Главная / Маданият ва санъат / Биҳишти якум, ки онро Дорулхулд гӯянд

Биҳишти якум, ки онро Дорулхулд гӯянд

Биҳишти якум, ки онро Дорулхулд гӯянд

Расул (с) фармуданд, ки андаруни биҳишт даромадам, ки онро дорулхулд гӯянд ва он аз нуқраи хом аст. Кунгураҳои он баъзе аз ёқути сабз аст. Ва баьзе аз лаьл ва баъзе аз дур чун пеши Ризвон назар кардам, калидҳои бисёр дидам, ки адади он ба ҷуз Худои таъоло дигаре надонад.

Гуфтам, ин калидхо аз барои чист?

Ризвон гуфт: – Ҳар гох, ки яке аз умматони ту бигӯяд, ки “Ло илоҳа илаллоҳу Муҳаммаду-р-расулуллоҳ”, ҳазрати Парвардигор кӯшке аз барои ӯ бино кунад. Ва қуфл бар вай нихад ва калиди он қуфлро ба ман супорад. Чун субҳи қиёмат бидамаду он банда cap аз хоки лаҳад бардорад, ман калиди кӯшк ба вай таслим кунам, то ӯ ба кӯшки худ дарояд.

Дар талаби биҳишт бикӯш, мешояд, ки ӯро талаб кунӣ. Фазои ӯ хуш аст ва ҳавои ӯ дилкаш, сахни ӯ равшан аст ва сохти ӯ гулхан. Ҳамнишинони хилвати ҷонафзои ӯ ҳурон аст. Баҳори ӯ бехазон аст ва рӯзи ӯ бешаб аст, сангрезаи ӯ дурру марҷон аст. Моҳрӯёни хаймаҳои ӯ дилбаронанд, ки касе ба онҳо даст нарасонда аст, пеш аз шумо на аз инсон, на аз ҷин. Дар тани ҳамаи онҳо либосҳои ҳарир аст ва ҳама хоку лойи он ҷо мушку анбар аст.

Расул (с) фармуданд, ки аз Ризвон пурсидам, ки аз ҳоли уммати ман чизе бигӯ, ки чӣ гуна дар бихишт дароянд?

Ризвон гуфт:  Ҳақ таъоло биҳиштро се қисм кардааст. Ду қисм аз они уммати ту ва як қисм аз они дигар умматҳои гузашта. Чун муъминон дар арасоти қиёмат ҳозир оянд, фармон даррасад, ки ҳар киро бар ман ҳаққе бошад, пештар ояд. Касе барнахезад. Бори дувум боз ҳамин фармон  даррасад, гӯянд,  Худовандо бандаро бар холиқ чӣ ҳақ бошад?

Ҷавоб ояд, ки он касоне, ки дар роҳи Худои таъоло гуруснаро нон дода бошанд ва ё ташнаро об додаанд ва он  касоне, ки дар вақти ғазаб хашми худро фурӯ бурдаанд ва гуноҳи гунаҳкоронро авф карда бошанд, бархезанд. Пас ҷамоате равон шаванд ва шитобанд ба сӯи биҳишт.

Малоикаҳо пеши онҳо оянд ва гӯянд, ки мо шуморо ба сӯи биҳишт равон мебинем, чӣ касонед?

Гӯянд, ки мо дар дунё барои ризои Ҳақ таъоло аз моли ҳалоли худ ба дарвешон ва мустаҳиқон хайр кардем.

Малоикаҳо гӯянд, ки биравед ва дароед дар биҳишт.

Пас гӯяндае мегӯяд, ки куҷоянд ахли фазл?

Пас ҷамоате равон шаванд ба сӯи биҳишт, малоикаҳо псш оянд ва гӯянд: – Шумо чӣ касонед?

Гӯянд, ки мо аҳли фазлем.

Гӯянд:  Фазли шумо чӣ буд?

Гӯянд: – Чун бар мо ситам мерафт, сабр мекардем ва чун бар мо бадӣ мерафт аз касе даргузашт менамудем.

Малоикаҳо гӯянд: – Биравед ба хуши ва дароед дар биҳишт.

Баъд аз он боз мунодис нидо кунад, ки куҷоед, аҳли фақр?

Пас, бираванд ҷамоате шитобон ба сӯи биҳишт. Малоикаҳо пеш оянд ва гӯянд, ки шумо чӣ касонед?

Гӯянд: – Мо боз медоштем нафси худро аз гуноҳон.

Малоикаҳо гӯянд: – Биравед ба биҳишт.

Бозгӯяндае гӯяд, ки куҷоед дӯстони Худои таъоло?

Пас бархезанд ҷамоате шитобон ба сӯи биҳишт.

Малоикаҳо пеш оянд ва гӯянд, ки шумо чи касонед?

Гӯянд: – Мо дӯстони Худоем.

Малоикаҳо гӯянд:  – Дӯстии шумо бо Худои таъоло чи гуна буд?

Гӯянд: – Моён ба ризои Худои таъоло якдигареро дӯст  медоштем ва молу ҷони худро бо ризои Худои таъоло фидои  якдигар мекардем.

Малоикаҳо гӯянд, ки биравед ба биҳишт.

Баъд аз он хитоб ба ин тоифа даррасад, ки эй дӯстдоштагони ман, шумо пеш шавед, то дигаронро низ ба туфайли шумо дар биҳишг дарорам.

Ҳама бар сари чашмаи Ризвон раванд. Фармон даррасад, ки дар он ғусл кунанд, чун аз он ҷо берун оянд, рӯйҳои онҳо чун моҳи шаби чаҳордаҳ тобон бошад ва баданҳои онҳо сафеду равшан бошад, чун нуқраи хом. Ва ҳар чӣ дар паси пушт бошад, аз тарафи сина намояд ва занҳоро низ ҳусну ҷамол он чунон шавад, ки ҳурон рашк баранд.

Баъд аз он малоикаҳо дароянд, онҳоро саду бист фавҷ кунанд. Ҳаштод фавҷ уммати ту бошанд ва чиҳил фавҷ умматони пайғамбарони дигар. Баъд аз он ҳамаро ба сӯи биҳишт равон кунанд ва он гоҳ туву уммати туро маълум кунанд ва алам, яъне парчами (байрақи) сафед бар сари мубораки ту барпо кунанд. Он гоҳ бо умматони худ дар зери алам биистед ва дар ақиби Шумо аламҳои пайғамбарони дигар, ҳар як бо умматони худ биистанд ва алами ту аз аламҳои дигарон як ба даҳ баланд бошад.

Дар ин миён меҳтари Ҷабраил ва Микоил ва Исрофил (а), ҳар яке бо табақҳои нур аз ҳазрати Худованд ба истиқболи мӯьминон оянд ва ман низ баробари онҳо бо сад ҳазор бурок ва либосҳои биҳиштӣ ва тоҷҳо ба истиқболи мӯъминон бароям. Баъд аз он аввал бо ту салом кунем ва фариштагон ҳамаро либосҳои гуногун пӯшонанд ва тоҷҳои нур бар cap ниҳанд ва камарбанд аз нур бар миён банданд ва бар буроқҳо савор шаванд ва тахте аз нур биёранд, ки номи он Раф-раф бошад. Ороста ба анвоъи зеварҳо, ки васфи он ба ҷуз Парвардигори ҷаҳон касе надонад. Болои вай ту нишинӣ ва фариштагон онро бар душ, яъне бар китфҳои худ гиранд ва  тоҷе аз нур бар сари мубораки ту ниҳанд ва тахтҳои ҳама анбиё (а) дар ақиби ту бошанд ва Микоил (а) ва дигар аз фариштагон табақхои нур бар сари мӯъминон нисор кунанд. Ва меҳтари Ҷабраил (а) дар пеши буроки ту бошад. Ва парандагони гуногун ба сӯи ту парвоз кунанд. Аз биҳишти анбар сиришт нағмахонон аз ҳар тараф сурудгӯён ва кабӯтарони биҳишт дар ҳавои саҳро бар сари мӯъминон  тараннум бинавозанд ва бар сари ҳама соя карда бираванд. Муқаррабони биҳишт бо илҳони хуш ояти “Қул хуваллоҳу аҳад” бихонанд. Ва нағмаҳои хуш бароранд.

Ҳазрати Одам (а) ва ҷамеъи анбиё он замон зери ливои ту бошанд. Ва ғулғула дар малакут афтад, ки ҳазрати Муҳаммади Мустафо (с) бо аҳли биҳишт дар биҳишт мерасанд. Хурон ва ғилмон бар бомҳои биҳишт бароянд ва фариштагон бар боми арш ба назора биистанд. Дар ҳар бурҷе аз бурҷҳои биҳишт табли хуррамӣ бизананд. Ва дар лашкар аламҳои нур барпо кунанд. Ту бо ҷумлаи мӯьминон дар бихишти анбарсиришт дароӣ. Ба навъе, ки подшоҳон дар дунё будаанд, ҳама гӯянд, ки “Алҳамдулиллоҳ”, ки Худованд рост кард бар мо ваъдаашро.

Расули акрам (с) фармуданд, ки чун ба деворҳои биҳишт назар кардам, хиште аз зар ва хиште аз нуқра ва лойу хоки он аз мушку кофур дидам ва арзи онро Худои таъоло медонад. Чунон соф буд, ки аз берун дарун менамуд. Чун оина акс падид меомад..

Поён назар кардам, замини он аз зар дидам. Ва хоку гили вай аз мушк ва анбар буд. Чун ба ҷониби дасти рост назар кардам, ҳафтод ҳазор гунбади фирӯза бидидам. Чун пештар назар кардам, ҳафтод ҳазор қаср аз марҷон бидидам. Ва ба ҷониби дасти чап назар кардам, ҳафтод ҳазор кӯшк аз каҳрабо дидам. Бузургии ҳар яке семоҳа poҳ буд. Ва дар ҳар гунбад ҳафтод ҳазор дар аз алмос буд ва дар пеши ҳар дар ҳафтод тахт аз зару ёқут буд. Ва бар гирди ҳар тахт ҳафтод курсӣ аз лаълу ёқуг буд. Ва ба гирди ҳар курсӣ ҳафтод хур истода буданд. Ва ба гирди ҳар хур ҳафтод гилмон буд ва ба гирди ҳар гилмон ҳафтод вилдон буданд. Ва бар сари ҳар як тоҷҳо аз марворид, аз зебогии либосҳои онҳо тамоми қасрҳо пурнур шуда буд. Ва аз рӯшноии чеҳраи онҳо дару девор мунаввар гашта буданд.

Чун маро бидиданд, салом карданд ва дафҳои шодӣ бинавохтанд.

Гуфтам: – Худовандо, ин ҳуру қусур, ки мебинам кадом пайғамбаронро медиҳӣ ва чанд ҳазор некбахтонро тақсим мекунӣ?

Нидо омад, ки ё Муҳаммад (а), ин ҳама ва он чӣ ки мебинӣ як гунаҳгор аз осиёни уммати туро медиҳам.

Пайғамбар (с) фармуданд, ки чун ин нидо бишнидам, шодон шудам ва саҷдаи шукр ба ҷой овардам.

Расули акрам (с) фармуданд, ки қасре дидам, ки меваҳои он пухта ва деворҳои он аз зари сурху марворид ва гили он аз мушк буд. Дар ҳар қӯшке ҳафтод ҳазор сарой ва дар ҳар сарой ҳафтод  хона ва дар ҳар хона ҳафтод ҳазор тахт ва бар ҳар тахте хуре мисли офтоб тобон  нишаста буд. Дар нозукӣ чунон буданд, ки агар об мехӯрданд аз гулӯяшон менамуд. Қариби он кӯшк ҷӯйҳои об ва шир ва ангубин ва занҷабил мерафт. Ва канораҳои ҷӯй марворид ва гавҳар рехта буданд. Гиёҳи он аз заьфарон ва дар назди он чӯйҳо дарахтони сабзу азиме cap дарҳаво қад кашида ва болои он дарахтон мурғони хушовоз дидам, ки Худои таъолоро санову мадҳ мегуфтанду бар ман салавот мефиристоданд.

Дар ин биҳишт ҷӯйҳо дидам, ки оби онҳо сафедтар аз шир ва ширинтар аз асал, хушбӯтар аз мушк буд. Бар лаби он ҷӯйҳо хаймаҳо дидам, ки дар он хурон нишаста буданд. Во овози фасеҳ гуфтанд, ки хушо неъматҳои ҷовидонӣ ва саъодати он кас, ки моро сано гуфт. Ва мо онҳоро сано гуфтем.

Гуфтам: – Ё Ҷабраил (а) амино ин хушовоз кистанд?

Ҷабраил (а) гуфт: – Ё Расулаллоҳ, инҳоро мебинед?

Гуфтам: -Оре.

Ҷабраил (а) дарҳои хаймаро боз карду ба он ҷо даромадем. Ҳуроне дидам, ки аз онхо некӯ надида будам.

Гуфтам: – Ё бародар Ҷабраил, он хурон насиби кӣ хоҳанд шуд?

Ҷабраил (а) гуфт: – Ё Расулаллоҳ, инҳо хосса мар туро ва уммати туро бошанд. Ва дидам обе сафедтар аз шир ва ширинтар аз асал ва шаҳд. Бӯяш ҳамчун бӯи мушки холис ва сангрезаи ӯ аз марҷон ва марворид, Хоки ӯ аз мушк ва анбар, гиёҳи ӯ аз заьфарон ва бар лаби ҳар ҷӯйе хаймаҳо буд аз ёқуту забарчад. Ва дар он хаймаҳо хурон нишаста, нидо медоданд, ки мо неъматҳои Худои таьолоем. Дур намешавем харгиз ва мо поку покизаем ва наҷас намешавем ҳаргиз. Мо муаттару хушбӯем ва бадбӯй намешавем ҳаргиз. Хушӣ ва хуррамӣ бод мар касеро, ки насиби мо бошад ва мо насиби ӯ бошем.

Гуфтам: ё Ҷабраил, амин ин чӣ овоз аст, ки аз ин хуштар нашунидаам?

Гуфт: – Ё Расулаллоҳ, онҳо хуронанд, мехоҳӣ бубинӣ?

Гуфтам: – Оре.

Пас кушод Ҷабраил (а) дарҳои хаймаро. Дидам рӯйҳои онҳо  равшантар аз офтоб буд ва мӯйҳои сари онҳо бар рухсора афтода ва гарданҳои онҳо мурассаъ ба ҷавоҳир буд. Дар он ҳуҷраҳо нишаста буданд. Ҳар ҳуреро ҳафгод ҳилия буд, яъне либосҳои нозук, ки соқҳои онҳо менамуданд.

Гуфтам: – Ҳамду сано бод Худоеро, ки чунин неъматҳо офаридааст.   t

Расули акрам (а) фармуданд, ки дар биҳишт ду дарахт дидам. Ва мурғеро дидам сабз, аз ин дарахт бархосг ва бар он дарахт биншаст. Аз он дарахте, ки бархост, он дарахт хушк мешуд ва ин дарахт дар ҳол сабз мешуд. Чанд бор ин аҷоиб дидам.  Аз Ҷабраил (а) пурсидам, ки ин чӣ ҳол аст?

Гуфт: – Ин мисли олимони уммати ту аст, ки бо ту  менамоянд. Он мурғ, ки бар дарахти хушк менишинад, сабз мешавад. Дар ҳар шаҳре, ки олим бошад, чунон ки он дарахт сабз ва ботароват аст, кори мусулмонӣ ба он шаҳр ботароват

ва равнақ шавад. Ҳар кучо, ки ҳузури олиме набошад, мисли

он дарахти хушк бошад, ки ҳукми ҳезуми хушкро дорад ва сӯхтанро шояд.

Эй бародарон ва хоҳарон, пас бояд, ки дӯст доред олимонро, ки хайрияти кор дар ин аст ва худ дар талаби илму дониш бошед, то саодати дунё ва охират насибатон гардад.

Инчунин кобед

Хушбахт Ҳакимов

Ҳакимов Хушбахт – тарҷумаи ҳол, сурат, видео ва мусиқӣ MP3

Хушбахт Ҳакимов овозхон – сарояндаи тоҷик аст, ки таронаҳояшро дар бораи Ватан, Модар ва дар …