Главная / Гуногун / Барои чи аврупоиён ба кофтукоби таърихи тоҷикон даст заданд

Барои чи аврупоиён ба кофтукоби таърихи тоҷикон даст заданд

Суқрот чун сухан мекард, дар ибтидо чунон аз чизҳои оддиву содда лаб во менамуд, ки шунаванда ғашш мекард. Сипас ба дараҷае ба Суқрот дода мешуд, ки аз ақл берун буд. Банда як муаллими кўчаки фалсафа мебошам.

Вале ақидаҳои оддии фалсафии худро дорам. Ин ақидаҳо дар ҳамаи китобҳои банда инъикос шудаанд. Ин афкори банда роҷеъ ба инъикоси дасти Худо аст. Инак як мисол; таърихи панҷ ҳазорсолаи халқи моро ҳеҷ кас ёфт нашуд, ки боз кунад. Вале аз асри 16 сар карда, бо хости Худо, барои барқарор намудани таърихи гузаштаи инсоният тадқиқотҳои бузурге, ки дар соҳаҳои гуногуни илми таърих дар мамолики Аврупо бурда шуданд ва барои ин кори наҷиб он қадар маблағ ва вақт сарф намудаанд, ки барои ҷанг баҳри муҳофизати ватанашон ин қадар пулу мол сарф намекарданд.

Вале оқибат маълум шуд, ки баромади аврупоиён аз Шарқ ва аниқтараш аз ватани бобогии тоҷикон оғоз ёфта будааст, ки ин диёри куҳан Бохтарро «Шарқ» номиданд. Дар ин хусус асосгузори мактаби шарқшиносии Русия, дар асри 19 Борис Александрович Тўраев чунин гуфта буд: «Кашф намудани сарчашмаҳои нав, албатта дар илм табаддуллот ба вуҷуд оварданд ва ин кашфиётҳо аз нав дида баромадани таърихи Шарқи Қадимро қазоват мекунанд».

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …