Главная / Гуногун / Барои чӣ маҳз Мовароуннаҳр ватани забони Ориён гардид?

Барои чӣ маҳз Мовароуннаҳр ватани забони Ориён гардид?

Ҷавоб: Ҳанўз дар ҳазорсолаҳои 4 ва 3 пеш аз милод дар Мовароуннаҳр бобокалону модаркалонҳои Ҳиндӣ, Эронӣ ва дигар халқҳои Осиёи Ғарбӣ ҳаёт ба сар мебурданд. Онҳо Ориёнро ҳамчун “Дастури Муқаддас”, “Дастури Парвардигор” қабул карда, аз насл ба насл медоданд, то он замоне, ки худ аз Мовароуннаҳр ба тарғиби ақоиди он нагузаштанд.

Маълумотҳои археологии Осиёи Миёна гувоҳи онанд, ки “аҷдоди ҳинду-ориёиҳо дар ҳудуди ватани қадимаи худ, ҳадди ақал, то асрҳои аввал ё худ, ҳатто то миёнаҳои ҳазораи 3 пеш аз милод ҳамроҳи ниёгони тоифаҳои эронӣ зиндагӣ ба сар бурдаанд. Оғози аз Осиёи Миёна ба тарафи Ҷануб ҳаракат кардани тоифаҳои ориёӣ тақрибан ба ҳамин вақтҳо рост меояд” мегўяд Б.Ғафуров.

Айнан дар ҳамин вақт ҳаракати тоифаҳои Ориён ба Ҷануби Афғонистон ва Ҳиндустон воқеъ мегардад, мегўянд муаррихон Бобоҷон Ғафуров, А.М. Манделштам. Дар ин бобат ҳафриёти сағонаҳои қадима дар Тоҷикистони Ҷанубӣ, дар водии дарёҳои Қизилсу, Вахш ва Кофарниҳон аҳамияти маҳсус дорад. Ин далелҳо аз он шоҳад медиҳанд, ки забони ҳиндӣ ва эронӣ аз як мабдаи умумӣ пайдо шудаанд, “…шабоҳат ва қаробати амиқ дар маданият, ташкилоти иҷтимоӣ ва сиёсӣ, хоҷагидорӣ ва тарзи зиндагии тоифаҳои эронӣ ва ҳиндӣ дар сарғаҳи таърихи хаттии онҳо ва ниҳоят номи аслии ягонаи ҳарду тоифа ба умумияти аҷдоди эрониён ва ҳиндувон дар “аҳди орӣ” далолат мекунад. Пас, мегўяд боз Б.Ғафуров, ваҳдати ҳиндуэронӣ на фақат як ҳодисаи забонӣ, балки ваҳдати воқеии таърихист, ки дар давраи муайян ва дар як сарзамин мавҷудияти худро нигоҳ доштааст”. Ин сарзамин Мовароуннаҳр буд. Дар ин давра дар натиҷаи авҷ гирифтани ҳаракати Ориён ба самтҳои гуногун “боиси ба эрониён ва ҳиндуориёиҳо ҷудо шуда рафтани онҳо гардид”.

Наздикии забонҳои тоҷикӣ, курдӣ, балуҷӣ, осетӣ, славянӣ, гермонӣ, келтӣ, романӣ, юнонӣ, арманӣ ва ғайраҳо, ки дар замонҳои кўҳан ва қисман имрўз ҳам дар бисёр бобатҳо мушоҳида мешавад, аз ҷиҳати асли пайдоиши худ ба як оила тааллуқ доштани онҳоро нишон медиҳад. Ин оилаи забони Ориёнӣ аст, ки ҳанўз тақрибан 3 ҳазор сол қабл аз милод авлоди Ёфат ба он асос гузошта буданд. Ватани ин забон Бохтари бузург буд.

Гарчанде, ки аз замонҳои хеле кўҳан наҳзати Ориён ба даҳҳо мамлакатҳои Аврупо паҳн шуда бошад ҳам, дар натиҷаи набудани осори тадқиқотӣ ҷаҳониён аз ин зуҳуроти судманд бенасиб мондаанд. Тадқиқотҳо нисбати наҳзати Ориён, дар мамлакатҳои Аврупо асосан аз асри 16-17 милодӣ оғоз шуда, дар асри 19 мактабҳои махсуси ориёшиносӣ ба вҷуд омад. Баъзе мактабҳо ба дараҷае мафтуни назарияи Ориён гардиданд, ки мамолики хешро ориёнӣ эълон карда, фазилатҳои Ориёнро таҳрифкорона истифода намуданд ва дар натиҷа ба ҷуз забони ориёнӣ чизи дигаре насибашон нагардид.

Омўзиши муқоисавии забони санскрит бо дигар забонҳои аврупоӣ, лотинӣ, юнонӣ, славянӣ ва келтӣ, забоншиносонро ба хулосае овард, ки қисми зиёди забонҳои аврупоӣ аз забони ягонаи аслӣ, яъне забони ёфатӣ, пайдо шудаанд. Назарияи пайдоиши забонҳо аз як сарчашма, ки дар асоси забоншиносии муқоисавӣ бармеояд, дар охири асри 18 аз тарафи В.Ҷонс ва дар оғози асри 19 аз тарафи Ф.Шлегел исбод гардид.

Назарияи ба ҳамдигар наздик будани забонҳо, таваҷҷўҳи забоншиносҳои олмонӣ, аз ҷумла Фридрих Шлегелро ба худ ҷалб карда буд. Мафҳуми “ҳинду-олмонӣ” ба қалами ҳамин олим мансуб аст. Франс Бопп ҳам тарафдори чунин  нуқтаи назар буд. Бопп ва олимони англис ҳамаи ҳалқҳоеро, ки забонашон аз як мабдаъ пайдо шуда, ба ҳамдигар наздикӣ доранд “ҳиндуаврупоён” номиданд. Забоншиносони олмонӣ бошад, ба Фридрих Шлегел такя намуда ҳамаи ин халқҳоро “ҳиндуолмони” номиданд. Фақат олимони франсавӣ “Ориён” мегуфтанд. Мафҳуми охирин дар тамоми Аврупои нимаи дуюми асри 19 пазируфта шуд. Вале дар ибтидои асри 20 ягона шахсе, ки ба хулосаи дурусти илмӣ омад, ин академик Н.Я.Марр буд. Ў ҳамаи забонҳои халқҳои ориёиро, ки хешигарии қавӣ доранд, ба забони ягонаи ёфтӣ, мансуб донист. Аммо ин ақидаи олиро ў дар замоне иброз дошт, ки таҳрифгарони таърих ба сони деви сурхи хунхор, аз кўзача баромада, баҳри ҳукмронии ҷаҳон ба қатли оми мислаш дар таърих дида нашуда, даст мезаданд. Осори таърихии инсониятро маҳв карда, баромади одамонро аз олами ҳайвонот эълон менамуданд.

Забонҳои “ҳиндуаврупоӣ” ва “ҳиндуолмонӣ” гуфта гурўҳи забонҳоеро дар назар доранд, ки бо ин забон халқҳои тақрибан тамоми Аврупо, Осиёи Ҷанубу Ғарбӣ ва қисми шимолии Ҳиндустон ҳарф мезананд.Ин забонҳо аслан аз забони муштараки аслӣ, яъне аз забони ёфатӣ пайдо шудаанд, ки бо он ниёгони қадими ҳалқҳои Мовароуннаҳру Хуросон сухан меронданд.

Ин ду истилоҳ «ҳиндуаврупоӣ» ва «ҳиндуолмонӣ» хусусияти рамзӣ дошта, ба ҳақиқати таърихӣ ҷавобгўй нест.

Мафҳуми “ҳиндуаврупоӣ” хусусияти ҷуғрофи дошта, Шарқу Ғарбро фаро мегирад, ки дар он мардуми Ҳиндустон ва Аврупо зиндагонӣ мекунанд.

Мафҳуми “ҳиндуаврупоӣ” дар охири асри 18 дар Аврупо пайдо шуд. Ин мафҳум аз тарафи Бопп ва олимони англис ҷорӣ карда шуд.

Савол: Чаро аврупоиён маҳз ҳамин мафҳумро қабул карданд? Барои чӣ онҳо фарз кардем “тўрониаврупоӣ”, “форсиаврупоӣ”, “ориаврупоӣ” нагуфта, маҳз “ҳиндуаврупоӣ” гуфтанд?

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …