Главная / Гуногун / БИНӢ ВА УЗВҲОИ МАРБУТ БА ОН- АЪЗОИ ШОММА

БИНӢ ВА УЗВҲОИ МАРБУТ БА ОН- АЪЗОИ ШОММА

Бинӣ яке аз панҷ аъзои ҳисси мо ба шумор меравад. Ин узви шомма мебошад. Дар баробари бӯйҳои хуш, бӯйҳои нохуш низ мавҷуд мебошанд. Таври мисол, ба ёд оред бӯйи тухмдон вайроншударо.

«Қабулкунаки бӯйдо» дар биниямон чандон калон нест. Ҳамагӣ ду майдончаест, ки масоҳаташ ба андозаи тугмаи начандон калон мебошад. Молекулаҳои маводдои бӯйнок ба мижадои ҳискунанда дар тамос шуда, сигналҳои марбутаи асабро, ки ба мағзи cap мераванд, ба тадрик медароранд. Вале ин дамагй як схема аст. Механизми шомма данӯз то ба охир омӯхта нашудааст.

Баъзе одамон ба бӯйдо бисёр дассос мебошанд ва тайи муддати дароз онро фаромӯш карда наметавонанд. Таври мисол, чарчинсозон ва шикорчиён дорой чунин хосият мебошанд.

Инсон дорой ёрирасоне оид ба дарки бӯйдо мебошад. Ин саг аст.

sag_haivon-660x330

Инсон хеле вақт шуда, ки сагро барояш дамчун дарккунандаи бӯйдо интихоб кардааст.

Саг дорой наздик ба миллион ресептор хои  хискунанда мебошад, ки нисбат ба ресепторҳои одам бист маротиба зиёд аст.

Саг ҷинояткорро аз рӯйи изҳо меёбад, бӯйи изи харгӯшҳоро, ки дар алаф боқй гузоштааст, ҳис мекунад. Паррандаро миёни дарахтон ҳис намуда, рост қарор мегирад, маводҳои мухаддирро, ки дар лӯлаҳои металлй пинҳон карда шудааст, пайдо мекунад.

Озодмоҳӣ, хирс ва хуки ваҳшй (ёбой) шояд одами ҳаракат накарда истодаро пайхас накунанд.

Вале агар шамол бӯйро барояшон бирасонад, пас онҳо ҳамон лаҳза одамро ҳис мекунанд.

Озодмоҳй «бӯйи оби азизаш»-ро фаромӯш намекунад, аз уқёнус ба маҷрои хурдакаки дарё ва ё ягон навъ чашма шино мекунад. Зеро ки он дар он до аз тухмиҳо ба вуҷуд омадааст.

Акулаҳо аз дур бӯйи камтарин хуни дар уқёнус мавҷудбударо (як ҳиссаи хун дар мадобили сад миллион ҳиссаи об) ҳис мекунанд.

Муддати дароз чунин мешумориданд, ки паррандаҳо бӯйҳоро ҳис намекунанд. Ҳамакнун маълум гардид, ки паррандаҳо низ бини доранд.

Майнаҳо аз рӯйи бӯй растаниҳое, ки бактерияҳо ва канаҳоро мекушанд, муайян ва онро ба лона мекашонанд.

Каргасҳо бӯйи лошаро хуб ҳис мекунанд. Бӯйро ба лӯлаҳои газ равон карда, дар он ҷое, ки каргазҳо давр мезананд, хориҷшавии газро муайян мекунанд.

Паррандагоне мисли уқоби баҳрӣ, мурғи тӯфон ҳисси шоммаи пешрафта до­ранд.

Бинии карнаймонанди мурғи тӯфон, ки болои нӯлаш қарор дорад, ба вай имконият, ки то ӯ ҳанӯз дар масофаи се километр бӯйи ғизоро ҳис кунад. Уқобҳои баҳрӣ аз бӯйи донаи дом ба масофаи сй километр парвоз мекунанд.

Пурсишҳо

  1. Узви шоммаи мо кадом аст?
  2. Чаро баьзе аз ҳайвонот бӯйро хуб эҳсос мекунанд?
  3. Ҳайвонот ва паррандаҳоеро, ки ҳисси шоммаашон бисёр пешрафта аст, муайян кунед.
  4. Ҳайвонотеро ном баред, ки ҳисси шоммаашон пешрафта мебошад…
Загрузка...

Дар борамон admin

Инчунин кобед

aleksandriya-eskhata-ili-khujand

Обёрӣ дар Аморати Бухоро ва хонии Хуқанд

Дар аморати Бухоро ва хонии Хуқанд корҳои бузургӣ обёрӣ анҷом дода шуданд. Муҳимтарин шабакаҳои обёрии …