Главная / Илм / БАЗАЛИОМА

БАЗАЛИОМА

bazaliomaБАЗАЛИОМА (Basalioma), омоси пӯст, ки аз эпидермис ва изофаҳои ғадуди пӯст ташаккул меёбад. Асосан дар одамони солхӯрда ба вуҷуд омада, бештар дар рӯй ҷой мегирад. Омос, одатан, танҳо буда, хеле суст (дар давоми солҳо) месабзад. Б. дар ибтидо мисли гиреҳчаи сахти бедард аст; баъд тадриҷан калон шуда, ба захм табдил меёбад. Қаъри захм бо хадша (карахш)-и хокистарранг фаро гирифта шудааст.
Б.-ро бо роҳи ҷарроҳӣ табобат мекунанд. Аз шуоъшифоӣ низ истифода карда мешавад. Хусусан усули бо ёрии сармо вайрон кардани сохтори омосро бештар кор мефармоянд. Дар мавриди саривақт муолиҷа кардан оқибати Б. бисёр вақт хуб аст.

Инчунин кобед

Манораи Эйфил дар ш. Душанбе - пойтахтиТоҷикистон

Манораи Эйфил дар ш. Душанбе – пойтахтиТоҷикистон

Солҳои охир сохтмони “Матораи Эйфел” дар Тоҷикистон мӯд шудааст ва аз маъмултаринаш манораи Эйфел дар …