Главная / Илм / ТАҲРИРГАРИ ГРАФИКИИ PAINT

ТАҲРИРГАРИ ГРАФИКИИ PAINT

Таҳриргарони графикӣ барои сохтан ва таҳрир на- мудани расму графикҳо пешбинӣ карда шудаанд. Программаи Paint – яке аз таҳриргарони оддитарини графикӣ ба шумор меравад. Гарчанде воситаҳои ин программа имкониятҳои васеи сохтани расмҳои дараҷаи касбиро надошта бошанд ҳам, вале омўзиши он ҳамчун про граммаи стандартии Windows дар истифодабарии таҳриргарони пуриқтидори CorelDraw, Fotoshop ва ғайра беандоза калон мебошад. Равзанаи таҳриргари графикии Paint Панели асбобҳо Сатри меню Сатри сарлавҳа Палитраи танзимсози асбобҳо Палитраи танзимсози рангҳо Майдони корӣ

Командаи Пуск  Программы  Стандартные  Paint (ОғозПрограммаҳоСтандартӣPaint) программаи Paint-ро ба кор медарорад. Равзанаи программаи Paint дар расми 47 оварда шудааст.

230460f

Пеш аз ҳама бояд қайд намуд, ки программаи Paint таҳриргари графикаи растрӣ мебошад. Дар Windows ба ғайр аз таҳриргарони графикаи растрӣ, боз таҳриргарони графикаи векторӣ амал мекунанд. Усулҳои кор бо ин таҳриргарон аз ҳамдигар тамоман фарқ доранд. Агар элементи хурдтарини тасвиркунии экранӣ дар таҳриргарони графикаи растрӣ нуқта (пиксел) ба ҳисоб равад, он гоҳ дар таҳриргарони графикаи векторӣ чунин элементро хатҳо (рост, каҷ) ташкил медиҳанд, ки онҳо ба воситаи функсияҳои математикӣ ифода карда мешаванд.

Дар равзанаи Paint ба ғайр аз сатри меню, боз панели асбобҳои он ва палитраҳои танзимсози асбобҳо ва рангҳо мавҷуданд. Тугмаҳои панели асбобҳои Paint барои ба кор

даровардани асбобҳои графиксоз хизмат мерасонанд. Ба во ситаи палитраи танзимсози асбобҳо параметрҳои асбобҳоро (ғафсии хат, усули рангпуркунии фигура ва ғайра) тағйир додан мумкин аст. Элементҳои палитраи рангӣ бошанд, барои интихоб намудани ранги асосии тасвир (пахшкунии тугмаи чапи муш) ва ранги заминаи расм (пахши тугмаи рости муш) хизмат мерасонанд.

Пеш аз оғози кор бо Paint бояд андозаи тақрибии расми мекашидагиро муайян созем. Андозаҳои расм бо ёрии майдончаҳои Ширина (Бар) ва Высота (Баландӣ)-и равзанаи

робитавии Атрибуты (Атрибутҳо, Хосиятҳо) муайян карда мешавад, ки он ба воситаи командаи менюи равзанаи Paint РисунокАтрибуты (РасмАтрибутҳо) кушода мешавад. Аз байни воҳиди ченакҳои андоза – дюйм, см (сантиметр), нуқта (пиксел) мо бояд ҳангоми кор дар экран пиксел ва ҳангоми дар коғаз чоп намудани расм см-ро интихоб намоем.

Расмкашӣ дар майдони кории равзанаи Paint дар дохили андозаи интихобкардашудаи расми оянда амалӣ мегардад.

Функсияҳои асбобҳои расмкашии Paint чунин аст:

  • – ҷудокунии соҳаи ихтиёрӣ. Бо соҳаи ихтиёрии ҷудокардашуда амалиёти кўчонидан, нусхабардорӣ кардан ва нест намуданро иҷро кардан мумкин аст.
  • – ҷудокунии соҳаи росткунҷавӣ. Бо соҳаи росткунҷавии ҷудокардашуда низ амалиёти кўчонидан, нусхабардорӣ кардан ва нест намуданро иҷро кардан мумкин аст.
  • – хатпоккунак. Ранги асосиро ба ранги заминаи расм иваз менамояд.
  • – рангрезак. Контури сарбастаро бо ранги интихобкардашуда пур мекунад.
  • – рангинтихобкунак. Аз маҷмўи рангҳои дар расм истифодабурда шуда, яке аз рангҳоро ба ранги ҷорӣ табдил медиҳад.
  • – масштаб. Масштаби элементи расмро тағйир медиҳад.
  • – қалам. Барои кашидани хатҳои (рост, каҷ) ихтиёрӣ хизмат мерасонад.
  • – мўқалам. Принсипи кори мўқалам ба қалам монанд аст.

Мўқаламҳо андозаҳои гуногун доранд.

  • – рангпошак. Барои расмкашӣ бо усули пошидани ранг истифода бурда мешавад.
  • – бо ёрии ин асбоб дар расм матнҳо ҳамроҳ карда мешаванд.
  • – хати рост. Барои кашидани хатҳои рост хизмат мерасонад.
  • – хати каҷ. Барои кашидани хатҳои каҷи суфта хизмат мерасонад.
  • – росткунҷа. Барои кашидани фигураҳои роскунҷавӣ истифода бурда мешавад. Агар ҳангоми кашидани росткунҷа тугмаи Shift пахш карда шавад, он гоҳ квадрат ҳосил мешавад.
  • – бисёркунҷа. Барои кашидани бисёркунҷаи ихтиёрӣ хизмат мерасонад.
  • – эллипс. Барои кашидани фигураҳои эллипсшакл истифода бурда мешавад. Агар ҳангоми кашидани эллипс тугмаи Shift пахш карда шавад, он гоҳ давра ҳосил мешавад.
  • – росткунҷаи ҳамворкунҷ. Росткунҷае мекашад, ки кунҷҳояш суфтаанд.

Саволҳо:

  1. Таҳриргарони графикӣ чӣ вазифа доранд?
  2. Кадом таҳриргарони графикиро медонед?
  3. Таҳриргари графикии Paint-ро чӣ гуна ба кор даровардан мумкин аст?
  4. Равзанаи таҳриргари графикии Paint аз равзанаи дигар программаҳо чӣ фарқ дорад?
  5. Фарқи графикаи растрӣ аз графикаи векторӣ дар чист?
  6. Панели асбобҳои Paint ва палитраҳои он барои иҷрои кадом амалиёт хизмат мерасонад.

Супориш:

  1. Матни мавзўъро бодиққат хонед ва онро нақл кунед.
  2. Таъиноти тугмаҳои панели асбобҳои Paint-ро дар дафтар дар шакли таблитса биёред.
  3. Аз Менюи асосии Windows истифода бурда таҳриргари графикии Paint-ро ба кор дароред ва ба намуди зоҳирии равзана ва элементҳои идоракунии он аҳамият диҳед?
  4. Аз имкониятҳои таҳриргари графикии Paint истифода бурда расмҳои Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон, телевизор ва чойнику пиёларо кашед ва ба файлҳои онҳо мувофиқан номҳои Парчам, Телевизор ва Чойник гузоред.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …