Главная / Маданият ва санъат / Биҳишти чақорум, ки онро ҷанно туладн гӯянд

Биҳишти чақорум, ки онро ҷанно туладн гӯянд

Биҳишти чақорум, ки онро ҷанно туладн гӯянд

Расули акрам (с) фармуданд, ки чун ман ва Ризвон ва Ҷабраил (а) аз биҳишти сеюм баромадем ва расидем дар биҳишти чаҳорум, ки онро ҷаннотуладн гӯянд ва он аз зумради сабзу лаъл аст. Ва баъзе аз кунгураҳои ӯ аз гавҳар ва баъзе аз марҷон ва бар дари он навишта аст, ки “Ло илоҳа илаллоҳу Муҳаммаду-р-расулуллоҳ”. Дар ин биҳишт сахиён ва одилон ва парҳезгорон ва имомони масҷидҳо дароянд.

Ба ривояте ҳафт тоифа дароянд: аввал вафо кунандагон ба аҳд, дуюм силаи раҳм нигохдорандагон. Сеюм ҷабрдидагон. Чаҳорум тарсандагон аз азоби Илоҳӣ. Панҷум собирон. Шашум молҳои худро дар роҳи Худои таъоло сарфкунандагон. Ҳафтум содиқон дар гуфтору кирдор.

Ҳашт биҳишт зери яқдигар аст бар осмони ҳафтум ва болои онҳо арш аст. Ҳар яке дараҷот боандозаи тоат биёбанд. Ва ҳама чизҳоро бинад, ки на чашми ӯ дида бошад ва на гӯши ӯ  шунида бошад. Ва на дар хотираш гузашта бошад.

Расули акрам (с) фармуданд, ки дар ҷаннат дар пеши ҳар қасре бӯстоне дидам ороста ва бо навъҳои дарахтон зебо карда. Ва бо навъҳои райҳонҳо ва гулҳо зинат додашуда. Ва дар гулистон ҳафтод ҳазор дарахти гуногун ва бузургии он дарахтон беандоза буд. Ва шохҳои баъзе аз забарҷад ва бехи он дарахтон заррин буд. Меваҳои гуногуне буд, ки дар гуфган рост намеояд. Ва баргҳои онҳо дебо ва сундус буд ва биҳиштиён аз он меваҳо кадом мазае хоҳанд, ҳамон маза шаванд.

Гӯянд, ки бар он дарахтон себҳо буд чун кӯзае, ки аз асал пур бошад. Чун биҳитие он меваро ба даст орад ва бишканад аз миёни он ҳуре чун моҳ берун ояд, ки тоҷ бар сари ӯ, ангуштари сабоҳат дар ангушт. Ин неъматҳо насиби касоне бошанд, ки дар вақти неъмат шукр кунанд. Ва дар вақти меҳнат ва мусибат сабр кунанд.

Гирд бар гирди биҳиштиён гилмоне истода буданд ба хизмати онҳо, дар зебоӣ гӯё марвориданд. На офтоб бар онҳо тофта ва на бод бар онҳо вазида ва на дасти касе онҳоро суда.

Баъзе гӯянд, ки ин ғилмон кӯдакони онҳо бошанд. Ва баъзе гӯянд, ки мурод аз ин ғилмон кӯдаконе мебошанд, ки гуноҳ накарда бошанд, ки бар он дохили дӯзах шаванд. Ва тоате надоранд, ки ба сабаби он сазовори дараҷоти биҳишт бошанд. Ва онҳоро ба хизмати биҳиштиён баранд. Ва баъзе гуфтаанд, ки ғилмон тоифае бошанд, ки Ҳак таъоло онҳоро ба кудрати худ офаридааст.

Боз Расул (с) фармуданд, ки камтарин касеро аз аҳли биҳишт он дараҷа бошад, ки агар ходимеро фарёд кунанд, ҳазор ғилмон “Лаббайка” гӯянд.

Гуфтанд, ё Расулаллоҳ, чун ҳодим монанди луъ-луъ бошад, махдум чӣ гуна бошад?

Фармуданд: – Махдумро бар ходим фазл чунон бувад, ки моҳи шаби чаҳордаҳ бар ситорагон.

Овардаанд, ки ҳар чи биҳиштиро дар хотир гузарад, ғилмон дар ҳол пеши ӯ оранд, бе он, ки бар забон орад. Монанд ва сурати ин дар дунё чист?

Андомҳо ва аъзоҳои мардум аст, ки чун одами чизеро биандешад ба дили худ, андомҳо бидонанд ва бикунанд, бе он, ки бар забон гӯянд.

Загрузка...

Дар борамон Meg S

meg-93@inbox.ru

Инчунин кобед

шеъри модар

Шеърҳои беҳтарин дар васфи Модар

Муҳаббати модар Писар, рав, қадри модар дон, ки доим Кашад ранҷи писар бечора модар. Бирав, …