Главная / Ҷуғрофия / БИОСФЕРА

БИОСФЕРА

Робитаи мутақобилаи табиат. Биосфсра аз калимаи юнонии “биос” – ҳаёт, “сфера” – кура гирифта шуда, маънояш табақаи ҳаёт аст. Курашаклӣ на фақат ба биосфера, инчунин ба дигар табақаҳои Замин (атмосфера, литосфера, гидросфера) хос аст. Чунки Замин худ курашакл аст ва табақаҳои болои он ҳам ҳамон шаклро гирифтаанд. Биосфера бошад табақаи махсуси Замин мебошад. Вай ҳамчун пардаи тунук дар сатҳи Замин паҳн гардидааст. Онро табақаи ҳаёт мегӯянд. Дар он ҷо организми зикда ҳаёт ба cap мебарад. Биосфера қисми болоии қишри Замин (лигосфера), тамоми обҳои рӯи Замин ва қисми поёнии атмосфера (тропосфера)-ро дар бар гирифтааст.

биосфера

Организмҳое, ки дар худуди биосфера ҳаёт мегузаронанд, ба муҳити ниҳоят гуногун мутобиқ шудаанд. Бинобар ин организмҳо (мавҷудоти зинда) дар тропосфера дар баландиҳои 25 27 километр, дар Қишри Замин ва каъри уқёнус ба ҳисоби миёна дар чуқурии 2-3 ва 1 -1.5 километр ҳаёт мегузаронанд. Дар минтақаҳои кӯҳӣ то балаидии 6 километр, дар оби уқёнусҳо бошад. то чуқурии 10 -11 километр паҳн гардидаанд. Чунин паҳншавӣ бесабаб нест, чунки организмҳо дар ҳарорати хеле паст аз 0″ ва баланд аз 100 ҳаёт гузаронда метавонанд.

Ба организмҳо микробҳо, наботот ва ҳайвонот дохил мешаванд. Онҳо бо ҳамдигар робитаи наздик доранд ва ҷамоаи организмҳоро ташкил медиҳанд. Ин робита тасодуфан пайдо нашуда, дар мурури асрҳои зиёд ташаккул ёфтааст. Дар ин муддат организмҳо барои дар алоқамандӣ ҳаёт гузарондан мутобиқ шудаанд. Дар дохили ҷамоаи организмҳо наботот хусусият ва аҳамияти хосса доранд. Наботот дар равшании Офтоб гази карбонатро аз ҳаво, моддаҳои ғизоӣ ва обро аз хок мегиранд. Аз моддаҳои ғайриорганикӣ моддаҳои органикӣ ҳосил менамоянд.

Дар ин раванд миқдори зиёди оксигенро аз худ хориҷ мекунанд. Моддаҳои органикие, ки наботот тайёр мекунанд (ғалла, мева, картошка ва ғайра), пеш аз ҳама ғизои инсон мебошанд. Аз оксигене, ки наботот хориҷ мекунанд, мавҷудоти зинда нафас мегиранд. Партовҳо, наботот ва ҳайвоноти фавтидаро микроорганизмҳо вайрон карда, ба моддаи органикии пӯсида табдил медиҳанд. Онҳоро аз сари нав наботот ҳамчун ғизо истифода мебаранд. To он вақте ки дар сатҳи Замин организмҳо вуҷуд доранд, ин алоқамандӣ дар байни онҳо мунтазам давом мекунад.

Паҳн шудани организмҳо дар рӯи Замин. Дар рӯи Замин 500 ҳазор намуди наботот ва аз як миллион зиёдтар намуди ҳайвонот мавҷуд аст. Аммо вобаста ба тақсимоти гармй ва намӣ онҳо дар рӯи Замин нобаробар паҳн гардидаанд. Дар минтақахои қутбӣ, ки ҳаво сард ва хок он қадар хуб ташаккул наёфтааст, ҳар ҷо – ҳар ҷо ушна, гулсанг, обсабзҳо, занбӯруғҳои микроскопй вомехӯранд. Аз ҳайвонот хирси сафед, рӯбоҳи қутбӣ дар Арктика, пингвин, мурғи тӯфон ва парандаҳои мавсимиро дар Антарктида дидан мумкин аст. Дар баҳрҳо ҳам намуди ҳайвонот кам аст. Дар қабати барф ва ях ҳам микроорганизмҳо дида мешаванд. Минтакаҳои мӯътадил нисбат ба минтақаҳои қутбй равшанӣ ва гармии бештар мегиранд. Боришот ҳам зиёд аст. Вале вобаста ба мавқеӣ географӣ, хусусияти релеф, таъсири ҷараёнхои баҳрӣ ва анбӯҳ ҳаво дар қаламрави минтақаҳои мӯътадил (нимкураҳоӣ0

Шимолӣ ва Ҷанубй) иқлим фарқ мекунад. Масалан, дар тундра ҳарорати ҳаво дар зимистон аз 40 пастгар, дар соҳили уқёнусҳо бошад, ба 10° баробар аст. Тобистон кӯтоҳ мебошад. Ҳарорати миёнаи моҳи аз ҳама гарм +10″… +12° -ро ташкил медиҳад. Дар хок моддаҳои пӯсида кам аст. Фаъолияти организмҳо суст мебошад. Наботот аз буттаю гиёҳҳои қадпаст ва ушнаю обсабзҳо иборат буда, намуди ҳайвонот он кадар зиёд нест.

Дар қисми ҷанубии тундра аз ғарб ба шарқ минтақаи бешазор тӯл кашидааст. Аммо дар ин ҷо нисбат ба бешазорҳои минтакакои гарм намудҳои наботот ва ҳайвонот кам аст. Дар дашту биёбонҳои минтакахои мӯътадил намудҳои наботот ва ҳайвонот аз ин ҳам камтар мебошанд.

Дар минтақахои экваторӣ, субэкваторй (назди экватор). тропикӣ ва субтропикӣ (назди тропик) ҳаёти организмҳо ниҳоят фаъол аст. Хусусан микроорганизмҳо ва ҷонварони майда дар мағзи хок фаъолона ҳаёт мегузаронанд. Онҳо  бокимондаи наботот ва ҳайвоноти фавтидаро зуд ба моддаи пӯсида табдил медиҳанд. Наботот дар давоми сол мунтазам месабзанд. Намудхои онҳо ниҳоят гуногунанд. Фақат дар бешаҳои серрутубати экваторӣ зиёда аз 4 ҳазор намуди дарахт месабзад. Аз сабаби он ки дар минтақаҳои гарм наботот (намудҳои растанӣ) фаровонанд, дар ин минтакахо намудҳои гуногуни ҳайвонот хаёт ба cap мебаранд.

Дар қисми  зиёди минтақахои тропикӣ ҳарорат баланд, боришот ниҳоят кам аст. Миқдори боришот дар давоми сол аз 50-150 миллиметр зиёд намешавад. Ин ҷоро биёбон мегӯянд. Биёбони калонтарин Саҳрои Кабир мебошад. Дар ин ҷо наботот дар тарқишҳо ва байни сангҳо месабзанд. Ҳайвонот ҳам кам вомехӯранд.

Ҳамин тавр, вобаста ба гуногунии иқлим наботот ва ҳайвонот дар рӯи Замин нобаробар тақсим шудаанд. Дар он ҷойҳое, ки гармӣ ва намӣ кифоя аст, намудҳои наботот ва ҳайвонот бисёр гуногун ва миқдоран зиёдамд. Баръакс, дар минтақаҳои хунук ва гарми камбориш намудҳои наботот ва ҳайвонот ниҳоят каманд.

Тяъсири инсон ба олями органикй. Инсон ба олами органикӣ таъсири калон мерасонад. Ин дар навбати аввал ба талабот ва фаъолияти хоҷагидории инсон вобаста мебошад. Инсон барои қонеъ гардондани талаботи худ на фақат наботот ва ҳайвоноти маҳали худро истифода мебурд (набототи дастпарвар ва ҳайвоноти хонагию ёбой), инчунин навъҳои нави наботот ва ҳайвонотро аз дигар маҳалҳои рӯи Замин меовард. Масалан, помидор, пахта, картошка, ҷуворимакка, офтобпараст, лӯбиё, тамоку, аз хайвонот сагобӣ ва муши обй, ки дар китъаи Америка парвариш карда мешуданд.

Аввал ба Европа ва дертар ба Осиё оварда шудаанд. Ин намудҳои наботот ва ҳайвонот дар Тоҷикистон ҳам парвариш карда мешаванд. Ин мисол нишон медиҳад, ки инсон яке аз омилҳои асосии паҳншавни наботот ва ҳайвонот дар рӯи Замин мебошад. Дар баробари нн инсон дар хоҷагӣ аз наботот ва ҳайвоноти ёбоӣ низ истифода мебарад. Ин ба он оварда расонд, ки ба бисёр наботот ва ҳайвонот хатари нестшавӣ тахдид карда истодааст. Ҳоло дар рӯи Замин ҳазор намуди ҳайвонот ва 25 ҳазор намуди наботот дучори ин хатар гардидаанд. Барои ҳифзи онҳо дар бисёр мамлакатҳои ҷаҳон мамнӯъгоҳҳо ва боғҳои миляй ташкил карда шудаанд. Шикори ҳайвонот ва буридани дарахтон дар он мавзеъҳо манъ карда шудааст.

Савол ва супориш

  1. Калимаи биосфераро шарҳ диҳед. Оё организмҳо бидуни алоқаи байни ҳамдигар ҳаст ба cap бурда
    метавонанд?
  2. Дар кадом минтақаҳо намудҳои наботот ва ҳайвонот васеь паҳн гардидаанд ва сабаби он чист?
  3. Таъсири инсон ба организмҳо ба чй вобаста аст?
  4. Барои чй ба баъзе намудҳои наботот ва ҳайвонот хатари нестшавӣ таҳдид мекунад?
  5. Барои муҳофизати наботот ва ҳайвонот чӣ гуна тадбирҳо андешида мешаванд?

Инчунин кобед

sol-mertvogo-morya

ХОНДАНИ НАҚШАИ МАҲАЛ ВА ХАРИТАИ ГЕОГРАФӢ

Шумо медонед, ки нақшаи маҳал ва харита намунаи хурдкардаи сатҳи Замин мебошанд. Онҳо аз якдигар …