Главная / Маданият ва санъат / Биҳишти ҳаштум, ки онро Ҷаннотулфирдавс гӯянд

Биҳишти ҳаштум, ки онро Ҷаннотулфирдавс гӯянд

Биҳишти ҳаштум, ки онро Ҷаннотулфирдавс гӯянд

Пайғамбар (с) фармуданд, ки чун ман ва Ҷабраил (а) ва Ризвон аз биҳишти ҳафтум баромадем, ба биҳишти ҳаштум бирасидем, ки онро ҷаннотулфирдавс гӯянд. Он аз нури Ҷалол аст. Дари он аз қудрат ва кунгураҳои он баъзе аз нур ва баъзе аз ҷавоҳир ва баъзе аз ёқут ва баъзе аз сундус ва баъзе аз марворид ва баъзе аз алмос ва баъзе аз раҳмат аст. Ва бар он навишта шуда аст: “Ло илоҳа илаллоҳу Мухаммаду-р- расулуллоҳ”.

Дар ин биҳишт касоне дароянд, ки аз ҳамаи худоёни ботила мисли бутпарастӣ ва ғайра безор бошанду хосу холис барои Парвардигор ибодат мекарда бошанд ва аз тарси гуноҳони худ доим аз Худо талаби мағфират мекарда бошанд. Ва аз раҳмати Парвардигор умедвор бошанду Аллоҳ таъолоро фармонбардор бошанд.

Пайғамбарон дар ин ҷо дохил шаванд ва бо ҳамроҳии онҳо низ ҳафт тоифа дароянд. Аввал касоне, ки дар намоз бо  шикгастагӣ ва хушӯъ намоз мехонанд. Дувум касоне, ки аз суханони беҳуда дур бошанд. Сеюм закотдиҳандагон. Чаҳорум касоне, ки худро аз зино нигоҳ доранд. Панҷум касоне, ки намози панҷвақтаро дар вақташ гузоранд.

Ҳақ таъоло биҳишти фирдавсро офарида дар он ҷо ҳодимону ғулмон ва вилдону ҳурон офарид. Баьд аз он Ҷабраилу Микоил (а)-ро ваҳӣ кард, ки биравед ба биҳишти фирдавс ва тамошо кунед, ки чӣ гуна сохтем онро барои касоне, ки ризои маро ихтиёр карда, аз нафспарастӣ парҳез кардаанд. Ба фармони воҷиб Таъоло ин ҳар ду биёмаданд ва кӯшкҳо диданд аз ёқут ва ҳар кӯшке чандин дари дутабақа аз забарҷад бар ҳам ниҳода, ки аз он дарҳо боди раҳмат мевазид. Ва ҷӯйҳои шароб ва ширу ангубин дар миёни он бӯстонҳо мерафт. Ҳар ҳуреро чандин гесӯ буд. Ва ҳар гесӯе ба марвориду ёқут бофта ва мар он ҳуронро чандин курта бошад ранг ба ранг. Чун ҳуре аз он ҳурон Ҷабраил ва Микоил (а)-ро бидид, ба рӯи онҳо бихандид, чунон ки аз рӯшноии дандони ӯ ҳама биҳишт банур гардид. Ҷабраил ва Макоил (а) онро бидиданд, cap ба саҷда ниҳоданд, гумон карданд, ки нури таҷаллии Илоҳӣ аст.

Агар як ҷома аз ҷомаҳои ҳурони фирдавсро аз осмон овезанд шаб бошад, чун рӯз равшан шавад ва агар рӯз бошад, офтобро хира гардонад. Ва агар яке аз онҳо ба дунё нигарад, ҳамаи ҷаҳон равшан гардад. Ва агар қатрае аз оби даҳони худ ба дарёи олам андозад, оби дарёҳо аз ангубин ширинтар ва аз мушк хушбуйтар гардад.

Худои таъоло ҳурони ҷаннати фирдавсро аз чаҳор чиз офаридааст: аз мушку кофуру амбару ззъфарон. Чун биҳиштӣ дар рӯи ҳур бингарад, рӯйи худ дар пешонии ӯ бинад ва мӯьмин низ дар биҳишт чунон хушшакл шавад, хи ҳур ҳам рӯи худро дар пешонии ӯ бинад.

Чун биҳиштӣ ҳуреро чандин сол дар бар гирад, вай сер  нашавад, чун ӯро бигузорад, аз вай ҷудо нашавад; дарҳол ба  ҳолати бакорат бозгардад.

Эй мӯъмини биҳиштӣ, ин ҳама неъматҳо аз барои ту сохтаанд. Ҷаҳд кун, то худро маҳрум нагардонӣ. Ба қазои Худои таъоло ризо бош, то ба он каромат бирасӣ.

Эй бор Худоё, моро рӯзӣ гардон ба қазоят ва ба ризоят.

Пайғамбар (с) фармуданд, ки чун андаруни биҳишт даромадам, Идрис (а)-ро дидам. Чун қариби ӯ расидам, шунидам, ки тасбеҳ мегуфт. Маро дида салом кард, ҷавоби ӯ боздодам. Гуфтам, ки ё пайғамбари Худой, бад-ин мақом расидӣ ва талхии ҷон доданро чашидӣ?

Идрис (а) гуфт: – Ё пайғамбари Худой, кошкӣ аз аввали ҷаҳон то охири ҷаҳон талхии ҷон кандани ҳама халоиқ  медидам ва тавфиқи он меёфтам, ки то ба дидори уммати ту мушарраф мегаштам.

Гуфтам: – Сабаби он чист?

Гуфт: – Чун дар биҳишт даромадам, ба ҳар қасре ва кӯшке, ки рӯй овардам ва ба ҳар ҳуре иқбол намудам, маро гуфтанд, ки аз ин ҷо даргузар, ки аз они уммати Муҳаммади Мустафо (с) аст. Баъд аз он дар биҳишт кӯҳе дидам, ки номи ӯро Ҷабалураҳмат гӯянд. Сари вай ба кунгураи Арш расида ва он кӯҳ аз мушку анбар аст. Чандин дар аз нуқраи хом бад-ин кӯх тартиб додаанд.

Гуфтам: – Илоҳо, ин аз кадом Пайғамбар ва ё Сиддиқ аст? Фармон даррасид, ки аз они яке аз умматони Муҳаммади Мустафо (с) аст, ки ду ракаат намози бомдодро боҷамоат бигузорад. Аз он ҷо орзӯ бурдам, ки кошки ман умматони туро медидам ва дар пайравии онҳо мекӯшидам.

Идрис (а) пай-амбаре аст, ки дар ҳолати ҳаёташ ба осмон рафта буд ва дар биҳишт даромад ва щоло ӯ дар биҳишт аст ва ӯ дар осмон талхии ҷон доданро чашид ва боз ба қудрати Илоҳи зинда шуд ва то рӯзи қисмат ӯ дар биҳишт мебошад.

Расули акрам (с) фармуданд: чун аз ин ҷо пештар шудам, як ҳавз дар назарам афтод, ки дар як мавҷи ӯ ҳазор ранг зоҳир мешуд ва ба ҷои сангрезаи ӯ лаълу заъфарон буд ва бар лаби он тахтҳои мурассаъ аз ёқуту фирӯза буд ва бар ҳар тахт қолинҳои гуногун буд ва гирди ҳар тахте чандин ҳур дастархонҳои алмос ва ҷавоҳир ба даст гирифта истода буданд. Аз Ризвон пурсидам, ки ин кадом ҳавз аст?

Гуфт: – Ин ҳавзи Кавсар аст. Агар як қатра аз ин ҳавз ба дарёи талх резанд, оби он чун оби ҳаёт гардад ва ин тахтҳо аз барои содиқон ниҳодаанд.

Ҳурон шароби таҳур дар даст гирифта мунтазир истодаанд. Оби он сафедтар аз барфу хушбӯтар аз мушку ширинтар аз ангубин ва канори он аз зари сурх аст. Ва сангрезаи он аз ҷавоҳир аст ва гили он аз мушку заъфарон аст. Ва оби он аз зери Арш меояд, чунон ки ҳар ҷо расад, тар накунад.

Агар касе дар он афтад, ғарқ нашавад. Ва агар касе аз он қатрае бичашад, ҳаргиз ташна намонад.

Расули акрам (с) фармуданд, ки чун аз ин ҷо пештар шудам, ҷӯе дидам обаш сафедтар аз ширу ширинтар аз асал ва аз мушк хушбӯйтар ва аз барф хунуктар. Ва ҷӯе дидам аз шир ва ҷӯе дидам аз хамр ва ҷӯи дигар дидам аз асал. Ва канори он ҷӯйҳо аз забарҷад буд. Ва сангрезаи ӯ баъзе аз ситорагони осмонро дар канори он ҷӯйҳо ниҳодаанд. Ва бар атрофи он мурғон буданд, ки бар мисли шутурон буданд. Ҳар ки гӯшти он мурғон бихӯрад ва аз оби он ҷӯй бинӯшад, ҳаргиз ташна нагардад. Ва дар гирди он ҷӯйҳо хаймаҳо дидам аз ёқут.  Пурсидам, ки ин хаймаҳо аз они киёнанд?

Гуфт:  Ин ҷои арвоҳи уммати ту аст.

Дар он хаймаҳо ҳурон буданд, ки рӯйҳои онҳо чун офтоб медурахшиданд ва ҳама овоз бардошта буданд ва ба нағмаҳои дилфиреб ҳамсоз гашта буданд. Ва садои нағмаҳои онғо ба қасрҳо ва дарахтони ҷаннат дарпечида ва аз он нағмаҳо овози  хуше шунида мешуд, ки агар аз он замзама дар дунё мешуд, ҳаргиз марг ва меҳнат дар дунё намемонд.

Ҷабраил (а) дари хаймаҳоро бикушод ва пардаҳоро бардошт. Нигаристам, суратҳое дидам, ки агар ҳама умр дар  сифати онҳо сарф кунам, ҳанӯз кам асг. Рӯйҳои онҳо сафедтар аз шир ва сурхтар аз ёқут буд. Ва пӯстҳои онҳо нозуктар аз барги гул буду мӯйҳои онҳо сиёҳ тофтаву бофта.

Гуфтам, ки инҳо аз они киён мебошанд?

Гуфт:  Аз они ту ва уммати туанд.

Расули акрам (с) фармуданд, ки Ризвонро пурсидам, ки мӯъминон дар биҳишт қарор гиранд ва ба айш машғул шаванд, падарону модарон ва фарзандонро бинанд?

Ҷабраил (а) гуфтанд, ки падарону модарон ва фарзандон ҳама ҷамъ шаванд. Ва тарафи падарон ҳамчунин то Одам (а) дар рӯзи шанбе писарон меҳмони падарон бошанд. Дар рӯзи якшанбе падарон меҳмони писарон бошанд, дар рӯзи Душанбе шогирдон меҳмони устодон бошанд. Дар рӯзи сешанбе устодон меҳмони шогирдон бошанд. Дар рӯзи чаҳоршанбе умматон меҳмони пайғамбарон бошанд. Дар рӯзи панҷшанбе ҷумлагии аҳли биҳишт меҳмони пайғамбари мо (с) бошанд. Дар рӯзи ҷумъа дидори Худои таъолоро бубинанд ва меҳмони Худои таъоло бошанд.

Загрузка...

Дар борамон Meg S

Инчунин кобед

mehmoni-kardani-paygambaron-bihishtiyenro

Меҳмонӣ кардани пайғамбарон биҳиштиёнро

Меҳмонӣ кардани пайғамбарон биҳиштиёнро Чун биҳиштиён дар маконҳои худ қарор гиранд ва ба айшу нуш …