Главная / Илм / БЕМОРИҲОИ ДАРУНӣ

БЕМОРИҲОИ ДАРУНӣ

vnutrennie_zabolevaniyaБЕМОРИҲОИ ДАРУНӣ (Morbi interni), иллати узвҳои нафас, ҳозима, дилу раг, гурда, бофтаҳо, ғадудҳои эндокринӣ ва мубодилаи моддаҳо. Б. д.-ро духтури терапевт муолиҷа мекунад.
Тибби ҳозира барои ошкор сохтани Б. д. ғайр аз муоина (пурсиш, палмосидан, ангуштзанӣ, гӯшкунӣ) усулҳои мураккаби биохимиявӣ ва ташхис бо асбобҳо (мас., эндоскопия, томографияи компютерӣ)-ро низ истифода мебарад. Б. д.-ро асосан бо дору, парҳез, варзиши шифоӣ, табобати санаторию курортӣ ва ғ. муолиҷа мекунанд.
Мафҳуми «бемориҳои дарунӣ» инчунин барои ифодаи яке аз фанҳои клиникӣ – терапия, ки сабабҳои пайдоиш, усулҳои ташхис, муолиҷа ва пешгирии бемориҳоро дарёфт менамояд, истифода мешавад. Таърихи Б. д. то а. 19 бо таърихи тиб тавъам меояд, чунки дар давоми ҳазорсолаҳо фақат илми ҷарроҳӣ ва акушерӣ фаслҳои мустақили тиб маҳсуб мешуданд. Бемориҳои бачагона, занона, амрози асабу рӯҳ ва ғ. бошанд дар таркиби Б. д. боқӣ монданд. Аз ин лиҳоз Буқрот, Ҷолинус ва Абӯалии Синоро метавон асосгузорони Б. д. номид.
Дар а. 19 комёбиҳои анатомияи эътилолӣ (тағйири морфологии узвҳоро, ки барои бемориҳои муайян хосанд, муқаррар мекунад), физиологияи эътилолӣ (қонунияти пайдоиш ва ҷараёни бемориро меомӯзад), бактериология (барангезандаи бисёр бемориҳоро кашф намуд), таҳияи усулҳои муоинаи бемор (ангуштзанӣ, гӯшкунӣ ва ғ.) барои инкишофи Б. д. заминаи мусоид фароҳам оварданд. Дастовардҳои физика, химия, биология ва тибби назариявӣ боиси инкишофи минбаъдаи Б. д. гардид. Бағоят афзудани маълумот оид ба табиати бемориҳо, тариқи ташхис ва муолиҷаи онҳо сабаби тафриқаи тибби клиникӣ гашт; дар нимаи дуюми а. 19 – нимаи якуми а. 20 педиатрия, невропатология, психиатрия, дерматовенерология чун фасли мустақили Б. д. ҷудо шуданд.
Дар тибби муосир Б. д. («клиникаи бемориҳои дарунӣ», «тибби дарунӣ», «терапия») фанни асосии клиникӣ буда, онро дар донишгоҳҳои тиббӣ таълим медиҳанд. Гастроэнтерология, гематология, кардиология, нефрология, пулмонология, ревматология ва ғ. бахшҳои Б. д. мебошанд. Ниг. низ Терапия.

У.Р. Расулов.

Загрузка...

Дар борамон Anvar

darksider_5@mail.ru

Инчунин кобед

Лисейи Хилол

Лисейи “Ҳилол” дар ш. Душанбе

Лисейи ҲИЛОЛ ё худ онро низ гимназия ҳам меноманд, аз солҳои 2000-ум фаъолият намуда талабагонро …