Главная / Илм / БА ТАНЗИМОРИИ МУҲИТИ КОРИИ WINDOWS

БА ТАНЗИМОРИИ МУҲИТИ КОРИИ WINDOWS

Системаи оператсионии Windows дорои имкониятҳои бениҳоят васеи батанзимории муҳити кории худ мебошад. Мақсад аз танзими система, ташкил намудани муҳити мусоид ва самараноки корӣ ба ҳисоб меравад, ки он пеш аз ҳама бо роҳи автоматикунонии ама-лиёт ба даст меояд. Объектҳои асосии танзимшавандаи Windows – воситаҳои идоракунӣ ва ороишии он мебошанд.

Ин объектҳоро бо ёрии папкаи Панели идоракунӣ, менюҳои контекстии динамикии объектҳои Windows, элементҳои идоракунии равзанаҳои робитавии системаи оператсионӣ ва заммимаҳои он ба танзим овардан мумкин аст. Ҳангоми истифодабарии командаи ПускНастройка Панель управле-ния (ОғозТанзимПанели идоракунӣ) дар экран равзанаи папкаи Панели идоракунӣ (Расми 11) пайдо мешавад. Дар майдони кории ин равзана нишонаҳои ҳамаи объектҳои танзимшаванда оварда шудаанд, ки равзанаҳои онҳо бо усули пахши дукаратаи нишонаҳояшон бо ёрии муш кушода мешаванд. Аз ин нишонаҳо вақте истифода бурдан мумкин аст, ки агар ба табъи мо усули ороиши объект, намуди зоҳирии он, тарзи кори элементи идоракунӣ, миқдори элементҳои идоракунии равзана ва ҳоказо мувофиқ наоянд. Масалан, барои тағйирдиҳии таърихи рўз ва вақти соати компютерӣ мо бояд

нишонаи Дата время (Таърихи рўз ва вақт)-ро ду маротиба пахш намоем. Дар натиҷа, дар экран равзанаи робитавии Свойства: Дата/время (Хосиятҳо: Таърихи рўз/вақт) кушода мешавад (Расми 48). Тугмаи қабатии Дата и Время (Таърихи рўз ва вақт)-ро пахш намуда, ба воситаи панели чапи равзана таърихи рўзи ҷорӣ ва панели рости он – вақти ҷориро дохил намудан мумкин аст. Информатсияи дохилкардашуда вақте аз тарафи система қабул карда мешавад, ки агар мо тугмаи командавии Ok ё Применить (Тадбиқ карда шавад)-ро пахш намоем.

Батанзимории таърихи рўз ва вақти компютерӣ аз он ҷиҳат муфид аст, ки ҳангоми сабти файли дилхоҳ дар хотираи компютер бо ҳамроҳии файл таърихи рўз ва вақти таҳрири охирони он сабт мегардад. Агар таърихи рўз ва вақти компютерӣ аз таърихи рўз ва вақти аслӣ фарқ кунанд, он гоҳ ҳангоми кофтукови файлу папкаҳо истифодабарандагон метавонанд ба душвориҳо рў ба рў гарданд.

Тарзҳои батанзимории менюи асосии Windows ва элементҳои равзанаҳои кории онро мо дар мавзўъҳои гузашта дида баромада будем. Масалан, барои хосиятҳои равзанаҳои папкаҳоро ба танзим овардан командаи менюи асосии система ПускНастройкаСвойства папки (ОғозТанзимХосиятҳои папка) ё командаи менюи равза-наи ҷорӣ ВидСвойства папки (НамудХосиятҳои папка)

Расми 48. Равзанаи ивазкунии таърихи рўз ва вақти компютерӣ хизмат мерасонанд. Агар мо хоҳем, ки дар равзанаи папка нишонаҳои файлҳои системавӣ ва махфӣ нишон дода нашаванд, он гоҳ мо бояд дар равзанаи робитавии Свойства папки (Хосиятҳои папка) аз имкониятҳои тугмаи қабатии Вид (Намуд) ва категорияи Файлы и папки Скрытые файлы (Файлҳо ва папкаҳоФайлҳои махфӣ) истифода барем. Барои аз нав инъикос намудани файлҳои системавӣ ва махфии папка, бояд пайдарпайии амалиёти болоӣ аз нав такрор карда шаванд.

Саволҳо:

  1. Ба танзим овардани муҳити корӣ чӣ маънӣ дорад?
  2. Объектҳои танзимшавандаи Windows кадомҳоянд?
  3. Муҳити кории Windows-ро бо ёрии равзанаи кадом папка ба танзим овардан мумкин аст?
  4. Программаи Панели идоракуниро чӣ тавр ба кор даровардан мумкин аст?
  5. Зарурати батанзимории таърихи рўз ва вақти компютерӣ дар чист?
  6. Хосиятҳои равзанаҳои папкаҳоро чӣ тавр ба танзим овардан мумкин аст?

Супориш:

  1. Матни мавзўъро бодиққат хонед ва онро нақл кунед.
  2. Аз Менюи асосии Windows ва папкаи Компютери ман истифода бурда равзанаи папкаи Панели идоракуниро кушоед ва ба элементҳои майдони кории он бодиққат зеҳн монед.
  3. Аз имкониятҳои равзанаи Панели идоракунӣ истифода бурда вақт ва таърихи рўзи компютериро ба танзим оред.
  4. Аз нишонаҳои Шрифты, Система, Язык и стандарты-и папкаи Панели идоракунӣ истифода бурда, дар дафтаратон дар бораи таъинот ва вазифаҳои программаҳои мувофиқи ин нишонаҳо маълумот биёред.
  5. Равзанаҳои нишонаҳои боқимондаи майдони кории папкаи Панели идоракуниро ба воситаи ду маротиба пахш намудани тугмаи чапи муш кушоед ва доир ба программаҳои ба онҳо мувофиқ маълумот пайдо намоед.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …