Главная / Илм / БЕМОРИҲОИ ТАЛҚИНӣ

БЕМОРИҲОИ ТАЛҚИНӣ

bemorii-talkiniБЕМОРИҲОИ ТАЛҚИНӣ, гумони барғалати одамест, ки худро гирифтори ин ё он касалӣ мешуморад. Б. т. дар натиҷаи худталқинкунӣ ва илқои шахси дигар ба вуҷуд меоянд. Ба ин қабил бемориҳо шахсони ҳамеша дар изтироб, васвосӣ ва ба ҳиссиёти худ мунтазам диққатдиҳанда гирифтор мешаванд. Б. т. бештар чун тарсу ваҳм, ки яке аз намудҳои ҳолати музоҳим мебошад, зоҳир мегардад. Таассуроти ҳаяҷонбахш аз дидани бемори вазнине, ки дар тарсу ҳарос аст, хондан ё шунидани нақл дар бораи бемории ногаҳоние, ки боиси марги фоҷиавӣ шудааст, нодуруст фаҳмидани суханони духтур ва хондани адабиёти оммавии тиббӣ, ки дар он ба одамони дилашон нозук таъсири ногувор расондани китоб ба назар гирифта нашудааст, одатан сабаби Б. т. мегарданд. Дар сурати баъди муоинаи духтур тасдиқ нашудани беморӣ, аз шарҳи духтур қонеъ нагаштани мариз ва давом кардани ҳолати изтиробу ҳарос ҳама кӯшиши мариз ба «ҳақиқатҷӯӣ» равона карда мешавад. ӯ ба духтурони дигар муроҷиат мекунад, маслиҳати мутахассисон ва муоинаи такрориро талаб карда, ҳатто ҷароҳиро исрор менамояд, роҳи худтабобатро пеш мегирад. Дар айни замон бемор мақолаҳои махсуси тиббиро хонда гумон мебарад, ки амрози дар онҳо зикрёфта айнан ба ӯ мансубанд. Дар натиҷаи худталқинкунӣ он аломатҳое, ки пештар набуданд, пайдо шуда, ҳиссиёти бемор як мақоми муайянро мегирад. Шахси гирифтори Б. т. ба бемори ҳақиқӣ монанд аст. Бепарвоии атрофиён боиси хирагии табъ, паридани хоб, бад шудани иштиҳо ва вазъи умумӣ мегардад. Ҳаминаш бад аст, ки дар ин ҳолат фаъолияти узвҳои аслан беиллат билохир вайрон мешавад. Б. т. фикру андешаи маризро ба худ пурра мутеъ мегардонанд. Бо ҳамин тариқ, Б. т.-и дил, ҷигар ва ғ. бемориҳои рӯҳӣ ҳисоб меёбанд, ки онҳоро бояд равонпизишк (психиатр) муолиҷа кунад. Шахси гирифтори Б. т. ба муносибату муомилаи махсуси атрофиён ниёз дорад. Агар дар ибтидои беморӣ аз андешаҳои нодуруст раҳонидану ором кардани бемор имконпазир бошад, дертар, дар аснои афзудани ваҳму изтироб ва кӯшиши «ҳақиқатҷӯӣ» аз ақидааш баргардонидани бемор метавонад таъсири ногувор расонад. Мариз рафтори атрофиёнро зуҳуроти бепарвоию бемурувватӣ мешуморад, ӯ якрав, тундмизоҷ, гирёнчак, хашмгин ва дамдузд мешавад. Дар ин маврид хешу табор бояд ба бемор шароити оромро фароҳам оваранд, ҳангоми сӯҳбат ӯро наранҷонанд; дар мавриди асабонӣ шудан, музтарибӣ, бехобӣ ва паст гаштани қобилияти кории ӯ ба духтури амрози рӯҳӣ муроҷиат кунанд.
Беморон бояд ҳеҷ гоҳ боиси истеҳза нагарданд. Дар хотир бояд дошт, ки чунин маризон сидқан ва дутарафа азият мекашанд: ҳам аз ғами беморие, ки дар асл вуҷуд надорад ва ҳам аз ғами он, ки гӯё касе дарди дили онҳоро намефаҳмад ва дасти ёрӣ дароз намекунад.
Ад.: Гулямов М.Г., Общая, возрастная и частная психология, Д., 1997; Шаропова Н.М., Актуальные вопросы психиатрии, Д., 1997.
Н. М. Шарофова.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …