Главная / Илм / БЛОКИ СИСТЕМАВӢ ЧИСТ?

БЛОКИ СИСТЕМАВӢ ЧИСТ?

Яке аз элементҳои асосии компютерҳои фардӣ  блоки системавӣ мебошад, ки дар он таҷҳизоти хондани дискҳо ва қисмҳои дигари компютерҳои фардӣ ҷойгир карда шудааст. Баъзе аз ин блокҳои системавӣ ба намуди амудӣ (вертикалӣ) ва баъзеяшон ба намудӣ уфуқӣ (горизонталӣ) сохта шудаанд. (нигаред ба расм)

­блоки системавии амудӣ, 2­блоки системавии уфуқӣ. Дар расм:

003

  1. Дискдон барои хондани дискетҳо;
  2. Дискдон барои хондани дискҳои CD, VCD, VHS, DVD­дискҳо;
  3. Тугмачаи ба кор омодасозӣ «Включатель»;

  Дар қисмати пушти (паси) блоки системавӣ портҳо мавҷуд мебошанд, ки ба воситаи онҳо блокҳои дигари компютер (клавиатура, монитор, манбаи ҷараён, модем, телефон, муш, пайвасти шабакавӣ, видео, принтер флэш-карта ва ғайраҳо) пайваст (васл) карда мешаванд. Нигаред ба расм.

 

Ҳамаи қисмҳои асосӣ ва судбахши компютер дар дохили блоки системавӣ ҷойгир карда шудаанд.

Вақте ки мо сарпўши блоки системавиро мекушоем, дар он микросхемаҳо ва платаҳоро мебинем. Дар он платаи асосӣ  дилаки компютер мебошад, ки он ба фаъолият намудани қисмҳои дигари компютер хизмат мекунад. Дар ин қисми (плата) якчанд лона вуҷуд дорад, ки ҳар яки онҳо вазифаи гуногунро иҷро менамояд.

Дар ин қисм боз микропротсессор вуҷуд дорад, ки аз микросхемаи махсусе иборат буда, ҳамаи системаи компютерро идора мекунад.

Микропротсессор  майнаи компютер мебошад, ва дар он фармонҳо барои иҷро намудани амалиётҳо таҳия мешаванд. Ба воситаи микропротсессор ҳар як қисми компютер фармонҳоро қабул ё интиқол менамояд.

Суръати кории микропротсессорҳо бо гигагертсҳо (ГГц) муайян карда мешавад. Микропротсессор бо суръати 1-ГГц метавонад дар як сония як миллард тактҳои системавиро иҷро намояд.  Ҳоло  ширкати Intel Core Duo  микропротсессори бо суръати  2.0-ГГц ро истифода баровард аст.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …