Главная / Гуногун / БЛОКИ СИСТЕМАВӢ

БЛОКИ СИСТЕМАВӢ

Агар барои шахси навомўз дар назари аввал блоки системавии компютер қисми аз ҳама камаҳамият намояд ҳам, вале маҳз ҳамин қисм қисми ассоситарин ва муҳимтарини компютер ба ҳисоб меравад. Дар блоки системавӣ тамоми таҷҳизоти марказии компютер ҷойгир шудаанд:

  • схемаҳои электроние, ки кори компютерро таъмин ва идора мекунанд микропротсессор, хотираи фаврӣ, платаи асосӣ, контроллёрҳои (назораткунандаҳои) таҷҳизот ва ғайраҳо;
  • блоки таъминотии барқ. Ин блок қувваи барқи аз шабака ба компютер воридшавандаро ба ҷараёни доимии шиддати паст табдил дода, онро ба схемаҳои интегралии компютер мегузаронад;
  • дискдонҳои дискҳои қаиш (дискетҳо) барои сабт ва хондани информатсия дар дискетҳо;
  • дискдонҳои дискҳои ҳаҷман калони магнитӣ (винчестер) ба-рои сабт ва хондани информатсия дар винчестер;
  • таҷҳизоти дигар.

Ба блоки системавии компютери IBM PC таҷҳизоти гуногуни дохилкунӣхориҷкунии информатсияро пайваст ва илова намудан мумкин аст, ки онҳо имкониятҳои функсионалии ин блокро васеъ мегардонанд. Қисми зиёди таҷҳизот ба блоки системавӣ аз берун пайваст карда мешаванд ва номашон низ таҷҳизоти беруна аст:

  • монитор барои дар экран хориҷкунии информатсияи матнӣ ва графикӣ;
  • клавиатура барои дохилкунии командаҳо ва информатсия;
  • принтер барои дар коғаз хориҷкунии информатсияи матнӣ ва графикӣ;
  • муш монипулятор, барои ба таври фаврӣ дохил намудани командаҳо ва идоракунии программаҳо;
  • ҷойстик монипулятор, барои идоракунии бозиҳои компютерӣ;
  • модем барои мубодилаи информатсионии байни компютерҳо, бо ёрии шабакаи телефонӣ;
  • таҷҳизоти дигар.

Ба блоки системавӣ баъзе таҷҳизотро аз дохил илова намудан мумкин аст. Чунин таҷҳизот таҷҳизоти дохилӣ ном доранд:

  • модем ё факсмодем барои мубодилаи информатсионӣ байни компютерҳо бо воситаи шабакаи телефонӣ;
  • дискдонҳо барои компактдискҳо (СDROM) – барои аз CDROM хондани информатсия, тамошои клипҳо ва шунидани суруду мусиқӣ;
  • стример барои нигоҳдории информатсия дар лентаи магнитӣ;
  • картаҳои овозӣ барои сабт ва шунидани садо.

Қайд кардан зарур аст, ки стримерҳо, дискдонҳои CDROM ва ғайраҳо ба мисли модемҳо ва факсмодемҳо дар шакли таҷҳизоти беруна ҳам истеҳсол карда мешаванд. Дар ин маврид албатта нархи онҳо аз шакли дохилиашон қиматтар аст.

Контроллёрҳо схемаҳои электроние, мебошанд, ки онҳо кори таҷҳизоти IBM PCро идора менамоянд. Ҳар як таҷҳизот усули махсуси ба контроллёри худ пайваст шудан-

ро дорад:

  • баъзе таҷҳизот, аз қабили дискдонҳои дискетҳо, клавиатура, муш, монитор ва ғайраҳо ба контроллёрҳои стандартии компютер пайваст карда мешаванд;
  • баъзе таҷҳизоти дигар аз қабили картаҳои овозӣ, баъзе факсмодемҳо ва ғайраҳо бо контроллёрҳои худ дар шакли як платаи ягона сохта мешаванд;
  • таҷҳизоти боқимонда бо контроллёрҳои худ, ки дар блоки системавӣ ҷойгиранд, ба воситаи кабелҳо пайваст карда мешаванд.

Корпуси блоки системавии компютер дар шаклҳои гуногун истеҳсол карда мешавад: рўимизӣ, манора, моноблок ва ғайраҳо. Новобаста аз шакли блоки системавӣ, бояд исти-

фодабаранда ба он хеле эҳтиёткор бошад. Онро бояд дар ҷое гузошт, ки аз зарбу латхурӣ ва ҷунбишҳои ноҷо эмин бошад. Блоки системавиро дар наздикии асбобҳо  гармидиҳанда (батарея, плита, газдон, дарзмол, чойҷўш ва ғайра) ва ҷойҳои намиашон баланд нигоҳ доштан мумкин нест. Ба болои блоки системавӣ принтер, махсусан принтери матрисавиро гузоштан манъ аст. Кабелҳоро, ки дигар таҷҳизотро бо блоки системавӣ пайваст менамоянд, танҳо дар мавриди хомўш будани компютер ҷудо ва пайваст кардан мумкин аст. Дар хонае, ки компютер гузошта шудааст сигор кашидан мумкин нест. Дар як моҳ як маротиба блоки системавиро кушода, чангу ифлосиҳои дар он ғуншударо бо ёрии «чангкашак» тоза намудан лозим аст.

Саволҳо:

  1. Блоки системавии компютер барои иҷрои кадом вазифаҳо хизмат мерасонад?
  2. Кадом таҷҳизот дар дохили блоки системавӣ ҷойгиранд?
  3. Ба блоки системавӣ кадом таҷҳизотро аз берун пайваст кардан мумкин аст?
  4. Ба блоки системавӣ кадом таҷҳизотро аз дохил илова кардан мумкин аст?
  5. Контроллёр гуфта чиро мефаҳмед?
  6. Корпуси блоки системавӣ дар кадом шаклҳо истеҳсол карда мешавад?

Супориш:

  1. Матни мавзўъро бодиққат хонед ва онро нақл кунед.
  2. Корпуси блоки системавии компютератонро аз назар гузаронед ва гўед, ки ба он кадом таҷҳизот пайваст карда шудаанд.
  3. Тарзҳои нигоҳдории блоки системавиро дар синфхонаи компютерӣ номбар кунед.

Инчунин кобед

namoz

Намози иди Рамазон

Хондани намози идонаи моҳи шарифи Рамазон, воҷиб буда беҳтар аз суннат мебошад вале аз фарз поёнтар …