Главная / Ҷамъият / БИЁЕД НАМОЗРО БО ТАВОЗУЪ

БИЁЕД НАМОЗРО БО ТАВОЗУЪ

Агар МО ба кору шуғли худ муҳаббату рағбат дошта бошем, онро аз таҳти дил иҷро мекунем. Баъзан чунон саргарми он мешавем, ки ҳатто касе моро фарёд кунад ҳам, овози ӯро намешунавем ва бештар вақт диққат ҳам намедиҳем, ки дар атроф чй ҳодиса руҳ медиҳад. Хушӯъ -дарку фаҳмиши ин чиз аст, ки ҳангоме МО намоз мегузорем, дар ҳузури Аллоҳ Таъоло мебошем. Хушӯъ даст кашидан ва дур гаштан аз ҳамаи кору амал ва фикру хаёли дигар дар вақти намоз ва билкул дода шудан ба намоз мебошад.

Мо ҳангоми дидорбинй аз касе, ки ӯро бениҳоят дӯст медорем, ба зудй ҷудо шудан намехоҳем. Чанд соатеро бо ҳам мегузаронем, вале ҲИС намекунем, ки вақт чй тавр мегузарад. Ҳангоми ҷудой ғамгин шуда, ОҲИ сард кашида мегӯем: “Вақт чй қадар зуд мегузарад”.

Дар вақти сӯҳбат бо касе ба корҳои дигар машғул шудан аз рӯи одоб нест. Магар ҳамин тавр нест? Ҳамчунин ҳангоми сӯҳбат бо Аллоҳ Таъоло, яъне намоз, дар бораи дигар чизҳо фикр кардан ва ба дигар корҳо машғул будан, низ ҳаргиз аз рӯи одоб нест. Вақти намоз набояд ба фикри масъалаҳои марбути кор, мактаб, оила, дӯстон, барномарезии корҳо ва амалҳои ба ҳамин монанд банд гардад. Ба Каъба рӯй оварда МО бояд дилу хуши худро танҳо ба ёди Аллоҳ Таъоло машғул дорем. Дар бораи маънии ояҳои хондашуда фикру андеша кунем, ё дар бораи он фикр кунем, ки МО дар назди Офаридгори коинот қарор дорем. Ин амал маънои изҳори эҳтиром нисбат ба Худовандро дорад. Ҳангоме ки МО дар ҳузури Аллоҳ Таъоло қарор мегирем ва забони МО ба зикру дуо мекунад ва оятҳои нозил кардаи Уро мехонад, дар ин халат набояд дигар масъалаҳо моро нороҳат гардонанд. Агар баъдан Худованд аз МО бипурсад: “Эй бандаи ман, ман бо ту будам, аммо ту бо кӣ будй?” Мо чй ҷавоб хоҳем дод?!

Бинобар ин, МО бояд вақти ҳар намозро чун вохӯрии ду дӯст ва ё чун вақти вохӯрии банда бо Парвардигори худ қабул кунем.

Мо набояд ҳар намозро чун бори гароне дониста, ҳар чӣ зудтар аз он роҳи халосиро ҷӯё гардем, балки онро чун изхори мухаббат ба Худованди худ ва лаҳзаи вохӯрӣ бо у дониста, аз таҳти дил интизори ин вохӯрӣ бошем. Дар ин сурат, иншоаллоҳ, МО ҳолати хушӯъро ба даст оварда метавонем.

Мо намозро шурӯъ намуда, дар бораи бузургии Аллоҳ Таъоло андешида мегӯем: “Аллоҳу Акбар” ва дар назди Аллоҳ Таъоло бандавор ҳозир мегардем. Дар назди Аллоҳ Таъоло бо тавозӯъ дастхоро пеш гузошта рост меистем. Худ оятҳоро хонда, ё чун имом онҳоро хонад, гӯш карда, дар бораи он меандешем, ки чй тавр Аллоҳ Таъоло ба василаи ин оятҳо бо МО сухан мегӯяд. Дар бораи бузургии Аллоҳ Таъоло фикр карда дар пеши Ӯ ҳам шуда, рукӯъро ба ҶО меоварем.

Бо эҳтиром рост шуда, бо тамоми ҳастй Аллоҳ Таъолоро таъзим намуда, саҷда мекунем. Дар ин лахзаҳо ёдовар мешавем, ки дар назди Павардигори худ карор дорем ва мегӯем: “Субҳона раббия-л-аъло” (эй Худованди Бузурги ман, ту аз ҳамаи нуқсонҳо орй мақсуд аз офариниши МО ибодати Аллоҳ Таъоло ва мадҳу ситоиши у мебошад. Мо омода ҳастем, ки ҳама чизи худро баҳри У қурбон кунем. Дигар ракъатҳоро низ бо чунин ҳиссиёт ба ҶО меоварем.

Сипас, дар назди Аллоҳ Таъоло нишаста, эҳтиёҷоти беохири худро назди Худованд иқрор шуда, ба у бо дуохои “Ат-таҳиёт…”, “Аллоҳумма саллй…, “Аллохумма борик…”, “Аллоҳуммағфирлй…” ва “Раббано отино…” муроҷиат мекунем. Бо камоли эхтиром, аз он ки МО ибодати ба Худованди худ писандидаро ба ҶО овардаем, ба одамон ва малоикахои дар тарафи росту чапи худ ҶОЙ дошта салом дода, сипас намозро ба итмом мерасонем.

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …