизмҳо вайрон шудаанд, омехта гарданд. Яъне хок моддаи муштарак мебошад. Он дар натиҷаи бо зарраҳои минералӣ ва зарраҳои ҷинсҳои кӯҳӣ омехта шудани моддаи пӯсида (боқимондаи организмҳо), ки онро гумус мегӯянд. ҳосил шудааст. Иқдим, ҷинсҳои кӯҳӣ, набототу ҳайвонот, релеф, инчунин фаъолияти хоҷагии инсон омилҳои асосии хокҳосилшавй мебошанд.

Ҳосилхезии табиии хок гуногун буда. ба таркибу хосияти хок ва омилҳои хокҳосилкунанда вобаста аст. Ҳосилхезии хок ба миқдори гумус вобаста мебошад. Дар хок гумус (моддаи пӯсида) ҳар калар зиёд бошад. ҳосилхезии он ҳамон қадар баланд аст. Қабати гумус вобаста ба намуди хок аз якчанд сантиметр то 1 то 1.5 метр мешавад. Миқдори гумус дар қабати болои гумусӣ аз даҳҳо хисаи фоиз то 15-18 фоизро ташкил медиҳад; хоки аз ҳама ҳосилхез сиёҳхок мебошад.

Дар таркиби он аз 6-10 то 20 фоиз гумус мавҷуд аст. Хоки қаламрави Тоҷикистонро асосан намудҳои гуногуни хокҳои хокисгарранг ташкил медиҳанд. Онҳо дар шароити иқлими хушк ҳосил шудаанд. Бинобар ин дар таркиби онҳо  миқдори гумус аз 0.8 то 4.5 фоиз тағйир меёбад. Дар таркиби хок ғайр аз моддахои органикй (гумус) ва об инчунин миқдори зиёди бактерияҳо мавҷуданд. Дар як сантиметри мукааби хок 2-3 миллиард бактерия мушоҳида мешавад. Ғайр аз бактерияҳо дар хок организмҳои бисёри якҳуҷайра, решаи наботот, кирмхо. хояндагони майда ва хазандагон вомехӯранд. Ҳамаи онҳо  дар ташаккули хок кӯмак мерасонанд.

Хок яке аз ҷузъҳои табиии муҳити зисти инсон, воситаи асосии инкишофи зироат мебошад. Ҳосилхезии хокро тавассути коркарди дуруст нигоҳ доштан ва ҳатто афзун гардондан мумкин аст. Коркарди нодуруст ва сқилона истифода набурдани хок боиси вайрон шудан. шиддатёбии фарсоиш, шӯрзанй ва пастшавии ҳосилхезии он мегардад.

САВОЛ ВА СУПОРИШ

  1. Организмҳо ба атмосфера чй тавр таъсир мерасонанд?
  2. Гидросфера зери таъсири организмҳо чӣ тавр тағйир меёбад?
  3. Дар қишри Замин бо ёрии организмҳо чй гуна тағйирот ба амал меояд? Чӣ гуна унсури табииро хок мегӯянд?
  4. Дар маҳали шумо бештар кадом намудҳон хок паҳн гардидаанд?
  5. Ҳосилхезии хок ба чй вобаста аст? 7. Гумус чист?

Инчунин кобед

sol-mertvogo-morya

ХОНДАНИ НАҚШАИ МАҲАЛ ВА ХАРИТАИ ГЕОГРАФӢ

Шумо медонед, ки нақшаи маҳал ва харита намунаи хурдкардаи сатҳи Замин мебошанд. Онҳо аз якдигар …