Главная / Маданият ва санъат / БЕДИЛИ ДЕҲЛАВӢ

БЕДИЛИ ДЕҲЛАВӢ

Бедил, маро ҳарзасароӣ шон нест,
Мадҳи миру ситоиши султон нест.
Ҳаёт ва э
ҷодиёти Бедили Деҳлавӣ

bedili-dehlaviБузургтарин шоир, мутафаккир ва нависандаи забардаст Мирзо Абдулқодири Бедил, яке аз он эҷодкоронест, ки на танҳо ба адабиёти давр балки ба ҷараёни минбаъдаи таърихи адабиёт низ ҳамаҷониба таъсир расонидааст. Бедили Деҳлавӣ соли 1644 дар шаҳри Азимободи вилояти Банголаи Ҳиндустон ба дунё омадааст. Баъдҳо ӯ дар қитъае роҷеъ ба санаи валодати хеш чунин ишораи судманд намудааст:

Ба соле, ки Бедил ба мулки зуҳур,

Зи файзи азал тофт чун офтоб.

Бузурге хабар дод аз мавлудаш,

Ки ҳам «файзи қудс» асту ҳам «интихоб».

Дар мисраи чаҳоруми қитъаи мазкур, ки моддаи таърих омадааст, агар адади ҳарфҳо тибқи ҳисоби абҷад гузошта шавад, соли 1054 ҳиҷрӣ ҳосил мешавад. Аз ин сана (1054) 32 тарҳ карда шавад, 1022 мемонад ва он бо 622 ҷамъ карда шавад, соли 1644 ҳосил мешавад, ки санаи володати Бедили Деҳлавӣ мебошад. Абдулқодир ном ва Бедил тахаллуси адабии шоир буда, унвони афтихории эҷодиаш Абулмаъонӣ мебошад. Бедил ба маънии дилдода, яъне ошиқ шарҳ дода шудааст. Падару бобоёни Бедил аз мардумони атрофи Самарқанд буда, аз сабаби нобасомониҳои авзои таърихии Мовароуннаҳр ба Ҳиндустон рафта будаанд. Ба таркиби номи хешовандон ва номи худи шоир илова гардидани вожаи мирзо гувоҳи он аст, ки нафаре аз аҷдоди ӯ сардори бузург гузашта будааст. Гузаштагони Бедил аз тоифаи сипоҳиён будаанд.

Бедил дар овони тифлӣ аз падар ятим монда, тарбия ва таълими ибтидоиро аз модар гирифтааст. Ӯ дар 5-6 – солагӣ ба мактаб дода мешавад. Бедил, дар 7- солагӣ «Қуръон»-ро ҳифз намуд. Баъдтар илмҳои дигари замонаи хеш: сарфу наҳви арабӣ, мантиқу ҳикмат, фиқҳу калом, тафсиру ҳадис, адабиёт, тасаввуфу ирфон ва ғайраро комилан фаро гирифтааст. Устодони Бедил амакаш Мирзо Қаландар, тағояш – Мирзо Зариф, донишмандону орифони дигар: Шоҳқосими Ҳуваллоҳӣ, Шайх Камол, устод Абулқосим, Шайх Фозил ва дигарон будаанд.

Бедил аз мусоҳибаҳои аҳли илму фазл дар кошонаҳои – Мирзо Қаландару Мирзо Зариф баҳраи комил бардоштааст.

Истеъдоди шоирии Мирзо Абдулқодири Бедил дар синни 10-солагиаш ошкор шудааст. Зеро Бедил дар «Чор унсур» хотиррасон мекунад, ки солҳои мактабхониаш аллакай шеър мегуфтааст. Ӯ тақрибан дар 10- солагӣ ба яке аз ҳамсабақҳояш рубоии зайлро бахшидааст:

Ёрам ҳар гоҳ дар сухан меояд,

Бӯи аҷабеш аз даҳан меояд.

Ин бӯи қаланфур аст, ё накҳати гул,

Ё роиҳаи мушки Хутан меояд.

Бедил соли 1665 аз Биҳор ба шаҳри Деҳлӣ меояд.

Аз мулки Биҳор сӯи Деҳлӣ

Чун ашк равон шудем бекас.

Бедил дар синни 25-солагӣ хонадор мешавад ва барои касби маош ба хидмати писари Аврангзеб – Аъзамшоҳ ба ҳайси сипоҳӣ ба фаъолият мепардозад. Нафаре аз наздикони Бедил шоир будани ӯро ба Аъзамшоҳ хабар медиҳад. Шоҳ Бедилро даъват намуда, аз ӯ хоҳиш менамояд, ки барояш мадҳияе бинависад. Ин рафтори ҳоким Бедилро озурда мекунад ва ӯ аз хизмат даст мекашад. Аслан Бедил як марди сарбаланд, бовиқор, бонанг, худогоҳ будааст, ки мегӯяд:

Ай басо маънии равшан, ки зи ҳирси шуаро

Хоки ҷавлонгаҳи аспу хари аҳли чоҳ аст.

В-ай басо нусха, ки дар мактаби ташвиши тамаъ,

Рӯсиёҳи адаб аз мадҳи амиру шоҳ аст.

Марҷаи маънии ин сустхаёлон дарёб,

То бидонӣ чӣ қадар фитраташон кӯтоҳ аст.

Силамуштоқи гадотабъ зи мазмуни баланд

Гар ҳама пой дар афлок ниҳад дар чоҳ аст.

Мирзо Абдулқодири Бедил баъд ба Акбаробод рафта дар маҳфилҳои адабӣ иштирок менамояд ва бо шоирони хушзавқу донишмандони замон – Иззат, Зуҳурӣ ва дигарон шиносоӣ пайдо мекунад.

Шоир баъдан ба шаҳрҳои Панҷоб, Лоҳур, Кашмир, Мултон, Сарҳинд ва ғайраро сайр карда, таассуроташро оид ба шаҳрҳои зикршуда дар асари худ «Чор унсур» хеле муфассал баён намудааст. Ин сафарҳо барои шоир як дарси зиндагӣ буд, чаро ки хоси ӯ тавонист ба ҳаёти табақаҳои мухталифи иҷтимоии ҷамъият шинос шавад.

Умуман, ин шоири мутафаккир аз нигоҳи тангии маишӣ басо танқисиҳо кашидааст. Бедил ҳатто то синни 41-солагӣ манзили истиқоматӣ надоштааст. Баъдтар бо дастгирии дӯстон шоир соҳиби манзили шахсӣ мешавад. Зеро ихлосмандонаш ба ӯ аз шаҳри Деҳлӣ ҳавлии истиқоматӣ ёфта медиҳанд.

Ҳамсари аввалаи Бедил дар синни 38-солагии шоир аз олам чашм мепӯшад ва ӯ бори дигар хонадор шуда, баъдҳо дар синни 64-солагӣ писардор гардидааст. Дареғо, писари шоир дар овони тифлӣ аз олам гузаштааст.

Шоири мутафаккир поёни рӯзгори хешро дар шаҳри Деҳлӣ гузаронида, дар ҳамон ҷо, дар синни 77-солагӣ, яъне соли 1721 вафот кардааст.

Муаллифи тазкираи «Хизонаи омира» – Мир Ғуломалихони Озод дар вафоти Бедил қиъаи зеринро сурудааст:

Сару саркадаи арбоби сухан

Аз ғамободи ҷаҳон хуррам рафт.

Гуфт таърихи вафоташ Озод:

«Мирзо Бедил аз олам рафт».

Дар қитъаи мазкур моддаи таърих мисраъи чорум аст. Агар қимати ҳарфҳои ин мисраъ аз рӯи ҳисоби абҷад дуруст гузошта шавад, соли 1133 ҳиҷрӣ ҳосил мегардад ва аз он 34 тарҳ карда шавад, 1099 боқӣ мемонад. 1099 бо 622 ҷамъ карда шавад, соли 1331 ҳиҷрӣ ҳосил мегардад ва аз он 34 тарҳ карда шавад, 1099 боқӣ мемонад, 1099 бо 622 ҷамъ карда шавад, соли 1721 ҳосил мегардад, ки он соли вафоти Бедил аст.

Куллиёти Бедил

Шеърам, ки ба сад забон фуруд омадааст,

Дар чандин вақт он фуруд омадааст.

«Таврот» набуд, то бигӯям, ки ҳама

Якбора зи осмон фуруд омадааст.

Эҷодиёти ин шоири мутафаккир хеле гуногунмавзӯъ ва серсоҳа буда, дар шаклҳои назму наср боқӣ мондааст, ки «Куллиёт»-и ӯро фароҳам меорад. Муҳим он аст, ки Бедил аз овони хурдсолӣ ба корҳои эҷодӣ рӯ оварда, фузун аз 65 сол эҷод кардааст.

Таркиби «Куллиёт»-и Бедил дар маҷмӯъ шомили 65 ҳазор байт буда чунин аст:

1) «Дебоча», 2) «Ирфон», 3) «Тӯри маърифат», 4) « Нукот», 5) «Ишорот ва ҳикоёт», 6) «Руқаот», 7) «Чор унсур», 8) «Муҳити аъзам», 9) «Тилисми ҳайрат», 10) «Ғазалиёт», 11) «Рубоиёт», 12) «Қасоид», 13) «Қитьаот», 14) «Таркибот ва тарҷеот», 15) «Ташбеҳот ва тамсилот».

Девони Мирзо Абдулқодири Бедил, ки дар дохили « Куллиёт»-и ӯ омадааст, аз ғазалиёт, рубоиёт, қасоид, қитьаот, таркиботу тарҷеот, ташбеҳот ва тамсилот иборат мебошад. Миқдори умумии абёти таркиби девони Бедил 37500 байтро ташкил медиҳад.

Дар девон ҷои аввалро ғазалиёт ишғол менамояд, ки миқдоран 2165 ғазал буда, 23 ҳазор байтро дарбар мегирад.

Яке аз навьҳои адабии дигар, ки дар девони Бедили Деҳлавӣ мавқеи намоён дорад, рубоӣ мебошад. Дар девони шоир 3500 рубоӣ дарҷ гардидааст. Шояд сабаби асосии ба рубоӣ нисбатан таваҷҷӯҳ зоҳир намудани Бедил он бошад, ки дар ин жанр ҷой додани афкори фалсафӣ, ирфонӣ-тасаввуфӣ, ишқӣ, панду андарзӣ хеле мувофиқу созгор аст.

Мавқеи жанрҳои дигари шеьрӣ: қасоид, қитьот, таркиботу тарҷеот, ташбеҳот ва тамсилот, ки дар девон омадаанд, ба мавзӯьҳои мухталифу масоили гуногун бахшида шудаанд. Аз ҷумла, ишқу ирфон, ситоиши инсон, тасвири манозири олам, масоили фалсафӣ, ҳаётӣ – иҷтимоӣ, тарбиявӣ-ахлоқӣ, адабӣ-эстетикӣ ва ғайра.

Маснавӣ дар эҷодиёти Бедил мавқеи муҳим дорад, ки номгӯи онҳо чунин аст:

  1. «Тилисми ҳайрат». Нахустин маснавии Бедил буда, соли 1669 таьлиф шудааст. Асар аз 3750 байт иборат мебошад ва дар баҳри Ҳазаҷи мусаддаси мақсур ё маҳзуф навишта шудааст, ки афоьили он чунин аст:

V – – – / V – – – / V – ~

Яьне, мафоьӣлун, мафоьӣлун, фаьӯлон. Дар ин маснавии Бедил нуфузи таьлимоти маҷзубия ба мушоҳида мерасад.

  1. «Муҳити аьзам». Маснавии мазкур соли 1681 таьлиф шуда, аз 4500 байт иборат мебошад. Асар дар жанри соқинома навишта шудааст ва вазни он Мутақориби мусаммани мақсур буда, шакли афоьили он чунин аст:

V – – / V – – / V – – / V ~

Яъне, фаъӯлун, фаъӯлун, фаъӯлун, фаъӯл. Маснавӣ дорои ҳашт боб буда, тасаввуфист ва тасвирҳои маҷозии асбоби тараб: май, хум, ҷом, даф, най, чанг, танбӯр, қонун ва ғайра дар он мавқеи асосӣ доранд. Дар асар доир ба саргузашти симоҳои тасаввуфу ирфон ҳикоятҳо оварда мешавад.

  1. «Тӯри маърифат». Маснавии мазкур соли 1687 таълиф гардида, дорои 1500 байт мебошад. «Тӯри маърифат» дар баҳри Ҳазаҷи мусаддаси маҳзуф ё мақсур эҷод шудааст, ки шакли афоъили он чунин аст:

V – – – / V – – – / V – ~

Яъне, мафоъӣлун, мафоъӣлун, фаъӯлон. Маснавии «Тӯри маърифат»- ро Бедил «Мактуби манзум» низ номгузорӣ намуда, онро ба дӯсти худ, шоиру донишманди муосираш – Шукруллоҳхон мебахшад. Дар маснавии мазкур асосан кӯҳи Байроти Ҳиндустон ба тасвир гирифта мешавад. Чунончи, шоир мегӯяд:

Тапиш фарсуд шавқи нолатимсол,

Зи таҳрики нафас вомекунад бол.

Ки хомӯшӣ навосоз аст имрӯз,

Ғубори сурмаву соз аст имрӯз.

Зи тӯри маърифат маънӣ сароям,

Ба чандин кӯҳ менозад садоям.

Шоир манзараҳои зебои кӯҳи Байротро дар қиёс бо кӯҳи Тӯр, ки Мусо дар он ҷо нури Илоҳиро дидааст, ба тасвир гирифтааст:

Кунун дар кӯҳи Байрот обу рангест,

Ки ҳар сангаш ба дил бурдан фарангест.

  1. «Ишорот ва ҳикоёт». Ин асари Бедил аз маҷмӯи пораҳои шеърӣ, ки дар шакли маснавӣ таълиф шудаанд, иборат аст. Шеърҳо дар шакли маснавӣ навишта шуда бошанд ҳам, дар вазнҳои гуногун иншо шудаанд. Ҳаҷми умумии абёти маснавӣ 1300 байт буда, асосан мавзӯи асар тасвирҳои хеле сершумори табиатро низ фаро мегирад. Масалан, намунае аз ишороти якум:

Саҳар оина ҳампардози дил буд,

Сафое имтиёзи обу гил буд.

Нахустин, ки зи таҳқиқ кардам оғоз,

Ба рамзи обу хокам чашм шуд боз.

Тааммул сарфи кори ину он шуд,

Чароғи хилвати ҳар як аён шуд.

Ниҳол аз хоки гулшан дар қафас дошт,

Ҳубоб аз оби худ ҷӯши нафас дошт.

Яқинам шуд, ки дар ҳар қатра ҷонест,

Ниҳон дар ҳар кафи хоке ҷаҳонест.

  1. «Ирфон» дар мероси адабии Бедил калонтарин асар буда, аз 11 ҳазор байт иборат аст ва дар шакли маснавӣ эҷод шудааст. Санаи таълифи асар соли 1712 буда, дар ин асар шоири мутафаккир ба муҳимтарин масъалаҳои ирфону тасаввуф, масоили мухталифи ҳаёт, қонуниятҳои рушди ҷомеа, мақоми инсон дар ҳаёт, воқеияти зиндагии пурзиддиятҳои инсонӣ рӯ овардааст. Инчунин, дар он ақидаҳои илмӣ, фалсафӣ, ирфонӣ, тасаввуфӣ, иҷтимоӣ, ахлоқии мутафаккир инъикос ёфтаанд, ки басо муҳиму арзишманданд. Дар асар зарару офатҳои бекорӣ баён гардида, пешаи кишоварзӣ, деҳқонӣ аз тамоми касбҳои дигар афзалиятнок дониста мешавад. Махсусан, дар ҳикояти «Комде ва Мадан» адолат ва ноадолатӣ қиёсан ба тасвир гирифта шуда, бебақоии зулму истибдод нишон дода мешавад.

Маснавии «Ирфон» дорои 10 боб бошад ҳам, иртиботи мантиқии бобҳо ба мушоҳида мерасад. Асар асосан ақоиди фалсафӣ – ирфонӣ, тасаввуфӣ, ҳаётӣ – иҷтимоӣ, ахлоқӣ – тарбиявӣ ва ғайраро фаро мегирад. Аз ин рӯ, маснавии «Ирфон» барои муайян намудани ҷаҳонбинии Бедил, мақому мартабаи ӯ дар таърихи адабиёт, ҳунари шоир дар эҷоди маснавӣ ва умуман пояи суханварии ӯ арзишманду муҳим ва ҷолибу зарурист.

Инчунин кобед

Хушбахт Ҳакимов

Ҳакимов Хушбахт – тарҷумаи ҳол, сурат, видео ва мусиқӣ MP3

Хушбахт Ҳакимов овозхон – сарояндаи тоҷик аст, ки таронаҳояшро дар бораи Ватан, Модар ва дар …