Главная / Маданият ва санъат / Фазилати аҷибу ғариби «Бисмиллоҳи-р-Раҳмони-р-Раҳим»

Фазилати аҷибу ғариби «Бисмиллоҳи-р-Раҳмони-р-Раҳим»

 

Дар ривояте аз Ибни Мардвайҳ омадааст, ки Расулуллоҳ (с) фармуд: «Бар ман ончунон ояте нозил шудааст, ки ба ғайр аз Ҳазрати Сулаймон бар пайғамбари дигаре нозил нашудааст ва он «Бисмиллоҳи-р-Раҳмони-р-Раҳим» аст».

Ҳазрати Ҷобир (раз) мефармояд: Вақте ки ин оят нозил шуд:

Бисмиллоҳи-р-Раҳмони-р-Раҳим

  1. Абрҳо ба тарафи машриқ рангин шуданд.
  2. Ҳавоҳо сокин гардиданд.
  3. Дарёҳо сокин шуданд.
  4. Ҳайвонот гӯш фаро доданд.
  5. Дар осмонҳо бар шайтонҳо шӯълаҳои оташ андохта шуд.
  6. Худованд ба азаматаш савганд ёд намуд, ки: «Бар ҳар чиз номи ман гирифта шавад, он чиз бобаракат хоҳад шуд».

Дар ҳадисе ворид шудааст, ки: “Ҳар коре, ки бидуни «Бисмиллоҳи-р-Раҳмони-р-Раҳим» оғоз гардад, бебаракат хоҳад буд».

Инчунин кобед

Хушбахт Ҳакимов

Ҳакимов Хушбахт – тарҷумаи ҳол, сурат, видео ва мусиқӣ MP3

Хушбахт Ҳакимов овозхон – сарояндаи тоҷик аст, ки таронаҳояшро дар бораи Ватан, Модар ва дар …