Главная / Ҷамъият / БЕХАТАРИИ ИНШООТҲОИ ГИДРОТЕХНИКӢ

БЕХАТАРИИ ИНШООТҲОИ ГИДРОТЕХНИКӢ

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ тоҶикистон

ДАР БОРАИ БЕХАТАРИИ ИНШООТҲОИ ГИДРОТЕХНИКӢ

Қонуни мазкур муносибатҳоеро, ки дар вақти амалӣ намудани фаъолият оид ба таъмини бехатарӣ дар давраи лоиҳакашӣ, сохтмон, таъмири асосӣ, мавриди истифодабарӣ қарор додан, дар давоми истифодабарӣ, таҷдид, барқарорсозӣ, мафҳуз доштан ва барҳам додани иншоотҳои гидротехникӣ ба миён меоянд, ба танзим дароварда, вазифаҳои мақомоти ҳокимияти давлатӣ, моликони иншоотҳои гидротехникӣ ва шахсону ташкилотҳои истифодабарандаро оид ба таъмини бехатарии иншоотҳои гидротехникӣ муқаррар менамояд.

hidro

БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ

Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зернн  истифода мешаванд:

– иншоотҳои гидротехникӣ – сарбандҳо, бинохои неругохҳои обии барқӣ, иншоотҳои обпартоҳо, обҷамъкунию обсардиҳӣ, нақбҳо, каналҳо, истгоҳҳои обкашӣ, иншоотҳои таъинотӣ барои ҳифз намудан аз обхезӣ, вайроншавии деворбандии соҳил, таги обанборҳо ва дарёҳо, иншоотҳои ҳифзкунандаи анборҳои нигоҳдории партовҳои моеъдори корхонаҳои саноатӣ ва хоҷагии қишлоқ, таҷхизотҳо барои пешгирӣ намудани рахнашавии каналҳо, инчунин дигар иншоотҳое, ки барои истифодабарии захираҳои обӣ ва пешгирӣ намудани таъсири номатлуби об ва партовҳои моеъ таъин шудаанд;

– истифодабарандагони иншоотҳои гидротехникӣ – шахсони ҳуқуқие мебошанд, ки новобаста аз шакли ташкилию ҳукуқияшон дар тавозунашон иншоотҳои гидротехникӣ доранд;

– молики иншоотҳоигидротехникӣ – шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, новобаста аз шакли ташкилию ҳукуқӣ, ки ҳуқуқи соҳибмулкӣ, истифодабарӣ ва ихтиёрдорӣ намудани иншоотҳои гидротехникиро доранд;

– вазъияти фавқулодда – ҳолате, ки дар ҳудуди муайян дар натиҷаи садамаи иншоотҳои гидротехникӣ ба вуҷуд омада, метавонад боиси ҳалокати одамон, зарар ба саломатии онҳо ва ё вайроншавии муҳити зист, зарари моддӣ на вайрон шудани шароити зиндагии одамон гардад;

– бехатарии нншоотҳои гидротехникӣ – ҳолати хоси иншоотҳои гидротехникӣ, ки имкониятҳои таъмини ҳифзи ҳаёт, саломатӣ ва манфиатҳои қонунии одамон, муҳити зист ва субъектҳои хоҷагидорро таъмин менамояд;

– эъломияи бехатарии нншоотҳои гидротехникӣ – ҳуҷҷате, ки дар он бехатарии иншоотҳои гидротехникӣ асоснок карда шудааст ва чорабиниҳо оид ба таъмини бехатарии иншоотҳои гидротехникӣ бо баҳисобгирии таснифи онҳо муайян шудаанд;

– меъёри бехагарии иншооти гидротехникӣ- ҳудудҳои ниҳоии нишондиҳандаҳои миқдорию сифатии ҳолати иншооти гидротехникӣ ва шароитҳои истифодабарии он, ки ба сатҳи имконпазири хавфи садамаи иншооти гидротехникӣ мувофиқанд ва бо тартиби муқаррарнамудаи мақомоти ҳокимияти давлатӣ, ки назорати давлатиро дар соҳаи бехатарии иншоотҳои гидротехникӣ ба амал мебароранд. тасдиқ шудаанд;

– баҳодиҳии бехатарии иншооти гидротехникӣ – муайянкунии мутобиқати ҳолати иншооти гидротехникӣ ва тахассуси коргарони ташкилотҳои истифодабаранда ба меъёрҳо ва қоидаҳое, ки тибқи Қонуни мазкур тасдиқ шудаанд;

– сатҳи хавфи имконпазири садамаи иншооти гидротехникӣ-дараҷаи имконпазири хавфи садамаи иншооти гидротехникӣ, ки тибқи санадҳои меъёрӣ муқаррар шудааст;

– ҳудуди иншооти гидротехникӣ – қитъаи замин (акватория) дар сарҳадҳое, ки тибки Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кодекси оби Ҷумҳурии Тоҷнкнстон муқаррар шудаанд;

– таъмини бехатарии иншооти гидротехникӣ – таҳия ва баамалбарории чорабиниҳо оид ба пешгирии садамаи иншооти гидротехникӣ.

Моддаи 2. Қонунузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи бехатарии иншоотҳои гидротехникӣ

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи бехатарии иншоотҳои гидротехникӣ ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфга, аз Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, иборат мебошад.

Моддаи 3. Доираи амали Қонуни мазкур

 

Қонунн Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бехатарии иншоотҳои гидротехникӣ нисбат ба иншоотҳои гидротехникие, ки дар моддаи 1 Қонуни мазкур нишон дода шудаанд ва вайроншавии онҳо боиси ба вуҷуд омадани вазъияти фавқулодда мегардад, татбиқ карда мешавад.

Моддаи 4. Салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи бехатарии иншоотҳои гидротехникӣ

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи бехатарии иншоотҳои гидротехникӣ салоҳиятҳои зеринро дорад:

– таҳия ва амалӣ намудани сиёсати давлатӣ дар соҳаи бехатарии иншоотҳои гидротехникӣ;

– ташкил намудани назорати давлатӣ дар соҳаи бехатарии иншоотҳои гидротехникӣ;

– муқаррар намудани мақоми ваколатдори давлати дар соҳаи бехатарии иншоотҳои гидротехникӣ;

– муқаррар намудаии вазифа ва ӯҳдадориҳои мақомоти ваколатдори давлатӣ, мақомоти давлатӣ оид ба амалисозии назорати давлатӣ, соҳибмулкон ва истифодабарандагони иншоотҳои гидротехникӣ дар соҳаи таъмини бехатарии иншоотҳои гидротехникӣ;

– ташкил ва таъмини бехатарии иншоотҳои гидротехникие, ки моликияти давлати мебошанд.

 

Моддаи 5. Салоҳиятҳои мақомоти давлатӣ дар соҳаи бехатарии иншоотҳои гидротехникӣ

Салоҳиятҳои мақомоти давлатӣ дар соҳаи бехатарии иншоотҳои гидротехникӣ аз инҳо иборатанд:

– ҳал намудани масъалаҳон бехатарии иншоотҳои гидротехникӣ дар ҳудуди муайяншуда, ба истиснои масъалаҳои бехатарии иншоотҳои гидротехникии моликияти умумиҷумҳуриявӣ, дар асоси талаботҳои умумӣ оид ба таъмини бехатарии иншоотҳои гидротехникӣ тибқи муқаррароти моддаи 8 Қонуни мазкур;

–  иштирок дар амалӣ намудани сиёсати давлатӣ дар соҳаи таъмини бехатарии иншоотҳои гидротехникӣ;

– иштирок дар таҳия ва амалӣ намудани барномаҳои минтақавӣ дар соҳам бехатарии иншоотҳои гидротехникӣ;

– таъмин намудани назорати бехатарии иншоотҳои гидротехникӣ ҳангоми истифодабарии иншоотҳои обӣ ва амалигардонии чорабиниҳои ҳифзи табиат;

– қабул намудани қарор   оид ба маҳдуд намудани шартҳои истифодабарӣ дар ҳолати вайрон шудани қонунгузорӣ  оид ба бехатарии иншоотҳои гидротехникӣ;

–   иштирок намудан дар бартарафсозии оқибатҳои садамаҳои иншоотҳои гидротехникӣ;

–   огоҳ намудани аҳолӣ аз таҳдиди садамаҳои иншоотҳои гидротехникӣ, ки боиси ба вуҷуд омадани вазъияти фавқулодда мегарданд;

– таъмин намудани бехатарии иншоотҳои гидротехникӣ, ки моликияти давлатӣ мебошанд:

– муайян намудани меъёрҳо оид ба ташкил намудани захираҳои молиявию моддӣ барои рафъи оқибатҳои садама дар иншоотҳои гидротехникӣ.

Моддаи 6. Назорати давлатӣ дар соҳаи бехатарии иншоотҳои гидротехникӣ

  1. Назорати давлатиро дар соҳаи бехатарии иншоотҳои гидротехникӣ мақоми иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, ки онро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст ва вазифаи назорати бехатарии иншоотҳои гидротехникиро ба зиммааш гузоштааст, ба амал мебарорад.
  2. Назорати давлатиро дар давраи лоиҳакашӣ, сохтмон, таҷдид ва таъмири асосии иншоотҳои гидротехникӣ мақоми ваколатдори давлатӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ менамояд.

Моддаи 7. Феҳристи иншоотҳои гидротехникӣ

  1. Иншоотҳои гидротехникӣ дар Феҳристи давлатии иншоотҳои гидротехникӣ ба қайд гирифта мешаванд.
  2. Тартиби ташкил ва пешбурди Феҳрист аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.

 

БОБИ 2. ТАЪМИНИ БЕХАТАРИИ ИНШООТҲОИ ГИДРОТЕХНИКӢ

Моддаи 8. Талаботҳои умумӣ оид ба таъмини бехатарии иншоотҳои гидротехникӣ

Таъмини бехатарии иншоотҳои гидротехникӣ дар асоси талаботҳои зерин сурат мегирад:

– таъмини дараҷаи имконпазири хавфи садамаи иншоотҳои гидротехникӣ;

– пешниҳод намудани эъломияи бехатарии иншоотҳои гидротехникӣ;

– назорати давлатии бехатарии иншоотҳон гидротехникӣ:

– истифодабарии мунтазами иншоотҳои гидротехникӣ;

– татбиқи чорабиниҳо оид ба таъмини бехатарии иншоотҳои гидротехнӣ, аз ҷумла муқаррар намудани меъёрҳои бехатарии онҳо, инчунин муҷаҳҳаз намудани иншоотҳон гидротехникӣ бо воситаҳои техникӣ бо мақсади назорати доимии ҳолати онҳо, бо кадрҳои ихтисоснок таъмин намудани иншоотҳои гидротехникӣ;

– зарурати сари вақт гузаронидани маҷмӯи чорабиниҳо ҷиҳати то ба дараҷаи ниҳоӣ паст кардани хавфи ба вуқӯъ омадани вазъияти фавқулодда дар иншоотҳои гидротехникӣ:

– масъулият барои амале (беамалие). ки боиси пастшавии бехатарии ишноотҳон гидротехникӣ нисбат ба дараҷаи имконпазири хавф мегардад.

Моддаи 9. ӯҳдадориҳои соҳибмулкон ва истифодабарандагони иншоотҳои гидротехникӣ

  1. Соҳибмулкон ва истифодабарандагони иншоотҳои гидротехникӣ ӯҳдадоранд:

– меъёрҳо ва қоидаҳои таъмини бехатарии иншоотҳои гидротехникиро ҳангоми сохтмон, баистифодасупорӣ, истифодабарӣ, таъмир, таҷдид, маҳфуз доштан, аз истифодабарӣ баровардан ва барҳам додан риоя намоянд;

– мушоҳидаро (мониторингро) аз рӯи нишондиҳандаҳои ҳолати иншоотҳои гидротехникӣ, таъсиррасонии табиию техногенӣ таъмин кунанд ва дар асоси маълумотҳои гирифташуда бехатарии иншоотҳои гидротехникиро баҳогузорӣ намоянд;

– баҳогузории мунтазами бехатарии иншоотҳои гидротехникӣ ва таҳлили сабабҳои  пастшавии онро бо назардошти кори иншоотҳои гидротехникӣ дар силсила таъмин намоянд;

– таъсиррасонии зарарноки табиӣ ва техногениро дар натиҷаи фаъолияти хоҷагидорӣ ва дигар фаъолиятҳо, аз ҷумла фаъолияти вобаста ба сохтмон ва истифодабарии иншоотҳо дар иншоотҳои обӣ ва дар ҳудудҳои ҳамҷавори боло ва ё поёнии иншооти гидротехникиро таҳлил намоянд;

– таҳия ва тасҳеҳи саривақтии меъёрҳои бехатарии иншоотҳои гидротехникиро таъмин намоянд;

– системаи назорати ҳолати иншоотҳои гидротехникиро такмил диҳанд;

– сабабҳои паст шудани бехатарии иншоотҳои гидротехникӣ, сари вақт таҳия ва амалӣ намудани чорабиниҳоро оид ба таъмини ҳолати дурусти техникии иншоотҳои гидротехникӣ ва бехатарии онҳо, инчунин оид ба пешгирии садамаи иншоотҳои гидротехникиро мунтазам таҳлил намоянд;

– гузаронидани ташхиси мунтазами иншоотҳои гидротехникиро таъмин намоянд;

– захираҳои моддию молиявиро барои рафъи оқибатҳои садамаи иншоотҳои гидротехникӣ ташкил намоянд;

– системаҳои огоҳонии маҳаллиро оид ба ҳолатҳои фавқулодда дар иншоотҳои гидротехникӣ дар ҳолати омодагии доимӣ нигоҳ доранд;

– фаъолиятро бо мақомоти идоракунии мудофиаи гражданӣ ва ҳолатҳои фавқулодда оид ба масъалаҳои пешгирии саривақтии садамаҳри иншоотҳои гидротехникӣ ҳамоҳанг созанд, ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ оид ба назорат дар соҳаи бехатарии иншоотҳои гидротехникӣ, дигар мақомоти дахлдори давлатӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва дар ҳолати таҳдиди бевоситаи рахнашавин иншоотҳо – ба аҳолӣ ва ташкилотҳои дар минтақае, ки зери об монданаш имконпазир аст, фавран хабар расонанд;

– истифодабарии иншоотҳои гидротехникӣ ва таъмнни онҳоро бо коргарони ихтисоснок мувофиқи меьёру қоидаҳо ташкил намоянд;

– ба макомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ доир ба маҳорат дар соҳаи бехатарии иншоотҳои гидротехникӣ дар иҷрои вазифаҳояшон мусоидат намоянд;

– якҷоя бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ аҳолиро доир ба масъалаҳои бехатарии гидротехникӣ огоҳ намоянд;

– чорабиниҳоро оид ба истифодабарии иншоотҳои гидротехникӣ, таъмини бехатарии онҳо, инчунин иҷрои корҳоро доир ба пешгирӣ ва бартарафсозии оқибатҳои садамаҳои иншоотҳои гидротехникӣ маблағгузорӣ намоянд.

  1. Моликони иншоотҳои гидротехникӣ ва истифодабарандагон барои бехатарии иншоотҳои гидротехникӣ ҷавобгар мебошанд. Аз ҷумла, зарари дар натиҷаи садамаи иншоотҳои гидротехникӣ расонидаро тибқи моддаҳои 16,17, ва 18 Қонуни мазкур то давраи гузаштани ҳуқуқи моликият ба дигар шахсони воқеию ҳуқуқӣ ва ё пурра ба анҷом расонидани корҳоӣ бартарафсозии оқибатҳои садама дар иншооти гидротехникӣ, ҷуброн менамоянд.

Моддаи 10. Эъломияи бехатарии иншоотҳои гидротехгикӣ

  1. Дар марҳилаи лоиҳакашӣ, сохтмон, баистифодасупорӣ, истифодабарӣ ва аз истифодабарӣ баровардани иншоотҳоӣ гидротехникӣ, инчунин пас аз таҷдид, таъмири асосӣ, барқарорсозӣ ва ё маҳфуз доштани онҳо, молики иншоотҳои гидротехникӣ ва истифодабарандагон зьломияи бехатарии иншоотҳои гидротехникиро тартиб медиҳанд.
  2. Эъломияи бехатарии иншоотҳои гидротехникӣ ҳуҷҷати асосӣ мебошад, ки дар он маълумотҳо оид ба мутобиқати иншоотҳои гидротехникӣ ба меъёрҳои бехатарӣ дарҷ мегарданд.
  3. Мундариҷа ва тартиби таҳияи эъломияи бехатарии иншоотҳои гидротехникиро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.
  4. Моликони иншоотҳои гидротехникӣ ва истифодабарандагон дар мӯҳлати муқарраргардида эъломияи бехатарии иншооти гидротехникиро ба мақомоти назорати давлатӣ оид ба бехатарии иншоотҳои гидротехникӣ пешниҳод менамоянд.

Моддаи 11. Экспертизаи давлатии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии иншоотҳои гидротехникӣ ва

                    экспертизаи давлатии эъломияи бехатарии иншоотҳои гидротехникӣ

  1. Экспертизаи давлатии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии иншоотҳои гидротехникӣ дар асоси эъломияи бехатарии иншоотҳои гидротехникӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба фаъолияти шаҳрсозӣ гузаронида мешавад. Экспертизаи давлатии эъломияи бехатарии иншоотҳои гидротехникӣ, ки дар давраи истифодабарӣаз истифодабарӣ баровардани иншоотҳои гидротехникӣ, инчунин пас аз таҷдид, таъмири асосӣ, барқарорсозӣ ва маҳфуз доштани онҳо тартиб дода мешавад, тибқи қоидаҳои моддаи мазкур бо тартиби муқаррариамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон суратмегирад.
  2. Барои гузаронидани экспертизаи давлатии эъломияи бехатарии иншоотҳои гидротехникӣ метавонанд пажӯишгоҳҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва ташкилотҳои лоиҳакашӣ ҷалб карда шаванд.
  3. Экспертизаи давлатии эъломияи бехатарии иншоотҳои гидротехникӣ бо ташаббуси моликони иншоотҳои гидротехникӣ ва ё истифодабарандагони онҳо, аз ҷумла дар ҳолати норозигии онҳо бо қарори мақомоти назорати давлатии бехатарии иншоотҳои гидротехникӣ, гузаронида мешавад.
  4. Моликони иншоотҳои гидротехникӣ ва ё истифодабарандагони онҳо, дар ҳолати норозигӣ бо қарори мақоми назоратӣ оид ба бехатарии иншоотҳои гидротехникӣ, метавонанд ба суд муроҷиат намоянд.

БОБИ 3. НАЗОРАТИ БЕХАТАРИИ ИНШООТҲОИ ГИДРОТЕХНИКӢ

 

Моддаи 12. Мақомоти назорати давлатии бехатарии иншоотҳои гидротехникӣ

  1. Мақомоти назорати давлатии бехатарии иншоотҳои гидротехникӣ назоратро нисбати моликони иншоотҳои гидротехникӣ ва истифодабарандагон оид ба риояи меъёрҳо ва қоидаҳои бехагарии иншоотҳои гидротехникӣ амалӣ менамоянд.
  2. Салоҳиятҳои мақомоти назорати давлатии бехатарии иншоотҳои гидротехникӣ аз инҷо иборатанд:

– мувофиқа намудани қоидаҳои истифодабарии иншоотҳои гидротехникӣ;

– бе монеа ворид шудан ба иншоотҳои гидротехникӣ, шинос шудан бо маводҳои вобаста ба бехатарии иншоотҳои гидротехникӣ ва ташкили назорати техникӣ;

– ташкили санҷиши иншоотҳои гидротехникӣ ва мутобиқати ҳолати онҳо ба эъломияи бехатарии иншоотҳои гидротехникӣ;

– пешниҳоди таъинот оид ба таъмини бехатарии иншоотҳои гидротехникӣ;

– ҳамоҳангсозии истифодаи ҳудуди иншоотҳои гидротехникӣ, ҷараёни об ва ҳудуди ҳамҷавори поён ва болом сарбанд (ба истиноӣ қитъаҳои заминҳои барои минтақаҳои ҳифзи обанбор ҷудошуда) барои амалӣ намудани фаъолияти хоҷагидорӣ ва ё фаъолияти дигар;

– иштирок дар таҳияи лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуҳи дар соҳаи бехатарии иншоотҳои гидротехникӣ.

  1. Пешгирӣ намудани таъсиррасонии номатлубӣ об дар шаклӣ вайроншавии иншоотҳои гидротехникӣ ва бартарафсозии оқибатҳои он тибқи Кодекси оби Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегиранд.
  2. Таъинотн пешниҳоднамудаи  мақоми назорати давлати оид ба бехатарии иншоотҳои гидротехникӣ дар бораи таъмини бехатарии иншоотҳои гидротехникӣ барои моликони иншоотҳои гидротехникӣ ва истифодабарандагон ҳатмӣ буда, бояд бетаъхир ба иҷро расонида шавад. Нисбати таъиноти мазкур ба суд муроҷиат кардан мумкин аст.
  3. Истифодабарии иншоотҳои гидротехникӣ ва таъмини бехатарии онҳо, ки иҷозат барои сохтмон ва истифодабариашон бекор карда шудааст (аз ҷумла, иншоотҳои гидротехникии дар ҳолати садамавӣ қарордошта), инчунин иншоотҳои гидротехникии маҳфузшаванда ва ё барҳамдодашаванда ва иншоотҳои гидротехникии бесоҳибмонда тибқи қоидаҳои муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.

 

Моддаи 13. Санҷиши иншоотҳои гидротехникӣ

  1. Барои санҷиши иншоотҳои гидротехникӣ мақомоти назорати бехатарии иншоотҳои гидротехникӣ метавонанд коммисияи санҷишӣ ташкил намоянд.
  2. Дар вақти санҷиши иншоотҳои гидротехникӣ доир ба фаъолияти моликон ва истифодабарандагони иншоотҳои гидротехникӣ, инчунин оид ба кори ташкилотҳои пудратӣ ҳангомн истифодабарии иншоотҳои гидротехникӣ, барқарорсозӣ ва мафҳуз доштани онҳо, бо мақсади баҳодиҳӣ ба риояи меъёрҳо ва қоидаҳои бехатарни иншоотҳои гидротехникӣ назорат гузаронида мешавад.
  3. Санҷиши корҳои иҷрошуда дар давраи сохтмон, таҷдид ва таъмири асосии иншоотҳои гидротехникӣ аз чониби мақоми давлати оид ба назорати сохтмон, мақомоти иҷроияи маҳаллии Ҳокимияти давлатӣ тибқи Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба фаъолияти шаҳрсозӣ гузаронида мешавад.

БОБИ 4. ТАЪМИНИ МОЛИЯВИИ БЕХАТАРИИ ИНШООТҲОИ ГИДРОТЕХНИКӢ

 

Моддаи 14. Суғуртакунонии масъулияти шаҳрвандӣ барои зарари расонидашуда

  1. Хавфи масъулияти шаҳрвандӣ аз рӯи ӯҳдадориҳои бо сабаби расонидани зарар ба ҳаёт ва саломатии шахсони воқеӣ, моликияти шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар натиҷаи садамаи иншоотҳои гидротехникӣ бавуҷудомада, дар давраи сохтмон ва истифодабарии иншооти гидротехникии мазкур бояд ҳатман суғурта карда шавад.
  2. Суғуртакунандаи хавфи масъулияти шаҳрвандӣ барои зарари расонидашуда моликони иншоотҳои гидротехникӣ ва ё шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ мебошанд.
  3. Шартҳо ва тартиби суғуртакунонии хавфи масъулияти шаҳрвандиро барои зарари дар натиҷаи садамаи иншоотҳои гидротехникӣ расонидашуда қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба танзим медарорад.

Моддаи 15. Ҷуброни зарари расонидашуда дар натиҷаи вайрои кардани қонунгузорӣ оид ба

                      бехатарии иншоотҳои гидротехникӣ

Зарари ба ҳаёт ва саломатии шахсони воқеӣ, молу мулки шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар натиҷаи вайрон кардани қонунгузорӣ оид ба бехатарии иншоотҳои гидротехникӣ расонидашударо шахсони воқеию ҳуқуқие, ки чунин зарарро расонидаанд тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷуброн менамоянд.

Моддаи 16. Таъмини молиявии масъулияти шаҳрвандӣ барои зарари расонидашуда дар натиҷаи садамаи иншоотҳои гидротехникӣ

1.Моликони иншоотҳои гидротехникӣ, истифодабарандагон -шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар сурате, ки агар иншоотҳои гидротехникӣ моликияти давлатӣ бошанд, бояд ҳатман таъмини молиявии масъулияти шаҳрвандӣ дошта бошанд. Таъмини молиявии масъулияти шаҳрвандӣ дар сурати ҷуброни зарари дар натиҷаи садамаи иншоотҳои гидротехникӣ расонидашуда (ба истиноӣ ҳодисаҳои пешгиринашаванда) аз ҳисоби моликони иншоотҳои гидротехникӣ ва ё истнфодабарандагон – шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, аз ҷумла, аз ҳисоби маблағи суғуртавӣ, ки тибқи шартномаи суғуртаи хавфи масъулияти шаҳрвандӣ муқаррар шудааст, амалӣ карда мешавад.

  1. Тартиби муайян намудани андозаи таъмини молиявии масъулияти шаҳрвандиро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.

Моддаи 17. Иштироки давлат дар ҷуброни зарари дар натиҷаи садамаи иншоотҳои

гидротехникӣ расонидашуда

Дар ҳолати зиёд будани хароҷоти зарурӣ барои ҷуброни зарари дар натиҷаи садамаи иншоотҳои гидротехникӣ расонидашуда, ки маблағаш аз таъмини молиявии масъулияти шаҳрвандии тибқи моддаи 16 Қонуни мазкур муқарраршуда зиёд аст, тартиби ҷуброни зарарро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.

БОБИ 5. ВАЙРОН НАМУДАНИ ҚОНУНГУЗОРӢ

ОИД БА БЕХАТАРИИ ИНШООТҲОИ ГИДРОТЕХНИКӢ

Моддаи 18. Вайрон намудани қонунгузорӣ оид ба бехатарии иншоотҳои гидротехникӣ

Вайрон намудани қонунгузорӣ оид ба бехатарии иншоотҳои гидротехникӣ инҳо мебошанд:

– сохтмон ва истифодабарии иншоотҳои гидротехникӣ барои фаъолияти хоҷагидорӣ ва ё дигар мақсадҳо, истифодабарии ҷараёни об ва ҳудуди ҳамҷавор ба поён ва ё болои сарбанд, бе иҷозати мақомоти дахлдор;

– иҷро накардани талаботи таъиноти эъломияи бехатарии иншооти гидротехникӣ ва ё экспертизам давлатии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии иншоотҳои гидротехникӣ ва ё экспертизаи давлатии бехатарии иншоотҳои гидротехникӣ;

– иҷро накардани таъиноти мақомоти назорати давлатӣ оид ба бехатарии иншоотҳои гидротехникӣ;

– вайрон кардани меъёрҳо ва қоидаҳои бехатарии иншоотҳои гидротехникӣ дар давраи лоиҳакашӣ, сохтмон, қабул ва ба истифодабарӣ супоридан, истифодабарӣ, таъмир, таҷдид, маҳфуз доштан ва аз истифодабарӣ баровардан;

– амалӣ накардани чорабиниҳо оид ба таъмини бехатарии иншоотҳои гидротехникӣ дар ҳолати зиёдшавии сатҳи таъсири зарари табиӣ ва техногенӣ, бадшавии нишондиҳандаҳои устуворӣ ва обнагузаронии маводҳое, ки аз онҳо иншоотҳои гидротехникӣ сохта шудаанд ва ҷинсҳои тахдоб, шароитҳои ғайриқаноатбахши истифодабарӣ, муҷаҷҷазгардонии техникии иншоотҳои гидротехникӣ ва ташкили мушоҳидаи (мониторинга) бехатарии онҳо:

– сарфи назар кардан аз додани маълумот ба мақомоти назорати давлатӣ оид ба таъмини бехатарии иншоотҳои гидротехникӣ дар бораи таҳдиди садамаи иншоотҳои гидротехникӣ ва ё пинҳон доштани чунин маълумот аз ин мақомот, додани маълумоти бардурӯғ ва дар ҳолати таҳдиди бевоситаи рахнашавии ҳудудҳои зери фишори об қарордошта – аз мақомоти  ҳокимияти  давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ва аз худи коргарони иншоотҳои гидротехникии дар ҳолати садамавӣ қарордошта, аҳолӣ ва ташкилотҳои дар минтақаҳои имконпазири зери об мондан воқеъбуда .

БОБИ 6. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ

 

Моддаи 19. Ҷавобгарӣ барои вайрон кардани Қонуни мазкур

Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои вайрон кардани Қонуни мазкур бо тартиби муқарраркардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

Моддаи 20. Тартиби мавириди амал қарор додани Қонуни мазкур

Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

 

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                         Эмомалӣ Раҳмон

         ш. Душанбе

29 декабри соли 2010

                     №666

 

Загрузка...

Дар борамон Meg S

meg-93@inbox.ru

Инчунин кобед

Падар ва фарзандон

Шеър дар бораи кӯдакӣ

Тифлию шашсолагӣ дар ёди ман. Чашм пушам волидон дар хоби ман. Шаш соли умри ман …