Главная / Гуногун / Бекҳои Ҳисор ва Кӯлоб (охири асри XVIII- ибтидои асри XIX)

Бекҳои Ҳисор ва Кӯлоб (охири асри XVIII- ибтидои асри XIX)

Амир Ҳайдар (1800-1826) ба тахти Бухоро нишаста ҳамоно ба қарор омад, ки ҳокимони вилоятҳо бояд иваз карда шаванд. Бо ин мақсад ӯ баъзеро бо осонӣ иваз намуд, барои иваз намудани баъзеи дигар лашкар кашид. Беки Ҳисор Алабердии Тоз нисбат ба аморати Бухоро сиёсати мустақилият дошт. Ин вазъият барои амир Ҳайдар баҳона шуд ва ӯ ба Ҳисор юриш намуд. Амир ғалаба ба даст овард ва Алабердии Тоз ба қатл расид. Дар Ҳисор нуфузи қабилаи юз зиёд буд. Инро ба инобат гирифта, бо мақсади такягоҳ пайдо кардани амир Ҳайдар Саидбийи юзро дар ин ҷо ҳоким гузошт. Барои тобеияти Ҳисорро ба Бухоро мустаҳкам кардан, амир Ҳайдар духтари Саидбийро ба никоҳи худ даровард ва ҳокими мазкур ба рутбаи атолиқӣ сазовор гашт. Ӯ муддати тулонӣ дар ин мулк ҳукм ронд.

amir

Саидбиӣ бо даъвати амир Ҳайдар соли 1825 дар пахш кардани шӯриши хитой-қипчоқҳо дар Миёнкол бо лашкараш иштирок кард.

Ба ҷои Саидбий атолиқ писараш Сӯфибиӣ девонбегии юз беки Ҳисор шуд. Ӯ тағои амир Насрулло буд. Бинобар ин ҳоким ба ҳуқуқҳои калон соҳиб мешавад. 500 нафар лашкари Ҳисор якҷоя бо лашкари амир Насрулло соли 1842 дар ишғоли Хуқанд иштирок кард.

Ҳукмронии Саидбӣ ва писари ӯ Суфибийи юз дар Ҳисор тақрибан ним аср давом кард.

Баъди Суфибий девонбегӣ писари дигари Саидбиӣ атолиқи юз Абдулкаримбийи парвоначӣ ҳокими Ҳисор шуд. Ҳокимият дар ин мулк меросӣ гашта, аз як насл ба насли дигар мегузашт. Абдулкаримбиӣ ба обрӯю эътибори калон молик гашт.

Шоири маъруфи Ҳисор Парии Ҳисорӣ асари худ «Зафарнома»-ро ба Абдулкаримбиӣ бахшида, гуфтааст:

«Нигорад ба имдоди табъи салим,

Ба парвонагӣ бин Абдулкарим.

Шаҳи покгавуар, муқаддассифот,

Зи бурци сиёдат ду хуршеди зот.

Амиру саросар ҷаҳон баргирифт,

Аз ин баргирифтан наёмад шигифт,

Иморатпаноҳ, асту вологуҳар,

Муҳаммадсаидбий атолиқ падар.»

Дар замони ҳукмронии Абдулкаримбийи парвоначӣ муносибати мулки Ҳисор бо ҳокимони Кӯлоб, Балҷувон ва Дарвоз тезутунд шуд. Беки Балҷувон, Кулоб Каттабек ба суи Ҳисор лашкар кашида, мағлуб мешавад ва асир меафтад. Аз тарафи ромитиҳо Каттабек қатл шуд. Писари ӯ Мизробшоҳ (1849-1859) барои қасос гирифтан бо шаҳи Дарвоз Исмоилхон иттифоқ баста, ба сӯи Ҳисор лашкар кашид. Файзободро иттифоқчиён ишғол намуда, ба сӯи Душанбе ҳаракат карданд. Баъд аз ишғоли ин шаҳр, бо фармони Мизробшоҳ ва Исмоилхон Душанберо оташ заданд.

Бо ҷои Мизробшох, бародари хурдиаш Сарабек ҳокими Кулобу Балҷувон шуд. Ҳокими Ҳисор кушиш намуд, ки бо ӯ муносибати дустона барқарор намояд. Сарабек ин таклифро қабул кард. Абдулкаримбиӣ ва Сарабек байни худ иттифоқ бастанд ва якҷоя ба муқобили шаҳи Дарвоз лашкар кашиданд. Иттифоқчиён лашкари Дарвозро дар Обигарм мағлуб карданд. Ин ғалаба кинаи деринаи байни Ҳисору Кулобро аз байн бурд ва Ҳисор худро нисбати Бухоро мустақил шумурд.

Барои ба итоати худ дароварданӣ Ҳисор амир Музаффар соли 1867 ба ин мулк юриш намуд. Қушуни Бухоро дар назди Деҳнав ғалаба ба даст овард. Ҳисориҳо дар ин қалъа муҳосира шуданд. Лашкари Бухоро шабохун зада Деҳнавро ишғол намуд. Сарбозони амир ба қатли оми даҳшатангезе шуруъ карда, ҳар каси ба дасташон афтодаро нобуд сохтанд.

Ба чанде Ҳисориён ва иттифоқчиёни онҳо муяссар гардид, ки ба мулки Қаротегин, Дарвоз ва Кулоб гурехта ҷон ба саломат баранд. Аз он ҷумла беки Ҳисор Абдулкарим додхоҳ ба Кулоб паноҳ бурд. Беки ин ҷо Сарабек бо мақсади беҳтар намудани муносибати худ бо амири Бухоро Абдулкарим додхоҳро бо чанд нафар ҳамрикобонаш бо амир Музаффар супурд. Беки Ҳисор бо тамоми хонаводааш ба қатл расид.

Яъқуббек қушбегӣ ҳокими Кулоб ва Раҳмонқул парвоначӣ аз туғманғит ҳокими Ҳисор таъин шуданд.

Баъди шикасти лашкари амир аз русҳо дар назди Самарқанд (соли 1868) Раҳмонқул парвоначӣ аз итоати Бухоро баромад.

Барои забти Шаҳрисабзу Ҳисор амир аз русҳо имдод талабид. Соли 1870 бо ёрии лашкари рус ба амир Музаффар муяссар мешавад, ки Ҳисору Кулобро ишғол намояд. Амир дар Ҳисор панҷ ҳазор касро қатл кард. Барои зери итоати худ нигоҳ доштани мулк чор ҳазор сарбозро бо 11 адад туп дар Ҳисор ҷойгир намуд.

Бори дигар Яъқуб кушбегӣ дар ин қаламрав ҳоким таъин шуд. Баъди як сол ӯ вафот кард. Ҷои ӯро Салим дастурхончӣ ишғол намуд. Ҳукмронии ӯ дер давом накард. Ҷои Салимро писари амир Музаффар – Абдулмуъминхон ишғол намуд. Вай дар давоми понздаҳ соли (1871-1886) идоракунии худсаронааш Ҳисорро ба харобазор табдил дод. Тобистони соли 1886 амир ӯро аз Ҳисор гирифта, ҳокими Бойсун таъин кард.

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …