Главная / Илм / БАРНОМАҲОИ СТАНДАРТИИ WINDOWS. ТАҲРИРГАРИ МАТНИИ БЛОКНОТ

БАРНОМАҲОИ СТАНДАРТИИ WINDOWS. ТАҲРИРГАРИ МАТНИИ БЛОКНОТ

Программаҳои стандартӣ. Аслан аз системаҳои оператсионӣ талаб карда намешавад, ки онҳо дар таркиби худ воситаҳои иҷрои масъалаҳои мушаххаси амалиро дошта бошанд. Барои ҳалли чунин масъалаҳо таъминоти программавии амалӣ мавҷуд аст. Вазифаи асосии системаҳои оператсионӣ – таъмини алоқаи байни истифодабаранда, таҷҳизот ва программаҳо ба ҳисоб меравад. Новобаста ба ин, дар таркиби системаи оператсионии Windows маҷмўи маҳдуди программаҳои амалӣ пешбинӣ карда шудаанд, ки онҳо дар ҳалли масъалаҳои оддӣ ва зуд-зуд вохўранда ба таври васеъ истифода бурда мешаванд. Ин гуна программаҳоро замимаҳои стандартии Windows мегўянд.

bloknot-windows

Омўзиши программаҳои стандартии Windows имконият медиҳад, ки азхудкунии воситаҳои программавии махсусгар донидашуда тезонида шавад. Ба программаҳои стандартии Windows таҳриргари матнии Блокнот, таҳриргари графикии Paint, протсессори матнии WordPad, программаи Калкуля тор ва ғайра дохил мешаванд. Файлҳои ин программаҳо дар папкаи Windows маҳфуз буда, ба воситаи Менюи асосии сис-тема ё программаҳои Компютери ман ва Роҳбалад ба кор дароварда мешаванд.

Программаи Блокнот. Программаи Блокнот – таҳриргари матнӣ ба ҳисоб рафта, барои азназаргуза- ронии файлҳои матнии типи .TXT, сохтани ҳуҷҷатҳои на чандон калон ва азхудкунии тугмаҳои клавиатура исти фода бурда мешавад. Ин программаро бо ёрии командаи Менюи асосии система ба кор даровардан мумкин аст:

ПускПрограммы СтандартныеБлокнот

(ОғозПрограммаҳоСтандартӣБлокнот). Равзанаи блок нот дар расми 42 оварда шудааст.

Тарзи дохилкунии матн бо ёрии Блокнот хеле оддӣ аст. Барои дохилкунии матни ягон ҳуҷҷат бештар аз блоки ҳарфӣ-рақамии клавиатура истифода мебаранд. Ҳангоми ба

канори рости равзанаи программа расидани матн, истифо-дабаранда бояд тугмаи Enter -ро пахш намояд. Агар ў хоҳад, ки матн ба таври автоматӣ аз сатр ба сатр гузаронида ша-вад, он гоҳ ў бояд аз командаи менюи равзана Прав-каПеренос по словам (ТаҳрирГузариш аз рўи калимаҳо) истифода барад. Мавқеи дохилкунии символҳои матн дар сатр бо ёрии курсор (аломати ) муайян карда мешавад.

Равзанаи программаи Блокнот Блокнот имконият медиҳад, ки матни ҳуҷҷат ба воситаи танҳо яке аз намудҳои ҳуруфҳо дохил карда шавад. Интихо-би ҳуруф, андоза ва тарзи зоҳиршавии ҳуруф (муқаррарӣ, курсив, ғафс ва ғафсу курсив) бо ёрии командаи менюи равзанаи он ПравкаШрифт (ТаҳрирҲуруф) идора карда мешавад.

Расми 43. Равзанаи робитавии ҳуруф Ҳуҷҷати сохташударо бо ёрии командаи ФайлСохранить как (ФайлСабткунӣ ҳамчун) дар хотира (винчестер ё дискет) нигоҳ доштан мумкин аст (Расми 44). Агар ба файли ҳуҷҷат ном нагузоред, он гоҳ система ба он номи Безымян ный.txt дода, онро дар папкаи Мои документы (Ҳуҷҷатҳои ман) нигоҳ медорад. Номи файл дар майдончаи Имя файла (Номи файл)-и равзанаи робитавии Сохранение (Нигоҳдорӣ) дохил карда мешавад. Пас аз дохилкунии номи файл бояд тугмаи командавии Сохранить (Сабткунӣ)-и равзана пахш карда шавад. Пас аз таҳрирҳои ояндаи файли ҳуҷҷат, барои нигоҳдории он кифоя аст, ки командаи ФайлСохранить (ФайлСабткунӣ) истифода бурда шавад. Барои таҳриркунии матни ҳуҷҷат, шумо бояд такроран ба мавзўи клавиатура (синфи 8) муроҷиат намоед. Агар шумо ҳангоми таҳриркунии матн тугмаи функ-сионалии F5 –ро пахш намоед, он гоҳ дар матни ҳуҷҷататон ба таври автоматӣ таърихи рўз ва вақти ҷорӣ илова карда мешавад. Барои кушодани файли ҳуҷҷат бошад, командаи ФайлОткрыть

(ФайлКушода шавад) хизмат мерасонад.

Расми 44. Равзанаи робитавии сабткунӣ

Саволҳо:

  1. Чӣ гуна программаҳоро программаҳои стандартии Windows меноманд?
  2. Ба программаҳои стандартии Windows кадом программаҳо дохил мешаванд?
  3. Программаи Блокнот барои иҷрокунии кадом вазифаҳо пешбинӣ карда шудааст?
  4. Программаи Блокнотро чӣ тавр ба кор даровардан мумкин аст?
  5. Оё дар матни ҳуҷҷатҳои бо ёрии Блокнот сохташуда ҳуруфҳои гуногунро истифода бурдан мумкин аст?
  1. Барои дар диски винчестер сабт намудани матни ҳуҷҷати бо ёрии Блокнот сохташуда аз кадом команда истифода бурдан лозим аст?

Супориш:

  1. Матни мавзўъро бодиққат хонед, мазмуни мухтасари онро дар дафтар нависед ва онро нақл кунед.
  2. Аз Менюи асосии Windows истифода бурда программаи Блокнотро ба кор дароред ва дар мавзўи «Тоҷикистон ватани ман аст» ба воситаи клавиатура 15 ҷумлаи начандон калонро ба компютер дохил намоед.
  3. Матни дохилкардашударо дар папкаи хусусии худ бо номи Ватан сабт намоед.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …