Главная / Гуногун / ИМПЕРИЯМ АВСТРО-ВЕНГРИЯ ДАР НИМАИ ДУЮМИ АСРИ XIX – АВВАЛИ АСРИ XX

ИМПЕРИЯМ АВСТРО-ВЕНГРИЯ ДАР НИМАИ ДУЮМИ АСРИ XIX – АВВАЛИ АСРИ XX

Дар империя ба миён омадани иртиҷои сиёсӣ. Чй тавре ки ба шумо маълум аст, инқилоби буржуазии солҳои 1848- 1849 дар империям Австрия шикаст хӯрд. Аз ҳамин сабаб дар он ҷо иртиҷои сахттарини сиёсӣ ҳукмрон гардид. Ҳукумати Бах (1852- 1860) бар зидди ҳаракати миллию озодихоҳй бераҳмона мубориза мебурд. Матбуот ба зери назорати сахт гирифта шуд. Бо иҷозати махсус ва бе иштироки политсия дойр гардонидани гирдиҳамоиҳо манъ карда шуд. Ҳар гуна созмону ташкилотҳои ҷамъиятию сиёсие, ки барои фаъолият аз ҷониби ҳукумат иҷозатнома надоштанд, пароканда карда шуданд. Мамлакат ба 15 мулк тақсим карда шуд, ки ба ҳар кадоми онҳо генералҳои австриягӣ ҳукмронӣ мекарданд.

Идораи иртиҷоии Австрия махсусан дар Венгрия бедодгарй мекард. Хорватия, Словения, заминҳои Сербия ва Руминия аз Венгрия ҷудо карда, ба музофотҳои Австрия табдил дода шуданд. Хорватия бошад, бевосита ба ш. Вена тобеъ карда шуд. Трансилвания худмухтор эълон гардид. Қисмати боқимонлаи Венгрия ба 5 мулк тақсим карда шуд. Дар Венгрия ҳокимияти олӣ ба ихтиёри генерад-губернаторн Австрия гузашт.

Чехия низ ба доми бедодгарй ва таъқиботи оммавй гирифтор шуд. Хабарнигори маъруфи чех Карел Гавличек, ки бар зидди мутдақият мубориза мебурд, бадарга карда шуд. Дар донишгохи Прага дексия хондани исдохотхох Ф. Л. Ригер манъ карда шуд.

Дар ин лавра сиёсати немисикуионии ақаллиятхои миллии империя пурзур шуд. Забоин немисй дар тамоми қаламрави империя давлатй эълон гардид. Коргузории маъмурй, суди ва ҳатто маорифи халқ дар ҳама ҷо боял бо забони немисй сурат мегирифт.

Вазьи иқтисодии империя дар солҳон 50-60 асрн XIX.

 Дар оғози ин давра дар империя суръати ба амал омадани табаддулоти саноатй афзуд. Саноат ба тезй тараққй кард, махсусан баъзе соҳаҳои саноатй вазнин ва сохтани роҳҳои оҳан. Соли 1869 истеҳсоли ангишт 3,5 млн тонна, оҳан 0,7 млн. тонна ва чӯян 0.25 млн тоннаро ташкил намуд. Бекор карда шудани сарҳадҳои дохилин гумрукй имконият дод, ки дар Австрия тиҷорат ҳам тараққй кунад. Ҳаҷми тиҷорати хориҷй низ афзуд. Агар дар соли 1850 он 187 млн гулденро ташкил карда бошад, пас соли 1860 ба 293 млн. гулден расид. Моли асосин содироти империям Австрияро асосан ғалла, чўб ва газвору моҳут ташкил медод.

Дар баробари ин бояд гуфт, ки суръати тараққиёти сармоядорй дар қисматҳои адоҳидаи Австрия як хел набуд. Агар саноати Чехия ва Моравия тараққй карда бошад, пас дар Венгрия, Гали, Хорватия, Словения ва дигар гӯшаю канорҳои империя рушди он хеле суст Сурат мегирифт. Онҳо мисли замони қаблй асосан мулкҳои кишоварзии Австрия буданд. Куллан худи империям Австрия воқеан давлати кишоварзӣ буд.

Вазъи молиявии империям Австрия вазнин буд. Дар буҷаи он хароҷот нисбат ба даромад маблағи ниҳоят калонро ташкил менамуд. Аз ҳамин сабаб қурби арзи австриягй сол то сол пасттар мефаромад.

Ҳаракатн millihio озодихоҳӣ дар Вешрия ва Чехия дар солҳои 50 ва 60 асри XIX. Яке аз роҳбарони ҳаракати миллию озодихоҳии халқи маҷор, яъне вентерҳо Мткач буд. Ў мачорҳо ва халқҳои дигари махчуми империяи Австрияро даъват менамуд, ки ба муқобили истилогарон ба мубориза бархезанд. Барой фаъолияти инқилобиаш Ткач аз тарафи ҳукуматдорони Австрия ба махбас партофта шуд. Баъди дар натиҷаи афв аз ҳабс озод шудан ӯ фаъолияти муборизаи озодихоҳонаи инқилобии худро давом дод. Дар қатори Ткач даххо шахсиятҳои миллим дигари Венгрия ба муборизаи миллию озодихохй бархостанд. Онҳо дар қаламрави Венгрия созмонҳои миллию сиёсии зиёд ташкил намуданд. Барои паст намудани шиддати вазъияти муборизаи миллию озодихоҳӣ дар Венгрия маъмурияти австриягии империя ҳар гуна чораҳо меандешид. Масалан, иҷозат дод, ки дар Венгрия басейм интихобот гузаронида шавад. Баъди интихобот маълум гардид, ки сейми мазкур барои маъмурияти империявй гапдаро пест. Аз ҳамин сабаб он пароканда карда шуд.

Дар Чехия низ муборизаи миллию озодихоҳона суръат мегирифт. Дар ин ҷо ҳам ҳукумати Австрия барои паст гардонидани шиддати вазъият чораҳо андешид. Ҳукумат соли 1860 ба сейми Чехия ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорй дод. Вале мисли пештара забони немисӣ забони давлатй мондан гирифт. Ин чораи ҷузъй ва барои халқи чех беаҳамият ҳаракати миллию озодихоҳиро дар Чехия паст карда натавонист. Чунин ҳолати чамъиятию сиёсӣ дар қаламрави сукунати тамоми халқҳои дигари ғайриавстриягӣ ҳам ба назар мерасид. Дар ин ҳолат ҳукумати Австрия мамлакатро ба тарзи кӯҳна идора карда наметавонист. Барои ҳамин ҳукумати нав бо сардории Шмерлинг (1861  – 1865) хост, ки немисгардонии халқҳои ғайринемисро бо усули конститутсионй иҷро намояд. Ин буд, ки соли 1861 бо номи “Патенти Феврал” Конститутсияи умумиимперии Австрия қабул карда шуд. Он ба парламента дупалатагӣ ҳокимияти қонунгузорй дод конститутсия интихоботро аз рун молу мулк, нобаробар ва дузинагй эълон намуд. Ин констнтутсия ба буржуазия ва ашрофони заминдори Австрия имконият медод, ки дар империя ҳокимияти қонунгузорро дар зери назорати худ дошта бошанд. Аз конститутсияи мазкур халқҳои ғайринемис норозӣ буданд. Аз ин ру сиёсати марказонидаи ҳокимияти давлатӣ ва немисгардонии халқҳои империя комилан шикаст хӯрд.

 Дар чунин шароит вазъияти хориҷии империяи Австрия суст шудан гирифт. Соли 1866 Австрия дар ҷанги зидди Пруссия ба шикаст дучор шуд. Ин ҷанг ҳаракати миллию озодихоҳонаи халқҳои империя ва махсусан халқи Венгрияро боз ҳам пурзӯртар кард. Хавфи барҳам хӯрдани империяи Габбсбургҳои Австрия ба миён омад. Барой ҳамин ҳукумати империявй маҷбур шуд, ки гузашт кунад. Ин ҳукумат соли 1867 бо Венгрия қарордодеро ба имзо расонид, ки мувофиқи он империяи Австрия номи дугона Австро-Венгрияро гирифт. Худи ҳамон сол конститутсияи нав қабул карда шуд. Ин констнтутсия сохти давлатии ҳар ду кисм и ин мамлакатро муқаррар намуд.

Австро-Венгрия давлатӣ нқилобӣ буд. Онро императори Австрия идора мекард. Дар яквақт ӯ шоҳи Венгрия низ ба ҳисоб мерафт. Констнтутсия ба император ҳуқуқхои номаҳдуд дод. Император аъзои палатаҳои болоии парламент (рейхсрат ва сейм)-ро таъйин мекард, дар байни маҷлисҳои парламент қарору амрҳоро интишор менамуд, ки ҳуқуқи қонунро доштанд. Констнтутсия дар назар дошт, ки се вазорат ҳарбй, хориҷӣ ва молия барои ҳар ду қисматҳои империя – Австрия ва Венгрия умумй мебошанд.

Чй тавре, ки мушоҳида намудед, конститутсияи соли 1867-и империяи Австро-Венгрия зиддихалқй ва истибдодй буда, сохти мутлақиятро дар империя нигоҳ медошт. Дар натиҷаи татбиқи ин конститутсня халқҳои ин империя аз зери зулми мустамликавӣ озод нашуданд. Аз ҳамин сабаб ҳаракати миллию озодихоҳии халқҳои мазлуми империяи Австро-Венгрия дар даҳсолаҳои охири асри XIX ва оғози асри XX ҳам давом кард.

Вазън иқтисодии Австро-Венгрия дар даҳсолаҳои охирини асри XIX. Тараққиёти сармоядорй дар қисматҳои гуногуни мамлакат нобаробар буд. Аз чиҳати саноат қисмати нисбатан тараққи карда империя Чехия ба ҳисоб мерафт. Австрия» Шимолй ва Ҷанубй низ аз ин ҷиҳат ба Чехия қариб баробар буд.

Дар тараққиёти саноат Галитсия, Буковина ва як қатор вилоятҳо дигар аз онҳо хеле ақиб монда буданд. Дар солҳои 70-90 Чехия дар саноати чӯянгудозӣ мақоми асосиро ишғол намуд. Дар ин ҷо он вақт 86 фоизи чуяни империя истеҳсол карда мешуд. Сохтмони роҳҳои оҳан низ суръат гирифт. Саноати коркарди маҳсулоти кишоварзӣ ҳам пеш рафт. Истеҳсоли қанд, шароб ва пиво мақоми бештар пайдо намуд. Чехия ба маркази асосии саноати бофандагии империя табдил ёфт. Аз 137 корхонаи бофандагии империя 67-тояш дар Чехия сохта туда буд.

Созишномаи Австро-Венгрияи соли 1867 то дараҷае сабабгори рушди иқтисодии Венгрия гардид. Дар ин ҷо ба истеҳсоли маҳсулоти филизй ва коркарди он қадамҳои аввалин гузоишта шуданд. Ба ин кор истеҳсоли ангишт дар Чехия мусоидат мекард. Вале соҳаи асосии саноати Венгрия хӯрокворй буд. Соли 1898 маҳсулоти ғалладона, шароб, канд ва соҳаҳои дигари хӯрокворӣ 47,3 фоизи истеҳеоли маҳсулоти хӯроквории империяро ташкил менамуд.

Сиёсати хориҷии Австро-Венгрия дар сеяки охирини асри XIX Австрия бисёр мехост, ки интиқоми шикаст дар ҷанги соли 1866-ро аз Пруссия бигирад. Вале бо вуҷуди ин аз Русия тарсида, дар ҷанги дар пешистодаи Пруссия бар зидди Фаронса мавқеи бетарафиро ихтиёр карл. Соли 1873 Австро-Венгрия бо ҳамроҳии Германия ва Русия бо номи “Иттифоқи се император” қарордод ба имзо расонданд. Соли 1876 бошад, бо Русия Созишномаи “Рейх – штат”- ро имзо кард. Он ба Русия имконияг медод, ки бе даҳолати Австро- Венгрия бо Туркия ҷанг кунад. Барой ҷуброни ин бетарафй Австро- Венгрия бояд қисми Хорватия ва баъзе навоҳии назлисарҳадии Боснияро ба даст медаровард. Дар Конгресси байналхалқии Берлин» соли 1878 ба Австро-Венгрия иҷозат дода шуд, ки Босния ва Херсоговинаро истило кунад. Аз ин рӯ, муносибат дар байни Австро-Вешрия ва Русия бад шуд. Ин ҳолат Австро-Венгрияро маҷбур сохт, ки бо Германия наздик шавад. 7 октябри соли 1879 дар байни Австро-Вешрия ва Германия созишномаи махфие ба имзо расид, ки он бар зидди Русия ишаронида шуда буд.

Дар ин давра дар масъалаи Тунис муносибатҳои байни Италия ва Фаронса тезутунд шуданд. Аз ин рӯ, ба иттифоқи Австро-Венгрия ва Германия Италия низ дохил шуд, ки бо ҳамин он ба Иттифоқи Сегона табдил ёфт.

Рушди иқтисодии Австро-Венгрия дар ибтидои асри XX. Дар ин давра рушди иқтисодии Австро-Вешрия ҳануз аз давлатҳои пешқадами сармоядори ақиб монда буд. Сарфи назар аз ин дар навоҳии саноатии мамлакат ва пеш аз ҳама дар Австрияи Ҷанубӣ ва Чехия истеҳсолоти саноатй бо суръати тез марказонида шуда, ширкатҳои инҳисорӣ ба вуҷуд меомаданд. Дар солҳои 1905 – 1912 шумораи корхонаҳои калон зиёда аз ним баробар афзуд, шумораи корхонаҳои саҳҳомй бошад, аз соли 1885 то соли 1910 аз 380 то ба 587 адад расид. Сармоян ин корхонаҳо афзуд. Чунин раванд махсусан дар саноатй кӯҳӣ ба назар мерасид.

Истеҳсоли оҳан ва пӯлод асосан дар дасти 6 иттиҳодияи инҳисорӣ марказонида шуд. Консерни маъдани ҷамъияти ‘Шкода” дар Пдзени Чехия ба яке аз корхонаҳои калонтарини саноатии Европа табдил ёфт. Дигар соҳаҳои истеҳсолоти саноатй ҳам зуд тараққӣ мекарданд ва марказонида мешуданд.

Марказонида шудани сармояи банкй низ ба амал меомад. Дар оғози асри XX сармояи қарзй асосан дар якчанд банки калони Вена марказонида шуда буд: “Банки миллӣ”, “Кредита штадт” ва “Иттиҳоди банкҳои Вена”. Банкҳои бузурги Вена на танҳо саноат, балки кишоварзиро низ ба зери назорати худ дароварда буданд.

Австро-Венгрия ба марҳалаи империализми худ расида, беш аз пеш ба сармояи хориҷӣ тобеъ мешуд. Банкҳои Фаронса, Белгия ва Германия дар шакли вомбарг (заём) ва ё маблағгузорй қариб тамоми мамлакатро фаро гирифта буданд. Вале дар байни ин банкҳо банкҳои Германия Австро-Венгрияро бештар карздор карда буданд. Ин раванд баъди ба итмом расида ни ҷанги Фаронсаю Пруссия суръати зиёдтарро касб намуд.

Ба иқтисодиёти Австро-Венгрия сармояи Фаронса низ таъсири калон дошт, Қисме аз роҳҳои оҳан, тонкой ангишт, корхонаҳои чуянгудозӣ ва заводҳои ’’Шкода” ба сармоядорони Фаронса тааллуқ доштанд.

Вале вобастагии Австро-Венгрия ба сармояи хориҷӣ ба сармоядорони ин мамлакат дар кори сармоягузорй ба соҳаҳои гуногуни саноат, аз он ҷумла, ба саноатй минтақаҳои аз ҷиҳати иқтисодй сусттараққикарда – Галитсия, Хорватия, Словения, Босния ва Ҳерсоговина халал расонда наметавонист.

Пурзуршавин муборизаи миллию озодихоҳӣ дар империяи Австро-Венгрия дар охири асри XIX – аввали асри XX. Дар ин Давра ҳам муборизаи миллию озодихоҳии халқҳои ғайринемиси империяи Австро-Венгрия идома дошт. Ин мубориза, пеш аз ҳама, дар минтақаҳои славянинишин бештар ба назар мерасид. Бо сабаби болоравии муборизаи озодихоҳона дар Чехия ҳукумат маҷбур шуд, ки баъзе гузаштхо кунад. Соли 1880 ҳукумати Австро-Венгрия бо номи “Муросои Вена” қарордодеро ба имзо расонид. Мувофиқи он ҳукумати Бадеии (1895   1897) маҷбур шуд, ки аз Моҳи апрели соли 1897 дар

Чехия забонҳои немисӣ ва чехиро баробарҳукуқ эълон намояд. Ин чора дар қисмати немисии парламенти империя эътирози бузургро ба миён овард. Вакилони мардумй аз ин қисмати парламент талаб карданд, ки Бадени ба истеъфо равад. Ба ҳукумати нав Гауч (1897 – 1900) роҳбарй карда, маҷбур шуд, ки қонуни забонро дар Чехия барҳам диҳад. Акиун дар парламенти Австро – Венгрия қисмати чехии вакилони мардумй эътироз баён мекарданд, ки дар натиҷа парламент ба як мақоми ҳокимияти воқеан корношоям табдил ёфт. Ҳукумати нав бе сардории Карбер (1900- 1904) ташкил ёфт. Ба ӯ ҳам муяссар нашуд, ки муҳодифатҳои зиддиҳукуматиро дар Чехия бартара4 намояд.

Ҳаракати миллию озодихохй дар мулкҳои дигари сукунатт ақалдиятхои миллим мамлакат ҳам давом меёфт, хусусан дар минтақаҳои славяннишини империя.

Маркази сафарбаркунӣ ва мутгаҳидсозии ҳамаи славянҳои ҷанубй Сербия буд. Дар ҳаракати миллию озодхоҳии худ халқҳои Хорватия. Босния ва Херсоговина ба Сербия ҳамчун ба ташаббускори ташкил намудани давлати ягонаи славянҳои ҷанубй нигоҳ мекарданд. Дар Трансилвання ҳаракати озодихоҳӣ (ривоч) равнақ ёфт. Ин мубориза бар зидди шляхтҳои лахй ва ҳукумати Габбсбургҳо, дар Украинаи Закарпат-ба муқобили ашрофонғ мачор ва зулми миллӣ равона карда шуда буд.

Словакия ва Украинаи Закарпат гӯё мустамлика» кишоварзии Венгрия буданд. Доираҳои васеъи аҳолии ин қисмати славянхҳи ҷанубй барон он мекӯшиданд, ки дар мубориза»- якҷояи зидди табақаҳои ҳукмронӣ Австро-Венгрия ба халқи чех наздик шаванд.

Дар Хорватия, ки дар дохили шоҳигарии Венгрия баъди мухториятҳо дошт, буржуазия васеъ намудани мухторияти- Хорватия, маҳдуд кардани ҳудуди заминдории помешики ва ба ҳамаи соҳибони замин додани ҳуқуқи интихоботиро талаб менамуд. Як қисми буржуазиям Хорватия барои ба Сербия наздик шудан ва ташкил кардани давлати ягонаи славянҳои ҷануби баромад мекард.

Тараққиёти иҷтимоию иқтисодй ва сиёсии сарзаминн Полша нобаробар сурат мегирифт. Як қисми он дар якҷоягй бо заминҳои Украинаи Ғарбӣ музофоти Галитсияи империям Австрияро ташкил медод. Галитсия мухторият дошт ва соҳиби сейм» худ ҳам буд. Мардуми поляк ва Украинаи Ғарбӣ аз ҷониби ҳукумати империявии Авегро-Венгрия бераҳмона зулм карда мешуд.

Дар қисмати дигари заминҳои Полша, ки дар ихтиёри Германия буд, заминдорон ва муҳочирони немис деҳқонони полякро аз заминҳояшон маҳрум месохтанд. Саноати вазнини ин минтақа ва махсусан саноати дар Силезия мавҷудбуда мутааллиқи сармоядорони немис буд.

Қисми тараққикардаи заминхои Полша бо номи Шоҳигарии Полша дар зери ҳокимияти Русия буд. Саноати калони Варшава. Лодз. ҳавзаи Домбровский ва инчунин сармояи калони Полша дар рушди иқтисодии Русия мақоми калон пайдо намуд. Буржуазиям Шоҳигарии Полша ба бозори Русия эхтиёҷ дошт. Буржуазия ва заминдорони Полша ба фишори ҳукумати Русия нигоҳ накарда, дар симои он иттифоқчии муборизаи зидди халқи полякро медиданд. Онҳо барон барқарор намудани истиқлолияти мамлакат ва муттаҳидкунии заминхои Полша кўшиш намекарданд. Танҳо барон мухторият и Шоҳигарии Полша ҷидду ҷаҳд ба харҷ медоданду бас. 

Сиёсати хоричин империям Австро-Вешрия дар ибтадои асрн XX.

Сиёсати хориҷии Австро-Венгрия дар ибтидои асри XX сол то сол иртиҷоитар мегардид. Самти асосии сиёсати хориҷиаш дар он давра ба Балкан нигаронида шуда буд. Ба ақидаи доираҳои ҳукмронӣ мамлакат пеши роҳи ҳаракати миллию озодихоҳӣ ва барҳам хӯрдани иперияи Австро-Венгрияро Маҳз ҳамин сиёсат гирифта метавонист.

Иқдоми калони империям Австро-Венгрия барон ишғол кардани Балкан 5 октябри соли 1908 забт иамудани Босния ва Ҳерсоговина буд. Ин иқдом муносибати тезу тунди иттифоқи Русияю Сербияро ба муқобили Австро -Венгрия ба вуҷуд овард. Мубориза дар байни Австро-Венгрия ва Сербия дар давраи ҷангҳои якуму дуюми Балкан (1912- 1913) аз нав авч гирифт. Барой ҳамин Австро-Венгрия ба муқобили Сербия ба ҷанг тайёрй дид, Лекин ин ҷанг ба амал наомад – Австро-Венгрия аз дойр гардонидани он худдорй кард. Дар ин сурат зарур мешуд, ки ба Русия рӯ ба рӯ шавад. Бо сабаби ба муқобили славянхои ҷанубй нигаронида шудани сиёсати балкании Австро-Венгрия муносибати ин давлат бо Русия тезу тунд гардид.

Империяи Австро-Венгрия дар арафаи Ҷанги якуми ҷаҳонӣ. Дар арафаи Ҷанги якуми ҷаҳонӣ дар империяи сермиллати Австро-Венгрия муборизаи миллию озодихоҳонаи халқҳои тобеъ қать нагардид. Ин мубориза баъди ба Австро-Венгрия ҳамроҳ карда шудани Босния ва Ҳерсоговина ва пурзӯршавии зулми австриягй боз ҳам пурзӯртар шуд. Дар ин мубориза славянҳо нисбат ба дигар халқҳо фаъолтар буданд.

Соли 1912 дар империяи Австро-Венгрия бӯхрони шадиди иқтисодӣ ба амал омад. Корхонаҳои зиёди калони саноатй ва муассисахои тиҷоратй хонахароб шуданд. Дар баъзе соҳаҳои саноат истеҳсол маҳдуд гардид. Ҷангҳои Балкан бӯҳрони иқтисодиро дар Авсгро-Венгрия боз ҳам шадидтар гардониданд. Бӯҳрон сатҳи зиндагии мардумро паст кард. Натиҷаи ҳамин буд, ки корпартоии оммавии коргарон ва сафи бекорон афзуд.

Дар арафаи ҷанг ҳаракати оммавии халқ махсусан дар Венгрия пурзӯр шуд. Доираҳои ҳукмронӣ он дар сиёсати таҷовузкоронаи Австрия фаъолона ширкат меварзиданд. Қисмати дигари аҳолй зидди чунин сиёсати зиддихалқии ашрофони ҳукмронӣ Венгрия буд. Ин буд, ки дар солҳои 1911-1913 дар Будапешт ва шаҳру минтақаҳои дигари Венгрия ҳаракатҳои оммавии эътирозии мардум ба амал омаданд.

Сиёсати хориҷии империяи Австро-Венгрия, ки аз бисёр ҷихат ба Германия вобаста буд, беш аз пеш таҷовузкортар мегардид. Роҳбарони Ситоди кулли лашкари Австрия барои хароҷоти ҳарбӣ маблағи калонро тақозо мекарданд.

Империяи Австро-Венгрия дар қатори давлатҳои дигари ду иттифоқи ҳарбӣ ҳамачониба ба ҷанг тайёрй медид. Тирамоҳи соли 1913 дар ин мамлакат бо ризоиятн Берлин ба артиш сафарбаркунии ҷузъй амалй шуд. Моҳи марти соли 1914 ҳукумати Штюргк ҷавобан ба болоравин ҳаракати зиддиҳукуматии коргарй ва оппозитсия рейхсро пароканда намуд. Дар чунин шароити тезу тунд 28 июни соли 1914 дар шаҳри Сараево вориси тахту тоҷи Австро-Венгрия Франс-Фердинанд дар сӯиқасд кушта шуд, ки ин ҳодиса ҳамчун баҳона барои оғози Ҷанги якуми ҷаҳонӣ истифода бурда шуд.

Инчунин кобед

Бахтиёр Иброхимов

Бахтиёр Иброҳимов – Тарҷумаи ҳол, сурат, мусиқӣ – MP3 скачать

Овозхони шоистаи Тоҷикистон Бахтиёр Иброҳимов соли 1972 дар шаҳри Исфара ба дунё омада, яке аз овозхонҳои маъруфи …